JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 13 Ноябри 2018 04:55

Аз ифроту хурофот ба сўйи донишу наҷот

Муаллиф:

  Муҳим ин нест, ки шахс кӣ буд ва кӣ ҳаст, мақсад ин аст, ки шахс кӣ метавонад бошад. Фаъолияти рўзмарраи афроди ҷомеа натиҷаи таҷрибаи даврони сипаринамудаи онҳост. Агар шахс дар айёми кўдакӣ нисбат ба интихоби хеш мустақилона тасмим гирифтанро омўхта бошад, пас, барои тасмимгирии огоҳона низ дар оянда ба мушкилот дучор намешавад ва бемамониат метавонад тасмим бигирад. Вале ашхосе, ки баръакси ин рўҳия тарбия ёфтаанд ва ҳамеша тобеи амру фармони дигарон буданд, ҳангоми интихоб ва тасмимгирӣ ба мушкилот дучор шуда, интизорӣ мекашанд, то касе баҳри онҳо тасмим бигирад. 

  Чунин ашхос асири таҷрибаҳои кўдакии хешанд ва аз худ вокунише нишон дода наметавонанд. Аз нигоҳи илми равоншиносӣ низ ашхоси мазкур гирифтори носолимии равонӣ буда, маъмулан, бештари онҳо тарсу ва васвосӣ ҳастанд. Чунки латмаву ҷароҳатҳоеро, ки дар даврони кўдакӣ аз сар гузаронидаанд, онҳоро ба як шахсияти носолим мубаддал сохтааст. 

  Дар зиндагӣ ҳар фард худро, ҳамон тавре ки ба худаш хос аст, муаррифӣ мекунад. Ҳар як роҳу равише, ки аз инсонҳо ба вуқўъ мепайвандад, натиҷаи таҷрибаи ба даст овардаи онҳо аз зиндагист. Як гурўҳ бо диди танги худ қаноат карда, зиндагии худро идома медиҳад. Гурўҳи дигар дар пайи ҷустуҷўи илму дониш ва сайқал додани таҷрибаи касбнамудаи худ аст. Гурўҳи савумӣ бошад, куллан аз ин ду гурўҳ фарқ мекунад ва бо роҳи қаллобӣ ва авомфиребӣ мехоҳад нобурда ранҷ ганҷ ба даст оварад. Аксари вақт муваффақ ҳам мешаванд. Чунки ҳастанд нафароне, ки ба доми макру фиреби онҳо меафтанд. Айни замон, қаллобон тавассути сомонаҳои ғайрирасмии шабакаи умумиҷаҳонии Интернет аксарияти ҷавонони содаву ғофилро гумроҳ намуда, тобеи амру фармон ва ақидаҳои ғалати худ мекунанд.

 Албатта, олимону адибон ва рўшанфикрону зиёиёне, ки тўли асрҳо зиндагӣ карданд ва ҷаҳонро бо осори гаронбаҳои офаридаи худ тасхир намуданд, ибтидо аз марҳилаи аввал гузаштанд ва дар пайи ҷустуҷўи илму фарҳанг ва маданияти наве шуданд, ки инсонро, дар воқеъ, метавонист ба қуллаҳои мурод расонад. Онҳо дар натиҷаи ҷустуҷўи пайдарҳами илмӣ аз як шахси оддӣ ба як шахсияти муътадил мубаддал гардиданд, ки имрўз ҷаҳониён онҳоро ҳамчун инсони мукаммал эътироф мекунанд.

