JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 06 Декабри 2018 08:30

Нақлу ривоятҳои мардумӣ дар бораи кӯҳи «Чилдухтарон»

Муаллиф:

  Ривоят ҳамчун маъмултарин жанри эҷодиёти бадеии шифоҳии мардумӣ буда, аз ҷиҳати пайдоиш ба давраҳои мухталифи таърихи мансуб аст. Он бо вижагиҳои худ ба ҳайси яке аз анвои насрии адабиёти шифоҳӣ шинохта мешавад. Теъдоди зиёди ривоятҳо ба замонҳои хеле қадим реша меандозанд ва аз ҳамон давараҳо то ба имрӯз аз наслҳо ба наслҳо интиқол ёфта, мавҷудияти худро то имрӯз ба ҳайси як сарвати пурарзиши маънавию фарҳангӣ ҳифз карда омадаанд.

Ривоятҳо як навъ ҳикояҳои шифоҳии халқианд, ки бештар дар асоси шарҳу эзоҳи этимологии калимаҳо ва тавзеҳу тафсири пиндоштҳо, тасаввурот ва нуқтаи назари мардум дар бораи шаҳрҳо, деҳаҳо, маҳаллаву гузарҳо, ёдгориҳои қадима, мазору зиёратгоҳҳо, ва дигар рӯйдодҳои табиат ва ҷамъият гуфта шудаанд. Бисёр ривоятҳо аз ҷиҳати сохт, тарзи тасвир, шеваи баёни воқеа, мавзӯъ, образ ва истифодаи санъатҳои бадеӣ ба жанри нақл низ хеле наздиканд. Бинобар ин гӯяндагони халқӣ ба ҷои калимаи «ривоят» гоҳо истилоҳи «нақл»-ро низ ба кор мебаранд. Гоҳи дигар ҳам калимаи «ривоят» ва ҳам истилоҳи «нақл» якҷоя омада, барои ифодаи як мақсад ва адои як вазифа мусоидат менамоянд. 

Дар бораи вижагиҳои ҷудогонаи бархе аз гурӯҳи ривоятҳо донишмандони тоҷик чун устод Садриддин Айнӣ, Абдулғанӣ Мирзоев, Носирҷон Маъсумӣ, Раҷаб Амонов, Воҳид Асрорӣ, Бозори Тилавзод, Баҳром Шермуҳаммадов, Нисормуҳаммад Шакармуҳаммадов, Равшани Раҳмонӣ, Дилшод Раҳимов, Додоҷон Обидов ва дигарон ибрози ақида намудаанд. Вале мо тавассути мақолаи мазкур лозим донистем, ки бо истифода аз маводи Фонди фолклори тоҷик дар бораи вариантҳои ривояти «Чилдухтарон», ки ба гурӯҳи ривоятҳои тасмиявӣ тааллуқ дорад, ақидаи хешро иброз дошта бошем.

Ривоятҳои тасмиявӣ, ривоятҳоеанд, ки бо номи ҷуғрофии ин ё он маҳал вобастаанд. Хусусияти ин қабил ривоятҳо аз он иборат аст, ки дар онҳо тасаввурот, ақида ва нуқтаи назари одамон дар бораи сабабҳои бо ин ё он ном шуҳрат пайдо кардани шаҳр, мавзеъ, кӯҳ, дарё, қалъа, ҳавз ё чашма ва ғайра ифода мегардад. Мардум дар бораи тасмияи ҳар як маҳал, мавзеъ ва ё кӯҳу дарёҳо ва амсоли инҳо ақидаи худро доранд ва сабаби ин ҳодисаҳоро аз дидгоҳ ва мутобиқи донишу фаҳмиши худ тафсиру эзоҳ медиҳанд.

