JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 04 Октябри 2023 12:10

Таносуби тафаккури динӣ ва илмӣ

Муаллиф: Абдухалилзода Кароматулло

 Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки тамоми дастоварду пешрафтҳои ҷомеаи инсонӣ на маҳсули тафаккури динӣ, балки маҳсули тафаккури илмист. Имрӯз агарчанде натоиҷи тафаккури илмӣ ҳатто барои кӯр айён буда, дар ҳамаи самтҳои ҳаёт ба таври воқеӣ бо чашм дида мешавад, новобаста ба ин, дар баъзе аз ҷомеаҳои мусулмоннишин  ҳанӯз пойбандӣ ва асорати на танҳо мардуми оддӣ, балки иддае аз зиёиён ба тафаккури динӣ сахт ба чашм мерасад. Хеле тааҷҷубовар аст, ки ашхоси дар банду баст ё завлонаи тафаккури динӣ афтода тамоми дастоварду натоиҷи  тафаккури илмиро дар ҳаёти амалии худ васеъ истифода менамоянд, лек боз дар ҳифзи тафаккури динии худ як истодагарии соддалавхонаро ба маъраз гузошта, моҳиятан ба муқобили тафаккури илмӣ мубориза мебаранд. Аз ин рӯ, аз як тараф, ҳадафҳои дурнамои рушди ҷомеа, аз тарафи дигар, заиф сохтани завлонаи асорати субъекти тафаккури динӣ водор менамояд, ки ба масълаи мазкур ҳамчун масъалаи мубрами ҷомеа бори дигар таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад.  

  Вожаи «тафаккур» зоҳиран ба ҳама маълум аст ва аз як нигоҳ,  зарурат ба шарҳу эзоҳ надорад. Аммо мундариҷа ва ҳадафи мақолаи мазкур таҳлилу баррасии онро дар сатҳи мафҳум предмети таҳқиқ қарор медиҳад. Тафаккур раванди фаъолияти мағзи сари инсон аст, ки дар ҷамъоварӣ намудани маълумот, таҳлилу таҳқиқ намудани ин маълумот ва таҷриду хулосабарорӣ намудан  аз ин маълумот моҳияти худро ифшо месозад. Яъне, тафаккур шакли олии маърифат намудани воқеияти инсонро иҳотанамуда ба ҳисоб рафта, василаи асосӣ ва боэътимоди роҳнамоии вай дар ҳаёт мебошад. Аз ин нигоҳ, вай танҳо ба инсон хос буда, унсури иловагии фарқкунандаи инсон аз ҳайвон маҳсуб меёбад. Зеро, агар ба таври муқоиса фаъолияти равонии мағзи сари ҳайвонро пеши назар оварем, вай тавассути инстинкт (хосияти табиатан додашуда) сурат мегирад. Яъне, сифатеро, ки дар ҳайвони калонсол мушоҳида менамоем, онро дар ҳайвони хурдсол низ мушоҳида карда метавонем. Аммо тафаккури инсонӣ вобаста ба сатҳи синну сол, рушди ақлонӣ ва самти тафаккур шомили хусусиятҳои хос буда, тағйир меёбад ва рушд мекунад. Дар робита ба хосиятҳои мазкур тасниф кардани он вобаста ба самти фаъолияташ ба тафаккури динӣ ва илмӣ хеле мубрам ва саривақтӣ мебошад. Ин мубрамият, бори дигар такрор менамоем, дар самти тафаккури ҷомеаҳои мутамаддин ва пешрафтаи имрӯза ва тафаккури ҷомеаҳои қафомонда, шахшудамонда ва хурофотии иддае аз кишварҳои мусулмоннишин ифода меёбад.

