JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Шанбе, 27 Октябри 2018 13:10

АДАБИЁТ ВА ДИАЛЕКТИКАИ ҲАЁТ (масъалаҳои назариявӣ)

Муаллиф:

  Инсон ягона мавҷуди табиист, ки ба таври абадӣ ба дарку фаҳми масъалаҳои муҳимтарини табиат, ҷамъият ва тафаккур кӯшиши ҳамешагӣ мекунад. Дар ин самт аз тамоми восита ва имконот истифода менамояд. Муътақид аст, бидуни фаъолияте, ки моҳияти масъалаҳои рӯзмарраро барояш равшан ва возеҳ мегардонад, ба саволҳои ӯ посух медиҳад, зиндагӣ наметавонад пешравӣ дошта бошад. Дониш, маърифат, шинохти умқи масъалаҳо, сабаб, омилҳои пайдоиш ва ташаккули онон имкони эмин нигоҳ доштани инсон ва рушди ӯро таъмин месозад.

   Маҳз ба ҳамин хотир, «наздикшавии тафаккур ба воқеият аз мавзӯоти абадӣ ва беохир»-и раванди такмилёбии инсоният мебошад. Ин вазифаро банни одам бо имкон ва тавон дар тӯли таърих зина ба зина анҷом додааст.

   Аввалин ва муҳимтарин пояи дониши инсонӣ таҷрибаи зиндагӣ маҳсуб мешавад. Агар ин таҷриба беҳбуди аҳволи ӯро таъмин ва пешрафти имрӯзу ояндаро аз ҷониби худи инсон дар назар дошта бошад. Дуюмин ва асоситарин махзани наздикшавии инсон ба моҳияти масъалаҳои табиат, ҷамъият, тафаккур ба хотири сазовор зиндагӣ карда тавонистани ӯ - донишҳои илмӣ-назариявӣ ба ҳисоб мераванд. Аслияти онро «аз муроқибаи зинда ба тафаккури абстрактӣ ва аз он ба амалия – ҳамчун роҳи дониста гирифтани реалияти объективӣ» ташкил мекунад. Ба шарте ки чунин таҳлил ва хулосабарорӣ бо далелҳо тасдиқ карда шаванд ва барои беҳтар кардани зиндагии воқеии одам созгор оянд. Сеюмин,  гносеология воситаи таҳқиқ ва арҷгузорӣ ба воқеиятро амалия ва назарияи адабӣ – эстетикӣ эътироф кардааст. Онро ҳамчун муҳимтарин воситаи дарки масъалаҳои онтологӣ шинохтааст.

  Тавре ки хотиррасон гардид, ҳарсе воситаи омӯзиш ва шинохти  илмии зуҳурот ба хотири ташаккули ҷаҳонбинӣ, мақсаднок пеш бурдан, ба маром ва орзуву омол расидан, рушди сатҳи зиндагӣ, маънавиёт аз ҷумла ҳолати  рӯҳӣ-равонии Одам аст. Тавон, дараҷаи эҳсоси воқеият, баробарвазн муносибат кардан ба рӯйдодҳои ҷамъиятӣ, асоси таъмини суботи давлати миллиро ташкил мекунад.

  Ҳамин тариқ, мавзӯи ин баҳс аз дидгоҳи назариявӣ, наздик гаштан ба инъикоси воқеияти зиндагӣ тавассути каломи бадеӣ дар чаҳорчӯби ниёзҳои иҷтимоӣ мебошад.

Илм ва адабиёт

  Бояд эътироф кард, ки тамоми донишҳои инсонӣ аз эҳсосоти назарӣ, аз аёният сарчашма мегиранд. Чунин дидгоҳ сараввал ба тарзи одӣ, омиёна тафсир мегардад. Аммо ба назар гирифтани зуҳурот, мавзӯи андеша қарор додани он, ҳамчун тамоюл барои шинохти моҳият, шароит ва заминаи асосиро барои омӯзиш ва таҳқиқи илмӣ омода месозад.

  Маълум аст, ки «Илм маҷмӯи далелҳоро тафсир намуда, хулосаи онро ба маводи аввалия дар муқоиса ва таносуб мегузорад» (Г.В.Ф. Гегел). Бидуни шубҳа, ин хосият ба пуррагӣ мансуб ба каломи бадеӣ ҳам ҳаст.

  Адабиёт ҳам, ки аз эҳсос, тасаввурот ва кӯшиши наздик гаштан ба воқеият оғоз мегардад, ҳамзамон барои шинохт ва арзёбии ҳастӣ таъйин шудааст. Яъне дар муқоиса бо илм ҳамон сифатро дорост.

  Вазифаи аслии илм ошкор намудани фарқият, зиддият байни моҳият ва зуҳурот аст, бо бурҳон, далел, натиҷаи озмоишҳо ба хотири шинохт, дарк, донистанҳо ва ҳосил кардани ҷаҳонбинии воқеӣ оид ба табиат, ҷамъият ва тафаккур. Ин ҷараён бо муайян кардани хосият, алоқаҳо, муносибат ва миёнҷигариҳо, ҳамчун натиҷаи ниҳоӣ – ошкор  кардани қонуниятҳои пайдоиш, шаклгирӣ ва инкишофи зуҳуроту моҳият сурат мегирад. Илм мекӯшад, ки моҳияти масъаларо орӣ аз хости шахс, дидгоҳи субъективӣ, дар он шакле, ки дар ҳақиқат ҳаст, “хушку холӣ”, хунсардона ба намоиш гузорад.

  Ворид гаштан ба моҳияти масъала тавассути абзори бадеӣ, гоҳо авлотар аз илм аст. Зеро илм ҷаҳонбинии мутахассисони самти муайяни ҳаёти инсониро баррасӣ мекунад. Адабиёт «дили васеъ», диди васеъ дорад. «Шеърро ошиқ мекунад» (Гулназар), олами табиат, наботот, ҳайвонотро «ба гап медарорад». «Бо санги мазор гуфтугӯ мекунонад», «рӯд ӯро қисса мегӯяд», «чашма аз кӯзабарсар омадани модар ҳикоят мекунад ва хор ба гуноҳи худ, аз тасодуф пои модарро захмин кардан, хиҷолат мекашад» (маъниҳо аз М. Турсунзода). Дили шоир ва хонандаашро реш-реш месозад. Ҳолати рӯҳии инсонро тасхир менамояд. Илм аз ин тавоноӣ ва санъати таҳқиқи олами ҳастии сухани бадеӣ дар ҳайрат мемонад.

  Маълум аст, ки воқеияти объективӣ шаклҳои гуногуни зуҳуротро дорад. Он дар шароити мураккаб ва гуногун хосиятҳои худро дар намоиш мегузорад. Илм онро тавассути абзорҳои худ меомӯзад, тасдиқ мекунад ва хулоса мебарорад. Дар муқоиса бо илм «дарки бадеӣ, дар шаклҳои реалистӣ, ҳақиқати воқеиро ба воситаи образҳо ифода месозад. Дар образҳои бадеӣ тавассути тахайюлоти бадеии муаллиф… ҷанбаҳои бештар муҳимми зуҳуроти мавриди назар таъкид карда мешавад» (И.Д.Ковальченко. Методы исторического исследования. –М.: Наука. 2003. –С. 24).

  Яке аз мақсадҳои илм, тавассути ба инобат гирифтани реалияти объективӣ ва тамоюли самти ҳаракати он, вазифаҳое, ки таъмини манфиатҳои миллиро қотеона мадди назар дорад, мусаллаҳ намудани ҷомеа, махсусан ҷавонон бо ҷаҳонбинии дунявӣ мебошад. Бидуни коридани ҷузъиёти илмӣ, тасаввуроти дар таҷриба санҷидашуда, дар майнаи инсон ҳалли масъалаҳои таъмини амният, пешбурди манфиатҳои миллӣ, пешрафти шахс, ҷомеа ва рушди давлат аз имкон берун аст. Адабиёт, дар сурати истифодаи дурусти он метавонад на камтар аз илм барои ҷомеа хидматгузор бошад, зеро маҳсули тафаккури волои инсонист.

  Илм ва ҷаҳонбинии илмӣ аз муҳимтарин омили худшиносии миллӣ мебошанд. Оптимизми когнитивӣ, ки тавассути донистанҳо ва ҳамчун натиҷаи он шинохти аслии воқеияти олам, минтақа, дохили мамлакат, васвасаи душман, мақсадҳои он ба муқобили Ватани аҷдодӣ сурат мегирад, ба инсон, шаҳрванд ба тарзи мустақил фикр карданро меомӯзад. Қимати инсон баробар ба андозаи ҳамсон ва наздик ба ҳақиқат андеша ва амал карда тавонистан аст. Сухан дар бораи «системаи тасаввурот оид ба олам, дар маҷмӯъ ва ҷараёнҳои табиӣ, иҷтимоӣ ва муносиботи инсон ба муҳити атроф» (П.Н. Федосеев. Философия и научное познание. –М.:1983. –С.17) меравад.

  Албатта, ҷаҳонбинӣ метавонад ҳақиқатро таҷассум кунад, ҳамзамон қисман ва ё куллан аз ифодаи воқеоти реалӣ фосилагирӣ намояд. Чунин ҳолат ҳам, дар тарзи ҷаҳонбиниҳое, ки илмӣ ва адабӣ номида мешаванд, дар тӯли таърих ва замони муосир вуҷуд дорад. Аммо фақат он вақт ҷаҳонбиниро илмӣ номидан мумкин аст, ки зуҳурот ва моҳиятро ҳамвазн бо ҳастӣ, на дар вобастагӣ ба манфиат, майл ва хоҳиши фард ва ё гурӯҳи иҷтимоӣ ифода кунад, шарҳ диҳад, балки баробар ба рӯйдоди дар таҷриба шинохташуда бошад. Реализми адабӣ низ ҳамин гуна муносибатро ба мавзӯи ҳақиқати зиндагӣ тақозо менамояд.

  Дар шаклгирии ҷаҳонбинии воқеӣ ва барои манфиатҳои миллӣ созгор будани он, илм мавқеи калидӣ дорад. Талаботи аслӣ нисбат ба илм – ба ниёзҳо ва хостаҳои рӯзмарраи иҷтимоӣ ҷавобгӯ будани он аст. Ҳатто агар таҳқиқот – сухан дар бораи ҷараён ва давраҳои ибтидоии аз мавҷудоти дигари биологӣ ҷудо шудан ва шакл гирифтани материяи соҳиби шуур равад ҳам.

  Айнан чунин талабот ба адабиёт низ пешниҳод мегардад. Дар ин маврид, масъулияти каломи бадеӣ на камтар аз масъулияти илмӣ аст. Зеро адабиёт беҳтарин, муҳимтарин воситаи шаклгирии ҷаҳонбинии воқеӣ – илмӣ мебошад. Тавассути таҳлили таҷрибаи инсонӣ, каломи бадеӣ аз илм дида, имкони бештари таъсиррасониро ба шуур дорад. Ба василаи як байт, шеър, суруд, достон, ҳикоя, повест, роман, ҳатто ҳар кадоми онон дар алоҳидагӣ, имкон ҳаст, ки диди инсон нисбат ба ҳодисоти олам, муносибати ӯ ба воқеоти муҳити атроф тағйир ёбад. Адабиёт воситаи муассири шинохти моҳият аст. Вай метавонад, ки хонанда, махсусан ҷавононро ба тарзи таъсирбахш барои донистан, дарк кардан, осон сарфаҳм рафтан ба мушкилоти зиндагӣ водор созад. Қобилияти арҷгузории ӯро ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ бедор намояд, аз ҳама муҳим, барои муайян кардани рафторҳои иҷтимоии ӯ такони ҷиддӣ бахшад. Адабиёти ҳақиқӣ чӣ тавр ва барои кадом ормонҳо зистан ва ҷонфидоӣ карданро амалан меомӯзад ва меомӯзонад.

Адабиёт ва идея

Дар маркази омӯзиши воқеияти зиндагӣ тавассути инфрасохтори бадеӣ ҳаёти инсон ва муҳити вобаста ба он меистад. Дар чаҳорчӯби чунин мантиқ, илм барои илм ва адабиёт ҳам барои адабиёт нест. Адабиёт идеалофарин аст. Намунаи барҷастаро бо абзори бадеӣ тараннум мекунад. Бо образҳо, нақшҳои олӣ, идеалӣ дар муқобили бадиҳо ва хатарҳо истодагарӣ менамояд. Мубориза мебарад. Образи барҷаста ба хотири амалӣ гаштани ормонҳои иҷтимоии типпикунонидашуда «аз пеши раҳаш обу сангу кӯҳ»-ро ҷавонмардона, далерона паси сар мекунад, фидокорӣ менамояд. Муътақид аст, ки «бе ҷидду ҷаҳд коре намеравад ба пеш». Нисбат ба хасм, ақида ва амалҳои зиддимиллӣ, вайронкунандагони ҳаёт, оромӣ ва осудаҳолии миллат, амалан, ё дар ҳолати ниҳоӣ мантиқан пирӯз мегардад.