Дар Тоҷикистон ҷойҳои муқаддас, мазорҳо ва сангу кӯҳҳои парастиданӣ хеле зиёданд, ки яке аз онҳо кӯҳи «Чилдухтарон» ба ҳисоб меравад. Дар миёни халқи тоҷик ривоятҳо дар бораи кӯҳи «Чилдухтарон» ба таври васеъ густариш ёфтаанд. Суоле ба миён меояд, ки чаро ривоят бо номи «Чилдухтарон» миёни мардум густариш ёфтааст? Ва ё чаро духтарон ба санг мубаддал мегарданд? Чаро халқ дар эҷоди ин ривоят аз рақами «чил» истифода намудааст? Ва чаро халқ барои ифодаи мақсади худ аз ин ҷисми сахт, яъне санг ва рақами чил истифода намудааст?

Барои посух ба ин саволҳо дар мақола ба муҳтавои якчанд вариантҳои ривояти «Чилдухтарон» муроҷиат намуда кӯшиш менамоем, то тавониста бошем ба ин саволҳо ҷавоб диҳем.

Яке аз маъмултарин кӯҳ бо номи «Чилдухтарон» воқеъ дар ноҳияи Муъминободи вилояти хатлон буда, дар бораи ин кӯҳ мардуми тамоми манотиқи Тоҷикистон нақлу ривоятҳо медонанд ва аз мавқеи ҷойгиршавии он хабар доранд. Вале бо чунин ном қариб дар тамоми манотиқи кишвар кӯҳе ё мазоре вуҷуд дорад, ки ба ғайр аз бошандагони ҳамон минтақа дар бораи онҳо, дигарон маълумоте надоранд. Ва мо тавассути ин мақола тасмим гирифтем, то дар бораи якчанд вариантҳои ривояти «Чилдухтарон», ки имрӯз ба он дастарсӣ дорем, маълумоте дода бошем. Бояд қайд намоям, ки муҳтавои ҳамаи нақлу ривоятҳои «Чилдухтарон» як буда, онҳо аз ҳамдигар бо дарбарагирии мотиву эпизод ва лаҳзаҳову иштироккунан­дагонаш аз ҳамдигар тафовутҳое доранд. Масалан, мардуми деҳаи Шехаки ноҳияи Ҳисор бар он ақидаанд, ки одамони давраи пеш назаркарда будаанд; яъне агар ба ягон мушкилӣ дучор оянд, даст ба дуо бардошта, аз Худованд мадад металабиданд ва дуои онҳо мустаҷоб мегардид. Дар ривояте, ки мавриди таҳлил қарор мегирад, чил духтар аз сабаби ба дасти душман наафтодан дуо мекунанд, ки Худованд онҳоро ба санг мубаддал гардонад ва дуои онҳо қабул мешавад:

«Чилдухтарон дараи Оҷукдай. Даштаю кӯҳи баландай. Усуни кӯҳда «Таговтсрояй ».

Мо шунавидем, ки давраи қадимда душман ай думи духтаро рафтай. Баъд духтаро ай ҳар қишлоқ буромада дар ҳамун ҷо дуо кардиян, ки:

- Худоё худованди карим, мора санг кун, да дасти ҳамиҳо нағалтем. Баъд чил духтар санг шудиян.

Ай дур дидем, ки як маърака одам баринай. Дидагиҳо меган, ки да пешашон говараҳо мондагӣ. У даврада ҳама назаркарда буд. Худо оҳашона қабул мекард» .

Тавре муайян шуд, дар ривояти мазкур гӯянда мавзеи ҷойгиршавии кӯҳро муайян карда, аз қадимӣ будани ин воқеа маълумот медиҳад. Гӯянда хулосаи ривоятро ба он оварда мерасонад, ки «дидагиҳо меган», яъне ӯ худ ин мавзеъро надидаасту аз каси дигаре шунидааст ва бар он ақидааст, ки дар ҳақиқат ин кӯҳ аз чил духтар иборат аст. Маълумоти ҷолиби дигари ривояти мазкур дар он аст, ки дар ин ривоят натанҳо духтарон санг шудаанд, инчунин бино ба гуфтаи гӯянда дар назди ин сангҳо гаҳвораи сангшуда низ вуҷуд доштааст. Яъне, ба ин гурӯҳи чилнафара на танҳо духтарон, балки занҳои кӯдакдор низ шомил будаанд.