  Новобаста аз он ки имрўз мо дар кадом сатҳи гурўҳӣ қарор дорем, имкони васеи табдил ёфтан аз як шахси оддӣ ба як шахсияти мукаммалу муътадилро дорем. Бинобар ин, барои ҳар шахс танҳо майлу хоҳиш ва кўшишу рағбат лозим аст. Бигзор афроде, ки намехоҳанд худро такмил диҳанд, бо диди тангу ифротӣ ва хурофотии худ зиндагонӣ кунанд. Вале онҳо бояд фаромўш накунанд, ки дар ҷомеа гурўҳи севум низ зиндагӣ мекунад, ки бо роҳи қаллобӣ қишри ноогоҳи ҷомеаро барои суду манфиати худ истифода бурда, аз онҳо ғуломони ҳалқабаргўше омода месозад, ки мисли роботҳо мунтазири амру супориши хоҷагони худ ҳастанд ва интизор мешаванд, ки зудтар тугмачаи идории фаъолияти онҳоро пахш кунанд ва онҳо аз паси иҷроиши супориши гирифташуда камари ҳиммат барбанданд. 

  Банда низ мисли аксарияти дигарон гурўҳи аввалро паси сар намудам. Албатта, давраи гузариш ба осонӣ  ба даст наёмад. Лекин бо кўшишу ғайрат ва ташвиқу тарғиби бародарони фарҳангӣ, ки имрўз ҳар яке чеҳраҳои шинохта ва маъруф дар ҷомеаи тоҷик ба шумор рафта, барои миллату ватани худ самимона хизмат менамоянд, давраи гузариш бароям он қадар мушкилотро ба бор наовард. Онҳо пайваста маҳфилҳои илмӣ-фарҳангӣ доир карда, сари мавзўе баҳс меоростанд. Бештари мавзўоти баҳсии маҳфилу нишастҳои илмӣ-фарҳангӣ, ки бо ҳузури фаъоли онҳо сурат мегирифт, дар доираи хурофазудоӣ чарх мезад. Маро низ дар баҳси худ шарик менамуданд. Азбаски бештар шахси хурофотӣ будам ва баҳсу мунозироти онҳо теша бар решаи хурофоту таассуб мезад, ҳамеша зидди онҳо баромад мекардам ва дар дил нисбати онҳо тухми нафрату адоватро кошта, чеҳраи онҳо дар назарам манфур менамуд, чаро ки андешаҳои ин тоифа ба мафкура ва ақидаи мани хурофазада созгор набуд. Ин буд, ки ба онҳо танаффур меварзидам ва ба қавли мардумӣ, «чашми диданашон надоштам». Дигар ин ки чунон дар баҳри хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ ва эҳсосоти худ ғуттавар гардида будам, ки мепиндоштам, онҳо воҷибулқатланд. Онҳо дар навбати худ суханони маро бо сабру таҳаммул гўш мекарданд ва сипас дар пайи ислоҳи ман шуда, бо далелҳои маҳкаму устувори илмӣ исбот мекарданд, ки таҳлилҳову мисолҳои овардаи ман дар маҳдудаҳои илмӣ ва фаннӣ қобили қабул нестанд ва ҳеҷ як мисоли ироанамудаам асоси илмӣ надорад. Гарчи ман он қадар саводи казоӣ ҳам надоштам, бо вуҷуди ин аз баъзе амрҳои маъруф ва аҳодиси набавӣ хабар доштам ва зидди ақидаи онҳо баромад намуда, ҷонибдорӣ аз хурофоту хурофапарастӣ менамудам. Баъдан огоҳ гардидам, ки пас аз марги паёмғамбари ислом, ҳадисҳову суханони пайғамбар бо сабку услуби хоси ў он қадар зиёд интишор шудаанд, ки ҳатто ҳадиси ҳақро аз ботил фарқ кардан ба осонӣ муяссар намешавад. Аз олимони сарсупурда ва саршиноси динӣ, минҷумла Муҳаммад ал-Бухорӣ, ки дар пайи гирдоварии аҳодиси набавӣ умри азизи хешро масраф ва зиёда аз як миллион ҳадисро ҷамъ намуда, саҳеҳ ё ботил будани онҳоро ба исбот расонд, дар дил шакку тардид пайдо кардам. Шакку тардид ба ифшои воқеият ва ҳақиқат роҳ мекушояд ва донишмандон ва умуман, аҳли зиё маҳз бо силоҳи хираду мантиқ дар баробари мушкилоти рўзафзуни зиндагӣ қад алам мекунад ва ба кулли масоил бархўрд менамояд. Аз ин ҷост, ки бо шакку тардид нигаристан ба мушкилот ва масоил аз ҷумлаи талаботи меъёрӣ дар зиндагии инфиродии илмӣ ва фарҳангӣ шинохта мешавад. Бар ин асос метавон осори динӣ-мазҳабӣ, ирфонӣ, ахлоқӣ, илмӣ ва фанниро мавриди шакку тардид ва радду бадал қарор до два натиҷаи дилхоҳ ба даст овард. Ҳамин тавр, метавон дар масъалаи сиҳат доштан ё надоштани аҳодиси ироанамудаи ал-Бухорӣ низ баҳсу мунозираи тўлонӣ кард ва саҳеҳ ё ботил будани силсилаи аҳодиси набавиро зери суол бурд. Ин корро танҳо нафаре карда метавонад, ки тафаккури мантиқӣ ва таҳлилӣ дошта бошад ва ба масоил аз зовияи шакку тардид бинигарад. 