Идеал падидаи хусусияти фардидошта нест. Зуҳуроти ҷамъиятӣ аст. Натиҷаи таҷриба ва рӯзгори ҳазорсолаҳо мебошад. Андеша моил ба он аст, ки тақдири фоҷиавии халқҳо, миллатҳо, аз омилҳои тавлидкунандаи идеал мебошанд. Рӯзгори бад, тӯфонҳои зиндагӣ, нокомиҳо, сарсону саргардониҳо, фақру нодориҳо, зулму истибдод аз сабабҳои пайдоиш ва муайянкунандаи идеал мебошанд. Муайянкунии самти ормонии ҳаракат, шаклгирӣ ва дидгоҳи мақсади ниҳоии инсон ба ояндаи наздик ва дур идеяҳоро ба вуҷуд меорад. Маҳз дар ҳамин замина, инсон намунаҳои мукаммал, олӣ ва олитаринро тасаввур мекунад. Ба тарзи маънавӣ ба он менигарад. Орзуи амалӣ гаштан ва дар он рӯзгор зистанро дорад. Идея таҷассумгари Ақл, Хирад, Илм, Дониш ва Маърифати инсонист. Идеал зуҳуротест, ки тавассути фаҳм, идрок, ҷаҳонбинӣ, эътиқоди комил ба идея дар гуфтор, амалишавии чунин ормонро дар рафтор таъмин менамояд.

Кашфиёт намешавад, агар хотирнишон гардад, гарчанде идея шакли олии кӯшиши дарки олами ҳастӣ ҳам бошад, воқеияти реалиро дар шаклҳои гуногун, дар тасаввурот ва орзуҳо таҷассум мекунад. Аслан дар ҷараёни наздикшавии абадӣ ва беохири шуури инсон ба  воқеият ҷаҳд менамояд.

Таърихи инсоният - таърихи мубориза байни идеяҳо ва  воситаи амалӣ гаштани он идеалҳо аст. Муайян кардани идея мансуби муассисаи масъули таъмини амният ва рушди ҷомеа – давлат мебошад. Маҳз давлат тавассути имконоти конститутсионалӣ ва салоҳият офарандаи раванд ва шаклгирии ҷаҳонбиниҳост. Ба хотири он, ки маъниофаринӣ созанда бошад. Ба ормонҳои миллӣ ва миллат созгор ояд. Ҷомеаро муттаҳид ва ба ин мақсадҳо басиҷ гардонад.

Суханофаринӣ идеяофаринӣ аст. Зеро идеяҳо дар вобастагии кул ба забон дар чаҳорчӯби мантиқи семантикӣ ва қонунияти тафаккур шакл мегиранд. Тобеъ ба сохти грамматикии забон ва захираи луғавӣ мебошанд. Дар доираи таносуби маънӣ ба мақсади мавриди назар ифода мегарданд.  Ба тарзи дигар, захираи луғавӣ, сохти грамматикӣ ва мақсадгузорӣ муҳимтарин ҷузъиётеанд, ки мантиқи идеясозиро ташкил мекунанд.

Диалектикаи воқеият ва диалектикаи идеяҳо

Бурду бохти инсоният вобастагии кулл аз ҷаҳонбинӣ дорад. Шакли инъикоси ҷаҳони беруна дар шуури инсон имрӯз ва ояндаи ӯро муайян мекунад. Бадбахтӣ, фақри системавии моддӣ ва маънавӣ, тантанаи ифротгароӣ ва ифтихор доштан аз ин вазъият, натиҷаи сарфи назар кардани нисбияти ҳақиқат дар дараҷаи шуур, пойбанд будан ба мутлақияти ҷаҳонбинӣ, мубаддал гардидани донишҳо, тасаввурот, эътиқодот ба зуҳуроти мурда ва шахшудамонда мебошад.

Мутаассифона, илмситезӣ, маърифатгурезӣ, бегонапарастии анъанавӣ, адами хештаншиносӣ ва эътирофи манфиатҳои миллӣ, такя ба ҷаҳонбинӣ ва тасаввуроти таҳмилӣ ҳолати гумроҳии иддае аз аъзои ҷомеаро фаро гирифтааст. Барои чунин ашхос тасаввуроти носаҳеҳ оид ба таърих, воқеияти имрӯза ва фардо ҳамчун ҷаҳонбинӣ шакл гирифтааст.

Ба хотири дарки аслии воқеият субъекти дорои мақсади ғаразнок мекӯшад, ки тасаввурот ва ҷаҳонбинӣ нисбат ба олами ҳастӣ аз дараҷаи эҳсос боло наравад. Сифати моҳиятӣ надошта бошад.  Дар майнаи ҳадафи интихобшуда фақат ҷузъи предмет инъикос ёбад. Аммо дарки ҳастӣ он вақт муяссар мегардад, ки маҷмӯи сифатҳои предмет бо мисолҳо, тибқи таҷриба, бо аёният тафсир гардад. Чунин хосият, дар вобастагӣ ба донистани алоқаҳо, муносибатҳо ва миёнҷигариҳо дар дараҷаи идрок муяссар мешавад, на дар сатҳи эҳсос. Ин навъи омӯзиш – наздикшавии шуур ба ҳастӣ, фаҳми амиқи зуҳуроти оламро печида ва мушкил мегардонад. Инсонро аз дарки воқеии ҳодисаҳо дар канор мегузорад.

Бозиҳои геополитикӣ бо суиистифода аз эътиқодоти мардуми мусулмон, ҳар сол даҳҳо ҳазор кушта ба бор меорад. Ин фоҷиаи бузурги инсониро бо истифода аз истилоҳоти «ҷиҳод» ва «шаҳид» рӯпӯш ва «фаҳмо» тафсир карданӣ мешаванд. Ва тасаллӣ медиҳанд: «эй арӯси ҳунар, аз бахт шикоят нанамой» (Ҳофиз), ки тақдир ин аст. Доираи мантиқи ниҳоии сиёсӣ кардани ислом аз ин фарохтар нест. Мақсад гирифтани ҳукумат, қудрати сиёсӣ аст. На ҳифзи ислом. Дин дар ин маврид эътиқод нест. Восита аст. Асбоб аст. Ниқоб аст. Магар Сурия, Ироқ, Афғонистон, Тунис исломӣ нестанд? Қасди нигоҳ доштани мусулмонон фақат дар доираи эҳсоси дин, на дарки воқеӣ, илмии масъала аз ҳамин бора аст. Субъектҳои манфиатдор сиёсӣ кардани мусулмононро «чун гирдбод дар саҳрои ғам» барои нафъу нафс нигоҳ доштанӣ ҳастанд. То замоне ки маърифати мардум ба фаҳми макри онҳо нарасад, охиринҳо «дар пойи дил хор мешикананд». Ва ин ҷараёни фоҷиабарангез беохир хоҳад буд. Тарзе бояд кор бурд, ки мардум фаҳманд, сохти дунявии давлатдорӣ ба ислом эҳтироми бузург қоил аст. Ҳамчун муъҷиза. Ҳамчун эътиқод. Он ҷузъи урфу одат, анъана ва маънавиёти миллӣ аст. Суиистифода аз дин ба хотири қудрати сиёсӣ, ба бадбахтӣ гирифтор кардани миллионҳо мардуми мусулмони бегуноҳ, ҷиноятест азим.

  Дар тӯли таърих қувваҳои зиддимиллӣ дар маърифатнок гаштани оммаи мардум манфиатдор набуданд. Мантиқи муаллимбадбинӣ, олимкушӣ, илмситезии таърихӣ, фарҳангношиносӣ аз дунёи қадим то имрӯз ва баъд ҳам, ин ҷаҳолатро дунбол кардааст ва то ҳадди имкону тавон дунбол хоҳад кард. Дар ҳамин замина, адабиёти тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо ба хотири нигоҳ доштан ва ҳифз кардани забон, фарҳанг ва маънавиёти волои мардум қаҳрамонӣ ва ҷонфидоиҳо кардааст.

Бадбахтии дигар майл ба андухтани дониш надоштани қисмати одамон аст. Онон нисбат ба илм, ақаллан, ба хотири аз ҷаҳолат, вобастагӣ, ғуломии маънавӣ растан, мутассифона, мароқ зоҳир намекунанд.

Иқрор бояд гашт, аз маърифати дунявӣ, донишҳои илмӣ, ки тавассути он зиндагӣ пешрав мегардад, канораҷӯӣ кардан як навъ ҷаҳонбинии таърихан шаклгирифта мебошад. Миллат дар он гунаҳгор нест. Аҷнабиҳои манфиатдор бо зӯру истибдод асрҳо ин тарзи тафаккурро ба мардум бор кардаанд. Албатта, бо мақсади осудатар, самараноктар ҳукми ғуломдорӣ рондан. Аслан, тақдири миллатҳои маҳкумгардида, мазлумикашида ва азиятдида ҳамин аст.  Тараннуми андеша ва тафаккури ғуломӣ имрӯз дар баъзе нуқоти олам, аз ҷониби шаҳрвандони мо ба чашм мерасад. Бо пули аҷнабиён, бо маънавиёти аҷнабиасос, таҳти раҳбарӣ ва ба манфиати дигарон рафтори ғуломона ба намоиш гузоштан, барояшон касби ифтихорӣ гаштааст. «Гадо, ки аз як дар гузашт, шарми рӯяш мепарад». Ин падида, тавре хотиррасон гардид, гуноҳи маҳзи онҳо ҳам нест. Ҷанба, рӯҳи бандагии таърихӣ дорад. Бешубҳа, бо пойдории давлати миллӣ, рушди тафаккури миллӣ, чунин тарзи андеша ва ҷаҳонбинӣ ҳам аз байн хоҳад рафт.

Дар майнаи иддае аз одамон ҳисси осони бешуурона, ғайри хоҳиш фосила гирифтан нисбат ба омӯхтани илм ва донистанҳо мавҷуд аст. Барои ҳамин ҳам, онҳо ба ҳар кӣ даъвои фаҳму тафсири масъала дорад, сар дар қадам мениҳанд, мутеъ гаштанро бар худ раво мебинанд. Гумон мебаранд «дунё на аз партави Хуршед, балки аз ваъзгӯии онҳо равшанӣ дорад». Ин рӯҳияи анъанавии омиёна ва бандагии мардуми бечораи мусулмон аст. Бешубҳа, топонимикаи мавзеъҳои хушоянд, макони зист, «мазорҳои мавриди саҷдагоҳи умумӣ» аз қавмҳои бегона, ки барои мардуми тоҷик ба қадри як коса об аз хизматашон далел нест, намунаи ақидаи ҳамин саҷдагорӣ ва содадилии қавм аст. Мутаассифона, барои кӯшиши зери шубҳа гузоштан, дарк кардани ин масъалаҳои одиву авомона ҷуръат намекунанд. Ин зуҳуротро зери тазйиқи илмӣ намегузоранд. «Агар одамон тасдиқ кунанд, ки онҳо ҳақиқатро (илм, маърифат, равшангароиро – С.Я.) наметавонанд азбар кунанд, нисбат ба имконоти худи онҳо туҳмати ниҳоят сангин аст. Дар ин ҳолат инсонҳо худашон намедонанд, ки чӣ гуфта истодаанд. Медонистанд, он вақт мефаҳмиданд, ки ҳақиқатро аз онҳо рабудаанд» (Г.В.Ф. Гегель. Энциклопедия философских наук. Философия духа Т.3. –М.: Мысль.1977. –С. 421).

Ҳамин тариқ, «рабудани ҳақиқат аз инсонҳо», тавре олими маъруфи олмонӣ таъкид кардааст, падидаи ниҳоят ҷиддӣ ва хатарноки асри навин гаштааст.  Рабудани ҳақиқат аз одамон, рабудани ақли онҳост. Ба хотири раҳбарӣ, раҳнамоӣ, бандасозӣ – истифода кардан.

Сабаб ҳамин аст, ки баъзе аз афроди ҷудогона, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, субъектҳои сиёсӣ тавассути дар ғафлати маърифатӣ мондани иддае аз одамон, аз «воқеият»-и ночизи худ идея сохтанӣ ва идеал тарошиданӣ мешаванд. Падидаҳои терроризм, экстремизм, тавлидкардаи «воқеияти субъективӣ» мебошанд. Ин субъектҳо дар доираи ҳудудҳои миллӣ, минтақавӣ ва бадтар аз ҳама глобалӣ мавҷуданд. Дар доираи ҳудудҳои миллӣ, сарфи назар аз имконоти зеҳнӣ, тахассусмандӣ, манфиатҳои мардумӣ, мехоҳанд қудрати сиёсиро ба даст оранд. Дар дараҷаи минтақа орзуманди салтанати минтақавианд. Дар сатҳи глобалӣ мақсади ҳарчи бештар ғасб кардани боигариҳоро берун аз ҳудуди ҷуғрофиёии худ дунбол мекунанд. Методи аслии таъмин кардани нақшаҳои ғаразнок ҳамоно «аз худ кардан», «рабудани ҳақиқат»-и (ақл, фаросат, ҷаҳонбинӣ) инсонҳост.

Осебпазирии гурӯҳи одамон, тавре таъкид гардид, дар ҷаҳолати онҳост. Яъне субъектҳои муассире, ки ҳадафҳои зиддимиллӣ доранд, пеш аз ҳама, ба ҷаҳонбинии мардум сару кор мегиранд. Ба тарзи дигар ба майдони муқаддаси адабиёт вориди набард мегарданд.

Муборизаи душманони давлатдории миллӣ, аз ҷумла дар соҳаи ҷаҳонбинӣ, мундариҷаи системавӣ – структуравӣ ва функсионалӣ дорад. Ин мубориза ҳама вақт шадид буд. Ҳамин тавр хоҳад монд.  Истодагарӣ ва пирӯз гаштан дар он ниёзи доимӣ ба дониш, тахассусмандӣ ва нангу номуси миллиро дорад.