Бинобар маълумоти ривояти зерин, баръакси ривояти аввала, дар ин ҷо 40  нафар духтари пок зиндагӣ мекард ва танҳо ҳамон чил духтар ба санг мубаддал гардидаанд.

«Назикии қишлоқи Тӯтк-ба Чилдухтарон гуфтагӣ ҷо ҳаст. Одамо ҳамин хел мегӯн, ки вахтои қадим-ба ак ким-гиҷо душмано омада, ҷанг кара Уроттеппая гирифта будиян. Сонӣ ҳаминҷа-ба чилта духтари пок будиян. Душмано одамоя танг кара ҳаминҷа-ба омадиян. Аҳвол, ки танг мешад, ҳамино нола кара гуфтиян, ки:

- То дасти душмано-ба афтидана муҳон ҳаминҷа-ба санг шавим!

Сонӣ ҳамошон бору бухчаҳошон сарошон-ба ҳамунҷая худаш-ба санг шуда мондиян» .

Ривояти баъдӣ низ варианти ривоятҳои боло буда, фақат лаҳзаҳо ва иштироккунандагони он каме дигар мебошанд. Тибқи муҳтавои ривояти мазкур духтарон аз чил нафар зиёдтар буда, ба сайругашти баҳорӣ баромадаанд. Ҳангоми ҳамлаи душман, якчанд нафари онҳо ҳамроҳи сангҳо ғелон шуда нобуд мешаванд ва танҳо чил нафарашон санг мешаванд. Дар ин ривоят низ мисли ривояти қаблӣ духтарон ба дасти душман намеафтанд ва дуо карда ба санг мубаддал мегарданд. Дар давоми ривоят маълумоти дигаре низ вуҷуд дорад, ки духтараке гурехта натавониста, дар сари роҳ доирае, ки дар даст дошт ба сари худ гирифта ба санг мубаддал мегардад ва роҳгузарон то имрӯз ҳангоми аз назди ӯ гузаштан, дар ҳаққаш дуою фотиҳа мехонанд. Хусусияти дигари фарқкунандаи ин ривоят аз ривояти аввала дар он аст, ки ба бузургдошти ин чил духтари покдоман ҳоло ҳам мардуми ин минтақа дар фасли баҳор ҷашни Наврӯзро дар доманаи ин кӯҳ таҷлил менамоянд. Чизи ҷолиби дигари ин ривоят дар он аст, ки мардум ба хотири эътиқоде, ки нисбати ин кӯҳ доранд наварӯсонро дар рӯзи Наврӯз дар ҳамин ҷо фотиҳа намуда, барои арӯс бо номи «сарикӯҳӣ» ҳалво, мавиз, қанд, қандалот, рӯймол ва сару пойи нав мебаранд. Ақидаи ҷолиби дигаре, ки мардуми ин минтақа нисбат ба кӯҳи «Чилдухтарон» доранд, дар ҷашни Наврӯз, ки дар ин ҷой баргузор мегардад, фақат занону духтарон ва бачаҳои хурдсол ҳуқуқи иштирок карданро доранд. Яъне, мардон ба хотири ба духтарон номаҳрам буданашон, дар ҷашни ин минтақа иштирок намекунанд. Матни ривоят чунин аст:

«Духтарои қишлоқ як вақто сайлу суҳбатба баромадагӣ. Гул чинда, тамошо карда, гаштагӣ, ки як ҷамоа душман омадагӣ. Духтаро ҳеҷ гуҷо гурехта натавонистагӣ. Якчандтеша санг ғелонда куштагӣ, сонӣ ад духтароям чилтеш мемонад. Душмано қариб медорем, гуфтагӣ вахтба, духтаро худова нола кардагӣ, ки дасти инова афтондана, моҳона санг кун. Як кам чилташ санг мешуд. Яктеш ад дасти душман гурехтас, мобайни раҳи Ғазғону Нурато раҳашба дойраша дар сараш мондагию санг шавам гуфтагӣ. Ҳамун дойреш катӣ санг шуда мондагӣ. Ҳолиям одамо а пеши ҳаму санг мегузаштагӣ вахтба ҳурмат карда мегузаранд» .

