JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 01 Апрели 2019 07:53

Фаъолияти адабии Ҷалол Икромӣ дар солҳои 30-40-уми қарни ХХ

Муаллиф:

  Дар мақола фаъолияти адабии яке аз пайравони С. Айнӣ Ҷалол Икромӣ баррасӣ шудааст. Нависанда дар давоми солҳои 30-40-уми қарни ХХ беш аз чаҳор повестро навишт, ки муаллифи мақола мазмун ва аҳамияти онҳоро ошкор месозад. Ин повестҳо ба ташаккулёбии жанри повести тоҷикӣ замина гузошта, ба раванди насри адабиёти шӯравӣ нақши муассире расондаанд. Албатта, саҳми устод С. Айнӣ дар роҳнамоии адабии нависанда Ҷалол Икромӣ ниҳоят бузург мебошад, ки ба ин масъала дар мақола таваҷҷуҳи бештаре дода шудааст. Ва инчунин муаллиф ба натиҷае мерасад, ки ҳаёти адабии нависандагони тоҷик дар тӯли солҳои 30-40-уми қарни ХХ мураккаб буд, зеро дигаргуниҳои таърихию сиёсӣ, оғози фарматсияи нави ҷамъиятӣ, ба амал омадани тағйиротҳои иҷтимою фарҳангӣ ва тазодҳои он давр ба аҳли адаб бетаъсир намонд.

 Ҷустуҷӯиҳои адабии Ҷ. Икромӣ дар солҳои 30-ум оғоз ёфта, дар давоми як даҳсола ба авҷ вусъат ёфт. Бояд гуфт, ки пеш аз ҳама, тарбияи хонаводагӣ, нақлу ривоятҳо ва суҳбатҳои хидматгори падараш Турсун, қиссаву афсонагӯии янгааш, дигаргуниҳои иҷтимоӣ ва сиёсии замона ва аз тарафи дигар, роҳнамоӣ ва нақши устод Айнӣ барои фаъолияти минбаъдаи адабии нависанда замина гузошт. Хусусан, саҳми устод С. Айнӣ дар роҳнамоии адабии нависанда ниҳоят бузург аст. Ба ин мазмун мунаққид А. Набавӣ ишора карда мегӯяд: «Айнӣ ба олами зиндагӣ ва фаъолияти адабии Икромӣ ба сифати тарбиятгар ва устод якумрӣ дохил гардида, дар рушди камоли вай нақши муассире гузошт» [9, 123]. Ҳамчунин мутоилаи зиёди китобҳо ва тарҷумаҳои туркӣ, форсӣ, тоторӣ ва монанди ин роману ҳикояҳои Жюл Верн, Виктор Гюго, Балзак, Пушкин, Лермонтов, Гогол, Тургенев, Чехов барои камолоти нависандагии Ҷалол Икромӣ низ заминаи устувор гузошт.

 Дар давраи аввали эҷодиёти Ҷ. Икромӣ, дар тасвири образу характерҳо ва ҳатто моҳияти ахлоқии персонажҳои асарҳояш бештар задухӯрди қувваю гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоию синфӣ мавқеи хос дошт [2, 114]. Шиносоӣ бо адабиёти рус ва Ғарб, тарҷумаҳои асарҳои адибони рус, ҳамчунин ба фаъолияти минбаъдаи адабии Ҷалол Икромӣ таъсири амиқе гузошт. Адабиётшинос Муҳаммадҷон Шакурӣ дар ин хусус қайд мекунад, ки: «Икромӣ, пеш аз сар кардани нависандагӣ, бо реализми Ғарб ва адабиёти русӣ шиносоӣ пайдо кард, асарҳои А. Чехов, М. Горкий, Л. Толстой ва дигаронро тарҷума кард» [16, 55-56]. Аввалин мунаққиди навиштаҳои Ҷалол Икромӣ Ғ. Абдулло [16, 17] буд, ки эҷодиёти нависандаро ба ду давра тақсим карда, ба давраи аввал асарҳояшро «аз нуқтаи назари буржуазияи майда» мансуб донистааст. Дар ин масъала адабиётшиносон Л. Демидчик ва М. Шукурӣ ақидаҳои худро иброз намуданд. Ба ақидаи М. Шакурӣ: «мунақкидон дар вақташ Икромиро сарзаниш мекарданд, ки қаҳрамонҳои нав дар аввалин ҳикояву повестҳои ӯ камнур ва камҳаракт буда, бештар на ба воситаи рафтору кирдораш ва амалиёти фаъолона, балки аз забони муаллиф ва бо декларатсияҳо нишон дода шудааст.

