JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 02 Апрели 2019 11:07

Робитаҳои Тоҷикистон бо Қазоқистон

Муаллиф: Саримсаков Изатулло ва Раҳматуллоева Фарангис

  Халқи қазоқ таърихи қадима ва бой дорад. Дар давоми асрҳо хислатҳои хосе, ки танҳо ба ин мардум  мансуб аст аз қабили  мардонагӣ,  шуҷоат ва озодихоҳӣ имконият дод, ки онҳо хусусиятҳои миллии хешро нигоҳ доранд.

  Илман собит шудааст, ки нишонаҳои мавҷудияти аввалин одамони ба мо монанд, дар ҳудуди сарзамини имрӯзаи Қазоқистон пайдо шудаанд, ки ба асрҳои VIII-VII то солшумории мелодӣ тааллуқ доранд. Он замон ҳудуди беканори Қазоқистони имрӯзаро қабилаҳои эронӣ ва туркие, ки дар таърихи қадим бо номҳои сакҳо, уйсунҳо, канлиамиҳо ва гуннҳо маъруфанд, макони зист интихоб намуда буданд.

  Аз аввали асри V-и то солшумории мелодӣ, дар ҳудуди сарзамине, ки дар он имрӯз яке аз давлатҳои аз лиҳози иқтисодӣ пешрафтатарин Ҷумҳурии Қазоқистон бунёд гардида аст,  халқиятҳое умр ба сар мебурданд, ки дар ташаккули  яке аз империяҳои қудратноктарини  асримиёнагӣ (каганатҳои туркӣ)   бо номи “Ордаи Тиллоӣ” маъруф буд.

  Дар нимаи дуюми ҳазорсолаи то солшумории мелодӣ, аз кӯҳҳои муғул то  баҳри Каспий, раванди  муттаҳид намудани қабилаҳои туркҳои қадима шурӯъ шуда буд. Ин амал дар оянда бо авҷгирии сохтмони шаҳрҳои Чирик-Работ, Утрор, Сигнак, Испиҷоб, Тороз ва Баласагун ва бо истифода аз онҳо, бунёди роҳи тиҷоратии Осиё ва Аврупо, ки дар оянда дар дунё бо номи “Шоҳроҳи бузурги  абрешим” маъруф гардида аст, замина гузошта шуда буд.

  Дар асри VII Ҳоқони туркӣ бо тақозои замона ба се қисм (ҳоқони Хазар,  Тюргеш,  Карлук) тақсим шуд. Баъд аз торумор намудани артиши чинӣ ҳоқони Карлук бо арабҳо муттаҳид гашта, ба омӯзиш ва паҳн намудани дини ислом  шурӯъ намуданд[1].

  Асрҳои IX ва X дар ҳудуди сарзамини имрӯзаи Қазоқистон яку якбора ду давлати абарқудрат бо номи  Қарахониҳо ва Огузҳо бунёд гардиданд. Аммо Қипчоқҳо баъд аз  ғалаба бар артиши Огузҳо дар нимаи дуюми асри XI тамоми ҳудуди сарзамини имрӯзаи Қазоқистонро забт намуда, онро зери тасарруфи худ гирифтанд.

  Боиси зикр аст, ки ин қабила дар давраи ҳукумронии муғулҳо бо артиши худ ба яке аз қудратноктарин ва дар муҳорибаҳо бошуҷоаттарин қувваи мусаллаҳи Урдаи Тиллоӣ мубаддал  гашта буд.

  Қабилаҳои қипчоқҳои шарқӣ бошад, аз иштирок дар набардҳои Чингизхон даст кашида, артиш ва қабилаи худро ба ҷазираи Қрим бурданд.

  Бо мурури замон  тамоми ҳудуди замин ва биёбонҳои ҳоқони туркӣ ба итоати муғулҳо гузашта, байни фарзандони  Чингизхон тақсим карда шуданд[2].

  Ҳокими Дашти Қипчоқи шарқӣ (аз Балхаш то Поволжеи Поён) писари калонии Чингизхон - Ҷучи таъйин шуда  буд . Заминҳои Туркистон, Ҳафтрӯд ва Мовароуннаҳр бошад ба итоати Чағатой вогузор карда шуд. Ба писари сеюми Чингизхон - Угэдей, қисмати заминҳои шимолу шарқии Ҳафтрӯд, Тарбагатай ва ноҳияҳои болооби Иртиш ва шарқии Муғулистон вогузор карда шуд.

  Баъд аз марги Чингизхон ва писари калонии ӯ Ҷучи (соли 1227), империяи муғулҳо ба як чанд давлатҳои соҳибистиқлол тақсим шуд. Ҳудуди сарзамини Дашти Қипчоқи Шарқӣ ва як қисмати сарзамини Хоразм ва Сибири Шарқӣ ба ҳайати Урдаи Тиллоӣ дохил карда шуд. Пойтахти империя шаҳри Сарой Бату интихоб карда шуд.

  Ҷангҳо и шадид байни давлати қазоқҳо ва ҷунгариҳо дар шаҳри Астрахан сар зад. Соли 1391 баъд аз торумори артиши муғулҳо ва ғалабаи Темур, Урда ба ду қисм: Оқ-Урда ва Коқ-Урда тақсим  карда шуд. Бо мурури замон Коқ-Урда низ ба ду минтақа – Урдаи Ноғай ва хонигарии Ӯзбекон  тақсим шуд.

  Соли 1460 султон Ҷонибек ва султон Уерей дар якҷоягӣ макони доимии иқомати (даштҳои соҳили Сирдарё) худро тарк намуда, дар ҳудуди сарзамини Ҳафтрӯд, соли 1465 бо ҳокими  Муғулистон  Есен-буги хонигарии қазоқҳоро бунёд намуданд.