Аз он дастовардҳое, ки миллати тоҷик дар муддати се даҳсолаи ахир ба даст овард: оташи ҷангро хомӯш ва миллатро сарҷамъ кард. Давлати миллиро асос гузошт. Онро бунёд кард. Иқтисодиёти мамлакатро барқарор ва кишварро сарсабзу обод намуд. Тоҷи гумшудаи тоҷикро бозгардонд. Миллатро дар ҷаҳон ифтихорманд кард. Кишварро ба Ватани Адолат ва Сулҳу Амният табдил дод. Инҳо намунаи корнамоиҳои бемисли Қаҳрамони миллии мардуми тоҷик мебошанд. Даст болои сина иқрор бояд гашт: ин туҳфаи осмонӣ набуд ва нест. Ҷонбозиҳо, сарсупурдагӣ, матонат, ҷасорат, рӯинтанӣ ва дар набардҳои бисёр вақт нобаробар ба майдон баромада ҷоннисориҳо кардан, садҳо бор бо хасм рӯ ба рӯ гаштан ва пирӯз омадани Шахсияти бузург – фарзанди миллати тоҷик аст. Аз оне ҳам, ки ин Абармарди таърих бо фурӯтании ҷавонмардона дастовардҳоро мансуби миллати бузургаш медонад, ҳақиқат ҳаст. Ҷасорат, Мардонагӣ, баҳри хушбахтии Миллат худро дар обу оташ андохтан, ҳамчун намуна, падидаи беназири миллӣ дар симои як Фард, ба миллат ва андешаи миллӣ бетаъсир намонд. Мардум дар атрофи Ӯ ҷамъ омаданд. Домони Ӯро гирифтанд. Бо Ӯ ҳамсаф шуданд. Пайравӣ карданд. Ва пирӯз гаштанд.

Миллатҳои муваффақ ва пешқадами дунё маҳз бо ҳамин гуна раҳбарони умумимиллӣ эътирофшуда, ки номашон дар сафҳаҳои таърих сабт шудааст, қудратманд гаштанд. Давлати миллӣ сохтанд. Ин гуна идея ва идеалро ҳифз намуданд. Наслҳоро ҳам бо ҳамин идея, идеал ва кору пайкори Ӯ ҳамчун тимсоли қаҳрамонӣ ба камол расониданд. Ғолибияти андешаи миллӣ ва мустақилияти давлатиро дар шуури миллат собит карданд. Ҳамин тариқ, ба умри миллат ва давлатдории миллӣ абадият бахшиданд. Зеро аксиома – хақиқати миллиард маротиба тасдиқшуда он аст, ки бидуни пирӯзии андешаи фарогири миллӣ истиқлолияти миллӣ пойдор нахоҳад монд.

Арзишмандии ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ на камтар аз ноил гаштан ба Истиқлолияти давлатӣ аст. Зеро мафҳумҳои осудагӣ ва рушди миллӣ мафҳумҳои мутлақ, абадӣ нестанд. Нисбӣ мебошанд. Давомнокии онҳо аз тавони умумимиллии ҳифзи манфиатҳои Ватан дар вобастагии ҳамарӯза қарор дорад.

Ба хотири бозгашт ба мавзӯи асл, таъкид бояд кард, ки муҳтавои адабиёт тасвири хосияти умумии материя, ки инъикос аст, дар назар дошта мешавад. Инъикос метавонад дар шакл, мазмун ва дараҷаҳои гуногун ифода ёбад.

Таҳқиқи назарияи инъикос нишонгари он аст, ки предметҳо, аз ҷумла одамон дар натиҷаи муносибат, ҳамкорӣ сифати таъсир кардани худро ба ҳамдигар нишон медиҳанд.

Хосияти инъикос карда тавонистан вобаста ба структура, сифат ва қудрати материяи муташаккил аст. Яъне, субъект то кадом андоза тавони асар гузоштанро дар объекти мавриди назар дорад. Мундариҷаи рафтори одамон, дар маҷмӯъ, аз ҳамин ҷузъиёти муҳим вобаста аст.

Терроризм ва экстремизм ҳам ҷаҳонбинии аз нигоҳи илмӣ асоснокшудаи инъикоси шакл ва мундариҷаи тафаккури муайян аст. Мантиқи назариявӣ, нишонаи зоҳирӣ ва авомфиребонаи он мубориза барои мақсадҳое аст, ки гуё Осмон муайян кардааст. Дар асл, инсон пойбанд ва ғуломи  ақидаҳое мебошад, ба хотири ормонҳое худро дар обу оташ ғӯтавар мегардонад, ки дар Замин фикр карда бароварда шудаанд. Манфиатҳои воқеии афрод ва мамолики муайянро амалӣ мекунанд. Осмон ҳатто аз онҳо огаҳӣ надорад. Ва агар донад, аз рафтори чунин бандагон сахт дар хиҷолат мемонад.

Тақдири инсон ниҳоят осебпазир, фоҷиавӣ хоҳад гашт. Давлатҳои миллӣ ба бесуботӣ, шикаст, оқибат ба нестӣ рӯ ба рӯ хоҳанд шуд, агар рӯҳияи дунявият коста, эътиқоди илмпарварӣ, маърифатсолории қишрҳои мардумӣ шикаста гардад. Ин ҳолат, заминаи мусоидро барои ифротӣ гаштани қувваҳои ҳаракатдиҳандаи бадӣ фароҳам меорад. Рӯҳияи ифротӣ ба қувваи материалӣ мубаддал мегардад. Он вақт дигар дер мешавад. Аз таҷрибаи рӯзгори Афғонистон баҳра бояд гирифт. На Паймони Варшава ва на НАТО ба дарди ин ҷомеа дармон нашуданд. Ва шуда ҳам наметавонанд. Бемор худ қудрати дармон надорад. Аз ин ҷо, «Худойро аз табиби ӯ бипурсед, Ки охир кай шавад он нотавон беҳ?».

Адабиёт таҷассумгари зуҳуроти системаи муҳити атроф мебошад. Дар он худи инсон зиндагӣ мекунад ва ҳаёти ӯ ҷараён дорад. Он муҳимтарин субъекти сиёсии муборизабаранда барои таъмини осудагӣ, рушд ва манфиатҳои миллӣ ва офариниши рӯҳи ватандорӣ аст.

Инҷониб эътиқодманд аст, маҷмӯи масъалаҳое, ки давлати миллӣ онҳоро ҳаррӯза муҳим эълон мекунад, зиндагии осоишта ва рушди мамлакатро аз он омилҳо вобаста медонад, ҳамзамон бояд нақшаи рӯимизии адиб бошанд. То замоне ки он масъалаҳо ҳаллу фасли худро ёбанд.

Агар ба таърихи адабиёти тоҷик як назари умумӣ андозем, муҳимтарин мавзӯоти он ба Ватан ва рушди миллӣ нигаронида шудаанд. «Бӯйи ҷӯйи мӯлиён ояд ҳаме», «Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт», «Зи баҳри бару буму фарзанди хеш», «Бо ин ду-се нодон, ки чунон медонанд», «Хоҳам он хонаи бедоду ситам вайрон бод!», «Аз ахгари инқилоби мо сӯхт…», «Як нафас дар зиндагони фориғ аз кӯшиш набудам…», «Ман на он мардам, ки аз қасди фалак парво кунам», «Қасидаи ҷанг ва зафар», «Вақти он аст, эй қалам…», «Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт», «Асри ман, …» «Ҷон ба раҳи Ватан нисор, ман накунам, кӣ мекунад?» ва садҳо ҳазор мисраъ, байт, достон ва дигар намунаҳои аслии жанрҳои  бадеӣ.

Воқеияти материалӣ, манфиатҳо, идеяҳо, назарияҳоро муайян мекунад. На баръакс. Сири дигаре ин ҷо вуҷуд дошта наметавонад.

Гегел устодона тасвир кардааст: «дар ин вазъият интеллигентсия ба он чизе ноил мегардад, ки худаш онро хуб медонад. Ин ҳолат (эҷодиёт - С.Я.) дигар мавҳум нест. Мафҳуми объективӣ аст. Дар ин маврид, мавод шакли  муайянро гум мекунад. Ба образ мубаддал мегардад. Чунин муҳтаво ба рӯҳ мансуб мегардад» (Г.В.Ф. Гегель. Философия духа. –М.: Мысль. 1977. –С. 44).  Маҳз ба ҳамин хотир, «нависандагон меъморони рӯҳи одамизод ҳастанд» - гуфтани сарвари даврро дар съезди якуми нависандагони Иттиҳоди Шуравӣ, М. Горкий ва даҳҳо нависандагони машҳури сатҳи ҷаҳонӣ гаштаву баргашта иқтибос овардаанд ва хотиррасон кардаанд.

Хулосаи ин қисмат иборат аз хотиррасон кардани воқеияти реалие ҳаст, ки ҳаёти сиёсӣ – адабӣ дар он ҷараён дорад. Ин воқеият аз сохтан, мустаҳкам кардан, раванди бебозгашти таърихӣ бахшидани сохти давлатдории миллӣ ва мавқеи адабиёт дар он аст. Аз нигоҳи одӣ, ин ҷараён ҳамвор ва беозор менамояд. Аммо ҳар лаҳза, ҳар сония, ҳар дақиқа, ҳар рӯз ҷараёни беисти диалектикии муборизаҳо, аз ҷумла ақидаҳо, амалҳоро эҳсос бояд кард. Баръакс, андеша кардан, воқеиятро ба назар нагирифтан, ба ҳақиқати илмӣ мувофиқат намекунад. Он ҳалли масъала нест. Талаботи диалектикӣ ин аст: «Инъикоси реалияти объективӣ дар шуури инсон, на мутлақ, на беҷон, на беҳаракат ва на безиддият аст. Балки он доим дар ҳаракат, дар зиддият, тағйирёбӣ ва ҳаллу фасл қарор дорад. Ин ҳолат беохир мемонад».

Муқобили назария ва амалияи сохтан, пойдор гардонидани давлати миллӣ қувваҳои носолим хеле фаъоланд. Гарчанде имконоти зеҳнӣ, интеллектуалии онҳо дар дараҷаи ниҳоят паст ва мутаассифона, намунаи шармовари касоди ақлии содалавҳона ва дилбеҳузуркунандаи тамаллуқкорона бар ивази маблағҳои «бихӯр-намур»-и (таъбири худи онон) аҷнабиён аст. Аммо онҳо ба бадӣ қодиранд. Ба онҳо ин таълимро медиҳанд. Майнаи ҷавонони сода, гумроҳ нишони онҳост. Ин майдони мусобиқаи адабиёти давлати миллӣ ва зархаридони аҷнабӣ аст. Мубориза бо чунин зуҳурот мубориза барои истиқлолияти зеҳнӣ, истиқлолияти миллӣ мебошад.

Агар мақсади аслӣ сохтани давлати миллии пойдор ва ба асрҳои аср давомдор бошад, ин кори начандон саҳл аст. Давлати мо, ки бо умри наздик ба се даҳсола аз умқи ҳазорсолаи бедавлатӣ, бенишонӣ, вобастагӣ берун омадааст, наметавонад ба зудӣ аз ин бори зеҳнӣ, ҷаҳонбинӣ, тарзи тафаккур ба пуррагӣ озод бошад. Эстафетаи (сабқати) инъикоси воқеаҳои табиат, ҷамъият ва тафаккур, бидуни шак аз худ аломатҳо ба намоиш мегузоранд. Ҳам аз ҷиҳати мусбат ва бешубҳа манфӣ ҳам.

Муҳити ҷамъиятӣ офаранда ва нигаҳдорандаи афкори ҷомеа аст. Мавҷудияти инсон омили беохири таъсиррасонӣ, шаклгирии мундариҷа ва тарзи тафаккур мебошад. Барои сохтан, қувват бахшидан ва ба давомнокии давлатдории миллӣ умед бастан, захираи иҷтимоии ба чунин сохти давлатдорӣ муътақид, ҳифзкунанда бояд офарид, ба воя расонд. Рӯйи саҳнаи иҷтимоӣ гузошт. Итминон аст, ки адабиёт аз зуҳур то умқ ба ҳамин масъалаи ниҳоят мураккаб, ҷиддӣ, печ дар печ, тибқи принсипи таърихият дар муқоиса ба воқеияти имрӯз ва нигоҳ ба оянда бо заҳмати воқеӣ муносибат мекунад.

Адиб ва тафаккури бадеӣ

Адиб ҳамчун субъекти офарандаи асари бадеӣ дар ҷомеа вазифаи худро дар вобастагӣ аз дидгоҳ, ҷаҳонбинӣ, самтгирии идеявӣ ва масъулияти иҷтимоии хеш иҷро мекунад. Ба мисли дигар аъзои фаъоли ҷомеа, омилҳои умдае, ки дар шаклгирӣ ва инкишофи шахсияти ӯ муассиранд, даврони бачагӣ, наврасӣ, ҷавонӣ, синни камолот, мактаб, донишгоҳ, устодон, алоқаҳо, муносибатҳо, фаъолияти корӣ, вазъи иҷтимоӣ–сиёсии ҷомеа, табиат, муҳити атроф, мебошанд. Волидайн, маънавиёти онон аз муҳимтарин сабабҳои қалам бигрифтан ва эҷод кардани адибон шинохта мешаванд.