Дар ривояти зерин, ки мавриди таҳлил қарор мегирад, мотивҳо фарқ мекунанд. Вале рақами чил ва ҳамон чил духтаре, ки покдомананду аз тарси ба дасти душман афтода, беобрӯ нашудан, даст ба дуо мебардоранд, як аст. Дар ин ривоят низ мисли ривояти боло гуфта мешавад, ки ин чил духтар рӯзи соли нав, яъне ҷашни Наврӯз дар ин ҷой ба рақсу бозӣ машғул буданд. Вақте душман меояд, онҳо дуо мекунанд, ки ҳамин санг ба болои мо афтад. Дуои онҳо қабул шуда онҳо зери санги калоне мемонанд. Дар ин ривоят низ духтарон аз чил нафар иборатанд, вале онҳо ба санг мубаддал нашуда, балки зери санги калоне мемонанд. Ҷиҳати дигари ин қабил ривоятҳо дар он аст, ки мардум бовару эътиқоде, ки нисбат ба онҳо доранд, тавассути як каф дуо ва ба хотири нек ёдовар шудани он чил духтар баён месозанд.

«Аз қишлоқӣ Кулолӣ поёнтар таги роба як санги якка ҳаст. Ҷойи санга Бобои Валӣ мегӯн, худи санга, санги чилдухтарон. Ҳамунба мардум гоҳ-гоҳ рафта дуою фотиҳа мекунан. Барои он чилдухатрон мегӯн, ки як вахти гузаштаба рӯзи соли нав чил духтар ҳамунҷа бозию шодӣ карда истодагиба, як одам хабар дод, ки душман омад шумоҳонба. Инҳо дасти душманба наафтем гуфта, худоба илтиҷо мекунанд, ки ҳамин санг ба болои моҳон ғалтад. Санг гашта онҳо таги сангба мондагӣ. Баъд одамо мераван, ки санга майда карда мурдаҳоя гирем, ки санг ҳеҷ намеҷумад. И духтаро дар таги санг ҳолиям мондагиян. Номи ҳамон санга чилдухтарон мондиян» .

Гарчанде мақсади эҷоди ривояти зерин низ ҳамон боиффатӣ ва қавиирода будани занонро инъикос намояд, ҳамчунин маълумоте, ки дар ин ривоят пешниҳод шудааст, аз кадом қавм будани ҳамон душманон мебошад. Яъне, гӯянда бо боварии том тасдиқ менамояд, ки душманҳо аз қавми муғ  буданду ба мусулмонҳо душманӣ мекарданд. Ҷиҳати фарқкунандаи дигари ин ривоят низ дар он аст, ки касе агар дар рӯзи ҷуъма ба зиёрати ин макон равад бо худ чархи ресандагӣ мебарад. Чархи ресандагӣ ба фикри мо ин рамзи зан будани ҳамин кӯҳро, яъне занони сангшударо инъикос менамояд. Мутобиқи маълумоти ин гӯянда агар ба он кӯҳ хуб назар афканӣ ҳатто нақши мӯйҳои сари ин духтаронро дар ин сангҳо дидан мумкин аст.

«Яг вахто ин ҷоҳо муғистун будагию мусулмоноям зиндагӣ мекардагӣ.

