JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 09 Апрели 2019 04:14

Озодандешӣ: паёмовари озодӣ ва ё ғуломӣ

Муаллиф:

  Сабаби навиштани ин мақола ин ба масхара кашидани мафҳуми “озодандешӣ” дар шароити имрӯза мебошад. Озодандешӣ ин бемасъулиятии бебанду бор ва бозӣ бо эҳсосҳои лаҳзаина набуда, балки масъулияти сангин дар назди ояндаи инсонҳо мебошад. На ҳар иқдоми “озодандешона” ба озодӣ мерасонад, балки метавонад ба бадтарин ғуломӣ расонад.Дарки ин маънӣ, ки дар поён ҳақиқаташро мекушоем бахусус барои озодандеш ва ё рӯшанфикри шарқӣ бисёр муҳим мебошад. 

 Шояд беҳтарин ифодае, ки воқеияти замони моро инъикос менамояд ва тули чандин даҳсола идома дорад ин “замони тиллоии фурупошии арзишҳо” мебошад. Чунин шароите пеш омад, ки дар баробари ҳар арзиши дигар мо муқаддастарин арзишҳо аз қабили озодӣ, озодандешӣ, демократия, ҷомеаи шаҳрвандӣ, давлати ҳуқуқбунёд ва мисли инҳоро беарзиш гардонидаем. Гӯё бо такрор кардани онҳо мо аллакай ҳамаи ин арзишҳоро доро мегардем. Аҷоибати кор дар дар он аст, ки ҳамонҳое, ки табиатан муқобили чунин арзишҳо ҳастанд, нисбат ба дигарон баландтар ин арзишҳоро такрор менамоянд. Агар ҳадаф танҳо ҳаёҳӯй бошад, боке нест, мо метавонем минбаъд низ бо ин мафҳумҳо ба тасаввури худамон “рисолати ватандӯстӣ ва озодандешӣ”, аммо дар воқеият “масхарабозӣ” намоем. Аммо агар воқеан ҳам хайри миллат ҳадаф бошад, бояд ҳар кадоме аз мафҳумҳоро дар ҷои худашон гузошт ва нисбати ҳар як падида амали рӯшангариро анҷом дод. Ҳеҷ чиз аз осмон наафтодааст, ҳеҷ чиз ба осонӣ ба даст наомадааст, ҳама чиз таърихи худро дорад, аз ҷумла ҳар як калима, мафҳум ва ё арзиш.
Арзишҳои номбаршуда ҳама маҳсули фарҳанги ғарбӣ мебошанд, умедворам, ки касе дигар ба ин таассуб нишон намедиҳад. Ин арзишҳо на бо хаёлпардозӣ, суханпардозӣ ва лофу газоф, балки онҳо дар мубориза бар муқобили хурофот ва ҷаҳолати сиёсӣ, динӣ, фалсафӣ ва ахлоқии ғарбӣ тавлид гардидаанд. Озодандешони ғарбӣ азбаски фарҳанг ва сарзамин ва башариятро дӯст медоштанд, ба мисли “озодандешони воруна”-и мо (истилоҳи Нитше-Н.Ш) ба арзишҳои худ бо назари эътиқодӣ муносибат нанамуданд, балки бо назари танқидӣ, онҳо таҷрибаи “арзёбии дубораи арзишҳо”-ро аз сар гузарониданд. Онҳо ба хотири саодати миллатҳои худ ва ояндаи дурахшони башарият тамоми арзишҳои мавҷудаи фарҳанги худро аз ғалбери танқид ва интиқод гузаронидаанд. Озодандешии воқеӣ на дар зиддиятварзӣ бо сиёсатҳои замон, балкӣ дар зиддиятварзӣ бо ҷаҳолати худ ва пасон дар зиддиятварзӣ бо хурофот, ҷаҳл ва махсусан дар мубориза бар зидди мазҳаб ба вуҷуд омадааст. Ҳамаи ин мафҳумҳо маҳсули фарҳанги инсонмеҳварӣ ҳастанд. Аввалин меваи инсонмеҳварӣ ин таълимоти гуманизм буд ва бунёдгузори гуманизм шоир Франческо Петрарка (1304-1374) аз бозгӯйии ҷаҳолати худ оғоз менамояд ва китоби асосии ӯ чунин ном дорад “Дар бораи ҷаҳолати худ ва бисёре аз дигарон”. Танҳо дар марҳалаи баъдина ва ё насли минбаъдаи озодандешони ғарбӣ дар баробари сиёсатҳои палиди замони худ қарор гирифтаанд. 
