Таърихи ақлонии инсоният гувоҳ аст, ки идеяи сиёсатмадорон ва мутафаккирон ҳарчанд онҳо ҳақ ҳастанд ва ё иштибоҳ мекунанд, аҳамияти бузург дошт. Зеро дар ҳамаи давру замон андеша ва амалкардҳои онон ба ҳаёти халқҳо алоқамандии зиёд дорад. Дар мавриди таваҷӯҳи асосии чунин сарсупурдагони таърихӣ масълаи худшиносӣ, худсозӣ, худбарқарорнамоӣ, худфаҳмӣ, адолати иҷтимоӣ ва дигар арзишҳои умумиинсонӣ ва умумимазҳабӣ қарор гирифта буданданд. Маҳз адолати иҷтимоӣ ва эҳсоси барбарҳуқуқӣ натиҷаи чунин талошҳои бепоёни инсонӣ маънидод мешаванд. Тасвири ҷомеаи боадолат ин нахустин кӯшишҳое буд, барои ба вуҷуд овардани зиндагии босаодат. Тасаввуроти нодурусти иддае одамонро оид ба назарияи адолат натиҷаи сустии дониш ва нашинохтани хештан маънидод мекарданд. Мушоҳида намудан осон аст, ки ҳисси расидан ба зинагии хуб дар ботини ҳамаи одамон мавҷ мезанад. Орзуҳои бузургро парваридан инсонро рушд медиҳад, лекин роҳи расидан ба он тамоман чизи дигар мебошад. Ҷумла шахсиятҳои таърихӣ иродаи сустро ҳамеша ба ҳаёти одамон хатарнок мефаҳмиданд. Мутафаккирони тоҷик идора кардани нафси худро камоли одами дониста, пайваста таъкид мекарданд, ки ҳиссиётҳои қафобарандаро аз худ дур намудан лозим, вагарна идора карда натавонистани эҳсосот инсонро нобуд мекунад. Мавҷудияти муҳаббат дар ботини фард одамонро водор месозад, ки ба барқарорнамудани худ ва нотакрор сохтани худ гузаранд. Мӯҷизакории ақл ва иродаро муҳаббат ба вуҷуд меорад. Таърихи инсоният чунин мисолҳои зиёдеро медонад, ки одамон барои Ватан, санъат, оила, ва ғ. аз сабаби эҳсоси муҳаббат доштанашон худфидоиҳои бузург карданд.
Аз ҷумлаи чунин адолатхони нотакрор дар таърихи фалсафаи тоҷикон Абӯали Ибни Сино мебошад. Аз рӯзгор, саргузашт ва корномаи илмии ин шахсияти олами тамаддун ба шарофати зиндагиномае, ки қисмати аввали онро худаш навишта ва қисмати дувум ва такмили он ба қалами шогирди вафодораш- Абӯубайди Ҷузҷони мансуб аст, маълумоти нисбатан комил то замони мо расидааст. Ин зиндагинома сонитар бо номҳои «Таърихи аҳвол», «Рисолаи саргузашт» ва «Сира» маъруфият пайдо карда ва манбаи таҳқиқотҳои минбада оиди Сино гардидааст. Мо аз таҳлилу қисматҳои аҷиби рӯзгори олими тавоноро зери назар накарда, балки фикрҳои ӯро дар хусуси ҷомеаи боадолат ба назар мегирем. Мутафаккир дар асари машҳури худ «Тадбири манзил» ба масъалаи заруртарини ҳаёти инсони даст задааст. Сино андешаҳои иҷтимоӣ-сиёсии худро таҳти таъсири таълимоти Афлотун ташаккул дода, тарҳи ҷомеаеро нишон медиҳад, ки аз се табақа таркиб ёфтааст: ҳокимон, заҳматкашон ва ҷанговарон. Аммо нақши заҳматкашонро аз ҷанговарон боло мегузорад. Ба таҳқиқи масъалаҳои ҳокимияти сиёсӣ ва асоси ҳуқуқии он пардохта, зикр менамояд, ки ҷомеа аз рӯи тартиби махсус идора карда мешавад. Давлат унсури муҳимтарин ҷомеа ба ҳисоб меравад. Қонун барои идоранамоӣ нақши калидиро мебозад. Адолати иҷтимоӣ натиҷаи манзараи ахлоқиест, ки худтакмилдиҳии ҷомеа ба он вобаста мебошад. Дар асари мазкур идеяҳои назарияи адолат пешниҳод шудаанд.