Як вахт муғҳо ба чил нафар духтар ҳуҷум карданд. Духтаро тарсида куба гурехта рафтанду аз худо панно талабиданд, ки «э худоё, моро аз дасти ҳамин номаҳрамо халос кун, мо санг шавему дасти ҳамуноба наафтем» сунӣ  онҳо санг шуда монданд. Ҳама вахт кас равад, рӯзҳои ҷумъа бо худ товиши чархресӣ мебарад. Ҳозир агар кас бинад, сурати чил духтара бо мӯйҳои сараш мебинад» .

Дар ривояти зерин низ, ки варианти дигари ривояти «Чилдухтарон» аст, мақсад ягона буда, чил духтари покдоман аз тарси ба дасти душман наафтодан ба Худо зорӣ мекунанд, то ин ки ба санг мубаддал шаванд. Гӯянда дар аввал мисли ривояти нахуст мавзеи ҷойгиршавии кӯҳро муайян намуда, сипас сабаби ба санг табдил гардидани духтарон ва чунин ном гирифтани кӯҳро ёдовар мешавад. Инчунин мутобиқи маълумоти ин ривоят ва ба ақидаи гӯянда, душманон аз қабилаи қалпоқҳо будаанд.

 «Теппаи ҳамин кӯҳба Яғлоқ гуфтагӣ ҷой ҳаст. Дар мобайни Оқтош ва Қаратош гуфтагӣ ҷой як баландии кӯҳзор буда, дар болои ҳамун ҷой Чилдухтарон гуфтагӣ ҷой ҳаст. Дар нақли қадим дар ҳамин мамлакат ёвгарӣ  будаст. Дар вақти ёв омадан халқҳо аз ёв тарсида ба кӯҳҳо мерафтанд. Бо нақли одамои куҳна аз ин як чанд сол пештар ёв омаданба духтарҳо ба кӯҳ гурехта баромада:

- Рӯи кофирро надида моро санг кунӣ, гуфта ба худо нола мекунанд. Худо нолаи онҳоро қабул мекунад. Онҳо санг  мешаванд. Ҳозир ҳаминҷаба сангҳои монанди рами духтарон тик истодаст. Пеш вахт духтарҳо идҳоба рафта зиёрат мекарданд. Аз санг чироғ ҳамон аст. Инҷоба ёв аз қалпоқҳо буд. Деҳқонҳои киштукор мекардагӣ чунин мегуфтанд» .

Чуноне дида шуд, хусусияти фарқкунандаи ин ду ривоят аз вариантҳои аввала дар он аст, ки дар онҳо аз кадом қавм будани он душманон зикр гардидааст. Яъне, дар ривояти боло душманҳо «муғ» зардуштиён ва дар ин ривоят бошад «қалпоқҳо» гуфта мешавад. Яъне, чунин фаҳмида мешавад, ки дар давраи қадим ҳангоме, ки душманон ба кадом минтақаи тоҷикнишине ҳамла накунанд, занону духтарони ин минтақа ба санг мубаддал гашта ва ё зери санг мемонанд, ин маълумот аз он шаҳодат медиҳад, ки занони тоҷик аз қадим ба шахсони бегона ва ё душманон сар хам намекарданд ва сарбаландона барои ҳифзи обрӯи худ мубориза мебурданд. Ва ана ҳамин покдоманӣ ва иродаи мустаҳками онҳо сабаб гардидаст, ки дар бораашон ин гуна нақлу ривоятҳо эҷод шаванд.

Дар ривояти дигар, ки мавриди таҳлил қарор мегирад, ин чил духтар баъди ҳашт саҳобае, ки як вақтҳо дар ин минтақа зиндагӣ мекардаанд, ба ин ҷо омада, зиндагӣ кардаанд. Пас аз омадани душман онҳо низ хоҳиши ба санг мубаддал гаштан мекунанд. Хусусияти фарқкунандаи ин ривоят аз вариантҳои дигар дар он аст, ки ин минтақа ҳоло кӯҳи сангӣ набуда, ба мазоре табдил гардидааст ва мутобиқи ақидаи гӯянда, чи тавре ки аз гузаштагони худ фаҳмида будааст, пеш вақтҳо аз зери замини ин ҷой садои  гулдур-гулдур шунида мешудааст.