Бо назар ба хосияти сабабии муҳиммияти тарбия, ки ҳатман таълимро низ дар назар дорад, инҷониб бештар пайрави андешаи омили табиӣ, азалии тақдири инсон ҳамчун асоси конститутсионалии ташаккули шахсият мебошад. Мутаассифона, ирсияти олимон, шоирон, нависандагон, ба истиснои ниҳоят камназир, дар насли ин соҳибтахассусон  чашмрас  нест. Маҳз ба ҳамин хотир, «ногаҳон чун кони тилло шоире пайдо шавад» - гуфтани худи шоир ҳам бесабаб нест.

Шахсияти адиб, аз мавзӯоти муҳимми адабиётшиносӣ маҳсуб мегардад. Аз кадом матоъ бофта шудани ӯ метавонад посухгӯи суоле бошад, ки оё хонанда бо адиб «шаби зулмату биёбон ба куҷо хоҳад расидан?». Ва шамъи қаламаш тавони равшании роҳи ӯро дорад? Ва ё танҳо монандӣ ба шамъи субҳгоҳон мекунад? (маъниҳо аз Ҳофиз).

Хонандаи тоҷик адибро барҳақ чун олим, хирадманд, мутафаккир, ҳамадон, рӯҳшинос ва монанди инҳо тасаввур мекунад. Ин эътиқодот ва эътироф аз шахсиятҳои ин касаба   масъулияти ҷиддиро тақозо дорад. Ифодаи маъмули «сухани чопӣ меомӯзад чӣ тавр бояд зист, ба хотири чӣ ҷонфидоӣ бояд кард?» вазифаҳои соҳибқаламро барои таъмини манфиатҳои Ватан бештар мегардонад.

Асари офаридаи эҷодкор – сифати шахсияти ӯст. Қаҳрамони асари бадеӣ рӯҳи худи нависанда аст. Он нусхаест, ки аз шахсияти ӯ кӯчида вориди асараш мегардад. Ӯ даст ба дасти қаҳрамонҳояш сар то ба по дар шеър, суруд, манзума ва ҳама жанрҳои бадеӣ ширкат меварзад. «Партави нурест, ки то қуръаи давлат ба номи ӯ расидан заҳмат мекашад». Идеяофарин аст. Ва қасди ба саҳнаи сухан ворид кардани қаҳрамонон ва персонажҳои асари бадеӣ тавъам бо композитсияи бадеӣ амалӣ кардани ана ҳамин идея аст.  Ӯ на танҳо муаллиф, балки «коргардони асари бадеӣ» мебошад.  Бо абзор ва қисматҳои асари бадеӣ, мақсаднокии таълифот ва мавқеи шахсии худро нисбат ба раванд ва рӯйдодҳои ҷамъиятӣ исбот карданӣ мешавад.

Хонанда (бинанда, шунаванда) чандон эҳсоси ниёз ба донистани тарҷумаи ҳоли адиб надорад. Зеро, ки ҳангоми мутолиа ҳамзамон бо муаллиф шинос мешавад. Унс мегирад. Гоҳо бо нутқи дохилӣ бо ӯ баҳс мекунад. Вориди фазо, замон ва муҳити амали қаҳрамонҳои асари бадеӣ мегардад. Айбу ҳунари муаллифро аз сухан гуфтанаш дарёфт мекунад. Агар беҳтарин роҳи фаҳмидани инсон  рафтораш бошад, «сухан нақши амал аст» (Солон аз Афин, мутафаккири Юнони қадим).  Ин хулоса аз ҳама беш мансуб ба адиб аст.

Яке аз муҳимтарин вазифаҳои илм дар маҷмӯи ҳодиса ва равандҳои ҷомеа, омӯхтан ва ошкор кардани қонуниятҳои рушди он, пешгӯӣ кардани ҳаводисе, ки мардумро интизор аст, ба ҳисоб меравад. Ин хосият ба пуррагӣ марбути фаъолияти бадеӣ аст. Адабиёти классикӣ ва даврони навтарин – то замони истиқлолият аз чунин мисолҳо бой аст. Аз маҷмӯи ҳодиса, воқеаҳо, раванди такроршавии руйдодҳо, онеро, ки адиб бо чашми худ мебинад, бо гӯши худ мешунавад, онҳоро меомӯзад, таҳлил ва баҳогузорӣ мекунад, хулоса мебарорад. Ӯ қонуният, равиши ҳодисаҳо ва оқибати онҳоро ба пуррагӣ метавонад тасаввур кунад.  Экстраполятсияи ононро ба ҷомеа расонад. Ба мақсади пешгирӣ кардани он офаридае манзури ҷомеа гардонад.

Муаллиф дар ин ақида аст, вақте адабиёт ба масъалаи муосир, рӯзмарра муроҷиат мекунад, ниҳоят мураккаб будани равандҳои глобалӣ, минтақавӣ, мақсад ва нақшаҳои субъектҳое, ки истиқлолияти зеҳнӣ ва ҳамчун натиҷаи он мустақилияти давлатии моро намехоҳанд, дарк менамояд. Онро дар маҷмӯъ тасаввур мекунад. Медонад, ки ин қувваҳо бо тамоми кӯшиш дастоварди таърихии миллати тоҷикро нодида мегиранд. Ба ҳамин хотир, алтернативаи гуногуни пешгирии рушди миллии моро коркард ва роҳандозӣ карданианд.

Тавре хотиррасон гардид, руйдодҳои комилан манфие, ки мадди назар меафтанд, махсусан, бошуурона зери таъсири ақидаи аҷнабиён мондани гурӯҳе ба хотири дастмузд ва рӯзгузаронӣ, пайравии ақидаҳои ифротгароӣ гаштани иддае аз ҷавонон, хусусияти сирф таърихӣ дорад. Миллати тоҷик се давраи чунин фоҷиаи бузургро аз сар гузаронидааст. Ҳарсе марҳалаҳои бадбахтии миллӣ маҳз бо суиистифода аз каммаърифатӣ ва эътиқодоти хурофотии мардум ба вуқӯъ пайвастаанд. Замони хулафои Аббосиён, хиёнати муллоҳои мутаассиби дар хориҷи мамлакат таҳсилкарда бо шикасти давлати Сомониён анҷомид. Давраи дуюм, ҳаракати босмачигарӣ – ҳамчун ҳомиёни асили сулолаи Манғитиён, ки ба миллати тоҷик ягон иртибот надошт. Пирӯз гаштани онон имконоти таърихии асос гузоштани пояҳои ҳуқуқии давлатдории миллӣ ва дар ин замон шароити ба мустақилияти давлатӣ ноил гаштани миллати тоҷикро ба пуррагӣ аз байн мебурд.  Давраи сеюм кӯшиши роҳандозӣ кардани сохти давлатдории аҷнабиён ва зери салтанати ақидатии онон мондани қисмате аз мардуми тоҷик, ки ба фоҷиаи бузурги миллӣ ва таҳдиди воқеӣ ба нобуд гардонидани давлат ва миллати тоҷик оварда расонид. Ҳамакнун, дар шароити рақобатҳои глобалӣ ва минтақавӣ, давраи чоруми мубориза барои заиф ва шикаст додани сохти давлатдории миллӣ, ба вартаи бесуботӣ, нооромӣ афкандан ва аз рушд боз мондани миллати тоҷик оғоз гаштааст, идома дорад. Дар ин набард, қувваҳои муайяни геополитикӣ бо пулу мол ворид гаштаанд.

 Содагӣ, каммаърифатӣ ва беҳавсалагии бархе аз шаҳрвандони мо, дар ин ҷараён бошуурона истифода мешавад. Ин гурӯҳак ҳатто зуҳуроти зиддимиллӣ, ниҳоят ифротгароёна, роҳзанона, ки қотеона зидди хостаҳо ва ормонҳои таърихии миллати тоҷик буд – ҳаракати босмачигариро ҳамчун ҳаракати миллӣ – озодихоҳӣ қаламдод карданӣ мешавад. Босмачигарӣ барои онҳо идея, намунаи ибрат, пайравӣ, марҷаи тақлид ва босмачӣ идеал эълон шудааст. Бо чунин ақидаи зиддиилмӣ, ниҳоят ифротӣ, ки ҳатто дар эҷодиёти хаттӣ ва даҳонии мардум бо нафрати умумимиллӣ маҳкум гаштааст, ин бенавоёни маънавӣ ҷиддан даъвои роҳбарии як миллати бузургро дар асри ХХI доранд. Ба назар мерасад, чунин зуҳуроти касодии ақлонӣ, ақидатӣ ва амали ҷоҳилона аз муҳимтарин мавзӯи адабиёт аст. Ақаллан, ба хотири он ки тараққиёти ҷамъиятӣ-таърихӣ, тавре таҷриба нишон дод, ҳаргиз характери объективӣ ва қонунмандиро надорад. Он аз факторҳои субъективӣ – дараҷаи масъулияти таърихӣ, маърифатнокӣ, зиракӣ, ҳушёрӣ, дониш ва тавони аъзои ҷомеа, истодагарӣ карда тавонистан, ғолиб омадан бар фитнаҳои пай дар паю системавии аҷнабиён ва зархаридони ҳалқабаргӯши онон вобаста аст.

Фаромӯш кардани таҷрибаи таърихии миллати тоҷик дар ҳазорсолаи ахир, махсусан аз солҳои навадуми асри гузашта то инҷониб, ба давлатдории миллӣ зарбаи ҳалокатбор хоҳад расонд.

Дониш ва эътиқодмандии илмӣ – таърихии адиб нисбат ба ин марҳалаи ниҳоят ҳассос ва тавони бо забони шево, фаҳмо, бурро, далелноки тавассути образҳои бадеӣ – эстетикӣ аз омилҳои асосии равшангароии мардум аст. Ба омма фаҳмонидани дастовардҳои замони истиқлолият, зарурати ҳифзи амнияти давлати миллӣ аз таҳдидҳои рӯзмарра – муҳимтарин майдони санҷиши қалам ва таъсири каломи бадеӣ аст.

Бисёре аз эҷодкорони замони муосир мактаби ҳаётеро паси сар карданд, ки дар замони шӯравӣ ин имкони таърихӣ вуҷуд надошт. Сухан дар бораи муборизаҳои хунин ва ҷонбозиҳои сангин барои сохтан ва ҳифз кардани давлати миллии тоҷикон меравад. Се даҳсолаи муборизаҳо ба ҳазорсола набарди миллати тоҷик барои истиқлолият баробар буд. Агар «ҳаёт ва назм як чиз аст» гуфтани шоир Жуковский ҳақиқат бошад, ба назар чунин мерасад, ки дар адабиёти мо бояд асарҳое баробар бо арзиши «Шоҳнома»-ҳо ва «Маснавӣ»-ҳо пайдо мешуданд. Баъди гузаштани даҳсолаҳо ин қабил асарҳоро, дар маҷмӯъ, адабиёти классикӣ меномиданд. Ва онҳо ифтихори миллии наслҳои оянда мегаштанд. Тавассути сюжет, қаҳрамонҳо, персонажҳои асари бадеӣ ҳувияти миллии мардуми моро ҳифз мекарданд. Дар сатҳи воло нигоҳ медоштанд. «Адибони классик ҳамсафари доимии инсоният» мегаштанд (Мережковский Д.С.).

Генезис ва адабиёти муосир

Дар олами рӯшан кам адабиёте пайдо мешавад, ки мисли адабиёти муосири тоҷик «сарманзили фароғат» ва «раҳи карон» дошта бошад.

Сарнавишти миллат сарчашмаи адабиёт аст. Он таърихи зиёда аз панҷ ҳазорсола дорад.

Аз аввалин катибаи Абӯҳафси Суғдӣ, ки то замони мо расидааст ва он ғами чигунагии аҳволи оҳуи кӯҳиро дар биёбон ба риштаи тасвир мекашад:

Оҳуи кӯҳӣ дар дашт чӣ гуна давадо? 

Ӯ надорад ёр, бе ёр чӣ гуна бувадо?

муддати зиёда аз ҳазор сол гузашта, вале то имрӯз бо «муаммои» парвози хаёлаш ҳамчун гавҳаре аз сад ҳазор садаф ва ҳусни худододи ороиши сухан хотири шефтагони адабиётро навозиш мекунад. Ҳамчунон, таъкиди устод Турсунзода, ки зарурати дар баландиҳо гузоштани фикри дурандешро то ҳанӯз ҳатмӣ мешуморад. Ин нигоштаҳо – аз биёбон то «баландиҳои кӯҳи сарзамини мо» фазои васеъ ва гуворое барои фикр, тахайюли бадеӣ ва амал фароҳам меоранд.

Вақт, фазо ва муҳтавое, ки он саргузашти миллиро дар тӯли асрҳо фаро гирифтааст, аз ҷониби таърихшиносон, шоирон ва адибон бо сабк, усул ва жанрҳои гуногун тафсир шудааст.

Масъалаи аз лиҳози генезис омӯхтани пайдоиши асари бадеӣ, вобастагии сабабии таълифот ва натиҷаи иҷтимоӣ-ақидатии он аз муҳимтарин масъалаҳои адабиётшиносӣ мебошад. Асарҳои оламшумуле, ки дар тақдири миллат муассир будаанд, сарчашмаи ҳастӣ доранд. Ҳолати воқеии таърихӣ ва муосири як миллатро таҳти омӯзиши эстетикӣ қарор дода, онро тавассути дидгоҳи бадеӣ рӯйи коғаз овардаанд. Дар мисоли адабиёти тоҷик ҳам, гуфтан мумкин аст, ки «асари бадеӣ на аз парвози одии хаёли муаллиф, балки аз таҷрибаи зиндагӣ (ҳамчун ҳолати рӯҳӣ – идеологии гурӯҳи иҷтимоӣ) сарчашма гирифтааст. Барои ҳамин лозим аст, муҳаққиқон макони таваллуди иҷтимоии факти адабиро дарёфт намоянд» (Переверзев В.Ф. Гоголь. Достоевский. Исследования. М.: Современный писатель. 1982, С. 45).