Дар муқобили сиёсати замон қарор гирифтан ин вазифаи танҳо матбуоти даврии озод мебошад. Ин хоси тамоми ҷаҳони мутамаддин аст ва ман низ ҷонибдорам, аммо вақте ки тамоми шоир, нависанда, руҳонӣ, сиёсатмадор ва дигар фаъолони фикрӣ худро ҳамчун “озодандеш” ҷилва дода ба ҷои огоҳӣ овардан аз ноогоҳии мардум суиистифода мебарад, ҷои таассуф аст. 
Мафҳуми “озодандешӣ” бештар дар забони олмонӣ хусусияти бунёдӣ дорад. Дар ин маврид олмониҳо аз мафҳуми “freier Geist” истифода мекунанд, ки онро метавон “озодаҷон” тарҷума намуд. Озодаҷон дар қадами аввал касест, ки зеҳн, андеша ва ё ҷони худро аз банди ҷаҳолат, хурофот, таассуб ва нодониву раҳгумзадагӣ раҳо бахшидааст. Озодаҷон болотар аз ҳар як таълимоти мазҳабӣ, ахлоқӣ, фалсафӣ ва ё идеологӣ қарор дорад. Мафҳуми озодандешӣ танҳо дар забони чунин инсон дорои ҳақиқат ва қудрати худ мебошад. Дар сурати дар сояи яке аз инҳо қарор гирифтан аллакай мустақилият ва озодии андеша аз байн меравад. Лоақал дигар мафҳуми озодандешӣ таҳаммули қабули чунин андешаи гирифторро надорад. Сабаби он ки наҳзати озодандешӣ маҳз ва танҳо дар Урупо муваффақ гардид дар ҳамин нукта мебошад, онҳо нахуст таҷрибаи озодсозиро дар худ ва фарҳанги худ, ки низ хурофотзада буд, гузаронидаанд. Сабаби нокомии мо низ маҳз ҳамин нуқта мебошад, мо, ки худ саропо хурофотӣ, таассубзада, роҳгумзада ҳастем, айби худро дида наметавонем, “ғурур”-и мо ба ин иҷоза намедиҳад. Мақсад аз “озодандеши воруна”, ки дар боло аллакай ин мафҳумро истифода намудаам, он аст, ки озодандеш ба ғайр аз озодандешӣ дигар ҳама сифатҳоро аз қабили ҷаҳолат, хурофотзадагӣ, кундзеҳнӣ, дуруғгӯйӣ, фиребгарӣ, туҳматзанӣ ва мисли инҳоро доро мебошад ва ба хотири ошкор нагардидани ин ҳақиқати худ ӯ баландтар даъвои озодандешӣ менамояд. Хулосаи ин абзатс: замоне, ки урупоиҳо масъалаи озодандеширо матраҳ карданд забонашон бо ҳақиқати ҳастиашон, дар ифодаи мо забонашон бо дилашон, мувофиқат дошт, аммо ҳоло чун мо ин мафҳумро истифода менамоем, забонамон бо ҳақиқати ҳастиамон мутобиқат надорад. Мо дар ниқоби ин мафҳум авомфиребӣ ва ҷилваҳои дуруғин карда истодаем.
Бояд мо ҷасорати рост гуфтан дар нисбати худ ва фарҳанги худро биёмӯзем. Агар мо ғурури бемояи худро бишканем, ҳатман чизе муфидтар аз он ба вуҷуд меояд ва ин чиз барои ояндаи дурахшони мо зарурист. 