 Л. Н. Демидчик дар солҳои 30-ум, махсусан, дар навсозиҳои давр дар роҳи «мустаҳкам намудани алоқаи эҷодии нависандагони миллатҳои гуногун» ишора намуда, менависад, ки: «дар маърӯзаи Ғанӣ Абдулло, ки соли 1943 ба тариқи китоби алоҳида чоп шудааст, ба эҷодиёти Ҷалол Икромӣ асосан баҳои нодуруст дода шудааст» [14, 9]. Дар бораи фаъолияти эҷодии нависанда Ғ. Абдулло дар маърӯзаи 20 ноябри соли 1932 дар маҷлиси шуъбаи адабиёти Институт ва кафедраи адабиёти академияи педагогӣ баромад карда буд ва матни мухтасари он дар маҷаллаи «БАС» таҳти унвони «Ҷалол Икромӣ ва эҷодиёти ӯ» нашр шуд, ақидаи нодуруст пешниҳод шудааст. Агар ба мавзуъ ва муҳтавои асарҳои дар муддати солҳои 30-40-уми эҷоднамудаи нависанда назар кунем, пай хоҳем бурд, ки нависанда аслан рӯйдодҳо, воқеаҳои он даврро, ки иборат аз муборизаи мардуми коргару меҳнаткаши одӣ ба муқобили унсурҳои боқимондаи феодалӣ, босмачиён, муллою бойҳо ва бадхоҳони ҷомеаи навбунёд, фидокориҳои онҳо, ташкил шудани корхонаҳои нав, озодии занон ва макру ҳиллаи бадхоҳону душманони мардум дар роҳи сохтани ҷомеаи нави синфи коргару деҳқон, ки бо ҳар баҳона ба корхонаҳою ташкилотҳо ва муассисаҳои давлатӣ дохил мешуданд ва зиён мерасонданд, монанди ҳамин гуна мавзуъҳоро фаро гирифтааст.

 Ҳамин тариқ, симои нависандагии Икромӣ дар аввалин қадамҳояш бо таъсири се омили асосӣ муайян шуда истода буд: фолклору мероси классикӣ, эҷодиёти Айнӣ ва адабиёти русу Ғарб [15, 56]. Бояд гуфт, ки дар бораи Ҷ. Икромӣ ва фаъолияти адабии ӯ Ғ. Абдулло [3], Х. Мирзозода [7], Ш. Ҳусейнзода [13], Б. Худойдодов [12], Р. Амонов [1], М. Шукуров [15], Л. Н. Демидчик [16], А. Набиев [9, 10, 11] ва дигар аҳли тадқиқ мулоҳизаю мушоҳидаҳои ҷолибе баён кардаанд.

 Ба ақидаи Л. Н. Демидчик солҳои сӣ давраи ташаккули эҷодии Ҷ. Икромӣ буд ва фаъолияти тарҷумонии ӯ як шакли омӯзиши эҷодӣ ҳисоб меёфт. Аз байни нависандагони рус бештар ба эҷодиёти Чехов майл пайдо кардани Икромӣ сабаби муайян дошт ва онро аз хусусияти хоси эҷодиёт ва табъу завқи ӯ ҷустуҷӯ кардан лозим аст [14, 36]. Бояд зикр кард, ки тарҷумаи осори нависандагони рус дар солҳои сӣ ривоҷ ёфта буд ва Ҷ. Икромӣ аз ҷумлаи нависандагони тарҷумон буд. Дар ин масъала М. Шакурӣ ҳам ишора карда мегӯяд: «Тарҷумаи осори нависандагони рус – Пушкин, Лермонтов, Лев Толстой, Чехов, Горкий ва мисли инҳо дар солҳои сӣ бағоят ривоҷ ёфт. Метавтон гуфт, ки ҳама нависандагони тоҷик дар тарҷума иштирок доштанд. Тарҷума мактаби реализм буд ва наври навини тоҷикӣ бисёр нишонаҳое аз сабки реалистии адабиёти русӣ дошт ва ҳанӯз дорад» [8, 288]. Ба андешаи мо тарҷумаи осори нависандагони рус ба фаъолияти адабии нависандагони тоҷик, аз ҷумла Ҷ. Икромӣ, таъсири амиқе гузошт. Зеро Ҷ. Икромӣ қиссаҳои «Ду ҳафта» ва «Аз Маскав чӣ овардӣ?» пас аз тарҷумаи «Ҳафта»-и Лебединский ва «Тошканд – шаҳри нон»-и Неверов илҳом гирифта таълиф намудааст. Умуман навъҳои асосии наср ҳикоя, очерк, повест, роман ва монанди ин дар солҳои 30-40-уми дар ҷомеаи нави шӯравӣ бо роҳи нави ишкишоф ташаккул ёфтанд. Дар ин давр нависандагони ҷавони тоҷик, аз он ҷумла Ҷ. Икромӣ, дар баробари паҳн ва устувор шудани ҷомеаи нави шӯравӣ дар солҳои 30-40-уми қарини ХХ қалами худро санҷида, адабиёти бадеиро ташаккул медоданд.

