Аҳримани фитнаву кина фирор мекунад ва фариштаи сулҳу оштӣ бол мекушояд, шоирон дар васфи мазоҳири табиат ва ҷилваҳои баҳор ашъори нағзу диловез месароянд ва доди сухан медиҳанд, чунон ки Ҳофизи бузург гуфтааст:
Нафасе боди сабо мушкфишон хоҳад шуд,
Олами пир дигар бора ҷавон хоҳад шуд.
Наврӯзро меситоем, ки бо файзу баракати тоза ба диёри мо, ба парваришгоҳи худ рӯ менамояд, муждаи оғози рӯзи наву мавсими кишту кори нав медиҳад, коре, ки хушбахтиву некрӯзӣ меовард. Пас ҳама бо ҳам, даст ба дасти ҳам, ҳамрайъу ҳамзабон кор кунем, то тараққиву шукуфоӣ дар кишвари мо ом гардад ва саъодату некуаҳволӣ азони ҳамагон.
Бо чунин умеду орзуҳои ширин, ки андаки он дар боло оварда шуд, аҷдодони хушзавқи мо ҷашни наврӯзро сохтанд, нигаҳ доштанд ва мо имрӯз ҳам ба ҳамон умеду ормонҳои пешин онро истиқбол мегирем, ситоиш мекунем ва аз файзи қадами он беҳрӯзиву саъодат металабем.
Ва ситоиш мекунем ниёкони некноми худро, ки зеботарин ҷашни ҳамбастагии инсону табиатро дар дунё офариданд, ҷашни ростиву дурустӣ, ҷашни бе ниқобу бе дурӯғеро, ки баъди гузашти ҳазорсолаҳо инсони дербовару муғамбири муосир, ки ҳар падидаи наву куҳнаи оламу одамро пеш аз қабул дар сад тарозу месанҷад, онро аз ҳар ҷиҳат сарвату мероси умумибашарӣ ёфта, билохира ҷойгоҳи баланду муҳтарами ӯро дар таърихи фарҳанги ҷаҳон қоил шудааст.
Дар синаи фарҳанги пурбори мардуми мо аз ин ҷашни ормоншикан паёмҳои зебое аз гузаштагон ба наслҳои оянда нуҳуфтааст, ки бояд онҳоро ҳамаҷониба омӯхт ва ҳифзу гиромӣ дошт зеро ба андешаи донишмандони муосир «ҷомеаи инсонӣ бидуни фарҳанг вуҷуд надорад ва инсон будан мутародифи фарҳанг доштан аст» (Маҷ. Фарҳанги мардум, №2, соли 6, Кобул, 1362, с. 20).
Илова бар ин, ба назари мо инсон ҳарчанд дар шинохти фарҳанги худ муваффақ бошад дар масъалаи амалии худогоҳӣ ва худшиносӣ низ ба ҳамон андоза комёб аст. Ҷустуҷӯи саргузашти наврӯз моро ба давраҳои офариниши оламу одам мебарад, ба замонаҳое, ки ҷаҳон ҳанӯз ҷавон буду пурасрор ва инсон ҷавонтару бетаҷрибатар. Дар оғӯши табиат мезист ва рӯйдодҳои он дар зиндагонии пурмоҷарои вай сахт таъсир дошт. Мавҷуде буд машғули омӯзиш ва ром кардани табиат ва падидаҳои мармузи он. Пирӯзиҳои андакро бо мушкилоти зиёд аз табиат ба даст меовард. Бе олоишу фидокор, росту росткор ва заҳматкашу ҷавонмард зиндагӣ мекард. Андухта ва таҷрибаҳои худро дар қолаби танги тафаккури маҳдуди худ ҷой медод, бозёфту кашфиётҳои моддиву маънавии хешро номгузорӣ мекард ва фарҳангу тамаддуни ибтидоии худро месохт.