  Бо мурури замон ҳокими хонигарии қазоқҳо бо қабилаҳои Дашти Қипчоқи Шарқӣ муттаҳид шуда, дар якҷоягӣ дар натиҷаи муҳорибаҳои шадид бо шайбониҳои Мовароуннаҳр ва Урдаи Ноғай, сарҳади давлатиро аз соҳили дарёи Иртиш то Жайка васеъ намуданд. Солҳои баъдӣ қазоқҳо тавонистанд ҳудуди сарзамини Ҳафтрӯд, Муғулистон ва Урдаи  Ноғайро бо дашти Сари Аркӣ ба ҳудуди давлати худ ҳамроҳ намоянд.

  Дар давраи ҳукмронии Таукехон аввалин маротиба бо пеш­ниҳоди ӯ маҷмӯи қонунҳо бо номи «Жети Жарги» аз тарафи олимон ва файласуф Толе-би, Казибек-би ва Айтеке-би омода ва нашр гардид.

  Соли 1718 артиши  ҷунгар бо мақсади ҳарчӣ бештар васеъ намудани ҳудуди сарзамини зери назорати худ  хонигарии қазоқҳоро пурра  забт намуда, онро ба қисматҳо – се жуза (жузаи Калон, Миёна ва Хурд) тақсим кард.

  Ҷангҳо байни давлатҳои Қазоқ ва Ҷунгар аз нимаи аввали асри XVII оғоз ёфт. Ҷунгарҳо бо мақсади  ҳарчи бештар пурратар намудани хазинаи давлат аз ҳисоби андоз ва васеъ намудани  ҳудуди хеш ба сарзамини қазоқҳо  ҳуҷум намуда буданд ва он то соли 1756 давом кард.

  Солҳои 1723-1727 дар натиҷаи муҳорибаҳои шадид, ҷунгариҳо шаҳри Туркистон ва Тошкантро низ забт намуда, ба мардуми он харобии зиёде оварданд. Истисмори бераҳмонаи ҷунгариҳо сарони қазоқҳоро водор намуд, ки роҳи дигари халосӣ ёбанд[3].

  Бо ин мақсад соли 1730 хони Жузаи хурд  Абулхайр  ба ҳукумати Русия малика Анна Иоанновна Романова  бо пешниҳоди бунёди иттифоқи ҳарбӣ муроҷиат намуда, ҷавоби манфӣ гирифт. Солҳои баъдӣ маликаи Русия бар ивази ба ҳайати Русия ворид шудан ва қонунҳои Русияро дар ҳудуди сарзамини худ ҷорӣ намудан (протекторат), кумаки худро пешниҳод кард.

  10 октябри  соли 1731 дар таърихи халқи қазоқ ҳамчун рӯзи ҳамроҳшавии Қазоқистон бо Русия ба қайд гирифта шудааст. Мутобиқ ба санади аз тарафи  малика Анна Иоанновна ба имзо расида,  Русия дар баробари ба пешвои хони  Жузаи Бузург  додани ҳуқуқи шаҳрвандӣ, ки он ба тамоми миллати қазоқ низ дахл дошт ба ҳамоҳангсозии амалҳои ҳарбӣ шурӯъ намуданд. Аммо татбиқи ин ҷараён бо назардошти аз сарҳади Русия беҳад дур ҷойгир шуданашон каме кашол ёфт[4].

  Соли 1818 масъалаи  муттаҳидшавии ду давлат бори дигар ба миён омад. Дар натиҷаи музокираҳои тӯлонӣ моҳи майи соли 1824 императори Русия  Александр I санади расмиро ба имзо расонида, якбора ба 14 султонҳои қазоқ санади шаҳрвандиро тақдим намуд. Соли 1830 пешвоёни қабилаҳои боқимонда (Жузаи миёна) ба амалҳои ҳамватанони худ пайравӣ карда, розигии худро оид ба Русия ҳамроҳ шудан баён намуданд. Ҳукумати Русия бо мақсади таъмини бехатарии минтақаҳои нави худ артиши комилан мусаллаҳи казакони худро фиристода, ба муҳофизати сарҳадоти ҷанубии мамлакат шурӯъ намуд.

  Бо ҳамроҳшавии Қазоқистон ба Русия дар ин минтақа тағйиротҳои ҳаётан муҳими сиёсӣ ва иқтисодӣ ба миён омад. Шоҳроҳҳои тиҷорие, ки аз марказҳои хонигарии қазоқҳо мегузаштанд, аҳамияти байналхалқӣ пайдо намуда, барои таъмини  пешрафти иқтисодиёти мамлакат заминаи хуб фароҳам меоварданд.

  Бо супориши роҳбарияти Русия олимони зиёди донишкадаҳои тадқиқотӣ, экспедитсияҳои илмии худро баргузор намуда, ба омӯзиши захираҳои табиии ин мамлакат шурӯъ намуданд. Натиҷаҳои зиёди илмии ба даст омада, боиси он замон ба Қазоқистон ворид шудани сармояи ҳаҷман калон бо мақсади сохтмони роҳҳо, корхонаҳои истеҳсолӣ ва фабрикаҳо гардида, ба шумораи зиёди мардуми қазоқ шароити корӣ муҳайё намуд.

  Муносибатҳои тиҷорӣ ва иқтисодии байни ду миллат сол аз сол рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, ҳаҷми муомилоти мол меафзуд. Муҳим он буд, ки баъд аз ба Русия ҳамроҳшавӣ, фарҳанги зиндагии мардуми қазоқ бо суръат тағйир ёфта, аз зинсаворӣ маҷбуран даст кашида, ба корҳое, ки то ҳол дар фикри он набуданд, сару кор гирифтан лозим омад. Илова бар ин, солҳои баъдӣ дар натиҷаи татбиқи барномаҳои азими пурра наомӯхташудаи аграрӣ, соҳаи чорводорӣ ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ гардид. Соли 1822 аз тарафи ҳукумати Русия санади бағоят муҳим бо ном Низомнома “Дар бораи қирғизҳои сибирӣ” ба чоп расид, ки дар асоси он дар Қазоқистон  ҳокимияти хонигариҳои қазоқ, пурра барҳам дода шуд[5]. Барномаҳои дар Санкт- Петербург тарҳрезишуда дар бисёр ҳолатҳо бе дарназардошти урфу одатҳои миллӣ ва майлу хоҳиши миллати қазоқ тарҳрезӣ шуда, дар маҷмӯъ боиси норозигии мардуми маҳаллӣ гардид. Дар асоси гуфтаҳои боло ин ҳолат боиси сар задани муборизаҳои озодихоҳии мардуми қазоқ гардид.