«Имтиёзи инсон». Инсон ҳамчун ашрафи махлуқот метавонад дар тамоми аҳволи иҷтимоиӣ худ таъғиротҳои азимеро ба вуҷуд орад. «Худованди қодир мутаол хасоисе аз неъматҳои худро ба бани навъи инсон ихтисос дода ва сабаби онҳо мақоми одамиро дар миёни коинот аз бисёре аз махлуқоташ бартару болотар намудааст» [1, 13].
Шахсияти дигаронро на идеяи мо, балки худи худаш ба вуҷуд меорад. Кӯшишҳои идеалии фард дар роҳи интихобкардааш, агар ба тасаввуроти дақиқ асос ёбад, метавонад ба зинаҳои комёби барад. Тасаввуроти ҷомеаи боадолат метавонад на танҳо замони ҳозира, балки ояндаро барои инсон нишон диҳад.
Аз нигоҳи таҳлилгарон Ибни Сино «чун Арасту инсонро ҳайвони ҷамъияти номидааст. Вале фарқи инсон аз ҳайвон ин аст, ки дар ҷараёни зиндагӣ обутоб ёфта, соҳиби ақлу хирад ва қувваи эҷодӣ мегардад. Инсон хайру шарро аз ҳам фарқ мекунад ва аз рӯи нақшаи муайян зиндагӣ ва ҳаракат менамояд» [2, 88].
Ҳар гуна ҳаёти воқеи ба сар бурда истодаи одамон маҳсули хирад, омӯзиш ва рӯҳияашон мебошад. Одамон маҳсули идеяҳояшон ҳастанд ва боҳамин идея ба таърихи худ асос мегузоранд. Сино мегӯяд «дар асари ин имтиёзу бартарӣ вуҷуди башар зеботарин махлуқ шуда ва табиаташ комилтарин табоъ гашта ва таркибаш мӯътадилтарин таркиб шудааст» [1, 13].
Сино ба таълимоти Форобӣ такя намуда, ахлоқ, тарбия ва таълимро дар ҷомеа яке аз рукнҳои муҳими давлат меҳисобад. Вазифаи асосии инсон аз нигоҳ доштани тартибот мебошад. Инсон бояд ба арзишҳои умумиинсонӣ ва умумимазҳаби эҳтиром дошта бошад ва онҳоро ҳифз намояд. Мубориза барои адолат мавқеи баландро аз на нигоҳи олим ташкил додаст. Дар ҷомеаи Сино арзишҳои мазҳаби исломӣ нақши барҷастаро соҳиб гаштаанд.
Нуқтае дигар дар асари «Тадбири манзил» ин мавзӯи «тавофут байни афроди башар» аст. Идеяи баробариро Сино аз нигоҳи динӣ маънидод мекунад. Ба андешаи мутафаккир нобаробарӣ ва баробарӣ дар мансабу мартаба аз ҷониби иродаи Худованд барқарор мешавад. Сино мегӯяд: «баробарӣ ва тасовии аҳвол ва наздикии андозаҳои афроди башар мунҷар ба фасодашон гашта, билохира сабаби фанову измиҳол ва инқирозашон мегардад. Хирадмандон медонанд, ки агар ҳамаи мардум подшоҳу шаҳриёр бишаванд, ҳамаги аз байн мераванд. Ва агар ҳамаашон ранҷбару коргар ва тобею раият бишаванд, подшоҳу султоне дар байн набошад, ҷумлагӣ фонӣ ва ҳалок мешаванд» [1, 13].
Имконияти баробарӣ дар маънои табиӣ фаҳмида мешавад. Худованд нахуст имкониятҳоро дар истифодаи хиради фарзанди одам вогузоштааст. Аммо раванди нобаробарии иқтисодӣ табии боқи мемонад. Сино менависад: «ҳамчунон, ки агар ҳамагӣ дар тавонгарӣ ва сарват мусовӣ ва баробар бо якдигар бишаванд, касе барои касе кор намекунад ва атову муованати дӯст аз дӯст мунқатеъ мегардад» [1, 13].