  Минбаъд эҳсосоти худро як тараф гузошта, бештар ба ақл ва илму дониш такя намудам ва аз як шахси хурофотӣ ба шахси муътадил табдил ёфтам ва аз олами мавҳумот, ки саробе беш набуда, эҳсосоти ман онро дар тахайюлам эҷод карда буд, наҷот ёфтам. Хушбахтона, имрўз ба як шахсияти муътадиле табдил ёфтам, ки дигар аз ҳеҷ чиз ва ҳеҷ кас бим надорам. Яъне озодии нисбиро, ки меъёри зиндагии инсонист, ба даст овардам ва дигар тобеи эҳсосоти хурофотӣ нестам ва дар ҳама кор ба донишу ақлу хирад такя мекунам. Бароям дигар фарқ надорад, ки дар дунё чанд дин, мазҳаб, Худо ё паёмбар вуҷуд дорад ё надорад ва ё кадоме аз онҳо сазовори парастиш ҳастанд ва кадоме аз адёну мазоҳиб бартар аст?! Зеро дуруст дарк кардам, ки зоти бузурге, ки сазовори ситоишу парастиш ҳаст, ин худи инсон аст, ки метавонад ояндаи худро дигар ба тақдиру насиб ҳавола накунад, балки ояндаи худро аз имрўз барои фардо бисозад ва дар кишвари худ барои халқу миллат ва ватани маҳбубаш содиқона хизмат намояд.

  Воқеан, имрўз, вақте ки бо баъзе аз афроди хурофотӣ ҳамсуҳбат мешавам, ҳамон қаҳру ғазаб, ҳамон эҳсоси нафрату адоват ва кинаеро мушоҳида мекунам, ки оташи он як замон дар дили ман нисбати бародарони фарҳангиам шуъла мезад ва аз ин ҳолат ҳайрату тааҷҷуб маро фаро мегирад. Бештар фикр мекардам, ки чӣ гуна ба онҳо кўмак кунам, то онҳо низ аз шахси ифротӣ ба шахсияти муътадил табдил ёбанд. Чизе ба зеҳнам нарасид, ба ғайр аз навиштани мақолаи мухтасар ва дар он ба сифати пешниҳод овардани унвони баъзе китобҳову мақолоте, ки дар ташаккули ҷаҳонбинии ман нақши муассир гузоштаанд. Бошад, ки пас аз мутолиоти китобҳову мақолоти созанда ашхоси хурофотӣ ва ифротӣ аз назари ботинию дарунӣ тағйир биёбанд ва майл ба сўйи муътадилӣ намоянд.