«Пас аз ҳашт саҳоба 40 духтарон аз кофирон гурехта ба ин ҷо кӯҳ гуфта омадагӣ. Омада хона гирифтагӣ.

Баъд кофиро ба ин маҳала омадагӣ, баъд ба худо зорӣ кардагӣ, ки ғоиб шаванд. Худо дуои онҳоро қабул карда онҳоро санг кардагӣ.

Ҳоло ҷои онҳо ҳамаш гӯр шудагӣ. Пеш вақто дар он ҷо таги замин гулдур-гулдур мекардаст» .

Мардум тавассути эҷоди чунин нақлу ривоятҳо таъкид кардаанд, ки зан бояд дар муқобили душман қавиирода ва мисли санг шикастнопазир бошад. Яъне, халқ тавассути офаридани чунин ривоятҳо боз ҳам таъкид кардааст, ки занону духтарони тоҷик барои пок нигоҳ доштани насли оянда аз азал мубориз буданд. Ба фикри мо санг ҷисми сахтест, ки онро ба осонӣ шикастан номумкин аст, яъне, таслимнашаванда! Ба ҳамин хотир мардум сангро ҳамчун рамзи таслимнашаванда ва шикастнопазир интихоб намуда, дар эҷоди худ духтарони покдоманро ҳамчун санг қавӣ ва шикастнопазир тасвир намудаанд.

Дар мавриди истифодаи рақами «чил» дар ин қабил нақлу ривоятҳо ҳаминро бояд қайд кард, ки ин рақам дар зиндагии мардуми тоҷик ҷойгоҳи махсуси худро дорад. Яъне, бо истифода аз ин рақам мардум бар он ақидаанд, ки ин рақам муқаддас аст. Ба ҳамин хотир бо унвони ин рақам якчанд маросиму одатҳо низ роиҷ шудаанд. Масалан, «чиллашуморӣ» «чиллахона-чиллашинӣ», «чилёсин», «чилшикан ё маросми чил» ва ғайраҳо, ки дар ин маврид низ ибрози ақида хоҳем кард.

Яке аз тақвимҳои суннатии мардуми тоҷик «Чиллашуморӣ» буда, дар замони пеш тавассути ин навъи тақвимҳо одамон рӯзу моҳҳои фасли солро тақсим ва гоҳшуморӣ мекарданд. Мутобиқи ақидаи онҳо аввали сол аз чиллаи калон оғоз меёфт ва ҳамин тариқ чилау хурд ва ғайраҳо ҳисоб карда мешуд, ки ҳоло ҳам мардуми маҳаллӣ аз ин тақвимҳо истифода мебаранд.

Тоҷикон ҳангоми ба беморӣ, махсусан, бемориҳои рӯҳӣ дучор шудан чил рӯз чилла мешинанд, тибқи ақидаи мардум одами ба беморӣ гирифтор буда, бояд чил рӯз дар хонае танҳо нишинад ва бо одамони бегона ҳамсуҳбат нагардад. Чиллашинӣ дар миёни авлиёҳо, бузургон ва шайхон низ вуҷуд дошт. Инчунин ҷавоне, ки манзалати муллои мустақилро мегирифт бояд чил рӯз чилланишинӣ мекард.

Инчунин хонае, ки дар он тифли навзод ба дунё меояд ва хонае, ки дар он домоду арӯси навхонадоршуда зиндагӣ мекунанд низ чиллахона ном дорад. Мутобиқи ақидаҳо тифли навзод ва арӯсу домод чил рӯз, махсусан пас аз намози шом бояд танҳо набошанд. Дар ин чил рӯз метавонад қувваҳои бадӣ ба тифл ва ё арӯсу домод заррари худро расонад. Пас аз чил рӯз ин хатар бартараф мешавад ва онҳо метавонанд озод бошанд.