Ин идеяро таҷрибаи инсоният собит сохтааст, ки баробарии иқтисодӣ сабгори маҳдудияти озодии индивидуали мегардад. Мавҷудияти моликияти хусусӣ адолатро таъмин менамояд. Ҳамаи одамон барои манфиатҳои индиаидуали мубориза мебаранд ва баъзан ин манфиатпарастиҳо ба худпарасти мебарад (эгоизм). Ҳамин нобаробаробарии муносибатҳои иҷтимоӣ сабаби давомёбии ҳаёт дар рӯи замин мебошад. Зиндаги инсон дар асоси талаботҳояш ба ҳаракат меояд ва ҳамин талабот худи одамон маҷбур месозад, ки рушд ёбанд. Онҳое, ба шинохтан ва барқарории зиндагии худ шуда наметавонанд, дар натиҷа ҳолати бади ҳаёт онҳоро думболагир мешавад. Сино нақши инсони санъаткорро барои сохтмони ҳаёташ беназир мефаҳмад. Ба онҳое, ки мувофиқи истеъдод ва қобилият кор мекунанд, ҳамеша даромади иқтисодӣ муяссар мегардад. Аз инрӯ ҳар як инсон дар ҳаёт масъулият дорад, ки қобилияташро мувофиқи орзуҳояш ташаккул диҳад. Агар инсон побанди хаёлҳои беҳуда гардида аз болои худ фаъолият набарад, дар натиҷа ё истифодаи дигарон мешавад ва ё худ дигаронро истифода кардан мехоҳад. Чунин муносибати коҳилона адолатро халалдор месозад. Худованд сабаби гуногунофаридашудани инсон аст, аммо Сино заҳмати инсонро дар роҳи орзуҳояш натиҷаи инкишофи камолот медонад. Андешаҳои иқтисодии Сино хеле лоиқи зикри забон мебошанд. Аз нигоҳи ӯ, дар ҷомеа бояд ду хазинаи махсус вуҷуд дошта бошад ва барои нигоҳ доштани беморону корношоямҳо ва ҷанговарон истифода шавад. Андози шаҳрвандон ва хайрияи одамон, аз рӯи андешаи мутафаккир, манбаи ин хазинаҳо аст. Сино таъкид менамояд, ки баъзе одамон аз баъзе сабабҳо бадбахт мешаванд, бинобарон хислати хуби одамони сарватманд ин аст, ки ба чунин одамони дар миёни роҳ монда ёри расонанд. Мутафаккир «ба воситаи далелҳои қавӣ аз талаботи табии одамон падидоии ҷамъиятро асоснок намудааст. Ҳунарҳои гуногун дар натиҷаи тараққиёти тадриҷии ҷамъият пайдо шудаанд. Вале ҷамъият дар якҷо наистода инкишоф меёбад» [2, 89].
Инсон бояд хислати некӯкори намудан ва раҳму шавқат доштанро дар худ ривоҷ диҳад ва ҳамин идеяи нексиришти метавонад ҳисси баробариро бедор намояд ва одамонро дар сулҳу суббот нигоҳ дорад. Ёринамоии беғаразонаро дар ботин рушд додан лозим, то аз некии намудаат миннат намои ва дили касе захмин гардад. Неки дар ҳамон вақт арзиши баландро соҳиб мешавад, ки он холисона ва пайваста аз тарафи фард ба вуҷуд ояд.
Дар мавзӯи минбаъдаи фикррониаш Сино масъалаи баробарии иҷтимоиро гузоштааст, он бо номи «ҳусни тадбир барои ҳама касс лозим аст» маънидод мешавад. Сино менависад: «дар тадбири умур ва ҳусни сиёсат сазовортарин мардум ба тафаккур подшоҳону шаҳриёронанд, ки худо ононро зимомдори умури бандагони худ намуда ва барои танзими билод дорои тасаллут ва қудрат кардааст» [1, 14].
Сино меҳисобад, ки идеяи сиёсатмадорон ва шаҳриёрон ҳарчанд онҳо ҳақ ҳастанд ва ё хато менамоянд, ин барои ҷомеа аҳамияти бузург дорад, зеро онҳо дар ҳақиқат ҳукмрони ҷаҳон ҳастанд. Хатоии сиёсатмадорон ва бепарвоиву бемасъулиятиашон барои ҳаёт хеле зарарнок мебошад. Аз назари Сино сарвари давлат (шоҳ) бояд дорои чаҳор сифат бошад: ҷасоратманд, адолатхоҳ, ҳусни тадбир ва хирадмандӣ.
Ҷасорат имкон медиҳад, ки шоҳ барои халқ дар сахттарин ҳолатҳои ҳаёт худфидоӣ намояд. Зеро иродаи суст барои сарвари кишвар ҳамеша хатарнок аст.
Адолатпешагӣ ин ҳамон идеяи асосии идоранамои мебошад. Агар дар ҷомеа беадолати зиёд аст, пас танҳо шоҳ метавонад, тартиботро ба вуҷуд орад. Ин тартибот пеш аз ҳама ба вуҷуд овардани имконият дар баробарӣ мебошад. Агар аз тарафи идоракунандандагон адолатпешаги зуҳур намояд ва ин зуҳурот ба афкори одамон таъсири мусби мерасонад. Хислати адолатпешагӣ сабаби пешрафти муносибатҳои иқтисоди мегардад. Шоҳро бе ҳисси адолатхоҳи тасаввур намудан ғайри имкон мебошад. Аз ин рӯ ин гурӯҳи идоракунандагон чунин мақомро сазоворанд ва аз иҷрои заруртарин муаммоҳои инсон мебароянд. Адолат ба маротиб дар ҳамон вақт боз пойдортар мегардад, ки ҳамаи одамон чунин тасаввурот оиди адолати иҷтиморо дошта бошанд ва ҳисси баробариро дар ботини нигоҳ доранд. Идораи нафси фардӣ метавонад адолатро дар ҷомеа густариш диҳад.