  Бар замми ин  дар даҳсолаи аввали асри XX, бо татбиқи ислоҳоти аграрии Столипин бо фармони шоҳ зиёда аз 500 000 нафар деҳқонони деҳоти Русия ба Қазоқистон маҷбуран кӯчонида шуданд, ки  ин амал  дар асл боиси норозигии мардуми маҳаллӣ гардида буд.

  Бо сар задани Инқилоби Октябр ҳамзамон дар Қазоқистон барқарор намудани Ҳокимияти Советӣ шурӯъ гардида, он марти соли 1918 дар бештари ҳудуди минтақаи Қазоқистон ба анҷом расид.

  Шаҳри Перовск, ки ҳоло Қизил Орда ном дорад, агар яке аз аввалинҳо шуда 30 октябри соли 1917 аз дасти шаҳрдор, ба ихтиёри роҳбарияти синфи коргар ва сарбозон гузашта бошад, пас 3 марти соли 1918 дар шаҳри Верний, ки ҳоло бо номи Алма-Ато маъруф аст, Ҳокимияти Советӣ пурра барқарор карда шуд[6]. Солҳои ба расмиятдарории ҳудуди замин ва сарҳадҳои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, моҳи августи соли 1920 декрет оид ба бунёди Ҷумҳурии Худмухтори Советии Сотсиалистии Қирғизистон дар ҳайати ҶШФСР  бо пойтахташ шаҳри Оренбург ба имзо расид, ки тибқи он ба ҳайати ҷумҳурии тозабунёд, губернияҳои Оқмолинск, Семипалатинск, Тургайск, Уралск, Букеевск ва Оренбург  вогузор карда шуда буданд. Баъд аз 5 сол номи Ҷумҳурии Худмухтори Советии Сотсиалистии Қирғизистон ба номи Ҷумҳурии Худмухтори Советии Сотсиалистии Қазоқистон иваз карда шуд.  Илова бар ин, ба ҳайати Қазоқистон вилояти Сирдарё, Жетисуйск ва Қароқалпоқ низ ҳамроҳ карда шуд. Солҳои аввали бунёди шаҳри Қизил Орда ва баъдан соли 1927 шаҳри Алма-Ато пойтахти Ҷумҳурии Худмухтори Советии Сотсиалистии Қазоқистон интихоб карда шуд. Соли 1936 Ҷумҳурии Худмухтор ба Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Қазоқистон табдил дода шуд. Охири солҳои 30-юм бо шурӯъ шудани раванди саноатикунонӣ Ҷумҳурии Қазоқистон ба яке аз  минтақаҳои калонтарини саноатии Иттифоқи Советӣ мубаддал гардида буд[7].

  Вобаста ба тақозои замон саноати истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, аз соҳаҳои афзалиятноки барномаи саноатикунонии мамлакат интихоб карда шуда буд.  Бо татбиқи ин барнома дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин Қазоқистон ба яке аз ҷумҳуриҳои асосии истихроҷ, коркард  ва таъминкунандаи сурб, синк, титан, магний, фосфор, хром, нуқра ва молибден барои саноати ҳарбӣ ва техникии Иттифоқи Советӣ мубаддал гардида буд.

  Баъд аз пошхӯрии Иттифоқи Советӣ  Қазоқистон яке аз охиринҳо (16 декабри соли 1991) шуда, соҳибистиқлолии худро ба ҷаҳониён эълон намуд.

  Аҳолии тамоми ҷаҳон ба  тағийротҳои муҳими дар ҷаҳони сотсиалистӣ рӯйдиҳанда  назорат менамуданд.

  Давлате, ки аввалин шуда соҳибистиқлолии Қазоқистонро эътироф намуда буд, ин Ҷумҳурии Туркия мебошад (16 декабри соли 1991).

  Рӯзи дигар 17 декабри соли 1991 соҳибистиқлолии Қазоқистонро Федератсияи Русия, 25 декабри соли 1991 Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, 27 декабри соли  1991 Ҷумҳурии Халқии Хитой ва то охири сол боз  102 давлати ҷаҳон эътироф намуданд[8].

  2 марти соли  1992  Қазоқистон ба аъзогии СММ қабул карда шуд.

  Тарзи идоракунии Ҷумҳурии Қазоқистон шакли президентӣ ба ҳисоб меравад. Қазоқистон давлати демократӣ, соҳибистиқлол, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ буда, арзишҳои асосии он инсон, ҳаёт ва озодии ӯ мебошад. Қобили қайд аст, ки дар интихоби принсипҳои асосии қонуни давлат ва дар амал татбиқ намудани онҳо ва гул-гулшукуфоии мамлакат нақши Президенти аввалини Ҷумҳурии Қазоқистон, пешвои миллат Назарбоев Нурсултон Абишевич  бебаҳост.

  Таҷрибаи бисёрсола, сифатҳои пешвоӣ ва хирадмандии ӯ тавонист дар кӯтоҳтарин муҳлат иқтисодиёти Ҷумҳурии Қазоқистон ва халқи онро ба сатҳи нисбатан нави тараққиёт бурда расонад.

  Бо назардошти сиёсати дурандешонаи пешвои миллат ва тамоили ӯ ба сулҳ ва ваҳдати миллӣ, имрӯзҳо дар якҷоягӣ бо миллати қазоқ дар Қазоқистон зиёда аз 130 миллати дигари дунё низ умр ба сар мебаранд ва ҳиссаи босазои худро дар пешрафти мамлакат мегузоранд.

