JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 14 Декабри 2018 05:05

Шеъри рӯз: Ин ҷаҳон чист ва мо кистем?

Муаллиф:
Худро кунам суҷуде, дунё вафо надорад,
Дар тору пуди ҳастӣ маънӣ садо надорад.
Бо сеҳри худфиребӣ, дил бо нигор додем,
Афсўсу сад надомат, к-он ҳам вафо надорад.
Бегона душман асту бо хеш дар ситезем,
Дигар чӣ метавон гуфт, кас ошно надорад!
Дардест дарди мурдан, одам ҳама гирифтор,
В-ин дарди бедаворо касе даво надорад.
Умрест корвони пайғамбарӣ ба роҳ аст,
Маҳмил гарону акнун бонги диро надорад.
Ҳарчанд соддалавҳист даъвии умри ҷовид,
Фарзанди одамӣ ҷуз ин муддао надорад.
Дар мақтаи ғазалҳо арзи умедворист,
Комил, чӣ метавон гуфт, дасти дуо надорад!
Комил Бекзода
Хондан 471 маротиба