JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 02 Октябри 2023 08:58

Намоишгоҳи расмҳои нави Далер Миҳтоҷев дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони "Дастархони сурх"

Муаллиф: Абдулоева Гулнозахон

  9 майи соли 2023 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоишгоҳи навбатии асарҳои рассоми маъруфи тоҷик Далер Миҳтоҷев баргузор гардид. Намоишгоҳ, ки беш аз 140 асари муаллифро дар бар мегирифт, дар се толори осорхонаи миллӣ  барои намоиш ҷойгир карда шуд. Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ намояндагони ҷомеаи пойтахт, ходимони фарҳанг ва санъат, ҳамкорони Д.Миҳтоҷев, меҳмонони хориҷӣ, сайёҳон, намояндагони воситаҳои ахбори омма, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ иштирок карданд.

Хондан 1288 маротиба