Дар ин ҷараёни ҷаҳоншиносӣ ва таҷрибаомӯзии ҳазорсолаҳо, вақте ки шӯри ҷавонии табиат ва ҷилваҳои ҷонбахши баҳорро дид ва таъсири нафаси гарми зиндагиро дар табиат ва вуҷуди худ эҳсос кард, ба шигифт омад ва аз забони ҳанӯз ноҳамвори хеш зеботарин луғатро баргузида, онро наврӯз номид ва бисёр қиссаҳои дигар.
Аз ин шарҳи ҳоли хаёлангезу афсонагунаи боло, ки мо дар сиришту пайдоиши наврӯз тасаввур кардем, хуб маълум аст, ки ин ҷашн дар фарҳанг ва зеҳни мардуми мо ба дарозои таърихи башар умр дошта, аз нахустдостонҳои зебои оғозини таърихи фарҳанги мо мебошад. Албатта имрӯз аз он замонаҳои ғайримактуб, ки оғози даврони туфулияти ин ҷашн аст, гувоҳу шоҳиди боэътимоде дар даст нест. Бинобар ин ҳеҷ кас гуфта наметавонад, ки нахустнамоиши он кай ва дар кадом майдони фарҳангии қаламрави васеи наврӯз рӯи саҳна омад ва ё аввалин аҳли наврӯз онро чигуна ва бо кадом тартиб ва расму ойин ҷашн мегирифтанд. Вале дар бораи саргузашту сарнавишти беш аз 2500-солаи вай дар сарчашмаҳои гузашта ва осори пажуҳишгарони муосир маълумоти фаровон ҷамъ омадааст, ки ҳатто зикри танҳо номи он манобеъ худ китоби мустақиле хоҳад шуд. Назар ба чунин шӯҳрати китобӣ ва мардумӣ дар ин баҳси мухтасар чанд саҳнаи дурахшони баргузории ин ҷашн дар замони дудмонҳои муқтадири дунёи қадим – Ҳахоманишиҳо ва Сосониён, ки ба назари мо аҳамияти таърихӣ ва арзиши адабӣ доранд ва нақли як силсила расму ойини наврӯзии ҷорӣ дар баъзе кишварҳои ҳамсоя пешниҳод мегардад, ба умеди он ки хонандагони гиромӣ шояд аз ин миён ҳарфи тозае барои шинохти беҳтари чеҳраи рангоранги наврӯз ва бозофаринии ин намоишномаи ҳунармандона аз базми ҷавонии ҷаҳон ва шодиву ҷавонбахтии инсон пайдо намояд.
Пеш аз ҳама бояд дар назар дошт, ки ҷашни Наврӯз аз ҳамон ибтидои зуҳур ва расмӣ шудан дар ду шакл таҷлил мегардид, яке наврӯзи хос, яъне наврӯзи ташрифотӣ, бо расму одоби дарборӣ ва дигар наврӯзи омма бо суннатҳои мардумӣ.
Дигар он ки теъдоди рӯзҳои ҷашн собит набуда, зоҳиран вобаста ба шароити ҷорӣ ва завқи фарҳангии мардум ва фармонравоёни онон дар минтақаҳои гуногун аз ҳамдигар фарқ мекарданд. Дар сарчашмаҳо муддати ин ҷашнро се, шаш, ҳафт, сездаҳ то як моҳ навиштаанд. Масалан дар дарбори Оли Бобури Ҳинд наврӯз бист рӯз идома меёфт. Дар вилояти Балхи Афғонистон имрӯз ҳам «ҷашни Сахиҷон ё Гули Сурх», ки ҳам ҷашн аст ва ҳам ид чиҳил рӯз давом мекунад. Зимнан бояд гуфт, ки ин рӯзҳои ҷашн, махсусан шаш рӯзи аввали он аҳамияти бештар дошта ва дар ин рӯзҳо ҳам дарборҳо ва ҳам мардум маросимҳои хоси ҷашнӣ баргузор менамоянд. Аз ин рӯ гурӯҳе панҷ рӯзи аввали ин ҷашнро наврӯзи омма ва бақияро наврӯзи хоса ё наврӯзи бузург номидаанд.