  Ба ин тарз, барои ашхосе, ки мехоҳанд аз хавфу хатар ва тарсе, ки аз айёми тифлӣ тавассути хурофот дар дили онҳо ҷой намудаанд, раҳоӣ ёбанд, метавонам кумаки аввалиндараҷаро пешниҳод намоям. Дўстон ва алоқамандон барои тамрини фикрӣ метавонанд аз китобҳои «Храбрость» (муаллиф Ошо Бҳагван Шри Раҷниш), «Недовольство культурой» (китоби равоншинос ва психоаналитики аврупоӣ Зигмунд Фрейд), «Искусство любить» (асари Эрих Фром), «Тарс» (мақолаи Зигмунд Фрейд) ва осори донишмандони дигари ғарбӣ, мисли Бертран Рассел, Дел Корнегӣ, ки бештар ба омўзишу таҳқиқи ҷанбаҳои ахлоқӣ, равонӣ, фикрӣ ва фарҳангиву мадании ҷомеаи инсонӣ таваҷҷуҳ намудаанд, васеъ истифода намоянд. Китобҳои мазкурро тавассути шабакаи умумиҷаҳонии Интернет дастрас намудан мумкин аст. 

  Дар замони муосир, ки бархўрди фарҳангу тамаддун, пешрафти илму техника ва табодули афкор тавассути сомонаҳои иҷтимоии шабакаи умумиҷаҳонии Интернет дар авҷ аст, чуноне ки мушоҳида мешавад, бештар ҷавонони содаву гумроҳ ба доми фиребу найранги интишордиҳандагони иттилооти муғризона ва пур аз хурофот меафтанд. Беҳтар он аст, ки ҷавонон ибтидо китобҳои дар боло зикргардидаро мутолиа намоянд, ҷаҳонбинии худро тавсеа дода, баъдан ба сомонаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дигар шабакаҳои интернетӣ ворид шуда, дар ин ё он масъала фикру мулоҳизоти худро иброз намоянд. Зеро маҳз тавассути ҷаҳонбинии васеъ доштан инсон метавонад фарқияти некиро аз бадӣ дарк кунад ва асири сайди душманони дўстнамо нагардад.

  Хулоса, ҷавонон бояд дар ҳар амал мустақилона ва озодона тасмим гирифтанро омўзанд ва тобеи супоришу фармоиши дигарон набошанд. Худшиканӣ (манзур аз қайду банди хурофоту таассуб раҳонидани шахсияти худ аст) ва ба дунболи ин, худсозӣ раванди ҳадафманди фикрию равониест, ки дар миёни афроди ҷомеа шакл мегирад ва пасон ба муҳитҳои иҷтимоӣ ворид гардида, ба таври тадриҷӣ дар ҷомеа тасаллут пайдо менамояд ва боиси пешрафту тараққии ҷомеа мегардад. Ба ҷараёни худсозӣ ва ҳувиятшиносӣ бештар насли наврасу ҷавон ниёз ва кайфияти раванди худшавӣ ба мадори фикрию эҷодии насли ҷавон бастагӣ дорад. Ин аст, ки ба илму дониши воқеӣ ва зинда рў бояд овард, то аз бандубасти фикрӣ, сардаргумии равонию иҷтимоӣ раҳо ёбем ва роҳро ба сўйи муваффақияту пирўзӣ ҳамвор созем.

Илова бар ин, насли ҷавонро мебояд, ки дар партави фазои сулҳу ваҳдат ва истиқлолияти сиёсию давлатӣ баҳри ватану миллати худ содиқона хизмат кунанд. Қобили зикр аст, ки кишвари мо барои ҷавонон шароити мусоид фароҳам овардааст. Ҷавонон метавонанд озодона ихтисосеро интихоб намуда, дар донишгоҳу донишкадаҳо таҳсил намоянд. Пас аз таҳсил мутахассиси хуби соҳаи худ гардида, ба ҷомеаи худ, ки ба кадрҳои баландихтисос эҳтиёҷ дорад, бояд самимона хизмат кунанд.

 Абдухолиқ ЗУҲУРОВ

ходими илмии Институти масъалаҳои

омӯзиши давлатҳои Осиё ва Аврупо

Хондан 90 маротиба