 Ҷ. Икромӣ дар давоми як даҳсола, яъне аз солҳои 1931 то 1940 дар баробари ҳикояҳои зиёд повестҳои «Тирмор» (1931-1934), «Ду ҳафта» (1933), «Аз Маскав чӣ овардӣ?» (1936 ), «Зӯҳра» (1940)-ро таълиф намуд.

 Қиссаи «Тирмор», ки солҳои 1931, 1932, 1943 дар саҳифаҳои маҷаллаҳои «Раҳбари дониш» ва «Барои адабиёти сотсиалистӣ» бо забони лотинӣ ба табъ расид, яке аз намунаҳои созиш додани истеъдоди фитрӣ ва талабҳои замон буд [9, 123]. Ҷалол Икромӣ дар бораи навишта шудани ин қисса чунин мегӯяд: «Ин асар дар натиҷаи муоина ва таассуроти ҳаётие, ки бевосита худам аз матбаа ва зиндагӣ гирифта будам, ба майдон омад» [16, 29].

 Мавзӯъву муҳтаво ва моҳияту аҳамияти адабии қиссаи «Тирмор» аз ҷониби мунақкидон Х. Мирзозода, М. Шакурӣ, Л. Демидчик А. Набавӣ ва дигарон мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор гирифт.

 Ба андешаи М. Шакурӣ дар қиссаи «Тирмор» Икромӣ фақат чанд тазоди хурди ҷанги зидди босмачиён, яъне ба истилоҳ «ҷангҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ»-ро тасвир карда, диққати асосиро ба таҳлилоти психологии як батраки ситамдидаи ақибмонда равона кардааст» [16, 29]. Воқеан, солҳои 30-40-уми қарни ХХ давраи шӯравӣ осори сахте дар ҳаёти Ҷ. Икромӣ боқӣ гузошт. Дар давоми солҳои 1937-38 дар тамоми давлати шӯравӣ «ошкор намудани душманони халқ» (давраи репрессия) ба авҷ расида буд. Ҷ. Икромиро «зараррасони ҷомеаи сотсиалистӣ, миллатчии буржуазӣ ва душмани халқ» эълон дошта ба маҳкама кашиданд ва бо қарори раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз аъзои Иттиҳоди нависандагони шӯравӣ хориҷ карданд. Вай як солу ду моҳ дар ҳабс буд. Аммо ба ҳар ҳол, оқибат хати озодӣ гирифта, аз зиндон берун шуд. Моҳи январи соли 1939 аз нав ба аъзогии Иттиҳоди нависандагон барқарор гардид» [9, 132]. Бо вуҷуди ин Ҷ. Икромӣ фаъолияти адабиашро қатъ накард, балки бо эҷоди ҳикояҳо ва қиссаҳои талаби давр маҳорати нависандагиро сайқайл намуд. Дар солҳои 1931-34 қиссаи «Тиромор»-ро навишт, ки хати сужети он муборизаи пурзӯри синфи коргару меҳнаткашон бар зидди боқимондаҳои ҷомеаи куҳна, саргузашти пурфоҷеаи Саида, бунёд ва рушди муносибатҳои нави синфиро фаро гирифтааст. Нависанда дар симои Сангин, Саида ҷавонони муборизи даврро ба тавсир кашидааст. Ҳар ду ҳам кормандони матбааи дар Регистон воқеъбуда, ба муҳит ва сохти нави ҷамъиятӣ мутобиқ мешуданд. Воқеаҳои пурвусъат дар қисса дар зиддият нишон додани унсурҳои бегонаи ҷомеаи нав, ки ба воситаи ба корхонаҳою ташкилотҳо ва муассисаҳои давлати навбунёд роҳ ёфта, зарар мерасонданд, сурат гирифтааст. Ин гуна шахсиятҳо дар симои Камол-биндӣ, Қутбия (духтари Аҳмадбои калушфурӯш), Аҳмадбой, мудири матбаа, Ҳикмат (инспектори участка) баръало ба назар мерасад. Табиати Тешаи Машкоб, Сарвал-хола, Ҳасанҷон Иброҳим дигаранд. Тешаи Машкоб «як аламзада», ки аз марги бармаҳали духтараш бо «сад доғу дард» зинда монда буд, Саидаи дар дами марг бударо наҷот дод ва ба фарзандӣ хонд. Ин воқеа 25-уми моҳи августи соли 1920 рух дода буд. Тазодҳою ихтилофҳои замони феодалиро нависанда дар саргузашти пурфоҷиаи Саида дар «муҳит» ва «зиндагонии онрӯза» дар «14 соли машаққатрӯзӣ» азобҳои бисёре дида ба лаби гӯр расида буд, ба тасвир кашидааст.