  Хизмати беназири Назарбоев Н.А., дар пойдории амонӣ ва нигоҳ доштани сулҳу субот дар минтақаи Осиёи Миёна низ бузург аст. Ҷумҳурии Қазоқистон дар Осиёи Миёна пешсаф  буда, дар лаҳзаҳои лозима онҳоро танҳо нагузошта, ба ҳамсояҳои худ дасти ёрӣ дароз менамояд.

  Пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон  имрӯз ба шаҳри Остона кӯчонида шуда аст. Мутобиқ ба  қонуни асосии Ҷумҳурии Қазоқистон забони қазоқӣ забони давлатӣ ва забони русӣ забони муоширати байни миллатҳо қабул шудааст. Дар мамлакат пули миллии қазоқӣ - танга дар муомилот аст.

  Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон роҳбари ягонаи давлат ба шумор рафта, бо истифода аз ваколатҳои олии давлатии худ, самтҳои муҳими дохилӣ ва хориҷии мамлакатро муайян намуда, Ҷумҳурии Қазоқистонро дар дохили мамлакат ва дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд.

  Президент - рамз ва кафили ягонагии халқ ва ҳокимияти давлатӣ буда, мутобиқ ба сарқонун, ҳуқуқ ва озодии инсон ва шаҳрвандони ватаниро муҳофизат менамояд.

  Дар баробари Президент, Ҳукумати мамлакат сохтори иҷроияро дар тамоми ҳудуди Қазоқистон назорат намуда, фаъолияти онҳоро бо мақсади таъмини рушди иқтисодиёти мамлакат ва беҳтар шудани вазъи иҷтимоӣ ва фарҳангии аҳолии мамлакат роҳбарӣ менамояд.

 Парламенти мамлакат ба ҳайси сохтори қонунбарор  аз ду палата иборат буда (Сенат ва Маҷлис), доимо амалкунанда аст. Сенат мутобиқи муқаррароти муайяннамуда, ду нафари аз ҳисоби намояндагони мардумии вилоятҳо, шаҳрҳои тобеи ҷумҳуриявӣ ва пойтахти мамлакат ташкил  карда мешавад.  Дар пурра мукаммал шудани Сенат Президенти мамлакат низ иштирок менамояд. Ӯ бо истифода аз ҳуқуқи худ 15 нафар намояндагони мардумиро аз ҳисоби шахсиятҳои шинохтаи мамлакат, намояндагони миллӣ ва фарҳангии дар мамлакат умр ба сар баранда, таъин менамояд. Муҳлати амали намояндагони мардумии Сенат 6 сол муайян карда шудааст.

  Маҷлис аз 107 намояндаи мардумӣ иборат мебошад, ки ҳафт нафари онро Ассамблеяи мардуми Қазоқистон пешбарӣ менамояд. Муҳлати фаъолияти намояндагони мардумии маҷлис 5 сол муайян карда шудааст.

  Ҷумҳурии Қазоқистон аз 14 вилоят, 2 шаҳри тобеъи ҷумҳуриявӣ  иборат мебошад.  Шумораи аҳолии Ҷумҳурии Қазоқистон 18 млн. нафарро ташкил медиҳад.

  Масоҳати умумии сарзамини Қазоқистон 2 724 900 километри квадратиро ташкил медиҳад ва аз лиҳози масоҳат дар ҷаҳон ҷои 9-ро ишғол менамояд. Масоҳати умумии сарҳади Ҷумҳурии Қазоқистон 13200 километрро ташкил медиҳад. Қазоқистон аз шимолу ғарб бо Русия (7591км), аз шарқ бо Хитой (1783 км), аз ҷануб  бо Қирғизистон (1242 км), Ўзбекистон (2351 км) ва Туркманистон (426 км) ҳамсарҳад мебошад.

  Қазоқистон бо ин бузургии масоҳат нигоҳ накарда, роҳи мустақими баромад ба уқёнусро надорад. Қисми зиёди ҳудуди мамлакатро биёбон (44%), нимбиёбон (14%), дашт (26%) ва ҷангал (5,5%) ташкил медиҳад. Қазоқистон вобаста аз мавқеи ҷойгиршавиаш бо шумораи зиёди дарёҳои худ,  аз дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна фарқ карда меистад. Дар айни замон аз тарафи сохторҳои марбутаи мамлакат дар маҷмӯъ 8500 дарё ба қайд гирифта шудааст[9].

  Қисмати шимолу шарқии паҳнои баҳри Каспий ба ҳудуди сарзамини Қазоқистон дохил карда шудааст. Истифодабарии баҳри Арал бошад, дар асоси қарордодҳои дуҷониба, байни Қазоқистон ва Ӯзбекистон тақсим карда шудааст. Дар ҳудуди сарзамини Қазоқистон 48 ҳазор кӯлҳои ҳаҷман бузург, миёна ва хурд ба қайд гирифта шудааст, ки дар байни онҳо калонтаринашон Балхаш, Зайсан ва Алакул ба шумор мераванд. Ҳудуди сарзамини Қазоқистон аз лиҳози захираҳои табиӣ бойтарин давлат ба ҳисоб меравад. Солҳои охир мутобиқ ба тадқиқотҳои геологию геодезӣ ва тадқиқоти космогеодезӣ муайян карда шудааст, ки дар мамлакат 5000 адад конҳо мавҷуданд, ки арзиши умумии онҳо зиёда аз даҳҳо триллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

 Ҷумҳурии Қазоқистон аз лиҳози захираҳои муайяншудаи синк, волфрам ва барий дар ҷаҳон ҷои якум, нуқра, сурб ва хром - ҷои дуюм, мис, флюорит - ҷои сеюм, молибден - ҷои чорум ва тилло - ҷои шашумро ишғол менамояд[10].