  Хусусияти асосӣ ва фарқкунандаи тафаккури динӣ эътиқод аст. Эътиқод чунин шакли бовар аст, ки исботро тақозо наменамояд. «Ҳақиқат»-и дар кӯдакӣ аз тарафи падару модар ё шахсияти муътабаре  дар зеҳн ҷой додашуда барои чунин шакли тафаккур ҳамчун роҳнамо хидмат менамояд. Ногуфта намонад, ки аллакай дар қарни 16 файласуфи шинохтаи англис Френсис Бэкон чунин шакли маърифати воқеиятро чун бутҳои (шабаҳҳо) барои маърифати дуруст ва воқеӣ монеъшаванда арзёбӣ карда буд[1]. Мутаассифона, имрӯз дар қарни 21 низ дар ҷомеаи мо пойбандии ҷиддӣ ба чунин анъанаҳои кӯҳна, шахшудамонда ва дар моҳияти худ хурофотӣ  ҳанӯз равшан ва васеъ ба мушоҳида мерасад. Яъне, ба ҷои ҳамқадами замон будан дар самти маърифат ҳанӯз ҳам мо кӯҳнапарастем.

  Таърихан зуҳури тафаккури динӣ аз даврони пайдоиши шаклҳои ибтидоии дин ба мушоҳида мерасад. Одами ибтидоӣ чун моҳияти марг ва хобу хоббиниро намедонист, ба ҳастии «мавҷуд»-и чун шабаҳ дар шуури ӯ пайдошуда ва ба ҳаёти ӯ таъсиргузор бовар намуд. Яъне, барои дарёфти робитаҳои сабабию натиҷавӣ тафаккури динии ҳамонвақта танҳо ба ҳамон андозаи таъиншуда сайр мекарду халос. Набудани маълумоти муътамад  пеши роҳи сайри тафаккур ва диди ҳақиқатро боздошта буд. Баъдан вобаста ба пешрафти ҷомеа ва гуногунии тарзи зиндагӣ дар пайдоиши навъи эътиқод саҳми манфиат низ нақшгузор гардид. Фазои сайри тафаккукр тадриҷан васеъ шудан мегирад. Одами ибтидоии шикорро ёдгирифта аввал сурати ҳайвонро дар ғор кашида, ба он тир меандохт, баъдан ба шикор мерафт. Аборигенҳои Австралия бештар ҳамон навъи ҳайвонро тотем қарор медоданд, ки аз он манфиат доштанд. Дар Мисри қадим шоҳ Аменхотап ба хотири мутамарказ намудани даромад номи худро ба Эхнатон табдил сохт. Дар Бобули қадим низ маҳз ба хотири манфиат шоҳ худои Мардукро, ки  худои танҳо шаҳр буд, ба худои тамоми кишвар мубаддал гардонд. Арабҳои то исломӣ он бутеро, ки баъди ибодат ҳоҷати онҳоро бароварда намесохт, мешикастанд[2]. Пайғамбари ислом Муҳаммад аз ҳамқабилаҳои худ талаб кард, ки «Ло илоҳа иллаллоҳ» гӯед, тамоми араб ба шумо тобеъ ва аҷам ба шумо хироҷгузор хоҳанд буд[3].  Баъди ғалабаи дини ислом дар Хуросону Мовароуннаҳр баъд аз бардоштани андозҳои вазнин раванди мусулмоншавӣ, ба қавли дигар, ивазшавии номи Аҳурамаздо ба Аллоҳ  тезтар сурат гирифт. Аз ин рӯ, «забони манфиат»[4], ки дар таърихи инсоният дар ҳаёти сиёсии ӯ ҳамеша вуҷуд дошт, дар ҳаёти динии ӯ низ вуҷуд доштааст ва имрӯз низ вуҷуд дорад.   