 Дар маҷмуъ мавзуъ ва муҳтавои қисса вазъияту воқеаҳои таърихии даври гузариш аз сохти аморати фарсудаи феодалӣ ба ҷамъияти сотсиалистиро дар бар мегирад. Сужети қисса бо равиши кори Сангин, ки «ба машина қоғаз дода истода ғазал мехонд», оғоз меёбад. Муколамаи Сангину Саида ва Демянов дар бораи оғози ҳаёти нав, ташаккули синфи коргар ва ҷомеаи дигар дарак медиҳад. Нависанда ба ин васила, на танҳо диққати Сангин, балки хонандаро ба воқеаю рӯйдодҳои пеш аз инқилобӣ: дар «хонаи бой хизмат кардан»-и чандин хизматгорҳо, дарбонҳо, ятимҳо ошно месозад. Хонаи бойи машҳури Бухоро – Мирзо Маҳмудбойро ёдовар шуда, мегӯяд: «Дар ин ҳавлӣ чи корҳо, ки намешуд… фаҳш, беномусӣ, ҷабр, виҷдонҳоро ба азоб мондан, ятимҳоро гирёндан, задан, ниҳоят ба тӯҳматҳо гирифтор карда, мардуми бечораро то ба таки дор гирифта бурдан, дар ин ҳавлӣ одат шуда будааст» [4, 86].

 Равшан аст, ки бо нақли Теша-бобо акс ёфтани вазъияти иҷтимоию таърихии давр дар мисоли саргузашти пурфоҷиаи Саида ҳаёти кулли ятимон, хизматгорҳо ва мардуми одию меҳнаткаш ва азияткашидаи ҷомеаи феодалӣ инъикос ёфтааст.

 Ҷ. Икромӣ саргузашти Саидаро аз забони ноқил оварда, баъзе лаҳзаҳои ҳаёти қаҳрамонон ба монанди Мирзо Маҳмудбой, Камол, Асрорхони дуохон, Қутбия, Ҳикмат, Ҳамдам ва ғ. тасвир мекунад. Ин қисса дар асоси мушоҳидаҳои бевоситаи нависанда, ки дар матбааи Бухоро шогирди ҳуруфчин шуда кор мекард, навишта шудааст: «Бисёри образҳои асар, - навиштааст Икромӣ – прототип доштанд ва ман ҳамаи одамони медонистагии худамро навиштам. Масалан, образҳои Саида, Сангин, Замира ва мудири матбаа ҳама одамони шинос буданд. Мудири матбаа одами нопок буд ва ман ӯро образи манфӣ кардам» [17, 498].