Маълум аст, ки бо дарёфти далели қобили таваҷҷуҳи махсус, муаллиф онро дар озмоишгоҳи бадеии худ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор медиҳад. Дар ин замина, дидгоҳи маънавӣ ва самтгирии идеологии адиб аз муҳимтарин омилест, ки «мундариҷа, сифат ва муҳлати хизмат» асари бадеиро муайян месозад.

Муҳаққиқони каломи бадеӣ, ки ҷанбаи иҷтимоии адабиётро мавриди омӯзиш қарор медиҳанд, ҷонибдори онанд, ки адибон баёнгари ақидаи ҷамъи муташаккил, ҳамфикр, ҳаммаром, ҳамақида ҳастанд ва маҳсули фикрашон манфиати ҷомеаро таҷассум менамояд. Нигоҳ доштани созмон таҳти номи Иттифоқи нависандагон то ҳол, шояд, пайгирии ҳамин маънӣ бошад. Ва чунин ташкилот ҳатман принсипҳои асосии кории худро дорад.

Дар ҳафт даҳсолаи асри ХХ принсипҳои асосии фаъолияти адабӣ – партиявият, синфият ва халқият эълом гашта буд. Иқрор бояд гашт, ин талабот хизмати шоёнеро барои он замон ва фазо ба субут расонд. Баъзе аз асарҳои офаридаи ҳамон давр, чун мояи ифтихори классикаи адабиёти ҷаҳонӣ эътироф гардидаанд. Ба мисли повести «Марги судхӯр» ва «Ёддоштҳо»-и Садриддин Айнӣ, манзумаи «Садои Осиё»-и Мирзо Турсунзода, романи «Фирдавсӣ»-и Сотим Улуғзода. Дар байни шаш қаҳрамони миллии мо, ду абармард намояндаи амалкарди ҳамин принсипҳои адабиёти бадеӣ мебошанд. Халқи тоҷик бо онҳо ифтихори бузург дорад. Шоҳкориҳои адабиёти давр («дар шашяки рӯйи замин»), сарфи назар аз баъзе нокомиҳо, ки як чизи табиӣ аст, марбут ба принсипнокӣ (1. асос, бунёд, шарт, 2. эътиқод, ақида, нуқтаи назар, қоидаи ахлоқ, Луғати русӣ – тоҷикӣ, –М.: Русский язык. 1985. –С. 854) ва мақсадгузории фаъолияти адабӣ мебошад.

Муаллифи ин сатрҳо бар он аст, вақте сухан дар бораи эҷодиёти бадеӣ меравад, дар баробари генезис, ҳатман принсипи эҷодии муайян мадди назар меистад. Худи сарчашмаи (генезиси) эҷодиёт мансуб ба принсип аст. Ва раванди эҷодиёти бадеии замони мо ҳам, дар маҷмӯъ, аз худ нишонаҳои чунин тамоюл доштанро гоҳо ба намоиш мегузорад.

Тавре хотирнишон гардид, моҳияти ҳақиқии адабиёт ва фарҳанги асил тараннум ва ҳимояи манфиатҳои миллат аст. Адабиёти тоҷик – дар тӯли асрҳо комилан адабиёти майдони мубориза буд. Ҳатто дар асарҳои лирикии он оҳанги иҷтимоии озодандешӣ, хирадпазирӣ, ақлсолорӣ, хурофотситезӣ, мазаммати шадиди тавбафармоёни дурӯяи хилватамал бо қотеият садо медод. Хусусияти озодманишии ин адабиёт тавонист принсипи миллии тоҷикиятро дар ниҳоди мардум ҷой кунад, ба воя расонад, ҳифз намояд. Муносибати аслии мардумиро ба тарзи ҷаҳонбиние, ки нафаси андешаро дар қафас ҳам гулӯгир мекунад, муайян кард. Дар гаҳвора нигоҳ доштани девонҳои Ҳофиз, Бедил, «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Румӣ ҳамчун китобҳои муқаддас – умеди нигаҳдорӣ ва тарбияи ҷигарбанди одамӣ, бо тарзи тафаккури озодагӣ, маърифатпарварӣ ва адолатхоҳӣ аз анъанаҳои воқеии иҷтимоии ин адабиёт буд. Идеяи ҳақиқатнигорӣ ва тафсири сабабии  зуҳуроти олам:

Тан ба ҷон зинда аст, ҷон зинда ба илм,

Дониш андар кони ҷонат гавҳар аст  (Носири Хусрав), 

дар тӯли ҷараёни адабии миллати тоҷик ҳамчун чароғи ҳидоят зинда монд.  Даст ба даст то ба устод Айнӣ расид. Ва ӯ бо ин парчами ҷилвагар, бо ҳазор бурҳону далел мардонавор, рӯшод барои ҳаққи миллатро аз замон ситонидан вориди майдон гашт.

Воқеан, боиси таассуф аст, сарфи назар аз таҳқиқоту омӯзиш ва мактаби айнишиносӣ, хизмати адабии Ӯ, яке бузургтарин шахсиятҳои тамаддуни ҷаҳонӣ, то ҳадде, ки замони имрӯз ниёз дорад, ба оммаи мардум, махсусан ҷавонон расонида нашудааст. Ақаллан ба хотири он ки назария ва амалияи босмачигарӣ, ки такя бар сиёсисозии эътиқодоти мардум дошт, ба тамоми ҳастӣ бо тоҷикият, мустақилияти фарҳанг, афкори миллӣ ва худшиносии мардум мухолиф аст, дар солҳои навадуми асри гузашта зуҳур намеёфт. Ва дар рӯзҳои мо ин ақидаи шармандааслро иддае аз гурӯҳакҳо – боқимондаҳои он замони ғарқи фоҷеа, аз минбарҳои аҷнабиён озодона тарғиб ва расонаӣ намекарданд.

Эҷодиёти устод Айнӣ, барҳақ, таҷассумгари як навъ давраи гузариш аз ҳаёти ҳазорсолаи истибдодӣ, ғуломӣ, «одинагӣ», ҷаллодии ғарқи матои хурофотӣ ва тафаккури ниҳоят қафомондаи асримиёнагӣ ба замони худшиносии миллӣ мебошад. Ӯ Дохундаи кӯҳистонии ятим, мазлум, зору низор, бесавод, аммо дар ботин ҷавҳари ҷавонмардидоштаро аз ҳазор азоб, машаққат, хазониҳо гузаронида ба ватанпарасти ғаюру далер, саводнок, мубориз, қаҳрамон ва бунёдгари зиндагии орому осудаи сарзамини тоҷикон тарбия карда расонд.

 Ширкати бевоситаи Ёдгор дар нобуд сохтани дастаи босмачиён – «ҳомиёни дину имон» – аҷнабии иғвогар, пуштибони ҷонсупори сулолаи Манғитиён – Анварпошшо, ифодакунандаи мантиқи ниҳоят бузург ва нишонгари самтгирии маънавии ин нобиғаи классикаи адабиёти ҷаҳон мебошад: «гирдогирди шаҳрро тахминан панҷ ҳазор нафар босмачӣ, бо яроқҳои нав мусаллаҳшуда, ҳалқавор фаро гирифта буданд ва болои онҳо Анварпошшо бо унвон ва имзои «амири лашкари ислом, домоди халифаи муслимин ва ноиби амири Бухоро» фармондеҳӣ мекард» (С.Айнӣ. Дохунда.  –Душанбе: Ирфон. 1984. –С.318).

Донистани ин мантиқ ва маънии геополитикӣ то замоне ки дунё бунёд аст, пардаро аз рӯйи душманони давлати миллии тоҷикон мебардорад. Ниқобро аз лиқои сарварони ашхосе, ки аз ҷаҳл, нодонӣ, гумроҳӣ ё дар натиҷаи роҳнамоии бошууронаи кироягирони аҷнабӣ, ки  босмачигарӣҳаракати сиёсии роҳзанӣ, ғоратгариро ҳамчун ҳаракати миллӣ озодихоҳӣ қаламдод карданӣ мешаванд, берун месозад.

Вақте баъзе аз соҳибқаламон аз мавзӯъҳои ниҳоят муҳимми рӯзмарраи зиндагии пур аз муборизаи имрӯз бо сад баҳона худдорӣ мекунанд ва мехоҳанд як навъ мушоҳидачии соҳибмансаби протоколии дур аз муҳокима бошанд, адабиёт, замон ва хонанда бурд намекунанд. Дар ҳалли масъалаҳои муҳимми мубориза барои маънавиёти ҷомеа, ҷойи онҳо ба манзалати сухандону сухангӯ холӣ мемонад. Ва дигарҳо бо қаноатмандии том ин мавқеъро ишғол мекунанд.

Генезиси тамоми асарҳои устод Айнӣ ҳолат, воқеият ва ниёзҳои иҷтимоии мардум, ба замми он сифатҳои олии шахсӣ – мардонагӣ, ҷасорат ва матонати қаҳрамони миллии тоҷикон буд. Эшон маҳз аз масъулият, завқи сохтан ва пойдор гардонидани зиндагии навин, бунёди давлате, ки баъд аз ҳазор сол мансубияти маконии миллати ӯро дошт, ҳамзамон аз як жанр ба жанри дигари адабӣ рӯ оварда, воқеиятро тавре ки худи ӯ тасаввур мекард, ба омма фаҳмониданӣ мешуд.

Ба назар муҳим мерасад, ки адабиётшиносии даврони истиқлол тадқиқот ва баррасии муқоисавии офаридагони каломи бадеии муосирро ҳадди ақал ба идеянокии давраҳои ниҳоят муҳимми ҳаёти миллати тоҷик, махсусан, аз асри Х то солҳои сиюми асри гузашта ва албатта минбаъд ҳам, давра ба давра дар муқоиса гузорад. Ҳарф сари талаботи иҷтимоии ин лаҳзаҳо, вобаста ба равшангароии мардум, тараннуми замони созандагӣ, мубориза ба муқобили хурофот, ҷаҳолатпарастӣ, нодонӣ, ифротгароӣ, тақдирпарастӣ, тақлидкорӣ меравад. Оё адабиёти имрӯза ҷавобгӯи нисбии ниёзҳои аслӣ, ки асоси онро мубориза барои  хештаншиносӣ, ба муқобили ҷаҳолат, бегонапарастӣ, ифротгароӣ ташкил мекунад, ҳаст? Адабиёти муосир батамом сифоти нишонрасӣ вобаста ба вазъияти афкор ва маънавиётро дар ҷаҳони кӯдакон, наврасон, ҷавонон, миёнсолон дорад? Омилҳое, ки ҳамакнун ҷомеаро сахт ба ташвиш овардаанд, аз қабили ифротгароӣ, терроризм, ҳисси бегонапарастӣ, фосила гирифтан аз одамият, инсонгароӣ, ватандорӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, аз нигоҳи фарҳангӣ, адабӣ тафсир гаштаанд? Нависандагон, шоирон, драмманависон, филмсозон дар ин ҷода чӣ хизмат кардаанд? Заҳмати онон чӣ гуна вокуниш ба бор овардааст? Агар вазифаи асосии адабиёт тақвият, пойдорӣ, бардавомӣ ва раванди бебозгашти эҳтиром гузоштан ба ҷаҳонбинӣ, маънавиёт, арзишҳои миллӣ бошад, пас имрӯз адабиёт дар муқоиса ба воқеият дар кадом сатҳ қарор дорад? Таносуби ҷаҳонбинии миллӣ нисбат ба дигар зуҳуроти маънавиёти ҷомеа, фақат дар вобастагӣ ба каломи бадеӣ, дар кадом сатҳ аст? Сюжет, рақобат ва конфликти бадеӣ дар тасвири ҷаҳонбиниҳо ва майдони мубориза барои мафкурасозии ҷомеа чӣ воқеият дорад?  Тазоди афкори ҷомеа бо раванди эҷодиёти бадеӣ ва воқеияти ҷамъиятӣ дар кадом сатҳ қарор дорад? Умуман мафҳуми герменевтикаи иҷтимоии адабиёт ва адабиётшиносии муосири тоҷик дар чӣ гуна шароити миқдорӣ ва сифатӣ, сабабӣ ва натиҷаи эҷодӣ аст?