  Ҳамин тавр, агар фазои сайри  тафаккури диниро зимни ҳалли ҳар гуна масоил - хоҳ табиӣ, хоҳ ҷамъиятӣ таҳқиқ карданӣ шавем, ба хулосае хоҳем омад, ки моҳиятан тафаккури динӣ дар ин самт шомили сайри назаррасе  набуда, бо иродаи мавҷуди фавқуттабиа сайри худро ба анҷом мерасонад. Чунин навъи тафаккур робитаҳои сабабию  натиҷагиро то ба ҳамон андозае мебинад, ки муҳити ин тафаккурро офарида мебинад.  Яъне, ҳар чӣ қадар ба умқи таърих нигарем, ба ҳамон андоза мо он робитаҳоро соддалавҳона мебинем. Ва ҳар ҷӣ қадар ба даврони нав назар андозем, вижагиҳои фарҳанги  даврони мазкурро, хоҳ дар кутуби муқаддас - хоҳ дар гуфтаи бузургони ин дин мо мушоҳида мекунем. Яъне, муҳити маънавӣ-фарҳангии китоби муқаддасро офарида барои тафаккури динӣ дар солҳои минбаъда, мутаассифона, ҳатто баъди 1500 сол низ меъёр қарор мегирад. Ба қавли дигар, китоби муқаддаси меъёр қароргирифта сайри фазои тафаккурро маҳдуд менамояд. Аз ин нигоҳ, метавон гуфт, ки тафаккури динӣ дар ҳамаи давру замон аз озодӣ маҳрум аст. Вай пойбанд ва асири меъёрҳо ва муқаррароте мебошад, ки чуноне зикр гардид, маҳсули зеҳни замони пайдоиши китоб аст. Дуруст аст, ҷо-ҷо мо сайрҳои дуртари тафаккури диниро мушоҳида мекунем, аммо он ҳам аз ҳудуди муайяншуда убур намекунад. Масалан, Абулҳасани Ашъарӣ доир ба сифоти Аллоҳ бо ақлгароёни ҷараёни  муътазила баҳс намуда, ахиран ба кӯчаи сарбаста афтод ва баҳсро бо «било кайфа» (бидуни чӣ гуна) ба анҷом расонд[5]. Яъне, дар тафаккури динӣ пеши роҳи ақл баста аст. Аз ин нуқтаи назар, тафаккури динии дар заминаи меъёрҳо ва арзишҳои қадима фаъолияткунанда на танҳо барои пешрафти ҷомеа мусоидат наменамояд, балки кишану завлонаи воқеии рушди ҷомеа мебошад.

  Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи тафаккури динӣ дар ҷомеаҳои пешрафта тазод дар табиати хеш аст. Субъекти тафаккури динӣ дастоварду пешрафтҳои тафаккури илмиро ба хубӣ мепазирад. Аммо пойбандӣ ба бандубастҳои меъёру муқаррароти динӣ ӯро водор менамояд, ки чун буқаламун дар байни дину илм бо ҳар ранг ҷилва намояд. Дар робита ба чунин тарзи муносибат дар Қуръон омадааст: «Оё ба порае аз Китоб имон меоред ва ба порае кофир мешавед? Пас, ҷазои касе, ки аз шумо чунин кунад, ба ҷуз хорӣ дар зиндагонии дунё чист? Ва дар рӯзи қиёмат ба сӯи сахттарин азоб гардонида шаванд» (Бакара, 2:85). Тазод дар табиати субъекти тафаккури динӣ дар он ифода меёбад, ки вай илмро рад карда наметавонад, чун аз дастовардҳои он васеъ баҳра мебарад. Ҳамзамон вай наметавонад аз муқаррароти динӣ рӯ гардонад, зеро онҳо чун завлонаҳои оҳанини замони крепостноӣ дасту пою бинии ӯро  мефишоранд.  Аз ин сабаб, бидуни тардид метавон арз дошт, ки барои тафаккури динии ҷомеаҳои  пешрафта дар ҳамаи шакли зуҳури он дурӯғбофӣ ва бо либоси «илмӣ» ба муҳити нави иҷтимоӣ мутобиқшавӣ хос мебошад. Кӯшиши чунин дурӯғбофиҳо конкордизм (мутобиқсозии таълимоти динӣ ба дастовардҳои илмии замони муосир) номида мешавад. Мисоли чунин конкордизм асосноккунии қуръонии назарияҳои илмии аз об пайдо шудани ҳаёт, аз нутфа тавлид шудани инсон, назарияи «Таркиши бузург» ва амсоли инҳост. Масъалаи аз об пайдо шудани ҳаёту аз нутфа тавлид шудани инсон ба аҳли башар пеш аз ислом низ маълум буд. Масъалаи пайдоиши олами ҳастӣ бо такя ба назарияи «Таркиши бузург» ва таълимоти Қуръон доир ба ин масъала тибқи ояти 30 аз сураи «Анбиё» бо ҳам ҳеҷ умумияте надоранд. Чунин кӯшишҳо умри дароз надошта, тез қатъ мегардад. Барои бепоягии чунин кӯшишҳо танҳо таъкиди чунин нукта кифоя аст, ки вожаи «Осмон», ки дар китобҳои динӣ васеъ истифода мегардад, дар илм дучор намешавад, зеро дар илм ҷирме бо чунин ном вуҷуд надорад.    