Яке аз ҳақиатҳои бузурги мо шарқиҳо он аст, ки мо анъанаи чандҳазорсолаи хурофотзадагӣ дорем. На арзиши “озодӣ” зодаи афкори шарқӣ аст ва на арзиши “ҷомеаи шаҳрвандӣ”. Барои мо ин як тасаввури бебаҳс буд, ки шоҳ ин сояи худованд дар рӯи замин мебошад ва дар ҳар маврид “ҳукми шоҳ раво” мебошад. Аз ин фаротар маъниеро дар тули садсолаҳо ба вуҷуд наовардаем. Ин бемаънигиро маҳз руҳониён тули ҳазорсолаҳо ҳамчун “маънӣ” талқин намуда омадаанд, чи руҳонии браҳманӣ бошад, чи зардуштӣ ва чи исломӣ. Файласуфи олмонӣ Георг Вилҳелм Фридрих Гегел (1770-1831), ки таърихи тамаддуни башарро аз зовияи арзишгузорӣ таҳлил намудааст, дуруст қайд намудааст, ки дар Шарқи Бостон танҳо як нафар, яъне шоҳ ва албатта аҳли хонаводааш, озод ва дигарон ҳама ғулом буданд. Шояд имрӯз низ ин сухани ӯ ҳақиқати худро аз даст надодааст. Чаро? Зеро мо ягон заминаеро намешиносем, ки дар асоси озодии инсон ба вуҷуд омада, шакл гирифта бошад. Агар чанд нафар ғулом бошад ҳама ин истилоҳро истифода мебарад, аммо агар ҳама ғулом бошад, ин истилоҳ дар забон истифода намегардад, аммо ин маънӣ дар бунёди афкор ва омол қарор мегирад. Мо ҳеҷ вақт далеле оварда наметавонем, ки инсони империяи Сосонӣ, хилофати Бағдод ва ё хилофати Усмонӣ ба маънии воқеии калима озод буд. Сарнавишти Маздак, дар асрҳои панҷуму шашум ва Восеъ, дар асри нуздаҳум, нишон медиҳанд, ки мо на дорои озодии фардӣ будем ва на адолати иҷтимоӣ. Мо бо чунин тоқатфарсотарин шароит мутобиқ гардида будем, ҳамаи онро аз тақдиру насиб медонистем ва ба ҷуз тан додан чораи дигареро намедонистем. Андешаи “исён варзидан” барои мо бо “васвасаи шайтон” ҳаммаъно буд. Ҳоло низ инсони шарқӣ зоҳиран озод аст ва дар воқеият бошад ғуломи ҳазору як бутҳои аёнӣ ва маънавӣ мебошад. 
Ин хурофотзадагии чандҳазорсола то ба андозае устувор ва ҳеҷ вақт мавриди зиддият қарор нагирифтааст, онро наметавон як чизи содда ва береша гирифт, он нисбат ба ҳар арзиши дар боло номбаркардашуда аз қабили “озодӣ”, “озодандешӣ” ва ё “шартномаи ҷамъиятӣ” дар ҳар маврид ғалаба мекунад. Дар ҳолати даркорӣ мо дарҳол аз арзишҳои бегона даст мекашем ва ҳамчун меҳанпараст бар анъанаҳои хурофотии худ пойбанд мемонем. Агар мо ҳодисоти таърихиамонро бодиққат мушоҳида намоем, дармеёбем, ки дар ҳар замон офтоби ақлу хирад ва мантиқу андеша шуруъ ба дурахшидан мекунад, аммо таассуб ва зулми анъанавӣ дарҳол онро аз байн мебардорад. Шояд хурофотзадагии тулонӣ ба аҳли андешаи мо имкон надод, ки бунёдҳои фарҳанги худро на ба тариқи стихиявӣ ва таҳмилӣ, балки дар асоси арзишҳое чун озодӣ, инсон ва адолат шакл диҳад. Дар тамоми тули таърих мо натавонистаем берун аз сарҳади мазҳаб мафкураеро ба вуҷуд биёварем. Ҳуқуқи мо, фалсафаи мо ва ахлоқи мо ҳама дар чаҳорчубаи мазҳаб ба вуҷуд омадааст ва мо то ба ҳол тасаввури онро надорем, ки урупоиҳо дар заминаи озодии инсон ҳуқуқ, фалсафа ва ё ахлоқеро ба