Маросими хондани дуо бо номи Чилёсин низ дар миёни мардум хеле мавқеи хос дорад. Мардум ҳангоми беморӣ дар рӯзҳои ҷумъа, ки онро рӯзи саид меноманд, беморро чилёсин мекунанд. Бо сабаби он ки сураи Ёсин оятҳои зиёд дорад ва барои як нафар хондани он душвор аст, дар маросими Чилёсин бояд чил нафар мулло ё инки донандаи сураи Ёсин иштирок намуда, онро хонда ба бемор дамад. Агар чил нафар мулло набошад, ин маросимро метавонад як нафар анҷом диҳад ва сураро чил маротиба хонад, ё ин ки даҳ ва ё панҷ нафар бошад, вале ҳатман Ёсинро чил маротиба мехонанд. Ин маросим ба ҳамин минвол се маротиба такрор карда мешавад. Яъне се ҳафта дар рӯзҳои ҷумъа маросими Чилёсин гузаронида мешавад.

Инчунин тоҷикон ҳангоми фавти аъзои хонавода дар рӯзи чилум маросими чилшикан барпо мекунанд, яъне дар рӯзи чилум субҳ аввал дар деги алоҳида отолаи сурх пухта ба меҳмонҳо ва аҳли хонавода медиҳанд, сипас хуроки фотиҳаро омода мекунанд.

Бояд қайд намоям, ки дар баъзе манотиқи Тоҷикистон бо номи Чилтан мазорҳои муқаддас вуҷуд дорад, ки одамони ба онҳо эътиқод дошта, бештар дар рӯзҳои чоршанбе ба зиёрати ин мазорҳо омада, аз арвоҳи онҳо мададу шифо талаб мекунанд. 

Вобаста ба истилоҳи Чилтан мардумшинос Д.Раҳимов чунин ибрози ақида намудааст: «Чилтан дар тасаввуроти асотирии тоҷикон ва халқҳои дигари Осиёи Марказӣ образи чил нафар рӯҳи муқаддас аст, ки ба корҳои савоби дунё даст дошта, дар сарчашмаҳои хаттӣ бо номи «Риҷолу-л-ғайб» низ ёд мешавад. Чилтаҳо метавонанд ноаён бошанд ва метавонанд дар сурати одамӣ даромада, дар байни одамон зиндагӣ кунанд. Агар аз ин чил нафар яке вафот кунад, ба ҷойи ӯ аз байни мардум як шахси порсову накӯкор ва бовиҷдонро интихоб менамоянд» (Д.Раҳимов Донишнома с.627.). Аз ин гуфтаҳо ба хулосае омадан мумкин аст, ки Чилтанҳо дар бовару эътикоди мардум ҳамчун рамзи арвоҳ ва ё инсони накӯкор ва ҷавонмард тасвир карда шудааст.

Рақами чил ба ғайр аз ривоятҳо бовару эътиқодоте, ки маросимҳои ҷудогона таҳти он барпо мешаванд, дар нақлҳои таърихӣ, афсонаҳои халқӣ низ хеле зиёд истифода гардидааст. Масалан дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ қиссаи Сиёвуш модарандари Сиёвуш, ки боиси марги ӯ мегардад дар утоқи чилум, ки ҳар як дари ин чил утоқ бо парда пӯшида буд ва Рустам барои қасос аз Сиёвуш ҳамаи пардаҳои ин чил ҳуҷраро канда дар ҳуҷраи чилум Судобаро ба қатл мерасонад.

Ё ин ки дар афсонаҳои халқӣ тоҷикӣ ҳарамсароҳо ва ё ганҷинаҳои шоҳон аз чил ҳуҷра иборат аст. Масалан, дар яке аз афсонаҳо, ки чанд вариант дорад, писари шоҳ дар ҳуҷраи чилуми қаср акси шоҳдухтареро дида ошиқ мешавад. Ва дар охир шоҳдухтарро пайдо карда бо ӯ хонадор мешавад.