 Дар баробари маъданҳои дар боло зикр гардида, Қазоқистон аз лиҳози захираҳои нафту газ дар ҷаҳон ҷои нуҳум, аз лиҳози захираҳои ангишт ҷои ҳаштум ва аз лиҳози захираҳои маъдани уран ҷои дуюмро ишғол менамояд.

 Ҷумҳурии Қазоқистон вобаста ба замини корами худ ба гурӯҳи даҳ давлати содиркунандаи ғалладона ва аввалин содиркунандаи орд дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Дар шимоли мамлакат 70%-и заминҳои корам барои кишти ғалладона  истифода шуда, дар қисмати ҷанубии мамлакат - биринҷ, пахта ва тамоку парвариш менамоянд.

  Қазоқистон бо боғҳои худ, ангурзор ва маҳсулоти полезӣ низ маъруф аст.

  Яке аз соҳаҳои муҳими  хоҷагии қишлоқ, имрӯзҳо чорводорӣ ба ҳисоб меравад. Дар баробари таъмини пурраи аҳолии худ  қариб ки тамоми маводи  аввалия, ашёи хом, мол ва дастгоҳу таҷҳизоти тайёр аз ҷумҳурӣ содир карда мешаванд.

  Молҳои асосии содиротии мамлакат сӯзишворӣ,  барқ, ашёи хом ва молҳои  саноатӣ,  металлургӣ, кимиёвӣ ва кишоварзӣ (ғалладона)  ба ҳисоб мераванд.

  Дар тӯли 27 соли соҳибистиқлолӣ, Қазоқистон бо бисёр давлатҳои дунё робитаҳои зичи тиҷорӣ ва иқтисодии худро барқарор намуда аст. Аммо дар миёни онҳо Русия, Хитой, давлатҳои Аврупо ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  мавқеи муайяни худро доранд.

  Дар раванди  бозсозии  иқтисодиёт дар Қазоқистон татбиқи барномаи саноатикунонӣ ва инноватсионнии корхонаҳои истеҳсолӣ дар мадди аввал истода, дар асоси он таҷҳизотҳои корхонаҳои солҳои Шӯравӣ сохта ва ба истифода дода шуда, бо хатҳои истеҳсолии нав ва корхонаҳои нав бо таҷҳизотҳои замонавӣ ва ҷавобгӯи рӯз (ноу-хау ва нано-технология) муҷаҳҳаз шуда, ба истифода дода мешаванд.

  Бояд ёдовар шавем, ки соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, муҳтарам Назарбоев Н.А., барномаи бузурги сохтмони инфраструктураи мамлакатро бо номи «Нурли жол» (Роҳи равшан), ки тибқи он бо истифода аз шоҳроҳҳо ва азнавкунонии нақлиёт, сохтмони марказҳои хизматрасонӣ тамоми вилоятҳои Қазоқистонро бо ҳам бояд пайваст менамуд, тасдиқ карда  буд.

  Имрӯзҳо Қазоқистон ба татбиқи лоиҳаи бузурги “Роҳи нави абрешим”, ки рисолати таърихии мамлакатро ҳамчун ҳалқаи васлкунандаи қураи Осиё ва табдил додани мамлакат ба бузургтарин шоҳроҳи транзитии минтақа, пули васлкунандаи Аврупо ва Осиё шурӯъ намуда аст. Бо татбиқи  ин лоиҳа соли 2020 ҳаҷми боркашонии транзитӣ бо истифода аз шоҳроҳҳои ҷумҳурӣ бояд на кам аз ду маротиба зиёд шавад.

  Бар замми ин, соли ҷорӣ Ҷумҳурии Қазоқистон ба татбиқи  “Барномаи миллат - 100 қадами устувор” шурӯъ намуд, ки тибқи он дар мамлакат бозсозии пурраи  тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ  ва хусусан роҳ, нақлиёт  дар мадди аввал пешбинӣ шудааст.

Татбиқи ислоҳоти халқиро шахсан Президенти мамлакат дар:

- тайёр намудани мутахассисони касбӣ, махсусан барои сохтори давлатӣ;

- таъмини волоияти қонун;

- саноатикунонӣ ва рушди иқтисодиёт;

- ҳувият ва ягонагӣ;

- бунёди сохтори давлатии ҳисоботдиҳанда мебинад.

Бо пурра ба истифода дода шудани пойтахти нави мамлакат, шаҳри Остона обрӯ ва эътибори Қазоқистон дар арсаи байналмилалӣ даҳчанд афзуд.

  Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилотҳои маъруфи ҷаҳон бо истифода аз мавқеи ҷойгиршавии ин шаҳр, барномаҳои вохӯрӣ, симпозиумҳои касбӣ ва вохӯриҳои сарони давлат ва ҳукуматҳои давлатҳои ҷаҳонро мегузарониданӣ шуданд. Алалхусус, шаҳри Остона солҳои охир ба маркази вохӯриҳои форуми олии диндорони ҷаҳон, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, вохӯрии олимони соҳаҳои мухталифи илми муосир, намоишгоҳҳои боҳашаматтарини молҳои истеҳсоли давлатҳои ҷаҳон  мубаддал гардида аст.

  Моҳи декабри соли 2010 бошад, дар шаҳри Остона Саммити бонуфузтарин ташкилоти байналмилалии САҲА гузаронида шуд, ки ба кори он роҳбарияти Ҷумҳурии Қазоқистон раисӣ менамуд.

  Бо назардошти мавқеъ ва нуфузи САҲА дар арсаи байналмилалӣ, бо пешниҳоди Президенти Қазоқистон ташкилоти нави минтақавӣ Конфронс оид ба ҳамоҳангсозӣ ва эътимодсозӣ дар Осиёи Марказӣ  аз лиҳози мазмун ва мундариҷа ба САҲА монанд бунёд карда шуд ва он мутобиқ ба вазифаҳои дар назди ин форум гузошта шуда, таҳкими муносибатҳо ва ҳамкории давлатҳои Осиёро бо мақсади таъмини суботу амният дар минтақа  таъмин менамояд.