Ҳусни тадбир ин амалкардҳои қобилият ва соҳибистеъдодиро дар назар дорад. Сиёсатмадор наметавонад бе ягон ғояи ташаббус ҳукмравои намояд. Дар ҳаёти ҷомеа ҳодисаҳои нобаҳангоме рух медиҳанд, ки бевосита дар чунин лаҳзаҳо чораҷуи ва ташаббускори лозим мешаванд. Тадбир имконият медиҳад, ки шоҳ ғами бенавоён ва бечорагонро дар чаҳорчӯби ақлу адл баркашида ба онҳо кӯмаки моддиву маънавӣ расонад.
Хислати хирадманди шарти зарурии идоракуни аст. Хирадмандон дар кадом вақт бояд чӣ гуна амал намоянд, медонанд. Ҳар як фаълияти маънавӣ ва моддӣ маҳсули хирад мебошад. Инсон дар таърихи мавҷудияти худ маҳз тавассути ақлу заковаташ зинда мондааст. Аз ин рӯ хирадманди ҳар лаҳза барои тамоми ҳаёт ва даври муйяни он ба мардум зарур мебошад.
Нигоҳи дигари Сино дар асари зикршуда «сиёсати мард дар ислоҳи нафси худаш» мебошад. Сино менависад: «нахустин сиёсате, ки сазовор аст инсон бо он оғоз кунад, ҳамоно сиёсати нафси худ ӯст. Яъне аввал, бояд дар ислоҳи нафси худ бикӯшад, сиёсату тадбирашро дар он кору кӯшиш ба кор бурда, хештанро солеҳу некӯ бинамояд» [1, 16].
Мутафаккир меҳисобад, ки инсон ҳамон вақт аз идораи ҷомеа мебарояд, ки нафси худро идора намояд. Идоранамоии худ метавонад баробариро дар имконият ба вуҷуд орад. Ҳисси баробариро инсон ҳамон вақт соҳиб мешавад, ки нафси худро ва эҳсосҳои нафсониро идора карда тавонад. Инсон қодир аст, ки худро идора намояд ва ба мардум кӯмак расонад. Идора накардани нафси худ инсонро ба худхоҳи мебарад ва ин сабаб мешавад, ки дар ҷомеа ноҳамоҳангии рафтори муносибатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ пайдо шавад. Ноҳамоҳангии рафтори субъектҳои ҷомеа куллан адолати иҷтимоиро вайрон месозад. Бинобарон Сино барои ислоҳоти куллӣ аввалан ислоҳ кардани фардҳои алоҳидаро зарур медонад. Ҳеҷ гоҳ инсон аз нигоҳи аллома наметавонад бо роҳи худхоҳи ба мақсадҳояш расад. Идора накардани нафс инсонро нобуд менамояд. Инсон аз он сабаб ба роҳи худхоҳи меравад, ки тасаввуроти нодурустро нисбати ҳаёт ва арзишҳои он пайдо мекунад. Сино мегӯяд «маърифату шинохти инсон дар бораи нафси худ мавриди итминон нест, зеро ки одамӣ дар боби маърифати айбҳои худ зираку тезҳуш нест, балки кундӣ ва ғабоват ба харҷ медиҳад» [1, 17].
Инсони худхоҳ ҳеҷгоҳ қудрати фаҳмидани маҳдудиятҳои худро надорад ва онро донистан ҳам намехоҳад. Худронафаҳмидан, худро эҳсоснакардан мавҷудияти худро нашинохтан мебошад. Агар мардум худро нашиносад онгоҳ мавҷудияти баробари ғайриимкон мегардад.
Салимов Аслиддин Иномҷонович
Маҷаллаи «Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ». «Дониш»-Душанбе. 2015, №4 (240)
Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ Telegram ва Facebook, ҳамроҳи намоед.
Адабиёт
- Абӯали Ибни Сино. Осори мунтахаб. Ҷ 2. –Душанбе., 1980.с-560.
- Султонов У. Ақидаҳои фалсафӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқии Абӯалӣ Ибни Сино. - Душанбе., 1975. 168.саҳ.
- Содиқов А. Ақидаҳои ахлоқии мутафаккирони Шарқ. - Душанбе., 1989. 144.саҳ.
- Гегел Г. Философия права. – М.: Мысл, 1990. С. 524.