Тавре хотиррасон гардид, вобаста ба замон ва вазъи ҷамъиятӣ–сиёсӣ, эҷодиёти бадеӣ генезиси марбут ба онро дорад. Тавлиди «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ супоришӣ набуд. Он натиҷаи дониш, таҳқиқ, омӯзиш, хулосабарорӣ ва тасмими «бузургустоди сеҳрофарин ва рӯинтан» (Ҳусейни Шаҳривар) буд. Рустам қаҳрамони ормонии наҷотбахши миллӣ буд. Қаҳрамони афсонавӣ буд. Воқеан, дар ҳаёт,  дар зиндагӣ – ҳамчун тақозои муҳити иҷтимоӣ – сиёсӣ Рустам худи Фирдавсӣ буд. Ва ӯ – донишманди бузурги таърихи халқи тамаддунофар, бонангу номусаш, ки бо хатои ҷудоафкании чанде аз фарзандони хоин, дурӯя, аҷнабипарасташ сарзаминашро аз даст дода буд, хост таърих, манзалат ва то ҳанӯз мубориз будани ин миллатро тараннум намояд. Аҷамро бедор ва зинда созад. Рӯҳи озодипарастии онро ҷовидон гардонад. Машъали маънавии нурофар барафрӯзад. Рӯҳе офарад бегазанд, абадӣ, поянда, бардавом. Ҳамзамон, рӯҳияи иғвогарӣ, маккорӣ, дурӯягӣ ва бозигарии душманони миллат, ки аз содадилии ин мардум истифода карда, бо дасти падар фарзандони таҳамтан, ҳимоятгари Ватан ва оқибат миллати хешро мекушад, ошкор намояд. Эҷоди «Шоҳнома», аз ҷумла, нишони масъулияти як нафар аз миллионҳо дар назди миллати хеш аст.

Адибони бузург барои он гузаштаро тасвир мекунанд, ки вазъи имрӯзро (замони шоирро) ба мардум фаҳмонанд. Ояндаро пешгӯӣ кунанд. Ҳушдор ба наслҳо диҳанд, то аз саҳву хатоҳо, ки ба фоҷиаи умумимиллӣ хоҳанд расонид, ҳушёр бошанд. Аз онҳо худро эмин гардонанд. Воқеаҳои солҳои навадуми асри гузашта ва фитнаву найрангҳои аҳримании гурӯҳакҳои махсус, айни замон ва дар оянда ҳам зарурати ба инобат гирифтани воқеот ва идеяҳои «Шоҳнома»-и безаволро дорад.

Фазо ва вақт аз муҳимтарин омили генезиси адабӣ ҳастанд. Адабиёти солҳои «замони ҳафтодсола», бидуни шубҳа, дар ҳамин замина ба мардуми мо хизмати босазо карда буд.

Дар илми адабиётшиносӣ мафҳуми «адабиёти вақт» вуҷуд дорад. Он таҳаввулоти бузурги иҷтимоии як миллатро дар давраи муайяни таърихӣ тасвир мекунад. Эътиқоди муаллифи ин сатрҳо бар он аст, агар адабиёт лаҳзаҳои муҳимми баробар ба воқеиятро тасаввур карда тавонад, манфиатҳои миллиро мадди назар дошта бошад, бидуни шак, дар чаҳорчӯби ҷараёни бузурги анъанаҳои адабии миллат қарор мегирад.

Ба шарте воқеияти ҳаёти имрӯзаи миллатро ҳамчун генезиси адабӣ ба назар бигирем, барои офаридани бузургтарин образи бадеӣ ва корномаи қаҳрамон барои жанрҳои адабии мавриди назар асоси бесобиқаи таърихӣ  ҳаст. Ҷоннисорӣ ва ҷавонмардии Қаҳрамони халқи тоҷик, заҳмати шабонарӯзӣ ва барои миллат ҳар замон ҷабҳаи созандагӣ офаридан ва дар онҳо пирӯз гаштан, сарчашмаи абадии адабиёти бадеӣ хоҳад буд.

Ба назар муҳим мерасад, ки чунин воқеият бо тазод, мушкилот, таҳдидҳои воқеӣ, хатарҳои ҷонкоҳ, буриданҳо, шикастанҳо, басту бандҳо, муқобили ҷараёни шадиди равандҳо ҳаракат карданҳо, пирӯз гаштанҳо яъне ифодаи ягонаи реалияти замон тасвир гардад. Бояд он образи воқеияти зиндагие бошад, ки ҳазорсолаҳо барои миллат ҳамчун намунаи қаҳрамонӣ, шуҷоат, далерӣ, ватанпарварӣ, ватандӯстӣ, миллатофаринӣ, давлатсозӣ, мардумсолорӣ хизмат кунад. Саъйи нависанда дар кӯшиши ҳаққонии ба намоиш гузоштани тавоноии бадеие бошад, ки на танҳо ба ҷаҳонбинӣ ва тарзи амали ҳамасрон, балки ояндагон низ таъсир расонида тавонад. Чунин нақш, чунин намуна ҳаст. Адиб ҳамасри Ӯст. Ва Ӯ барҳақ тавонист меҳвари мардуми заҳматкаш ва ҷафодида бошад.

 Дар таърихи чандҳазорсола ин қавитарин рӯҳ дар ниҳоди миллат ҳаст. Хоҳад монд. Ва адабиёт масъул аст бо абзори бадеии замон, ин корнамоиҳоро то ба наслҳои дур расонад.

Ҳамин тариқ, генезиси фаъолияти адабӣ зуҳурот, падида, воқеияте аст, ки барои нависанда ҳамчун ангеза нисбат ба эҷодиёти, пеш аз ҳама, аҳаммияти иҷтимоидошта хизмат мекунад. Он ба таҷриба, дониш, самтгирии маънавӣ, маданияти сиёсӣ, тавони дарки воқеият ва инчунин имконоти зеҳнии фаҳм ва экстраполятсияи воқеаҳо, ҳамчунон аз масъулияти ӯ дар назди ҷомеа вобастагӣ дорад. Асари нависанда симо ва сирати нависанда, моҳияти конститутсионалии шахсияти ӯ аст.

Нависанда ва хонанда

Ҷойи шубҳа нест, вақте ки ангеза, далел барои эҷоди асари бадеӣ пайдо мешавад, нависанда дар умқи зеҳнаш тавассути ин идея «вориди гуфтугӯ, маслиҳат» бо хонандааш мегардад. Ҷаҳонбинии охирин, материяи олии табиат – майнаи инсон ҳадафи таъсири мақсадноки ӯ интихоб мешавад. Иқрор бояд гашт: «ҳар як асари бадеӣ мансуби замони худ, халқи худ ва муҳити худ аст, аз ҷаҳонбинии таърихӣ ва дигар тасаввуроти ӯ вобастагӣ дорад…» (Г.В.Ф. Гегель.  Эстетика. В четырех томах. –М.: Искусство. 1968. –С. 21).

Маҳз ба хотири мақсаднокии эҷодӣ, таъмини ниёзҳои иҷтимоӣ дифферентсиатсияи самтҳои адабиёт – барои бачагон, наврасон, ҷавонон, умуман, қишрҳои гуногуни ҷамъият муайян шудааст.

Пойдории асари бадеӣ, умри он аз бисёр омилҳо, аз ҷумла, донишҳои илмӣ, ҷаҳонбинӣ, тавоноии касбии адиб барои тасхир намудан, «рабудани дилу дини мухотаб» (бинанда, шунаванда) вобаста аст.

Ба фоҷеаи зеҳнӣ мувоҷеҳ кардани қисмате аз ҷавонон тавассути ашхоси муайян ва васоити ахбори электронӣ, адабиётро бо масъулияти том ба омӯзиши муҳимтарин қонуният ва категорияҳои диалектикӣ водор месозад. Борҳо, гаштаву баргашта муроҷиат кардан ба мафҳумҳои «зуҳурот ва моҳият», «сабаб ва оқибат», «табдили миқдорӣ ба сифатӣ», «инкори беасл ва бозгашт ба гузаштаи нофарҷом», огаҳии илмӣ аз тағйири сабк, усул ва воситаҳои таъсиррасонии навин ба тафаккур ва аз он ба воқеиятро тақозо дорад. Вобаста ба мантиқи ифода, «бояд се масъала баррасӣ гардад: сараввал дарёфт намудани сарчашмаи муътақидгардонӣ,  дуюм интихоби сабк ва сеюм чӣ гуна ҷо ба ҷо кардани ҳиссаҳои нутқ» (Аристотель. Риторика. Поэтика. –М.: Лабиринт. 2000. –С.113). Яъне сухан дар бораи роҳҳои бовар кунонидан меравад.

Ба назар чунин мерасад, ки замони муосир ва воқеияти имрӯз, қабл аз ҳама, зарурати ҳарчӣ тезтар, самараноктар ба даст гирифтани шаклгирии тарзи тафаккури наврасон ва ҷавононро дорад. Дар зеҳни онон ворид кардани мафҳумҳои «Ватан», «миллат», «илм», «маърифат», «ҳуқуқбунёдии муносиботи ҷамъиятӣ», алифбои донишҳои дунявӣ, равшангароӣ, шинохти воқеияти олам аст. «Натиҷаи аз нигоҳи манфиатҳои иҷтимоӣ сиёсӣ шакл додани ҷаҳонбинии шаҳрванд он аст, ки ӯ аз мавқеи тиҷорати сиёсӣ, аз дудилагӣ худдорӣ мекунад. Ва бидуни калавандагии сиёсӣ оид ба муҳимтарин масъалаҳо худаш тасмими дуруст мегирад» (Е.Б. Шестопал. Политическая психология.  М.: 2002. С.139).

Наслҳо батадриҷ иваз мешаванд. Наслҳои солҳои 50-ум, 60-ум ва қисмати 70-уми асри гузашта, бо ҳазор азобу машаққат, ҷонбозиҳо давлати миллиро асос гузоштанд. Сохтанд. Ҳифз карданд. Ба ҷаҳониён намунаи беҳтарини онро муаррифӣ карданд. Аммо барои нигоҳ доштан, боз ҳам мустаҳкам гардонидани он маҷмӯи тасаввуроти мутаносиб ба воқеияти ҷамъиятӣ ва тафаккур ҳаётан зарур аст. Пойдории сохти давлатдорӣ – аз устувории сохти ҷаҳонбинии аъзои ҷомеа, дар вобастагӣ ба инъикоси воқеият ва манфиатҳои миллӣ, қарор дорад.

Бо назардошти раванди ташаккулёбии афкор ва маданияти сиёсӣ, самти ҳаракат ва тақдири ояндаи ҷомеаро пешбинӣ кардан мумкин аст. Адибони асил ҳамчун табақаи интеллектуалии махсуси ҷомеа, ки касби онҳоро намешавад бо хондан аз худ кардан (таъбири Л.Н. Толстой – «Научиться писать стихи нельзя»), ҳолати рӯҳии ҷомеаро мисли тамоми ҳамкасбони таърихии худ, хубтар дарк мекунанд, масъулияти хешро дар назди ҷомеа бештар эҳсос менамоянд. Офарандагони рӯҳи миллианд. Вазъи маънавии ҷомеаро хубтар мефаҳманд. Самтҳои заъф ва осебпазирии онро дарк менамоянд. Бояд чу меъмор «пайи таъмири вайронаҳо» (Бедил) гарданд.

Ҷаҳонбинии имрӯзаи ҷомеа, ба ғайр аз ҷузъиёти мусбате, ки дорад, наметавонад ба пуррагӣ аз ҷаҳонбинӣ ва тарзи тафаккури фалсафӣ-таърихии замони ҳадди ақал сад сол пеш фосилаи зиёд дошта бошад. Ҳодисаҳои солҳои навадуми асри гузашта, тамоюлҳои рӯзафзуни бегонапарастӣ, воқеоти дар ин замина қисман рухдодаистода, ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи мамлакат, имкон надорад, ки адибро нороҳат накунад.

 Адабиёт нусхаи образноки бадеии зиндагӣ аст. Рӯзгор, субъект, объект ва маҳсули ин муносибат – раванди ҳаёт, самтгирӣ ва натиҷаи чунин алоқамандию таъсиррасонӣ мебошад. Ҳаводисе, ки дар асари бадеӣ мавриди баҳс қарор доранд, тақрибан ҳамин тавр тақсимбандӣ мешаванд.

Ҷараёни адабӣ ҳам дар байни се иштироккунанда сурат мегирад: муаллиф, каҳрамон – персонажҳои асари бадеӣ ва хонанда. Ду қисмати аввал ниҳоят фаъоланд. Аммо зарур аст, хонандае, ки асосан, нависандаро намешиносад, дар аввал бетараф аст, ҳарчӣ тезтар вориди муҳтавои масъала гардад. Батадриҷ ҳамфикри нависанда шавад. Ҳангоми мутолиаи асари бадеӣ қаҳрамони марказии асар қудрати аз китоб «берун омаданро» дошта бошад. Аз «вақт»-и хонанда пештар равад (В. Катаев). Бо ӯ ҳамроҳ шавад. Ба хонанда маслиҳат диҳад. Дар чорсӯи зиндагӣ дасти ӯро бигирад. Ӯро роҳнамоӣ кунад. Ҳамфикру ҳамсафу ҳамраҳу ёвари худ гардонад. Бо роҳу воситаҳои тасвири бадеӣ хонанда фаҳмад, зиндагӣ, ҳаёти имрӯз оне нест, ки дар назар ором, осуда, беғубор менамояд. Роҳҳо сохта, нақбҳо кушода, НОБ-ҳо бунёд мегарданд. Дар боғу гулгаштҳои навсохти биҳиштосо садои пасти суруду мусиқӣ хотирҳоро навозиш мекунад. Кӯдакону модарон, хоҳарону бародарон, ҳамшаҳриёну меҳмонон бо хотири ҷамъ ва шодиву сурур сайру гашт менамоянд. Вазиши боди форами шаршараҳои нуқрафом ва чаҳ - чаҳи парандагон ҳамраҳ, ҳамдам ва ҳамсози осудагиву фараҳи ҳамватани мост.