 Ҳамин тавр, нависанда дар қиссаи «Тирмор» дар тазодҳои ҳаётии давраи то инқилоб ва баъди он симоҳоеро ба тасвир кашидааст, ки иштироккунанда ва шоҳиди бевоситаи дигаргуниҳои бузурги таърихию сиёсӣ буданд. Муборизаҳои табақаҳои ба ҳам зид торафт афзуда, синфи пешқадами ҷомеаи нави шӯравӣ – коргаронро ба сари қудрат меорад, ки созандагон ва иқтидори ҷомеаи навбунёд буданд. Тамоми хати сужет дар баробари нишон додани воқеаю ҳодисаҳои ҷараёндошта, ба амал ва ҳаракатҳои «айёрона» ва бадхоҳонаи Қутбия равона карда шудааст. Қутбияе, ки монанди мор дар дил «заҳр» дошт ва бо тинати бадхоҳонаи худ боиси марги ҷавонмарди мубориз ва фаъоли ҷамъияти навсозанда - Саид мегардад. Ҳарчанд ки нависанда табиат, иродаю матонат ва ботини симоҳои офаридаашро пурра ва ҳамаҷониба накушодааст, бо вуҷуди он қисса мавзую муҳтавои муҳимми таърихиро инъикос намудааст, ки пас аз инқилоби Бухоро ба амал омада буданд. Ҳаминро ҳам ба назар гирифтан лозим аст, ки дар солҳои 30-40-уми қарни ХХ Ҷ. Икромӣ навқалам буд ва дар баробари эҷоди ҳикояҳои зиёд навиштани қиссаҳо бо жанру сабки нав аз нависанда на танҳо истеъдод, балки ҷасорати махсусро талаб мекард. Бо вуҷуди он бо эҷоди қиссаи «Тиромор» ба Ҷ. Икромӣ ҳақиқати воқеиро тасвир намудан муяссар гардидааст.

 Дар соли 1933 Ҷ. Икромӣ қиссаи дигари худ «Ду ҳафта»-ро таълиф кард. Икромӣ баъд аз «тарҷумаи асари Лебединский «Ҳафта»-ро анҷом додан, «Ду ҳафта»-ро навишт» [9, 129]. Дар маҷаллаи адабии «Барои адабиёти сотсиалистӣ» «Ду ҳафта» ҳикоя ном бурда шудааст. Бинобар он ки дар ин давр жанрҳои адабӣ дар адабиёти тоҷик нав ташаккул ёфта истода буд ва нависандагон дар ҳудуд гузоштани байни жанрҳо ҳикоя, повест ё роман ва монанди инҳо баъзан ба иштибоҳ роҳ медоданд.

 Қиссаи «Ду ҳафта» зиддияту мубориза ва бедории шуури як нафар муздури бой – Тешабойро фаро гирифтааст. Нависанда дар мисоли хидмати панҷоҳсолаи Тешабой дар даргоҳи бой ҳаёти ҳазорҳо нафар мардуми одии меҳнаткашро, ки тамоми умри худ меҳнати вазнин ва тоқатфарсо карда, бар ивази он танҳо таҳқиру ранҷ ва нодорӣ медиданд, қисса менамояд. Тешабой бо вуҷуди бар ивази заҳмати чандинсола ва шунидани таҳқиру муносибати бади хӯҷаинон нисбат ин афрод бадиеро раво дидан муносиб намедид. Вай ба ин нигоҳ накарда, носипос будан намехост. «Нону намак»-и хӯрдаашро, гарчанде ки бо меҳнат меёфт, пешпо заданӣ набуд. Бинобар он ӯ писари хӯҷаини худ – Ҳамдамро, ки дар пеши чашмони ӯ ба камол расида буд ва нисбаташ меҳру муҳаббате дошт, аз назари писараш пинҳон мекунад. Нависанда вазъи рӯҳию азоби бонитинии Тешабойро чунин тасвир мекунад: «Дар ин рӯзҳо танҳо ду кор дили ӯро меранҷонид ду кор ӯро беҳузур мекард: яке ба Ҳамдам ба таври пинҳонӣ хӯрок пазонда истодан, дувум ба писараш – Шер, ки командири калтакдорон буд, гап задан, дар бораи Ҳамдам ва қуҷо пинҳон шудани ӯ дарак додан. Инак ин ду бор, ин ду ҳолат, ки дар як тараф писар ва дар як тараф «нону намак» меистод ба ӯ вазнин намуд, вай намехост, ки ба писараш ҷойи Ҳамдамро нишон диҳад» [5, 49]. Шер падарашро аз ҳаёти қаблӣ, ки пур аз ғаму кулфат ва ранҷу кулфатҳо буд, мехост ба роҳи нави зинадагӣ, осудагию хушбахтӣ ҳидоят созад. Ин аст, ки ӯ маслиҳатомез ба падараш мегӯяд: «- Падар! Шумо, магар ҳамин қадар азобҳо, ҳамин қадар кулфатҳоро, ки аз дасти ин бойҳо дидаед, фаромӯш кардаед? Магар несту нобудии инҳоро намехоҳед? Ё ки боз гашта омадани онҳоро фикр карда гаштаед-мӣ? – Ман медонам, Шумо аз воҳимаи панҷоҳсола ҳанӯз халос нашудаед, натарсед, падар!» [5? 49]. Аммо танҳо пас аз рафтор ва амали писари бой – Ҳамдам, ки фарзанди ягонааш, командири калтакдорони сурх – Шерро ба қатл расонид, дардили мӯйсафед оташи интиқом, муборизаро бедор мекунад.