Вобаста ба ин рақам инчунин дар зиндагии мардуми тоҷик якчанд ҷашну маросими дигар, аз қабили чиллагурезон, чиллаоб, чилҳуҷра, чилчӯб ва ғайраҳо вуҷуд доранд, ки якеаш ба маросим вобаста бошад, дигараш ба чигуна омадани фасли сол ва сеюми ба касбу кори мардум вобастгӣ доранд. Яъне, аз ин маълум мешавад, ки рақами «чил» дар эътиқоди мардум ҷойгоҳи махсус дорад ва ба ҳамин хотир таҳти ин рақам ин маросимҳо баргузор карда мешаванд.

Чунон ки маълум шуд рақами чил дар зиндагии мардуми тоҷик аз рӯзи таваллуд то ба охири умр чанд маротиба дар чанд маврид истифода мешавад ва пас аз марг, ки инсон аллайкай чил рӯз аст, ки дар қайди ҳаёт нест, ин рақам ба хотири ӯ боз қайд карда мешавад. Рақами чил ин як рамзест, ки эътибори он миёни мардуми тоҷик ҷойгоҳи хосса дорад. Ва аз рӯзи таваллуд то пас аз марг ин эътиқод дар вуҷуди онҳо мустаҳкам боқӣ мемонад.

Хулоса аз маълумоти ривоёти мавриди назар бармеояд, ки мақсади халқ дар эҷоди ривояти «Чилдухтарон» дар ҳама давру замон ва ҷову макон як аст. Яъне, чи дар минтақаи шимоли Тоҷикистон бошад ва чи дар Ҷанубу Ғарб ё берун аз он мақсади эҷоди ин ривоят танҳо нишон додани боиффатӣ ва покдомании занҳои тоҷик мебошад. Як хусусияти ҷолиби ин ривоятҳо дар он аст, ки ҳар боре душманҳо ба мамлакати мо ҳамла меоранд, занону духтарони покдоман бо мақсади ҳифз намудани наслу насаби хеш омодаанд, ки ба санг мубаддал гарданд. Аз муҳтавои ин ривоятҳо ба натиҷае расидан мумкин аст, ки мардум тавассути офаридани ин гуна нақлу ривоятҳо ба ояндагон фаҳмонданӣ шудаанд, ки зани тоҷик аз қадим зани покдоман буд, дуояш дар ҳама маврид мустаҷоб мегардид ва аз ин сабаб то ба имрӯз ин миллат, ин халқият вуҷуд дошта, саҳми занони покдоман дар он ҷойгоҳи аввалро дорад.

 Ниёзова МАҲИНА

ходими илмии шуъбаи фолклори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИҶТ

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№5 (13), 2018

 Адабиёт

  1. Рабиев, Ҷ. Фолклори Уротеппа. / Ҷалил Рабиев. Душанбе: Дониш, 1991. – с 235.
  2. Раҳматов, Ҳ. Ривоятҳо / Ҳ.Раҳматов. // Дастурамал оид ба ҷамъ кардани эҷодиёти даҳнакии халқ. Сталинобод,1960, – с.90-91.
  3. Раҳмонӣ, Р. Чилдухтарон / Равшан Раҳмонӣ // Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷ 2. Душанбе: ЭМТ, 2017. – с. 756.
  4. Обидов, Д. Андешаҳо перомуни ривоятҳо тоҷикӣ. // Фолклор, адабиёт, забон. Душанбе: 2004 – с. 29-52.
  5. Раҳимов, Д.Фолклори тоҷик / Д.Раҳимов. – Душанбе, 2009. – с.262.
  6. Фарҳанги забони тоҷикӣ ҷ. 1. Масква: // Советская Энциклопедия, 1969, – 690 с.
  7. Фарҳанги забони тоҷикӣ ҷ. 2. Масква: // Советская Энциклопедия, 1969, – 949 с.
Хондан 28 маротиба