Диалектикаи зиндагӣ танҳо ин нест. Ин зуҳуроти ниҳоят одии моҳияти рӯйдод, гоҳ аёну гоҳ ноаён – заҳматҳои шабонарӯзӣ, пурмашаққат, ҷонбозиҳои пеш аз ҳама Қаҳрамони миллии мост, қудрати раҳнамоӣ, навиди заҳмат, бедорхобӣ ва ғамхории ҳароина, санъат, паёми касбият ва сабки раҳбарии асосгузори давлати миллии мост.

Байни чунин зуҳуроти некуаҳволии ҳамватанон то сабабҳои аслии рӯзгори осуда, яъне моҳияти масъала, фосилаи дуру дароз, мураккаб ва мушкил вуҷуд дорад. Вазифаи адабиёт он аст, ки тавонад, ҳамин алоқамандии системавии вобастагӣ ва фосиларо, арзишмандии ин аҳволро, сабабу оқибатҳоро тавассути образҳо ва дигар имконоти бадеӣ – сода, одӣ, равшан ба одамон расонад. То оммаи мардум, махсусан ҷавонон ба қадри он расида тавонанд. Онро пос доранд. Ҳимоят намоянд. Қудрати маънавӣ ва ҷисмонии ҳифз кардани манфиати Ватанро на танҳо дар шакли суруд, шиорпардозии расмӣ, дар саҳна, минбар, зоҳиран, балки ба тарзи воқеӣ дар ниҳоди худ дошта бошанд.

Чун замон мураккаб ва бозори хариди ақлҳо дар авҷи аълост, моил кунонидани ақли хонанда барои ҳифзи манфиати миллати худ, набудан дар хизмати бегонагон корест начандон осон.

Гегел дар асари машҳураш «Эстетика», ки ба назарияи каломи бадеӣ мансуб гардонидааст,  бо иқтибос аз Платон ба шеъре, ки ба Астер ном наздикаш бахшидааст, ишора мекунад:

Ба ситора менигарӣ, ситораи ман, мехостам осмон бошам,

Нигарам бар ту бо ҳазорон чашм, ошиқона!

Ва тафсир менамояд: «санъат ҳар эҷоди худро ҳазорчашм месозад … барои он ки мо тавонем дар ҳар нуқтаи ин эҷод рӯҳи дохилӣ ва маънавиётро дарк кунем. Санъат чашмро на танҳо хосияти ҷисмонӣ медиҳад дар он чашм ҷаҳони беинтиҳои ботинӣ мавриди дарки беохир қарор мегирад» (Г.В.Ф Гегель. Эстетика. В четырех томах. –М.: Искусство. 1968. –С.163).

Бо эҷоди рӯякӣ, репортажмонанд, дампоӣ, муддатҳо дар манзалати эҷодии «санҷиши қалам» амал кардан, масъалаҳои мушкили ҷомеаро наметавон вориди ҷаҳонбиниҳо кард. «Асари бадеӣ бояд шакли муроҷиат ба хонандаро дошта бошад. Агар он бо услуби ҷиддӣ ба масъалаҳои дохилии худи асар нигаронида шуда бошад, майли таъсир ба хонандаро надошта бошад, шахсе, ки ба асар муроҷиат мекунад, дилхунук мешавад . Ҳар кас бояд донад, нависанда чӣ мехоҳад, чӣ тавр зиракона, устодона нияту мақсади худро баён карда тавонистааст» (Г.В.Ф. Гегель. Система отдельных искусств. –М.: 1971. –С.13).

Адиб чун фарзанди замон дарди ҷомеа ва сарчашмаҳои онро хуб, бо тамоми назокат тасаввур менамояд. Дарк мекунад. Аз вазъи рӯҳӣ–равонии хонандае, ки ҷаҳонбинии ӯро нишон гирифтааст, огоҳ аст. Самтгирии идеявӣ, ки асоси маънавиёти миллиро ташкил мекунад, имрӯз ва ояндаи ҷомеа аз ӯ вобаста аст, барояш муҳим аст. Тасаллути кадом ақида ба худи хонанда, авлод, миллат ва ватани ӯ хатари ҳаётиро дунбол кардааст, огоҳ мебошад. Нависандаи нуктадон аз алоқамандии зуҳуроти манфӣ, ки ба фикр, ақида, ҷаҳонбинии муқобил тааллуқ дорад, ба ташаккули рӯҳияи хештаншиносӣ ва меҳанпарастии ӯ таъсири манфӣ мерасонад, хабар дорад. Хонандаро аз фатализми ақидатӣ ва тақдирписандӣ зина ба зина халос мекунад. Детерминизм ҳамчун категорияи диалектикӣ ҳамин маъниро тақозо дорад.

Асари бадеӣ танҳо падидае нест, ки хонанда онро бо ҳиссиёт мутолиа кунад. Қудрати қалами нависанда бояд ба фаҳм, дарки эстетикии хонандае, ки ҷаҳонбинии ӯро мақсади таъсиррасонӣ интихоб кардааст, мувофиқ афтад. Андеша карданро омӯзонад. Маҷбур созад, ки аз ақидаҳои бегона, шахшудамонда, схоластикӣ, ки оқибат шахс ва ҷомеаро ба бадбахтӣ рӯ ба рӯ месозад, канораҷӯӣ намояд. Ақли инсонро дар ҷойи аввал гузорад. Дар ӯ ҳисси ҳоким будан ба ҷаҳонбинии аз таҷрибаи рӯзгор намунагирифта тасаллут пайдо кунад. «Маҳаки арзишмандии бадеияти асар дараҷаи самаранокии он аз рӯйи андозаи таъсири маҳсули эҷодӣ ба идроки хонанда баҳогузорӣ карда мешавад» (Л.И. Шевцова. Теория литературы. –ВГУ.: 2011. –С.96).

Таъсири асарҳое, ки ба диди хонанда роҳ меёбанд, дили ӯро тасхир мекунанд, тавассути қаҳрамонони асар сурат мегирад. Ҳарчанд ки тасвири ин ҷараён аз нигоҳи илм барои муқоиса ва тафсир душвор менамояд, аммо аз нигоҳи мантиқи диалектикӣ он нависандае бар «муҳтавои мақсади худ комрон мегардад» (Ҳофиз), ки тавони шакли ҳаракати фикрро бо абзори бадеӣ ба воқеияти зиндагӣ – реалияти объективӣ наздик карда тавонад. Падидаҳое, ки тавассути имконоти адиб ба риштаи тасвир кашида мешаванд, на дар ҳоли шахшудамонда, балки аз ҳаёти воқеӣ гирифта шуда бошанд. Имконоти рушду такомулро дошта бошанд. Маънии ҳаётро дар худ ифода кунанд. Созанда бошанд.

Адабиёт ва принсипи таърихият

Адабиёт бо қудрате, ки ба он мансуб дониста мешавад, дар баробари дигар сифатҳои олӣ, имконоти бузурги истеҳсолкунанда дорад.  Гарчанде, маълум аст, ки ин сифатро ба илмҳои дақиқ нисбат медиҳанд.

Мазмун, маънӣ ва мантиқӣ созандае, ки дар асари бадеӣ маҳфуз аст, фард, гурӯҳ, табақаҳои иҷтимоӣ, ҷомеаро барои ташаккул ва нишон додани характер – рафтори моҳияти фарқкунанда, фавқулодадошта сафарбар мекунад.

Адабиёт, ки аслан аз мифология сарчашма гирифтааст, дар шаклгирии ҷаҳонбинӣ, маънавиёт, маданият, урфу одат ва воқеияти иҷтимоӣ, вазъи рӯҳӣ, тарзи тафаккур, мундариҷаи ҳиссиёти халқу миллатҳо таъсир гузоштааст. Мардум тавассути образҳои бадеӣ ниҳод, рафтору амали иҷтимоӣ ва ҳаёти рӯзмарраашро муаррифӣ кардааст.

 Сухани бадеӣ дар вобастагии пурраи диалектикӣ ба таърих, воқеаҳои таърихӣ, вазъи сиёсии давр қарор дорад.  Ҳамзамон далелҳои муътамад шоҳиди онанд, ки мантиқи бадеӣ низ тавонистааст ба равандҳои сиёсӣ, шаклгирии мундариҷа, ҷаҳонбинӣ, шуур, рафторҳо, тасмимгириҳои  сиёсӣ ва иҷтимоӣ таъсири бевосита дошта бошад.

Омӯхтани таърихи халқ бе донистани таърихи адабиёт, ёдгориҳо ва равандҳои адабӣ ғайриимкон, ҳадди ақал номукаммал аст. Адабиёт худ таърих, тафсири ҳаёти фикрӣ ва ҷамъиятии миллат аст. Дар он воқеияти таърихӣ, шакл ва тарзи тафаккури ӯ бо ифодаи образҳо ва тасвирҳои бадеӣ сурат мегирад. Маҳз ба ҳамин хотир,   таърихшиносон тадқиқотчиёни методи таърихӣ, ҳамчун методи диалектикӣ омӯхтани ҷараёнҳои адабӣ, субъект ва объекти тасвири бадеиро шарти муҳимми таҳқиқоти илмӣ меҳисобанд. Онро ҳамчун падидаи самарабахши шинохти қонунмандиҳои зуҳур, рушд ва такмили тафаккур дар давраҳои муайяни таърихӣ, ҷиддан мадди назар мегиранд.  Чунин талабот дар назди адиб, умуман адабиёт масъулияти бузурги таърихиро вогузор кардааст.

Воқеияти таърихӣ дар аксари вақт, дар шароите сурат мегирад, ки ба хоҳиши қисмате аз ҷомеа – қувваи пешбарандаи ҷамъият вобастагӣ надорад. Моҳиятан ин шароит давом ва натиҷаи таҷрибаи таърихист. Эҷодиёти бадеӣ маҳз бо истифода аз он имконот, шароит ва захираҳо амал мекунад. Ҳодисаҳое, ки дар олам ва минтақа рух додаанд ва рух медиҳанд, гарчанде маҳсули амали мақсадноки инсонанд, нисбат ба нависанда хусусияти объективӣ доранд. Берун аз майл ва хоҳиши ӯ ба вуқӯъ пайвастаанд. Дар тӯли таърих чунин равандҳо бо шиор ва баҳонаҳои гуногун рӯпӯш карда мешаванд. Аммо онҳо решаи заминии мушаххас доранд. Зодаи манфиати инсонанд. Ин ҷо муаммои дигар нест. Сарфи назар кардани қонуниятҳои шаклгирии ғаразҳои геополитикӣ, дар таносуб бо манфиатҳои миллӣ сабаби номуайян, норавшан ва бетаъсир мондани имконоти эҷодӣ мегардад.

Мулоимтар гӯем, боиси савоб аст, агар ҳамчун дарси сабақ, гаштаву баргашта ба адабиёти асримиёнагӣ то даҳаи дуюми асри ХХ, то замони шикасти вопасин амири сулолаи Манғитиён муроҷиат кунем. Муътақид мегардем, адабиёти тоҷик оинаи таърихи миллати муборизи тоҷик аст.

Чун дар натиҷаи муборизаҳои қаҳрамононаи халқи тоҷик дар Хуросон ва Мовароуннаҳр, дар нимаи дуюми асри IХ салтанати аҷнабиён шикаст хӯрд, ҳамзамон ҷараёни давлатсозии миллати тоҷик, ки тавассути ғасби ин сарзамин қатъ гашта буд, дар асри Х ҷамъбасти раванди дуру дарози он ба вуқӯъ пайваст. Адабиёти тоҷик бо тамоми неру барои пойдорӣ ва бардавомии ин давлат кӯшишҳои бесобиқа кард. Дар арсаи майдони адабӣ Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Шаҳиди Балхӣ, Дақиқӣ, Абӯшакури Балхӣ, Хусравонӣ, Абулмуайяди Балхӣ, Кисоии Марвазӣ, Робиаи Балхӣ ва даҳҳо дигарон ворид гаштанд. Хизмати бузурги ин нобиғагон иборат аз он буд, ки ҳарчӣ зудтар забони ноби тоҷикиро бо тамоми имконоте, ки дар тӯли асрҳо захира карда буд, барқарор созанд. Ба он қувват бахшанд. Онро аз истилоҳоти бегона пок намоянд. Қудрати суханеро, ки миллатро ба истиқлолият, давлатдории мустақил расонид, дар намоиш гузоранд. Забони шевои тоҷикиро дар тамоми гӯшаву канор, дар миёни худиву бегона танинандоз кунанд.

Дар кулли давраҳои таърихӣ, дар адабиёти тоҷик назм бар наср бартарӣ дошт. Ин навъи бадеӣ арсаи ҳақиқии  нишон додани тавонмандии дарк, эҳсоси паҳлуҳои гуногуни зиндагӣ ва қудрати тасвири он гардид.

 Бидуни дарки реалияти объективӣ, тафсири зуҳуроти аёнӣ ва ботинии олами ҳастӣ тавассути лафзи бадеии гуҳарбор, мантиқи гуворо ва маънии баланд, ки дилу дида ва хотирҳоро шефтаи он мегардонд, ҳифз кардан ва рушди ин забон дар шуури ҳамватанон ва гузашта аз ин бегонагон, имкон надошт. Асарҳое бузурге, ки ҳам дар жанри достонӣ ва ҳам дар жанри лирикӣ суруда шуданд, потенсиали бузург доштанд. Неруи маънавии он ҳамчун нури сафобахше дар зулмоти ҳазорсола дили соҳибзабононро равшан мекард. Ба оянда умед мебахшид. Забони тоҷикӣ мояи ифтихори миллати тоҷик ва воситаи ҳамдилии мардуми минтақа гашт. Оқибат аз муҳимтарин омили ба истиқлолият расондани   соҳибзабонон шуд.

