JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
 Он чи ки имрӯз ба сифати рушду тараққӣ ва таҷаддуду навигарӣ дар муҳитҳои иҷтимоӣ ва умуман, дар сайёраи замин муаррифӣ мешавад, натиҷаи фаъолияти сермаҳсули олимону донишмандони дунёст. Ҳамагӣ дар дусад соли ахир илму дониш босуръат пеш рафта, омили асосии рушду тавсеаи зиндагии инсонӣ гардид. Мусаллам аст, ки илму хирад натиҷаи фаъолиятҳои ақлонию зеҳнии башар буда, бо фаъол сохтану таҳрик додани низоми мағзӣ инсоният ба дараҷаи камолоти зеҳнӣ ноил гардид ва тадриҷан аз марҳилаи биологӣ ба сатҳи иҷтимоӣ-сотсиалӣ расида, саранҷом ба шинохт ва маърифати ҷомеа, ҷаҳон ва кайҳон даст ёфт. Дар натиҷаи фаъол шудани низоми мағзӣ инсон на танҳо дар пайи…
 Марҳилаи нави рушди забони тоҷикӣ бо номи яке аз поягузорони адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ пайванди ногусастанӣ дорад, зеро устод бо таълифи осори бадеӣ, асарҳои арзишмандии илмӣ, мақолаҳои муҳими публитсистӣ ва фаъолияти ибратомӯзи хеш мероси адабию фарҳангиамонро муаррифӣ намуда, дар баробари ин манфиатҳои миллии халқи тоҷикро ҳимоя намудааст.
Душанбе, 09 Апрели 2018 11:13

Айнӣ ва маорифпарварии миллӣ

Муаллиф:
Масъалаи маорифпарварӣ ва мунавварфикрӣ дар аморати Бухоро, ки маркази тамаддуни тоҷикӣ маҳсуб меёфт, аз ҷумлаи масоили муҳиму мубрами иҷтимоӣ, сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангӣ буда, дар доираҳои улуми филологӣ ва фалсафӣ солҳост, ки матраҳ шуда, пайваста мавриди пайгирӣ қарор мегирад. Мусаллам аст, ки ҷомеаи аморати Бухоро, ки қисмати зиёди нуфуси онро тоҷикон ташкил медоданд, бар асари ҷаҳлу нодонӣ ва хурофотпазирӣ вазъи буҳрониро аз сар мегузаронид ва фақри фикрию маънавӣ бар баданаҳои иҷтимои сахт тасаллут ёфта, роҳи наҷотро душвор намуда буд.
Дар миёни маросимоти Наврӯзӣ Сездаҳбадар ба унвони расми ҷамъбастӣ ё ба истилоҳ, кулминатсионии ин ҷашни бошукӯҳи аҷдодӣ шинохта мешавад. Расми «Сездаҳбадар», қабл аз ҳама, бо зиндагии рӯзмарра ва ҳаёти воқеии мардумӣ бастагӣ дорад ва барои танзими муносибатҳои мутавозини иҷтимоӣ созмон ёфтааст. Он маҷмӯаи маросимоти Наврӯзиро ҷамъбаст мекунад ва омодагиро ба ҷараёни минбаъдаи зиндагӣ ба мардум илқо менамояд. Ин аст, ки тибқи одоти маросимӣ, мардум ва табақаҳои гуногуни аҳолӣ дастҷамъона берун аз шаҳр мераванд ва дар муҳити кӯҳсору саҳро бо хушию хушҳолӣ ва саргармиҳо бо табиат ҳамоғуш мешаванд.
Эҷодиёти асосгузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ на танҳо дар собиқ ҷумҳуриҳои Шӯравӣ, балки дар хориҷи кишвар маҳбубият ва шуҳрат дорад. Аз ин рӯ, бесабаб нест, ки ӯро дар қатори Байрон, Шекспир, Лесинг, Гёте, Балзак, Тагор ва дигар нависандагони ҷаҳонӣ ном мебаранд. «Ёддоштҳо»-и устод Айниро энсиклопедияи ҳаёти то давраи инқилобии халқи тоҷик номидани тадқиқотчиён далели раднопазир аст. Гарчанде ин асар тарҷимаиҳолӣ бошад ҳам, дар он аз тасвири ҳаёти шахсии нависанда дида, бештар масъалаҳои муҳимми замон, тарзи зисту зиндагии меҳнаткашон, ҷамъомади шоирон ва рафторҳои ношоистаи табақаҳои ҳукмрони давр танқиди бадеии худро ёфтааст.