  Ҳамин тариқ, ҳама гуна кӯшишҳои дар тафаккури динӣ ҷустуҷӯ намудани илм орӣ аз мантиқ мебошад, зеро табиати навъҳои тафаккур - динӣ ва илмӣ хилофи ҳамдигар буда, субъектҳои ин ду навъи тафаккурро дар мавқеъҳои муқобили ҳам қарор медиҳад.  

  Чуноне ки зикр гардид, барои муаррифӣ намудани табиати тафаккури илмӣ зарурате нест, чун ҳар лаҳзаву ҳар сония мо маҳсули онро бо чашм мушоҳида менамоем. Ҳар пешрафту рушд, ҳар навъ беҳии зиндагие, ки имрӯз башарият дорад ва аз он дингароён ва пойбандҳои тафаккури динӣ бидуни андеша васеъ истифода менамоянд, натиҷаи тафаккури илмист. Аммо ба хотири бештар огоҳ гардидан бо моҳияти тафаккури динӣ бо такя ба усули шинохт тавассути ҷониби муқобил муаррифӣ намудани моҳият ва табиати тафаккури илмӣ аз манфиат холӣ нахоҳад буд.   

  Тафаккури илмӣ чунин навъи тафаккур аст, ки фаъолияти худро доир ба маърифати олам дар заминаи меъёрҳо, талаботҳо ва дастовардҳои илмӣ ба роҳ мемонад. Барои бештар равшан намудани  матлаби баёнгардида ба таърифи «илм» рӯ меорем: «Илм шакли фаъолияти маънавии одамон аст, ки барои ҳосил намудани дониш дар бораи табиат, ҷамъият ва худи тафаккур нигаронида шудааст ва ҳадафи бевоситаи он дарёфти ҳақиқат ва  кашфи қонунҳои объективӣ дар заминаи хулосагирӣ  намудан аз фактҳои воқеии дар робитаи байниҳамдигарӣ қарордошта ба хотири пешбинӣ намудани тамоюлҳои инкишофи воқеият ва мусоидат кардан ба тағйири он маҳсуб меёбад»[6].  Дар таърифи мазкур чор ҷанбаи хеле муҳим ва фарқкунандаи илм, ки дар дин вуҷуд дошта наметавонанд, равшан ҳис карда мешавад. Аввалан, илм дониш дар бораи табиат, ҷамъият ва тафаккур аст. Сониян, ҳадафи илм дарёфти ҳақиқат ва кашфи қонунҳои объективона вуҷуддошта аст. Солисан, ин дониш, ин ҳақиқат ва ин кашфи қонунҳо бояд дар заминаи фактҳои сершумори воқеӣ вуҷуддошта ва дар робитаи байниҳамдигарӣ қарордошта бояд ба даст оварда шавад. Чаҳорум,  пешбинӣ намудани тамоюлҳои инкишофи воқеият ва мусоидат кардан ба тағйири он. Қобили зикр аст, ки ҳар чор ҷанба ба манфиати инсон дар ҳаёти воқеии ӯ дар рӯи замин нигаронида шудаанд. Аз ин рӯ, дар тафаккури илмӣ чор ҷанбаи баёншуда шоҳсутун маҳсуб меёбанд. Ба таври мухтасар илмро метавон маҳсули донишҳое арзёбӣ намуд,  ки ҳақиқати он тавассути таҷриба собит мегардад. 

  Ғайр аз чор ҷанбаи баёнёфта илм шомили баъзе хусусиятҳои муҳим ва бунёдинест, ки ба таври иловагӣ онро аз дин ва тафаккури динӣ фарқ менамоянд. Аввалин хусусияти илм, ки чун ҳадаф муайян мегардад, кашфи қонунунҳои воқеият – табиат, ҷамъият ва тафаккур аст. Илм бояд ба моҳияти ҳаводиси омӯхташаванда ворид шуда, хусусияти муҳим, умумӣ ва аввалиндараҷаи онҳоро ошкор гардонад ва онро бо мафҳумҳо ифода намояд.  