вуҷуд оварданд, ки решаҳои сирф заминӣ ва инсонӣ доранд. Оё метавонистем, ки дар алтернатива бо қонуни асли осмонидоштаи динӣ, қонуни асли заминӣ ва инсонидоштаро ба вуҷуд оварем, фаротар аз мафҳумҳои “мусулмон” ва “муъмин” масалан мафҳуми “шаҳрванд” ва ё ба ҷои фалсафаи метафизикӣ фалсафаи ғайриметафизикӣ ва ҳаётиро ба вуҷуд оварем, яъне ҳамон амалҳоеро ки урупоиҳо анҷом доданд? Албатта метавонистем, агар дар ҳақиқат зеҳниятамонро озод месохтем ва ба ҷои эътиқоди куркурона аз андешаи танқидӣ бархурдор мегардидем. Натиҷа ин аст. ки мо бунёдҳоеро, ки ба сабзиш ва густариши озодӣ ва озодандешӣ мусоидат намоянд, ба вуҷуд наовардаем ва бидуни ба вуҷуд овардани замина такрори ин мафҳумҳо бенатиҷа ва ҳатто бо натиҷаи бад ба анҷом мерасад. 
Ба хотири он ки моҳияти иқдомҳои “озодандешона”-и худро равшантар бишносем, мо идомаи баҳсро дар доираи “қонуни тиллоӣ” дунболагирӣ менамоем ва ин маънии канда шудан аз хатти маъниро надорад. 
Дар илми Сиёсатшиносӣ мафҳуми аҷибе вуҷуд дорад, ки ҳамчун “қонуни тиллоӣ” машҳур аст. Кашфкунандаи ин қонун Алексис де Токвил (1805-1859) буда муҳтавои он чунин аст: “Роҳи аз ҳама осон ба озодӣ ба шакли бадтарини ғуломӣ мебарад.” Маънии ин қонун он аст, ки роҳ ба озодӣ осон нест ва танҳо роҳи душвори он метавонад ба озодии воқеӣ бирасонад. Он миллатҳое, ки ба озодӣ расидаанд садсолаҳо барои он мубориза бурдаанд. Мо дурустии ин қонунро аллакай дар ҳодисаҳои солҳои ҳаштодум - навадуми асри гузашта мушоҳида намудаем. Ҳамаи мубоизаҳои асили озодандешони он рӯзгор ба хотири озодӣ буд ва тасаввуротҳо он буд, ки ба осонӣ ба ин неъмат мерасем, аммо бубинед, ки чи чиз пеш омад. Ман метавонам бигӯям, ки интихоби роҳи осони озодӣ хоси мо шарқиҳо мебошад. Тахайюли мо чунин аст, ки бо аз сари роҳ бардоштани як нафар ва ё як низом мо ба озодӣ мерасем. Ҳамаи давлатҳои шарқӣ низ мехоҳанд демократӣ ва ҳуқуқбунёд бошанд, вале барои ҳамеша ноком боқӣ мондаанд. Агар омаду рафти шоҳон, диктаторон ва ё худи ҳукуматҳои Миср, Алҷазоир, Эрон, Ироқ, Либия ва ғайраҳоро мушоҳида намоем, айнан такрори як мазҳака бо бозигарони гуногунро мемонад. То замоне, ки мо роҳи осони расидан ба озодиро интихоб менамоем чунин мазҳакаҳо идома меёбанд. Сабаби он ки мо ҳамеша роҳи осони расидан ба озодиро интихоб менамоем ва ҳамин тавр ҳамеша ғулом боқӣ мемонем, ин нашинохтан ва барои худ ошкор накардани маъниҳое чун “озодӣ” ва “озодандешӣ” мебошад. Озодандеши шарқӣ ба ҷои он ки дар бораи “озодӣ” ва “озодандешӣ” дар худии худ чист, андешад, бо тангназарии анъанавии худ танҳо дар фикри он аст, ки қудрати сиёсиро чигуна ба даст оварад. Ин фақат дар фантазияи озодандеш ва ё рӯшанфикри шарқӣ меғунҷад, ки худ иқдоми рӯшангарӣ анҷом диҳад, яъне чашми мардумро кушояд, худ инқилоби сиёсӣ, ё табаддулот ва ё террор анҷом диҳад ва худ зимоми қудратро ба даст бигирад. Чи қадар мо саросема ҳастем?