Масалан машҳур аст, ки Курӯши Ҳахоманишӣ (а. VI пеш аз мелод) фатҳи Бобулро дар рӯзи наврӯз ҷашн гирифта буд ва дар кохи Тахти Ҷамшед ҳадяҳои наврӯзии намояндагони миллатҳои тобеи императории худро мепазируфт. Ин ҳадяҳо, чунонки мегӯянд бештар мева ва ширинӣ буданд, ки ёдгор аз суннати давраест, ки суфраи наврӯзӣ ҳанӯз бо мева ва ширинӣ зинат дода мешуд.
Дар давраи Сосониён низ наврӯз бо шукӯҳ ва тартиби хос таҳлил мегардид. Яке аз суннатҳои ҷолибу некӯи Сосониён, чунон ки дар «Луғатнома»-и Деҳхудо омада ва дигарон низ навиштаанд он буд, ки бисту панҷ рӯз пеш аз наврӯз дар майдони қаср дувоздаҳ сутун аз хишти хом барпо мекарданд ва бо нағмаву суруд дувоздаҳ навъ донаи зироатӣ чун гандум, ҷав, лубиё, нахуд, кунҷид, мош ва ғайра мекоштанд ва дар рӯзи шашуми наврӯз онҳоро канда, ба хушиву хурсандӣ пардохта, бар ин бовар буданд, ки ҳар як аз ин донаҳо, ки накӯтар борвартар рӯяд маҳсули он дар ҳамон сол фаровонтар аст.
Тартиби маросими баргузории наврӯз дар рӯзҳои ҷашн дар ин давра чунин буд: Рӯзи аввали ҷашнро шоҳаншоҳи Сосонӣ барои пазироӣ ва некӯкорӣ ба оммаи мардум ҷудо мекард, рӯзи дувум деҳқононро мепазируфт, рӯзи сеюм рӯзи махсуси сипоҳиён, бузургон ва муъбадон буд, рӯзи чаҳорум наздиконро медид, рӯзи панҷум бо хонаводаи худ менишаст ва рӯзи шашум рӯзи хоси аҳли унс буд, бо онҳо менишаст, ҳадяҳои наврӯзиро аз назар мегузаронид, баъзеҳоро ба дигарон мебахшид ва он чиро ки шоиста медид ба хазина месупурд. Шоирон шеър ва сарояндагон сурудҳои ноб ҳадя мекарданд. Сурудҳо Хусравонӣ, ки мегӯянд қасидаҳое буданд, ки ҳофизон дар базмгоҳи шоҳ, дар мадҳи оташ ва ё пешгоҳи оташ месуруданд, бозмондаи расму ойини он рӯзгорон аст.
Дигар расми қадимии ташрифотӣ, ки «ойини мулуки Аҷам аз гоҳи Кайхусрав то ба рӯзгори Яздиҷурди шаҳриёр, ки охирулмулуки Аҷам буд», ин омадани муъбади муъбадон ва наврӯзӣ овардани вай аст, ки ба тартиби зерин сурат мегирифт: Муъбад бо якдаста сабзаи навруста (хадив) дар дасти чап ва дар дасти рост ҷоми заррини пурмай бо дигар туҳфаҳо онро назди шоҳ мебурд ва «ситоиш намудӣ ва ниёиш кардӣ ӯро ба забони порсӣ ба ибороти эшон». Ин сабзаи навдамида нишонаи сарсабзиву шодобӣ ва баракату тозагӣ ва комкорӣ буд.