 Бо ин тариқ нависанда дар симои Тешабойи солхӯрда пурсабрию садоқатӣ ва сипосгузории мардуми одиро нишон медиҳад.

 Дар қисса якчанд симоҳои дигар ба монанди Ниёзов, Красниаков, Муҳаммадалӣ, ки дар рафти воқеаҳо тасвир шудаанд, амал мекунанд. Нависанда дар қисса танҳо як лаҳзаи воқеаҳою ҳодисаҳои ҳавлии бой, дар мавриди гурези онҳо аз калтакдорони сурх ва ҷойгиршавии онҳо дар ҳавлӣ, ба қатл расонида шудани Шер – писари Тешабойро овардааст. Ҳамин як лаҳза ҳам ба рӯйдодҳои муҳимми он давр далолат медиҳанд, ки нависанда онро бо дарк ва диди хеш қаламдод намудааст.

 ҲОШИМОВА Х.А

 Маҷаллаи «Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ». «Дониш»-Душанбе. 2015, №4 (240)

Моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ Telegram ва Facebook, ҳамроҳи намоед.

Адабиёт

  1. Амонов Р. Сухани нав дар бораи Бухоро дар кит: эҷодиёти бадеӣ, халқ ва замон / Р. Амонов. – Душанбе, 1970.
  2. Бақозода Ҷ. Корномаи нависанда. Посдорони насри муосири тоҷик: Маҷмӯи мақолаҳо ба ифтихори 100-солагии нависандагони халқии Тоҷикистон Раҳим Ҷалил ва Ҷалол Икромӣ. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2009, С. 114.
  3. Ғанӣ Абдулло. Ҷалол Икромӣ ва эҷодиёти ӯ/ Ғ. Абдулло. – Сталинобод, 1934.
  4. Икромӣ Ҷ. Асарҳои мунтахаб иборат аз се ҷилд. ҷ. 1. - Душанбе «Адиб», 1987, С. 86.
  5. Икромӣ Ҷ. Ду ҳафта. // Барои адабиёти сотсиалистӣ, №1-2, 4- 6, 1933, С. 49.
  6. Икромӣ Ҷ. Устоди ман, мактаби ман, худи ман / Ҷ. Икромӣ. – Душанбе, Ирфон, 1970.
  7. Мирзозода Х. Дар бораи «Тирмор» / Х. Мирзозода // БАС, №5, 1936.
  8. Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ. Нигоҳе ба адабиёти тоҷикии садаи бист / М. Шакурӣ. – Душанбе, 2006. – С. 288.
  9. Набавӣ А. Марди ҳунар ва ҷомеаи худкома. Посдорони насри муосири тоҷик: Маҷмӯи мақолаҳо ба ифтихори 100-солагии нависандагони халқии Тоҷикистон Раҳим Ҷалил ва Ҷалол Икромӣ. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2009. – С. 123. (248с.).
  10. Набиев, А. Эҷоди бадеӣ, инсон ва замон / А. Набиев. – Душанбе: Ирфон, 1983. – 126 с. ;
  11. Набави, А. Посдорони насри муосири тоҷик: Маҷмӯи мақолаҳо ба ифтихори 100-солагии нависандагони халқии Тоҷикистон Раҳим Ҷалил ва Ҷалол Икромӣ. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2009, 248с.
  12. Ҳусейнзода Ш. Ҷалол Икромӣ / Ш. Ҳусейнзода. – Сталинобод, 1959. – С. 20.
  13. Таърихи адабиёти советии тоҷик (инкишофи жанрҳо), ҷ. 2, Душанбе, Дониш, 1978, с. 36.
  14. Худойдодов Б. Ҷалол Икромӣ / Б. Худойдодов. – Душанбе, 1969.
  15. Шакурии М. Б. Диди эстетики халқ ва насри релистӣ. - «Нури маърифат», Хуҷанд, 2006, С. 55-56.
  16. Шукуров М., Демидчик Л. Насри Ҷалол Икромӣ. - Душанбе, «Ирфон», 1979, С. 17. (139с.)
  17. Энсиклопедияи адабиёт ва санъат. ҷ. 1. С. 498.
Хондан 2757 маротиба