Агар антитезиси қонуни зикркардаро бубинем, онгоҳ он чунин мешавад: “Роҳи расидан ба озодии воқеӣ осон нест”. Ин роҳ кадом аст? Дар байни миллатҳо танҳо урупоиҳо иқдомҳои озодандешонаи муваффақ анҷом додаанд. Танҳо дар ин ҷо мо мехоҳем, ки ду ё се хӯша ҳамчун намуна аз афкори озодандешонаи ғарбӣ пешниҳод намоем. Дар муқобили сиёсати рӯз қарор гирифтан ин танҳо бахши охири барномаи озодандешон ва шояд рисолати матбуоти озод мебошад. Зеро дар ин муносибат аксаран танҳо бо масъалаҳои ҷузъӣ ва рӯзгузар сару кор гирифта мешавад. Дар ин маврид бо аз сари кор бардоштани як ҳукумат ва ё беҳтар амал намудани ҳукумат дигар озодандеш сухане надорад, ки бигӯяд. Аммо аз сари роҳ бардоштани як ҳукумат маънии онро надорад, ки ҳукумати нави меомада беҳтарин ҳукумат аст. Озодандешии ҳақиқӣ аз озод сохтани зеҳнияти инсонҳо аз хурофот ва пеш аз ҳама хурофотҳои динӣ оғоз мегардад. Мантиқан низ ин зеҳнияти инсонҳо аст, ки хурофотӣ ва зулмонӣ мегардад ва озодиро мебояд дар заҳният бедор кард. Денис Дидрот (1713-1783), яке аз озодандешони барҷастаи фаронсавӣ, мегӯяд, ки “Имон ба худо ва итоат ба салотин ҳарду як чиз аст”. Сухани Дидрот ҳақ аст, зеро дар ҳарду маврид низ инсон дорои эҳсосҳои бечунучарои таслимшударо доро мебошад. Шикастани яке маънии шикасти давумӣ ва ё барҳамхурии онро надорад. Пас вақте итоат ба салотин мешиканад, ин маънии дастрасӣ ба озодиро надорад, бо имон ба худо ҳанӯз инсон озод нест. Ин аст назари як озодандеши ғарбӣ. Озодандешони ғарбӣ нахуст бутҳои осмониро шикастанд ва пас аз он бутҳои заминиро. Онҳо аз инкори Худо оғоз карданд ва ба инкори шоҳон расиданд. Бо имон бо худо инсон пойбанди осмон мебошад ва барои замин амалеро анҷом дода наметавонад. Вақте ки замин озод нест, чигуна инсони он метавонад озод бошад? Дидрои ҷасур боз ҳам фарохтар меравад ва густохона мегӯяд: “Замин ҳамон вақт ҳаққи худро ба даст меоварад, ки осмон нобуд шавад”
Ҳатто Иммануил Кант (1724-1804), муътадилтарин файласуфи олмонӣ, чунин назар дошт, ки ба дин низ бояд бо назари танқидӣ муносибат намуд, на бо назари эътиқодӣ ва танҳо пас аз бархурди танқидӣ бо дин назари танқидӣ ру ба нақди сиёсат меоварад (Ин ақидаи Кант ба наздики дар саҳифаи Фейсбук нашр шуда буд). Дидрот ва ё Кант танҳо ахгароне аз як оташи хиракунандаи тафаккури озодандешони ғарбӣ мебошанд. Озодандешони ғарбӣ бо чунин ҳарорат ва туфони оташ амали озодандешона анҷом медод. Агар чунин набард намешуд ҳаргиз пардаи хурофот ва ҷаҳолат намедарид ва он урупое, ки имрӯз мо мебинем ба вуҷуд намеомад. 
