JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Забони илмӣ як шохаи муҳими забони миллӣ буда, дар заминаи донишҳои тахассусӣ ба воситаи забони миллӣ ба вуҷуд оварда мешавад. Тавассути забони илмии миллӣ пеш аз ҳама адабиёти илмиву таълимӣ эҷод карда мешавад. Маъмулан забон илмӣ дар ҷомеа се вазифаи таърихии муҳимро иҷро менамояд: якум, захира кардани донишҳо ва аз насл ба насл интиқол додани онҳо; дуюм, густариш додани донишҳо ва баланд бардоштани тафаккури илмии ҷомеа, сеюм, таъмини муомилоту муошироти афроди илмпеша ҷиҳати ба даст овардан ва такмил додани донишҳо.
Хурофот ва хурофазадагӣ яке аз мушкилоти зеҳниву иҷтимоиест, ки дар ҳар давру замон вобаста аз сатҳи донишу тафаккури бошандагони ҷомеаи муайян дар шаклҳои мухталиф вуҷуд доштааст. Собит шудааст, ки ҳар қадар таассубу хурофот реша давонад, ҳамон қадар каҷравию инҳирофоти равонӣ, ахлоқӣ, маданӣ ва сиёсӣ-мафкуравӣ дар рӯҳи иҷтимоӣ тасаллут пайдо намуда, динамикаи таҳаввулу инкишофи зеҳнию ақлониро бозмедорад. Дар натиҷа, фалаҷшавӣ дар баданаҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд меояд, ки ин хатарноктарин навъи бемории иҷтимоӣ, фикрӣ ва маънавию маданӣ маҳсуб меёбад. Барои паҳлуҳои гуногуни ин масъаларо равшанӣ андохтан дар мақолаи мазкур кӯшиш ба харҷ медиҳем, ба таври иҷмолӣ таърифи хурофот, навъҳои хурофот, шаклҳои хурофапарастӣ,…
«Як одамӣ ба ҳама ҷаҳон муқобила кунад» (Шамси Табрезӣ) Месазад, ки доир ба ин сипаҳсолори олами фикр Мавлоно Ҷалолиддини Муҳаммади Балхӣ (1207-1273) гуфта шавад, ки: «Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад»! Ва бешак, Мавлоно яке аз донотарин шахсиятҳои ҳамаи давру замонҳост, ки асрҳо бо ҳама ҳаёҳу ва лофу газоф ба фаҳмиши «асрори худӣ»-и Мавлоно нарасидаанд.
Муқаддима Мақсади аслӣ ва ниҳоии инсоният – таъмини осудагӣ, рушди фард ва ҷомеа мебошад. Таҷрибаи дунё нишонгари он аст, ки ин ҳадаф фақат тавассути тарбия, таълим ва ҳамчун натиҷаи он - ташаккули рӯҳи инсони комил метавонад амалӣ гардад. Дар асари дигаргуниҳои фавқулодаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангие, ки дар се даҳсолаи охир, тавассути Қаҳрамони миллии мардуми тоҷик дар мамлакат ба вуқӯъ пайваст, рӯҳи миллӣ дар сарзамини тоҷикон "паноҳгоҳи худро ёфт ва дар он зиндагӣ мекунад" (таъбири Гегел). Акнун барои мо ҳаётан муҳим аст, ки "шуълаи ин шамъи муқаддасро эҳтиёт намоем, ба он ғизои маънавӣ диҳем. Ғамхорӣ кунем, ки хомӯш нашавад.…
Сешанбе, 29 Майи 2018 16:38

Бузургӣ чист ва бузургон кистанд?

Муаллиф:
 1. Сабаби навиштани ин мақола чӣ буд? Дар солҳои 60-уми асри XX файласуфи машҳури тоҷик устод Акбари Турсон дар яке аз мақолаҳои худ гуфта буд, ки «дар фарҳанги имрӯзаи тоҷик Дорои Дӯст мақоми Суқротро дорад». Зиёиёни он рӯзгор сари ин ибора бо ҳам баҳсу мунозираҳо намуданд. Гуфтугӯи гарми ҳар ду дӯсти шодравон Сарвар Амирҷон ва Нафасбек Раҳмонӣ то ҳол дар хотирам зинда аст... Мушкилӣ сари он буд, ки ҳар нафаре бузургиро бо меъёр ва тарозуи худ месанҷид ва назариёти ҳарифро қабул намекард. Ҳамин тавр, он баҳсҳо ба натиҷае нарасиданд ва оқибат хомӯш шуданд...