Матни ситоишномаи мазкур ба Умари Хайём омадааст, ки дар «Наврӯзнома»-и худ овардааст, агарчи каме тӯлонист, вале аз он ҷо ки яке аз саҳнаҳои қадимии баргузории ҷашни наврӯз буда ва аз нигоҳи адабӣ низ яке аз порчаҳои зебои насри бадеии адабиёти мо мебошад, бинобар ин бо ихтисори ҷузъӣ онро нақл кардем:
«Шаҳо, ҷашни фарвардин ба моҳи фарвардин, озода гузин пури Яздон ва дини Каён. Сурӯш овард туро доноӣ ва биноӣ ба кордонӣ…
Ва шод бош бар тахти заррин ва анӯша хӯр ба ҷоми Ҷамшед ва расми ниёкони дар ҳимат баланд ва некӯкорӣ ва варзиши доду рост нигаҳдор. Сарат сабз бод ва ҷавонӣ чу хавиди аспи комгор ва пирӯз. Ва теғат равшану корӣ бар душманон ва бозат гиро ва хуҷаста ба шикору корат рост чун тир. Ва ҳам кишваре бигир нав, бар тахт бо дираму динор…, сароят ободу зиндагонӣ бисёр.
Чун ин бигуфтӣ чошнӣ кардӣ ва ҷом ба малик додӣ ва хавид дар дасти дигар ниҳодӣ ва динору дирам дар пеши тахти ӯ бинҳодӣ. Ва бад-ин он хостӣ, ки рӯзи нав ва соли нав ҳарчи бузургон аввали дидор чашм бар он афканад, то соли дигар шодмон ва хуррам ба бо он чизҳо дар комронӣ бимонад ва он барояшон муборак гардад, ки хуррамӣ ва ободонии ҷаҳон дар ин чизҳост, ки пеши малик овардандӣ». (Маҷ. Жвандун, №6, соли 3, Кобул, 1363, с.70)
Аз анъаноти дигари ин давра он буд, ки шоҳ бози сафедро парвоз медод ва бо корҳои нек пардохта, гунаҳкоронро бахшиш ва зиндониёнро озод мекард ва худ ба айшу шодӣ мепардохт. Яке аз расмҳои дигари дарбори Сосониён он буд, ки дар ҳар рӯзи наврӯз духтарони ҷавон (душизагон) аз зери осиёбҳо дар кӯзаҳои симин ва нигиннишон барои шоҳ об меоварданд ва ғайра.
Хулоса расму ойини баргузории ҷашни наврӯзи дарборӣ ва муддати он, ба шакли наврӯзи омма ва наврӯзи хоса тақрибан бе тағйир дар дастгоҳҳои наврӯзпарасти асрҳои миёна низ мисли Fазнавиёну Салчуқиён ва Оли Бобур ва дигарон идома ёфт.
Дар панҷ рӯзи аввал (наврӯзи омма) барпо мегардид. Дар чунин рӯз ҳоҷатҳо раво мешуд, ҳар навъ инъом ва эҳсон, ҳадяву тӯҳфа ба ҳамагон ва ба ҳашаму лашкар ато мегардид. Рӯзи шашум, оғози Наврӯзи бузург ё хоса мебуд. Дар чунин рӯзе амирон ва бузургон бо надимон ва аҳли унс хилват мекарданд ва ба айшу тараб, шодӣ ва бодагусорӣ мепардохтанд. Оҳангҳои дилнишини мусиқӣ ва нағмаҳои хоси наврӯзӣ навохта мешуд, ба вижа навои «Наврӯзи бузург», ки ҳанӯз ҳам дар Тоҷикистони мо зиндааст. Манучеҳрӣ ин оҳангро бо ҳамон ном ёд кардааст:
Наврӯзи Бузургам бизан, эй мутриб имрӯз,
Зеро, ки бувад навбати Наврӯз ба наврӯз.
Суннату анъаноти бешумори Наврӯзи мардумӣ ва шарҳи рамзу маънои онҳо мавзӯи ҷолиб ва ниҳоят васеъ буда, ҳар кадом таҳқиқи бисёр мехоҳад. Ин расму одоб, ки гоҳе ба манзурии баракатҷӯӣ ва фоли нек, замоне барои хайру шугун ва дафъи захми чашм падид омадаанд, дар байни мардумони кишварҳои гуногуни аҳли наврӯз ба тарзу шеваҳои мухталиф барпо мегарданд.
Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки ҷашни наврӯз аз назари мазмуну муҳтаво аз ҳама ҷашну маросимҳои дигари фарҳангии мо тамомтар буда, ҷанбаҳои мухталифи ҳаёти инсонро фаро мегирад. Вай ягона ҷашнест, ки дорои нишона ва рамзи хоси худ, ки эҳёи табиат ва таҷдиди зиндагӣ аст, дар шакли рӯиши сабза ё сабзаи навдамида буда ва аз ҷиҳати тартиби баргузорӣ ҳам аз марҳилаҳои гуногун иборат аст. Марҳилаи аввал – марҳилаи омодагӣ, ки хеле пеш аз фаро расидани ҷашн аст оғоз шуда дар он корҳои зерин анҷом мегирад: тар кардан ё хобондани донаҳои гандум барои таҳияи сабзаи нав (суманаки машҳур); поку сафо кардани муҳити зист, ҳавлиҳо ва хонаҳо, ки дар баъзе ҷойҳо онро «хонатаконӣ» ҳам мегӯянд. Зарфҳо ва асбобу анҷоми мисӣ ва филизӣ тоза ва сафед карда мешуд, либосҳои нав дӯхта ва таҳия мегардид, зарфу дигар чизҳои куҳнаву фарсударо мепартофтанд ва амсоли он. Ба ақидаи гузаштагон наврӯз ҳар сол ранги худро дигар мекунад. Бинобар ин мунаҷҷимон пештар ранги наврӯзи солро муайян мекарданд ва ин ранг дар ороиши хонаҳо, либосҳо ва ғайра ҳамон сол имтиёз дошт. Бинобар ин мардум, албатта то ҷои имкон, кӯшиш мекарданд, ки ин расмро риоя кунанд.
Суннати дигари пеш аз наврӯзӣ дар ин марҳила оташфурӯзии охири сол (чоршанбеохири мо) ва ҷаҳиш аз болои он бо суханони «зардии ман аз ту, сурхии ту аз ман» аст, ки ба таманои супоридани ғамҳо ва зардиҳо ба оташ ва гирифтани сурхӣ ва сурхрӯӣ аз он сурат мегирад.
Наврӯзро баъзеҳо ойинаи сулҳу сафо ва дӯстиву муҳаббат низ меноманд, зеро ба истиқболи он дар баробари тозаву покизагии хонаву муҳити зист тану ҷонро низ бояд поку сафо сохт. Аз ин рӯ, бо обҳои пок ғусл мекунанд, ки гӯё аз суннатҳои Ҷамшед аст ва бино ба расми ниёкон ғубори кудуратҳоро аз ойинаи дил зудуда ва хонаи ҷонро ҷойгоҳи муҳаббат ва покизагӣ мегардонанд, дар шӯои оштӣ ва дӯстӣ дӯстона ба сӯи зиндагии навин, ба сӯи хушбахтӣ ва саъодату ҳамкорӣ қадам бар медоранд.
Дар байни як ҷамъияти калони аҳли наврӯз умумият дорад, ки як шаб пеш аз наврӯз ҳафт навъ мева (бисёр вақт беш аз ҳафт мева аст), аз қабили зардолу, кишмиши сурх, кишмиши сабз, шакарбора, чормағз, писта, донагиҳо ва монанди он баъд аз шустушӯи дақиқ тар мекунанд ва субҳи рӯзи наврӯз байни оила ва ҳамсояҳо тақсим мекунанд. Меваи таркарда, ба ақидаи онҳо шугуни тозагии ҳама чизҳост. Анъанаи дигар дар баъзе минтақаҳо ба истилоҳ наврӯзнишин пайравони зиёд дорад, пухтани кулчаи наврӯзӣ ва тақсими он дар миёни наздикон аст, ки он боиси зиёд шудани ризқу рӯзӣ мегардад. Куштани мурғ дар шаби наврӯз дар Кашмир расм аст, ки мурғ албатта бояд сафед бошад, дар миёни баъзе қавмҳо аз маросимҳоест, ки рамзи он сафедбахтӣ ва саъодатмандии аъзои оила аст дар соли нав. Дар назди ин ҷамъият пухтани кулча ва куштану пухтани мурғ як назри мушаххас ба шумор меравад.