  Панҷсолаи охир Ҷумҳурии Қазоқистон бо назардошти фаъолияти ташкилотчигии худ ба сифати раиси яке аз ташкилотҳои бонуфузи исломии ҷаҳон  (СҲИ)   баҳои мусбат гирифт.

  Қазоқистон, чун кишвари пешсаф дар раванди ҳаракати зидди силоҳи ҳастаӣ низ дар ҷаҳон эътироф шуда аст. Пешрафти босуботи ҳамаи соҳаҳои иқтисод, эътирофу эҳтироми байналмилалӣ ва суботи сиёсӣ асоси рушду шукуфоии ҷомеаи Қазоқистон мебошад.

  Қазоқистон кишварест, ки ба сӯи оянда устуворона қадам мегузорад. Ҳамзамон дар мамлакат расму оинҳо ва фарҳанги миллиро ҳифз намуда, нерӯи бузурги бунёдкоронаи халқ барои рушди устувор дар дунёи тез тағйирёбанда  самаранок истифода бурда мешавад. Ҷумҳурӣ ҳамчун кишвари пешрафтатарин дар Осиёи Марказӣ барои тақвияти амнияту суботи минтақа саҳми муҳиме мегузорад.

  Ҷумҳурии Қазоқистон имрӯзҳо муносибатҳои зичи дӯстонаи худро пеш аз ҳама бо давлатҳои минтақа пойдор нигоҳ медорад. Дар ин замина алалхусус муносибатҳои гарми дуҷонибаи муфиди байни Қазоқистон ва Тоҷикистонро ба ёд овардан, қобили қайд аст.

  7 январи соли 2018 шаҳрҳои  Душанбе ва Остона  25 - солагии муносибатҳои дипломатии ду давлатро ҷашн гирифтанд. Дар тӯли чоряк аср ҳар ду давлат дар баробари устувор намудани муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳамкориҳои гуманитарӣ тавонистанд шарикии  боэътимоди худро дар пояи боварии тарафайн бунёд созанд.

  Соли 2015 дар рафти сафари расмии худ ба Тоҷикистон Н.Назарбоев гуфта буд, ки «Қазоқистон ва Тоҷикистонро муносибатҳои анъанавии дӯстона, ки дар асоси боварӣ ва эҳтироми якдигар бунёд гардидаанд, пайваст  менамояд. Байни давлатҳои мо ихтилофи сиёсӣ ва ё иқтисодӣ умуман вуҷуд надорад.  Тоҷикистон барои мо мамлакати дӯст ба ҳисоб меравад ва дар ин асос ба пешрафти устувори он ҳавасмандем. Дар вазъияти душвори имрӯзаи иқтисодиёти ҷаҳони муосир, мо метавонем ҳамкории муштаракро дар соҳаҳои муайяни иқтисодиёт ёбем»[11].

  Дар рафти сафар шартнома дар бораи ҳамкории стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расонида шуда буд.

  Мувофиқи гуфтаҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон табдили муносибатҳои Душанбе ва Остона ба тарзи шарики стратегӣ дар сатҳи устувор аз ҳалли масъалаҳои дуҷонибаи актуалӣ вобастагӣ дорад. Аз ҷумла:

- ҳалли масъалаҳои танзими муҳоҷирони меҳнатии тоҷик;

- мукаммалгардонии фаъолияти Хазинаи мустақими сармоягу­зории дуҷониба;

- мустаҳкам намудани асосҳои ҳамкории ҳуқуқии соҳаи маълумоти олӣ, бо назардошти муайян намудани квотаҳои дуҷонибаи солона барои ҷавонони ду мамлакат.

  Муносибатҳои тиҷорӣ ва иқтисодии ду давлат низ рушд ёфта истодааст. Имрӯзҳо Тоҷикистон аз Қазоқистон орд, ғалла, равғанҳои растанӣ, бензин, равғанҳои молиданӣ, гази моеъ, мошинҳои сабукрав ва номгӯи зиёди маҳсулотҳои дигарро ба ивази фулузоти ранга, кабел, молҳои кимёӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ  ворид менамояд.

  Соли 2017 мутахассисон афзудани гардиши молҳои Тоҷикистон ва Қазоқистонро қайд карданд, ки 30% зиёд шуда аст ва он   беш аз 700 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

  Муносибатҳои дипломатӣ байни Қазоқистон ва Тоҷикистон 7 январи соли 1993 барқарор шудааст. Он гоҳ мувофиқи ҷамъбасти сафари муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон ҳуҷҷати асосӣ “Қарордод дар бобати алоқаҳои асосии байни Қазоқистон ва Тоҷикистон” ба имзо расиданд.

  Моҳи июни соли 1993 дар Қазоқистон намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор шурӯъ намуд.

  Намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз январи соли 2001 мақоми сафоратро касб намуда, ҳанӯз аз апрели соли 1998 дар Душанбе ҳамчун маъмурияти мустақил фаъолият мекард. Ба ин тариқ, саршавии муносибатҳои Қазоқистони соҳибистиқлол ва Тоҷикистон  ба даврони мушкил рост омад[12].

  Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ иқтисоди ҷумҳуриҳо ба харобӣ  рӯ ба рӯ гардид. Дар Тоҷикистон бошад, ҷанги шаҳрвандӣ аланга гирифт. Қазоқистон ҳамчун яке аз кафилони амалӣ сохтани “Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ” барои барқарории сулҳ дар сарзамини тоҷикон, саҳми босазои худро гузошт. Давраи чоруми гуфтушунидҳои байни тоҷикон оид ба оштии миллӣ, соли 1995 дар Алма-Ато баргузор гардид. Тоҷикистон  ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ шуда буд ва дар он даврон мо ҳамеша дар паҳлўи халқи тоҷик қарор доштем ва кумакҳои ҳарҷонибаи гуманитарӣ ва ҳарбию техникӣ мерасонидем - баён намуд, Нурсултон Назарбоев ҳангоми сафараш ба Тоҷикистон дар соли 2015. Мо ба шарики стратегиамон Тоҷикистон сулҳ ва ризоияти миллиро орзу менамоем, зеро сулҳ дар Тоҷикистон барои мо низ муҳим ва зарур аст. Мо омодаем, ки рушди иқтисоди миллии Тоҷикистонро низ дастгирӣ намоем[13].

