JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

Панҷшанбе, 28 Марти 2019 09:38

Шеъри рӯз: Аржанги Наврӯз

Табиат  лавҳи  наққошии  пур  аз  ранги  Наврӯз  аст,

Дар он ҳар  гӯша чун як сафҳаи Аржанги Наврӯз аст. 

Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, Устоди Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Собир Боев  иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Зарурати бозҷӯйи ва корбасти вожаҳои ноби тоҷикӣ» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Панҷшанбе, 28 Марти 2019 05:29

Рӯзи наву базми куҳан

   Бино ба расми дерин ва таманиёти ширин боз пешвоз мегирем ҷашни наврӯзро, ки оғозин рӯзи сол ва паёмовари зиндагии навин аст. Наврӯзро меситоем, ки бо нафаси сеҳрпардозу тарабангези худ табиати хуфта ва ҷаҳони афсурдаву пажмурдаро ҷони тоза мебахшад. Хуршед бо чеҳраи дилорои худ шодӣ ва хуррамӣ меофаринад. Навои ҷонбахш ва нафаси гарми зиндагӣ ва шодобиву тандурустӣ аз ҳар гӯшаву беша ба гӯш мерасад. Шохаҳои урёни дарахтони сармохӯрда кулоҳи шукуфа ба сар мениҳанд ва ба ҳарсӯ, ки бингарӣ бисоте аз шодиву сурур густурда меёбӣ.

Сешанбе, 19 Марти 2019 06:42

Садриддин Айнӣ-устоди раҳнамо

 Муаллиф дар ин мақола раҳнамоии устод Айниро ба ду чеҳраи тобноки илму адаби мо, ду адабиётшинос ва мунаққиди барҷастаи замони мо академик Муҳаммадҷон Шакурӣ ва профессор Расулхон Ҳодизода мавриди баррасӣ қарор додааст.

Муаллиф баъди ба таври амид омӯхтани хотирот ва мақолаву рисолаҳои ба устод Айнӣ бахшидаи он ҳарду, ба гуфтаю навиштаҳои онҳо такия карда ба чунин хулоса омадааст:

Муҳаммадҷон Шакурӣ ва Ҳодизода аз устод Айнӣ раҳнамоии зиёд дидаанд ва баҳраҳо бардоштаанд.