Марҳилаи дигар ин интизорӣ ва таҷлили ҷашн аст. Пеш аз вуруди ҷашн дар баъзе ҷойҳо хӯрокҳои махсус аз гиёҳҳо мепазанд, вале расми маъмул ин чидани суфраи «ҳафт син» аст. Нисбати имтиёзи адади ҳафт бор дигар рақамҳо нақлҳо гуногунанд. Баъзеҳо тахмин кардаанд, ки сабаби интихоби адади ҳафт, ки аз қадим мавриди таваҷҷӯҳи ҳама будааст, шояд шинохти ҳафт ситора (ҳафтдодарон) ва ё ҳафт ранги табиат бошад. Гурӯҳи дигар мегӯянд, ки он теъдоди фариштагони муқарраб ва ҷовидон аз кеши зардуштист.
Дар мавриди маводи дастархони ҳафт син ҳам ақидаҳои гуногун вуҷуд дорад. Баъзеҳо мегӯянд, ки суфраи наврӯзӣ дар қадим аз мева, сабза ва ширинӣ иборат буд. Иддае навиштаанд, ки суфраи наврӯзӣ дар аҳди пешин суфраи «панҷ шин» буд, ки дар шабҳои наврӯз фароҳам мешуд.
Бархилофи ҳафт син ё ҳафт шин, масалан имрӯзҳо дар Ҳиндустон дастархони наврӯзӣ бо ҳафт навъ мева ва ҳафт хел сабзӣ (кабудӣ) оро дода мешавад.
Дар ҳар сурат имрӯзҳо суфраи маъмулии ҳафтсин тақрибан аз маводи зерин иборат аст: суманак, санҷид, себ, сир, сирко, сабзӣ, сипанд. Қоидаи мушаххасу ҳатмие дар тартиби дастархони наврӯзӣ мавҷуд нест. Агар яке аз маводи боло пайдо нашавад, аз наботот, донагиҳо ё ҳафт навъи мева истифода мешавад. Илова бар ин дар суфра маводи дигар низ чида мешавад, ки ҳар кадом рамзи хоси худро дорад. Масалан сабзаи дамида нишонаи покӣ, хуррамӣ, борварӣ ва фаровонӣ, ширинӣ рамзи ширинкомӣ ва ҳам хотираест аз Ҷамшед, чорумин шоҳи пешдодӣ, ки ӯ нахустин касест, найшакарро шинохт ва истифода кард. Тухми мурғ нишонаи пайдоиши ҳаёт, баракат ва ҳам дуркунандаи чашми баду бадхоҳон, сир ба хотири хислати доругиаш, оина рамзи софӣ, покӣ ва равшанӣ. Панир, як коса асал ва дуғ, сика ва Қуръони пок низ дар суфра гузошта мешавад. Сипас аҳли хонавода, бино ба расми қадими ориёҳо, ки ҷашни рӯзи навро ба покӣ пешвоз мегирифтанд, поку покиза даромади соли навро интизор мешаванд. Даромади соли нав хоҳ рӯз бошад хоҳ ҳар вақти шаб ҳама бедор менишинанд ва чароғҳо бояд равшан бошад. Дар баъзе маҳалҳо расм аст, ки ши ё ширбиринҷ дар болои оташ биҷӯшад. Баъди вуруди соли нав, пеш аз хӯрдани хӯрок ҳар як аз аъзои оила як ангушт асал ё дуғ мехӯранд, то оне ки мизоҷи онҳо то хатми сол муътадил бимонад. Дар байни баъзе аҳли наврӯз расм аст, ки дар рӯи суфраи наврӯзӣ ба теъдоди аъзои оила шамъ равшан мекунанд ва онҳо бояд то хатми маросим хомӯш нашаванд, зеро ақида доранд, ки агар шамъе хомӯш шавад, умри яке аз аъзои оила кутоҳ хоҳад шуд.