  Қазоқистон яке аз кишварҳои асосие мебошад, ки ба Тоҷикистон кумакҳои гуманитарӣ мерасонад. Танҳо дар соли 2017 Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 20 вагон кумаки гуманитарӣ равон намуд, ки арзиши умумии он наздик ба 1 млн. доллари ИМА баробар мебошад. Илова бар ин, дар асоси қарори Ҳукумати Қазоқистон барои амалӣ сохтани барномаи суботи ҷамъиятию  сиёсӣ дар Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи фаъолияти тарафайни институтҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муносибатҳои байниқавмӣ низ ҳамкорӣ менамояд[14].

  Дар зери пуштибонии ассамблеяи байниқавмӣ 8 маркази фарҳангӣ ташкил шудаанд, ки тоҷикони муқимии дар минтақаҳои гуногуни кишвар зиндагӣ мекардагиро муттаҳид менамояд[15].

  Дар вилояти Қазоқистони ҷанубӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳазорҳо хонандагон бо забони тоҷикӣ таҳсил менамоянд. Ҳамасола Қазоқистон барои шаҳрвандони ҶТ 100 ҷой барои таҳсил дар донишгоҳҳои олии кишвар ҷудо менамояд[16]. Коршиносону дипломатҳо қайд менамоянд, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судманди дутарафа байни Тоҷикистон ва Қазоқистон танҳо бо шарофати кушишу заҳматҳои пешвоёни ҳарду давлатҳо ба вуҷуд омада, роҳандозӣ шудааст. Гуфтушунид ва суҳбатҳои дӯстона ва пурмаҳсули Нурсултон Назарбоев ва Эмомалӣ Раҳмон, ки дар муддати солиёни зиёди даврони соҳибистиқлолии ду кишвар вуҷуд дорад, боз ҳам бемайлон рушд мекунад. Ин дӯстии самимонаи байни ҳарду роҳбарони ду кишвари бо ҳам бародар барои пешрафти муносибатҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ,  фарҳангӣ ва ғайраҳо заминаи муҳим мегузорад.

  Солҳои охир Қазоқистон тибқи нишондиҳандаҳои ҳаҷми тиҷорати хориҷӣ устуворона ба руйхати се шарики аслии тиҷоратии Тоҷикистон (дар баробари  Русия ва Чин) қарор дорад.

  Дар айни замон созмонҳои дастгирикунандаи содирот (Казах­инвест ва Казахэкспорт) корҳои зиёди мақсаднокро барои афзун намудани содироти маҳсулоти Қазоқистон ба бозори Тоҷикистон амалӣ менамоянд. Ба хусус, намояндагиҳои зерини ширкатҳои Қазо­қистон  фаъолияти хуб доранд:

- ҶСП Казкомерсбонк Тоҷикистон;

- ҶТИ Қазоқистон (маҳсулоти тамоку);

- ҶСК Тексан Қазахстан (маҳсулоти электротехникӣ ва равшанидиҳанда);

- Ширкати Алина (иловагиҳои хушки сохтмонӣ ва маҳсулоти ранга);

- Корхонаи перноплекс Қазоқистон (маҳсулоти сохтмонӣ);

- Корхонаи Зерде сафолсоз (маҳсулоти сохтмонӣ);

- Гурӯҳи ширкатҳои галаксӣ (маҳсулоти алюминӣ барои сохтмон);

- Ширкати бузурги Тсесна (орд);

- Гурӯҳи ширкатҳои фурӯшандаи гандум (маҳсулоти хӯрока, гандум ва орд);

- Сармоягузорони Қазоқ (ҶСК Бейбарс ва Ко) дар ҶСП “Оби зулол” саҳмдори асосӣ (65%) мебошанд[17];

- ҶСК “Суғд” Пак, истеҳсоли халтаҳои пластикӣ.

  20 апрели соли 2017 дар Душанбе форуми тиҷоратии соҳибкорони ду кишвар баргузор гардид, ки бо дастгирии ширкати миллии Казахинвест ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда буд. Дар ин маъракаи муҳим 30 ширкати истеҳсолкунандаи маводи хӯрока, масолеҳи сохтмонӣ, мошинсозӣ, бастабандӣ, дорусозӣ ва маҳсулоти кимиёвӣ иштирок намуданд. Дар гуфтушунидҳои рӯ ба рӯ беш аз 100 ширкатҳои тоҷикистоние, ки ба харидории маҳсулоти Қазоқистон ҳавасманд буданд, иштирок намуданд. Дар доираи сафари ҳайати тоҷирони Қазоқистон ба Тоҷикистон дар Душанбе вохӯрӣ бо роҳбарияти гурӯҳи ширкатҳои байналмилалии “Ашан” баргузор гардид, ки аз соли 2016 дар шаҳри Душанбе гипермаркети худро боз намудааст. Истеҳсолкунандагони маводи хӯрока маҳсулоти худро муаррифӣ намуданд ва дар натиҷа тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳоро ба роҳ монанд.

  Моҳи апрели соли 2017 дар Душанбе Ҷамъияти Саҳҳомии ширкати бимаи  Казахэкспорт байни истеҳсолкунандаи мошинҳои “Сари Арка автопром” ва холдинги “Азия групп Таджикистан”   шартнома дар бораи фурӯши 2000 адад мошин ( 1000 адад тамғаи “Peugeot” ва 1000 адад  тамғаи “JAC S3”) барои ниёзи парки  таксии шаҳри Душанбе  ба маблағи 24 млн. доллари ИМА  ба имзо расид. Дар моҳи июли соли ҷорӣ 55 адад мошини тамғаи  “JAC S3”  ба Тоҷикистон ворид карда шуд[18].