Дар алоқамандӣ бо предмети баҳс нуқтаи аз нигоҳи муаллиф ҳаётан муҳим он буд, ки новобаста аз адами мустақилияти сиёсӣ, давлатдорӣ, аз даст ба даст гузаштани ҳокимияти давлатӣ, ҷаҳолат, шароити тираву тори истибдодии хурофотпарастӣ, рӯҳи озодипарасти адабиёт як лаҳза ҳам сукут накард. Рӯдакӣ дар офаридаҳои худ қотеона илм, дониш ва фарҳангро беҳтарин (дараҷаи олии сифат) ганҷ, «чароғи равшан» ва бар тани одамӣ ҷавшан номид. То имкони тавон «рӯй бар ин ганҷ» ниҳоданро талқин намуд. На ҷаҳонбинии дигарро. «Соҳибқирони шоирон» илмро ҳамчун тафаккури назариявӣ барои дар амал истифода намудан ва осон кардани зиндагии одии инсон дар мадди назар дошт. Ҳамзамон, таҷрибаи амалиро («гузашти рӯзгор»-ро) маҳаки ҳадди охири озмоиши сифатнокии рушди шахс қаламдод кард. Чунин назарияи эмпиризм – зарурияти дарки воқеият, алоқамандии донишҳо, эҳсоси муҳити атроф бо таҷрибаи зиндагӣ дар тӯли таърих барои адабиёт ва мардуми бофарҳанг ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат кард.

Фирдавсӣ бо дасти Коваи оҳангар, Заҳҳок – тимсоли бадиву бадбахтиро дар дунё «хотима» бахшид. Фаридунро сари қудрат овард. Адолатро пойдор сохт. Инкори бадӣ, бадали он ба рӯзгори нек ҳамчун мафҳуми диалектикии инкор, ки хоси рушд ва такомули табиат, ҷамъият ва тафаккури инсонӣ аст, қонунмандии муборизаи халқро барои рӯзгори шоиста, ворастан аз ҷаҳолат ва тақдирписандӣ раҳнамун сохт.

Тавонмандии илмӣ ва бадеии Абӯалӣ ибни Сино, ҷуръати озодандешии Носири Хусрав, зарофат ва шуҷоати бузурги Убайди Зоконӣ дар тафсири дониш, хирад, мазаммати ҷаҳолат ва хурофот барои адабиёти имрӯза намунаҳои олии пайравӣ ва вобаста ба қудрати зеҳнӣ сарчашмаи рушду навоварианд.

Бо худдорӣ аз тафсири диалектикии масъала он нуктаро хотиррасон бояд кард, хизмати саромадони бузурги адабиёти тоҷик иборат аз он аст, ки ҷараёни тафаккури онҳо аз сода ба мураккаб, тавассути таҳлили бошууронаи таҷриба, воқеияти зиндагӣ сурат мегирад. Илҳом, ташаббус ва моҳияти эҷодиёти онон ба воқеияти объективӣ марбут аст. Тавассути санъати волои бадеӣ тасвир кардани паҳлуҳои ниҳоят ҳассоси зиндагии даврон асоси пойдорӣ ва шуҳрати ҷаҳонӣ касб кардани ин адабиёт мебошад.

Дар муқоиса бо баъзе масъалаҳои адабиёти муосир эътиқоди комил он аст, ки ин нобиғаҳои миллати тоҷик тафаккури бадеиро ҳамчун шакли олии фаъолияти инсонӣ пазируфтаанд. Тавассути забон қудрати фикрронии хешро оид ба тараннуми воқеияти ҳаёт, дунявият – зебоӣ ва зебоипарастӣ, ҳамчунон дар муқобили ҷаҳолат, нодонӣ, гумроҳӣ, касодии маънавӣ, тафаккури ғуломӣ ва бегонапарастӣ бурро, қотеона садо баланд кардаанд. Аз бетарафӣ ва фурсатҷӯӣ канор рафтаанд. Дар «қаҳти ҷуд» обрӯи хеш нафурӯхтаанд. «Бодаву гул аз баҳои хирқа хариданд» (Ҳофиз). Тавассути афкори бадеӣ ҳақиқати зиндагиро ба мардум, ки суханони он бузургонро аз даҳон ба даҳон мебурд «амиқтар, дурусттар ва мукаммалтар» фаҳмониданд. Нагузоштанд, ки одамон аз андеша, тарзи тафаккур, рафтор ва гуфтори ориёӣ – ҳувияти асили тоҷикият зиёд фосила бигиранд. Бо намоиши зеҳният, неруи офарандаи сухан бар торикӣ пирӯз гаштанд. Аз ҷумла, эътирофи Садриддин Айнӣ нисбат ба таҳаввулоти фикрие, ки ӯ баъди мутолиаи «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмад Махдуми Дониш ба бор овардааст, ӯро чун «ситораи дурахшоне дар осмони Бухоро» ном бурдааст, шаҳодати ин гуфтаҳост.

Хулоса

Ҷаҳонбинӣ аз муҳимтарин сифатҳои тавонмандии шахсият аст. Ҳамзамон, бояд таъкид кард, ки маҷмӯи системаи тасаввурот, тарзи тафаккур наметавонад хусусияти ирсӣ дошта бошад. Шаклгирии он маҳсули ҷараёни мураккаб ва мақсадноки ҳаёти ҷамъиятӣ аст.

Олимони бузурги нимаи дуюми асри ХIХ, дар таълифи асари Фейербах – «Противоположность материалистического и иделистического воззрения» таъкид кардаанд: «Бар дӯши «рӯҳ» сароғоз вазни сабилмондаи материя, ки дар шакли ҳаракатбудаи қабатҳои ҳавои овозҳо – калимаҳо ҳамчун забон бор аст». Осебпазир будани тафаккури инсонӣ аз дидаҳо, шунидаҳо, хондаҳо шояд дар доираи мантиқи имрӯзинаи «сабилмонда» маҳз таъкид карда шуда бошад.

 Ҷаҳонбинӣ маҳсули фаъолияти ҷамъиятӣ аст. Дар он адабиёт нақши ҳаётан муҳимро иҷро мекунад. «Ҳама гуна давлат бояд аз рӯйи шумораи миқдорӣ ва сифатӣ баррасӣ карда шавад. Аз лиҳози сифат гуфта, ман озодӣ ва … маърифатнокиро дар назар дорам. Аз ҷиҳати миқдор, шумораи умумии аҳолӣ дар назар дошта мешавад. Имкон дорад, ки як қисми одамон дар мамлакат аз ҷиҳати шумора афзалияти сифатӣ ва қисми дигар афзалияти миқдорӣ дошта бошад. Аммо бояд дар назар гирифт, ки миқдор бар сифат набояд бартарӣ дошта бошад» (Аристотель. Политика. –М.: 2010. –С.297).

Боиси таҳсин аст, ки ҳанӯз дар асрҳои пеш аз милод, Арасту бо такя ба яке аз се қонуни асосии диалектика, «Гузаштани тағйироти миқдорӣ ба сифатӣ»-ро ҳамчун пояи аслии методологияи дарки воқеият истифода намудааст. Итминони комил доштааст, ки тамоюли зиёд гаштани шумораи манфӣ дар мисоли одамони ба ҷаҳолат, хурофот пойбандбуда, оқибат омили шикасти ҷомеа хоҳанд гашт.

Адабиёти миллӣ вориси аслии маънавиёти давлати миллӣ мебошад. Бо такя аз имконоти Академияи илмҳо ва дигар муассисаҳои тадқиқотӣ метавонад аз лиҳози ҳифзи маърифат ва маънавиёти миллӣ бештар аз пайи дарёфти генезиси бадеие бошад, ки омили илмсолориро дар ҷомеа неруи тоза бахшад.

Дар даврони созандагӣ, мавқеъ ва манзалати адабиётро дар  ҷабҳаи таъмини воқеии манфиатҳои миллӣ зинда ва барқарор бояд кард. Муассирӣ ва рӯҳбахшии онро ба мисли даврони С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода, С. Улуғзода ва ҳаммонанди ин бузургон ба   намоиш гузошт. Ба хотири он, ки образофаринӣ зиндагиофаринӣ аст.

Адиб оне нест, ки рӯзи ҷанг (мубориза, талош, арсаи созандагӣ, рӯ ба рӯ гаштан бо душмани ғаддор, ватанфурӯш, дурӯя, бегонапараст) пушт гардонад. Адиб онест, ки дар миёни ин набардҳо симо, маънавиёт, тарзи тафаккури созандаи хешро дар жанрҳои мувофиқ бо амал образҳои бадеии ба воқеият ҳамсон  нишон диҳад.

Дарахти манҳус анчар ҳанӯз реша дар об дорад. Акнун навбати ин насл омадааст, то он бешоху барг карда шавад (маъниҳо аз Саъдии Шерозӣ ва Ҳабиб Юсуфӣ).

Дар ҳуҷҷатҳои таърихӣ ширкати Ҳабиб Юсуфӣ, Абдушукур Пирмуҳаммадзода, Ҳаким Карим, Лутфуллоҳ Бузургзода, Фотеҳ Ниёзӣ ва бисёри дигар адибон дар ҷанг барои Ватан, иштироки Мирсаид Миршакар, Алӣ Хуш дар бунёдкории водии Вахш, Мирзо Турсунзода, Бобоюнус Худойдодзода дар бисёре аз сохтмонҳои азими замон, аз ҷумла роҳи Душанбе – Хоруғ сабт ёфтаанд. Маҳсули адабии ин бузургон аз таҷрибаи зиндагии онон сарчашма мегирад. Образ ва маъниофариниҳои нависандагони халқӣ дар байни халқ мебояд маъруф, машҳур бошанд. Мардум ба каҳрамонони асарҳои шоирону нависандагоне, ки дар унвонашон сифати мансубият ба халқ, тибқи қонун сабт гаштааст, пайравӣ кунанд. Аз онҳо ибрат бигиранд. Пешсаф бошанд. Барои манфиати миллат ҷонбозиҳо кунанд.  Зеро «одамизод  ҳисси ниёзи ҳифз кардани образҳои бузург ва зиндаи доҳиёни маънавии хешро дар хотирааш ҳамчун сабақ, ҳамчун сарчашмаи умед ва мардонагӣ нигоҳ медорад» (В.Г. Белинский. В воспоминаниях современников. –М.: 1977. –С.23).

Қувват ва қудрати каломи бадеӣ дар инъикоси воқеият, дар тасвирҳои волои эстетикӣ мебошад. Аммо чунин тасвир дар кадом жанре таълиф гардад, мебояд ҷанбаи воқеӣ, заминӣ, реалистӣ, дарки ҳастӣ дошта бошад. Ба дархостҳои иҷтимоии ин замон, дар ҳоли ҳозир ва ояндаи наздик созгор ояд. «Ҳақиқати абстракт вуҷуд надорад. Ҳақиқат ҳама вақт мушаххас аст».

Идеяи марказии давлати миллӣ – истиқлолият аст. Он ҳамчун факти ҳуқуқӣ ва далели воқеӣ эълом ва таъмин гардидааст. Бо тамоми имконот, дар бадали ҷон ҳимоя карда мешавад. Аммо мақсади аслӣ – истиқлолияти зеҳнӣ, маънавӣ, идеявӣ, амалӣ гаштани ормонҳои давлати миллӣ, мувофиқ кунонидани тарзи тафаккур ва ҷаҳонбинӣ ба ормонҳои миллӣ аст. Давлатҳое, ки дар онҳо мақсадҳои сохтмони давлати миллӣ тавъам бо ормонҳои аслии дар қонун эълонкардашуда ба ҷаҳонбинии аксари аъзои ҷомеа мувофиқат намекунанд, наметавонанд босубот, пойдор, бегазанд ва бардавом монанд. Ҳама гуна «ақидае, ки фарогири ҷаҳонбинии омма мешавад, ба қувваи материалӣ мубаддал мегардад». Мутаассифона, ақидаҳои зиддимиллӣ ҳам. Адабиёт неруи бузургест, ки дар системаи ягонаи таъмини манфиатҳои миллӣ заҳмати зеҳнӣ кашида, дар пойдорӣ ва рушди тафаккури миллӣ хизмати босазо карда метавонад. Паёми дар тӯли қарнҳо ирсолкардаи Абулқосими Фирдавсӣ: «Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем!» мақсадгузорӣ ва амалро дар назар дорад. «Мақсадгузорӣ – воқеият аст. Тавассути амалӣ кардани он мақсад ба даст меояд» (Аристотель. Сочинения. В четырех томах. Т.1. –М.: Мысл. 1975. – С. 231).

Адабиёти асил аз илм, донишҳои илмӣ сарчашма мегирад. Махсусан, сухани бадеие, ки мундариҷаи иҷтимоӣ дорад. Барои таҳлил, арҷгузорӣ, ислоҳ ва рушди ҷомеа нигаронида шудааст. Он қонунмандиҳои раванди ҳодисоти ҷамъият ва тафаккурро медонад. Мадди назар мегирад. Ба он такя мекунад, зеро «фоидаи илм иборат аз он аст, ки моро меомӯзад, чӣ кор бояд кунем, ки дар ин дунё саранҷоми кори худро пайдо намоем, дар ин дунё барои наҷот умед бошад» (Ибн Сина. Избранные философские произведения. –М.: Наука. 1980. –С.103).

С. Ятимов,

узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№4 (12), 2018

Хондан 182 маротиба