  Хусусияти дигари муҳими илм системанок будани вай аст. Яъне, илм аз маҷмуи факту донишҳои бо ҳам алоқаманд, ҳамдигарро тақвиятдиҳанда ва ҳамчун як назарияи том амалкунанда иборат аст. Дар ҳолате, ки дин аз маҷмуи маълумотҳои берабту низом мураттаб гардидааст. 

  Ҳусусияти дигари илм объективона вуҷуд доштани мундариҷаи он аст. Мундариҷа ва ҳақиқати илмӣ аз хоҳиш ва иродаи шахс вобастагӣ надорад, дар ҳолате, ки мундариҷаи дин хусусияти субъективӣ дошта,  сатҳи донишу маълумоти диндор онро муайян менамояд.

  Барои илм таҳлилу тадқиқ ва дарёфти донишҳои нав дар бораи воқеият хос аст, дар ҳолате, ки дин аз ин сифат орӣ буда, ҳама гуна талошро дар ин самт мамнуъ арзёбӣ менамояд. Ба таври мисол, агар «илм»-и калом, яъне илоҳиётро пеши назар оварем, касе гуфта наметавонад, ки вай аз қуруни вусто то имрӯз ба чӣ андоза пешрафт кардааст. Ҳама гуна андешарониҳо дар дин дар болои як нукта чарх задан мегиранд, дар ҳолате, ки дар илм пешрафту дастовардҳо пайваста сурат мегиранд ва дар ин замина далелу бурҳони нав ироа мегардад.

  Барои илм хусусияти муҳим ва аввалиндараҷа исбот гардидани ҳақиқати илмӣ  тавассути таҷриба бо истифода аз олоти мухталиф ва муосири техникист, дар ҳолате, ки дин аз чунин сифат пурра орӣ буда, ҳақиқатро танҳо дар кутуби муқаддас мебинад. Яъне, илм дар фаъолияти худ ҳама гуна шубҳаро дар ҳақиқати хеш рафъ месозад, дар ҳолате, ки шубҳа пайваста дунболагири дин аст. 

  Хусусиятҳои баёнгардидаи илм ҳамзамон сифати ҷудонашавандаи тафаккури илмӣ буда, мақоми афзалиятнок, манфиатбахш ва ояндадор будани онро дар муқоиса бо тафаккури динӣ нишон медиҳанд. Аз ин рӯ, ҳама гуна даъвои илмияти субъекти тафаккур тақозо менамояд, ки вай дар самти мазкур устувор, пайгир ва собитқадам бошад.

 

Абдухалилзода Кароматулло

диншинос

[1] Таърихи фалсафа. – Душанбе:  «Собириён», 2011. С.278.

[2] Абдулҳусайни Зарринкуб.. Таърихи Эрон баъд аз ислом.Чопи даҳум. Теҳрон.1383. Ҷилди 3. С.8.

[3]Абуҷаъфар Муҳаммад ҶаририТабарӣ. Таъриху-р-русули ва-л-мулук. (Иборат аз 16 ҷилд дар 8 китоб). Мутарҷим Абулқосими Поянда. Китоби 2, иборат аз ҷилдҳои 3,4. Душанбе – 2014. С. 790-791; Муҳаммад Ҳусайни Ҳайкал. Зиндагонии Мухаммад (с), ҷилдҳои 1-2 ((нашри сеюм).Тарҷумаи Абулқосими Поянда. –Душанбе: Русская литература, 2018. С. 170; Сафийюрраҳмон Муборакпурӣ. Гулшани таърих. Душанбе – 2004, С 89; Сафиюрраҳмон Муборакпурӣ. Сираи расули акрам. Тарљумаи «Раҳиқ-ул-махтум». Бе.с/н. С. 163.

[4] Ятимов С.С. Эҳёи миллат – бақои давлат. Душанбе, 2023. С. 3.

[5] Абулҳасани Ашъарӣ. Ал-ибона ан усул-ид-диёна. Бе с/н. саҳ. 11.

[6] Кохановский В.П. Основы философии науки. _Ростов н/Д: Феникс, 2005. С. 25.

Хондан 1522 маротиба