  27 июли соли 2017 дар шаҳри Душанбе маҷлиси якуми гурӯҳи корӣ оид ба зиёд намудани гардиши маҳсулот аз ҳар ду ҷониб муҳокима карда шуд. Тарафҳо ба ҳамдигар номгӯй ва намудҳои маҳсулотҳои содиршавандаи ҳарду тарафро пешниҳод намуда, ҳамчунин ҳуҷҷатҳоро дар бораи зиёд намудани гардиши мол то ба як миллиард   ба имзо расониданд.

  Ба муносибати 25 солагии соҳибистиқлолии  ҳар ду ҷумҳурӣ, яке аз кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд ба номи Чимкент номгузорӣ шуд. Хуҷанд ва Чимкент бародаршаҳр эълон карда шуд.

  20-23 марти соли 2017 бо даъвати ҳокими шаҳри Чимкент ва дастгирии сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари ҷавобии ҳайати шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Чимкент баргузор гардид. Натиҷаҳои маъракаҳои дар боло зикршуда нишон доданд, ки ба роҳ мондани чунин рафтуомадҳо муносибатҳои  байни минтақаҳои ҳар ду кишварро  боз ҳам тақвият бахшанд.

  Бояд ишора намоем, ки мардуми қазоқ дар рушди худ роҳи дуру дароз ва пурмашаққатро аз сар гузаронидаанд, ки дар рафти он  ба пастию баландӣ, пирӯзӣ ва мағлубиятҳо дучор гардидаанд.

  Пас аз соҳиб шудан ба истиқлолият Ҷумҳурии Қазоқистон ва тамоми мардуми он дар зери роҳбарии пешвои худ Назарбоев Н.А. бо кӯшиши зиёд ба сӯи ояндаи дурахшон ҳаракат менамоянд. Бо шарофати заҳматҳои Президенти кишвар, Қазоқистон дар муддати кӯтоҳ ба муваффақиятҳои бузург дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодӣ ноил гардид.

  Ташаббусҳои бунёдкоронаи Назарбоев Н.А. мавзӯи муҳокимаву таҳлил ва дастгирии ҳамаҷониба, ҳам дар сатҳи минтақа ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ қарор дода шуд.

  Бояд қайд намоем, ки халқи қазоқ дар мушкилтарин давраҳои таърихиаш, тоҷикистониҳоро дастгирии ҳамаҷониба менамуд. Бо назардошти муносибатҳои дӯстонаи таърихии Тоҷикистон ва Қазоқистон, ҳамчунин бо истифода аз имкониятҳои мавҷудбудаи ду кишвар мувофиқи мақсад аст, ки :

- Қазоқистон чун бузургтарин кишвари истеҳсолкунандаи гандум,  дар Тоҷикистон корхонаи муштараки давлатӣ оид ба коркарди гандум бунёд намояд;

- бо назардошти таҷрибаи зиёди Қазоқистон дар соҳаи саноати кӯҳӣ, ширкатҳои ин мамлакат ба истихроҷ ва коркади маъданҳои зеризаминии Тоҷикистон ҷалб карда шаванд;

- бо мақсади ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулот дар Тоҷикистон, ба хусус маҳсулоти кишоварзӣ ва ситрусӣ, ки он аз лиҳози сифат  ба ҳамаи талаботи экологӣ ҷавобгӯ мебошад, корхонаҳои коркард  бунёд намуда, маҳсулоти тайёр ба Қазоқистон   содир карда шавад;

- ба ҷамъияти қазоқҳои Тоҷикистон кумак ва дастгирии ҳамаҷониба расонида шавад;

- дар сатҳи давлатӣ аз нав  сайёҳӣ ба роҳ монда шавад.

  Мардуми хирадманди қазоқ ба илму фарҳанг таваҷҷуҳи зиёд доранд.  Шукуфоӣ ва пешрафти давлати Қазоқистон ба илм иртибот дорад. Ва дар ин бобат мутафаккири бузурги тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ фармудааст:

 Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм,

Қулфкушои ҳама дарҳост илм.

 

 Саримсаков Изатулло

ходими илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо

Раҳматуллоева Фарангис

Магистри курси 2-юми Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо 

 

[1] http://kazembro.kz/?kazakhstantype=istoriya&lang=ru

[2] http://www.mfa.kz/ru/hague/content-view/istoria-kazahstana

[3] http://www.mfa.kz/ru/hague/content-view/istoria-kazahstana

[4] Этапы казахско-джунгарскихвойн.Освободительная борьба казахов против джунгар XVII — середина XVIII вв

[5] https://articlekz.com/article/5343

[6] http://www.mfa.kz/ru/hague/content-view/istoria-kazahstana

[7] http://asia-travel.uz/kazakhstan/history/

[8] Назарбаев Н. А. Эра независимости. – Астана, 2017. – 34 стр.

[9] http://zerenda.gov.kz/content/kazahstan

[10] https://www.pwc.kz/en/publications/new-2017/silk-way-publication-rus.pdf

[11] http://www.zakon.kz/amp/4742280-n.nazarbaev-tadzhikistan-dlja-nas.html

[12] http://mfa.tj/?l=ru&cat=90&art=154

[13] http://news.tj/ru/node/214670

[14] Зафар Саидов. Основные тенденции внешней политики Республики Таджикистан на рубеже столетий (1992-2004 гг.). — Авасто, 2009. — С. 83. — 417 с

[15] https://www.kazpravda.kz/news/politika/kazahstan--tadzhikistan-20-let-bezuprechnoi-druzhbi/

[16] https://www.kazpravda.kz/news/politika/kazahstan--tadzhikistan-20-let-bezuprechnoi-druzhbi/

[17] http://www.mfa.kz/ru/dushanbe/content-view/ekonomiceskoe-sotrudnicestvo

[18] http://www.cis.minsk.by/news.php?id=7711

Хондан 81 маротиба