Ин ҷо ду суол ба миён меояд:
1. Оё бо гузашти қариб сесад сол нафаре аз озодандеши шарқӣ тавони қабули чунин афкори озодандешии ғарбӣ, яъне итоат аз салотин ва итоат аз Худоро яке донистан, барои наҷоти замин осмонро, яъне ҳамаи таълимоти асли осмонидоштаро инкор намудан ва дар ҳамин зимн бо дин аз назари танқидӣ муносибат намуданро, дорад? Худ аз худ маълум аст, ки чунин ақида барои озодандеши мо даҳшатовар аст, чи расад ба инсони оддӣ. Новобаста аз ақидаи мо ғарби имрӯза ва озодии шояд нисбии онро маҳз афкори чунин озодандешон ба вуҷуд овардааст, на ягон омили дигар. Онҳо маҳз дар набард бо хурофот ва ҷаҳолат чунин афкорро бо вуҷуд оварданд. Дар асл бояд чунин афкори озодандешона, ки ба хотири инсон худо, дин ва осмонро инкор менамояд, бояд аз ҷониби озодандеши шарқӣ баён мегардид, зеро хурофотзадагӣ ва динзадагии мо таърихи чандҳазорсола дорад ва мебоист инсони шарқӣ аз асорат ва ғуломии садсолаи маънавӣ озод мегардид. Аммо чунин амал дар тавони озодандеши шарқӣ ҳеҷ вақт набуд. Камоли ҳунарро бубинед, ки озодандеши ғарбӣ ҷомеаеро ба вуҷуд овард, ки на фақат дигарандеши худӣ, балки дигарандеши шарқӣ низ маҳз дар он ҷо эҳсоси амн мекунад ва даст ба фаъолият мезанад. Набояд ба чашми чунин фарҳанг хок пошид, балки бояд аз он омухт.
2. Агар озодандеши мо низ чунин афкорро қабул намояд, ҷои баҳс нест ва бояд чун озодандешони ғарбӣ содиқона бо мафҳумҳо бархурд намуд ва амал кард. Аммо агар қабул надорад, пас кӣ озодандеши воқеӣ мебошад? Агар Дидро ва ё Кант озодандеш бошанд, пас мо кистем ва баръакс агар мо озодандеш бошем пас онҳо кистанд? Инро бояд донист, ки Дидро ва ҳамзамонони ӯ аз ҷумла Кант низ ҳамчун озодандеш ва ё рӯшангар шинохта шудаанд ва онҳо як замони рӯшанфикриро ба вуҷуд овардаанд. Пас моро метавон шояд “озодандеши тоҷик”, яъне озодандешӣ танҳо дар маҳдудаҳои муайян ва ё бо фармоиши гуруҳҳои манфиатхоҳ ва ё “сиёсатбоз”, ё “фурсатталаб” ва ё номҳои дигари ба инҳо монанд, номид.
Ҳамин тавр иқдоми озодандеши ғарбӣ ҷомеаи ғарбиро ба озодӣ ва пешрафт расонид, аммо ҳанӯз ҳеҷ як иқдоми озодандешони шарқӣ, аз ҷумла мо, ба натиҷаи дилхоҳ нарасидааст. Афкори эҳсосотии озодандешони мо танҳо барои ба вуҷуд овардани барҳамдарҳамӣ, ошуфтагӣ ва бенизомӣ дархур аст, на фаротар аз он. 

Нуриддин Шаҳобиддинов

доктори илмҳои фалсафа (PhD)

Бознашр аз Facebook https://www.facebook.com/shahobiddinov.nurudin/posts/2648329805238509 
06.04.2019

Хондан 66 маротиба