Баъди иваз шудани сол мардум мекӯшанд ба чеҳраи зебо бингаранд, то тамоми сол ҷаҳон дар назарашон зебо ҷилвагар шавад. Бачаҳо дастҳои падару модарро мебӯсанд. Модар бошад ба даҳани онҳо ширинӣ мениҳад, то ки онҳо то охири сол ширину ширинком бошанд. Падар дар навбати худ чанд сика (танга) ба унвони мояи киса ба онҳо медиҳад. Дар Афғонистон ҳанӯз ҳам таронаҳое аз забони бачагон дар ин бора мавҷуд аст.
Марҳилаи дигар субҳи рӯзи ҷашн оғоз мешавад. Субҳи авали наврӯз ҳама кӯшиш мекунанд, ки барвақт аз хоб бархезанд ва бовар доранд, ки бо саҳархезӣ дар ҳама сол комраво хоҳанд буд. Либосҳои наву тоза мепӯшанд ва пеш аз гап задан бо ҳамдигар ширинӣ ва асал мехӯранд, то комашон ширин шавад ва тамоми сол сухани талх аз даҳанашон берун наояд. Ҳамчунин дар байни як ҷамъияти аҳли наврӯз расм аст, субҳи аввали наврӯз нахуст рӯйи касеро бинанд, ки хуҷастатолеъ ва хушқадам бошад, то солашон то охир дар хушӣ ва хушбахтӣ гузарад.
Яке аз расмҳои қадимӣ он буд, ки дар бомдоди рӯзи наврӯз мардум ба якдигар об мепошиданд, чунонки дар васфи он муаллифи ношинохтаи «Таърихи манзуми шоҳ Аббос» гуфтааст:
Чу ҳар сол рӯзи нахустини меҳр,
Барафрӯзад аз харчанг чеҳр,
Бувад обпошон ба расми Аҷам,
Ки Кисро шугун карда будасту Ҷам.
Ин расм мегӯянд то давраҳои охир идома доштааст.
Яке аз суннатҳое, ки бисёр ом аст ва пайравони зиёд дорад ин фиристодани наврӯзии дилдодаҳо ба дилдори хеш аст. Ин наврӯзӣ тӯҳфаест пӯшиданӣ ва хӯрданӣ, ки аз тарафи оилаи домодшаванда ба хонаи арӯс ё худи номзад фиристода мешавад. Он иборат аст аз як даста либоси нави мукаммал, кулча, меваи таркарда, як миқдор моҳӣ, то он ки арӯс бо он мубоҳот кунад ва дар байни дугонаҳояш бинозад.
Пас аз анҷоми ин ва бисёр расму одоби дигари ҷашнӣ, дар субҳи авали наврӯз мардум аз хонаҳо берун шуда, ба боғу бӯстонҳо мерафтанд ва саъй мекарданд, ки бо пойи луч дар рӯи сабзазор гардиш кунанд. Ин расмро «сабзакӯбӣ» ё «сабзалагадкунӣ» мегӯянд, ки ҳанӯз ҳам дар баъзе бисёр минтақаҳо ва дар байни мардуми зиёд маъмулу машҳур аст.
Чунинанд як силсила расму одоб ва ойину анъаноти наврӯзии мардумони гуногуни ҳамсоя, ки мо дар осори донишмандон пайдо намуда, барои маълумот пешкаши хонандагони гиромӣ намудем.
Қодиров ҒИЁСИДДИН
ходими пешбари илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо
Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№1 (14), 2019
Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ Telegram ва Facebook, ҳамроҳи намоед.