JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 19 Апрели 2017 16:06

Истифодаи гирифтани изи ангуштон чӣ тавр ба вуҷуд омад?

Муаллиф:

   Ҳанӯз аз замонҳои қадим ба инсоният маълум буд, ки ангуштони одам рахҳои махсус ва нақшҳо доранд ва рахҳои дасти ҳар шахс мухталифанд. Навиштаҷотҳои қадимаи чиние ёфт шудаанд, ки дар онҳо ба ҷойи имзо изи ангуштон мавҷуд буд. Аз ин сабаб мо метавонем гуем, ки усули муайян кардани шахсият аз рӯи изи ангуштон тақрибан дуҳазор сол пеш вуҷуд дошт. Лекин донистани он, ки изи ангуштони ҳар як фард тафовут дорад як чиз, аммо аз ҷиҳати илми коркард ва истифодаи ин маълумот тамоман чизи дигар аст. Ҳиссаи аввалин ва муҳимро дар илм оид ба муайян намудани шахсият аз рӯи изи ангуштон олими итолиёви Марчелло Малпиги (соли 1686) ворид кардааст. Ӯ дар зери заррабин рахҳои дар ангуштон мавҷуд бударо омӯхта, дарк намудааст, ки рахҳои мазкур шаклҳои махсуси ҳалқамонанд доранд.

    Гирифтани изи ангуштон аввалин бор барои муайянкунии шахсияти маҳбусон соли 1858 истифода гардида буд. Баъд аз чанд сол таҳқиқотҳои аввалини илмӣ оид ба эҳтимолияти истифодаи изи ангуштон нашр гардид. Дар ин таҳқиқот маълумот оид ба усули гирифтани изи ангуштон бо роҳи истифодаи плёнкаи тунукии бо ранги махсус пушидашуда баён гардида буд. Ин усул дар замони ҳозира низ истифода мешавад. Дар соли 1880 олими англис Франсис Гальтон, фаъолияти кориро оид ба системаи таснифи изи ангуштон оғоз намуд.  Баъди чанд сол ин система аз тарафи комисари полиси Лондон Эдвардом Генри сода гардонида шуда буд.  Дере нагузашта гирифтани изи ангуштон дар ҳама ҷо ҳамчун воситаи  муайянкунии шахсият  ва кушодани ҷиноятҳо паҳн гардид. Оё шумо медонед, ки дар аксари таввалудхонаҳо дар замони муосир изи кафи пойи тифлони навзод гирифта мешавад? Ин ҳам воситаи муайянкунии шахсият маҳсуб меёбад. 

Хондан 2003 маротиба