JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 21 Сентябри 2023 06:14

Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ - қадами устувор дар раванди ҳамкориҳои минтақавӣ

Муаллиф: Нусратулло Зокирзода

  Дар таърихи 13-15 сентябри соли 2023 шаҳри Душанбе мизбони як қатор чорабиниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву илмии намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ буд. Дар давоми ин рӯзҳо, Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, Форуми ректорони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамоишҳои илмии ниҳодҳои илмии кишварҳои минтақа ва даҳҳо форуму ҳамоишҳои иқтисодиву фарҳангӣ баргузор гардиданд. Пеш аз ҳама, баргузории чунин чорабиниҳои муҳим, ки бо иштироки намояндагони кишварҳои минтақа баргузор мегардад, гувоҳ аз рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди кишварҳои минтақа мебошад.

  Дар рафти Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, асосан панҷ ҳуҷҷати муҳим қабул гардид, ки фарогири масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ ва дигар масъалаҳои муҳимми сатҳи минтақа буданд.

Гарчанде, ки дар ҳамоиши мазкур масъалаҳои матраҳгардида хело ҳам калидӣ буданд, вале дар он тамоми масъалаҳои минтақа аз он ҷумла сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, илму маориф ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд,  аз он ҷумла:

Доир ба масъалаи амнияти минтақа, сарони кишварҳо барои пешгирии таҳдиду хатарҳои экстремизму терроризм махсусан дар байни ҷавонон изҳори нигаронӣ намуда, вобаста ба он бурдани мубориза ҳам дар сатҳи кишварҳо ва ҳам дар сатҳи минтақа ба таври дастаҷамъонаро пешниҳод намуданд. Инчунин дар мавриди буҳрони Афғонистон ва таъсиси ҳукумати фарогир бо дар назардошти манфиатҳои ҳамаи минтақаҳо ва халқу миллатҳои ин кишварро арзёбӣ намуданд. Воқеан масъалаи  Афғонистон, яке  аз масъалаҳои  доғ  ва  буҳронӣ  барои  худи ин кишвар  ва  минтақа  ба шумор  меравад. Чуноне Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи  таъмини  амниятро барои  кишварҳои  минтақа  зарурӣ  шуморида, зимни суханронӣ дар ин ҳамоиш қайд намуданд: «Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки омили амният муҳимтарин шарти татбиқи бомуваффақияти нақшаву амалҳои созандаи мост».

Вобаста ба таҳкими дӯстиву ҳамҷавории нек дар ҳамоиш ҳуҷҷати муҳим қабул гардид, ки Изҳороти якҷояи сарони давлатҳои Осиёи Миёна буд, ки дар асоси он тамоми масъалаҳое, ки дар сатҳи минтақа ба амал меоянд, танҳо бо роҳи сиёсӣ ва дипломатӣ бо эҳтироми манфиатҳои якдигар ҳал карда мешаванд.

Бояд қайд кард, ки аз ҷониби Президенти Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки дар сатҳи минтақа Ассосиатсияи ВАО-и кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шавад. Ин аз он сабаб аст, ки ВАО яке аз ниҳодҳои муассири замони муосир ба шумор меравад.

Ҳамзамон бояд қайд кард, ки ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷомеаҳои кишварҳо ба шумор мераванд ва сафарбар намудани онҳо ба ҳаёти созанда, аз ҷумлаи талаботи замони муосир мебошад. Дар ин замина, ҳуҷҷати сеюм, ки дар ҳамоиши сарони кишварҳои минтақа қабул гардид дар бораи сиёсати кор бо ҷавонон буд. Ин ҳуҷҷат ба он далолат мекунад, ки бояд роҳҳои пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва дохил шудани онҳо ба ҳаёти ҷамъиятӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварҳо андешида шаванд.

Дар мавриди масъалаҳои иқтисодӣ бошад чунин пешниҳод гардид, ки минтақа ҳамчун минтақаи озоди савдо эълон карда шуда, монеаҳо дар асоси санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ бартараф карда шаванд, ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ таҳким бахшида шаванд, созишнома дар бораи нақлиёт ва транзит таҳия карда шавад. Дар ин замина бояд барномаҳо оид ба долонҳои манфиатовари нақлияётӣ таъсис дода шаванд, ки барои баромадан ба бозорҳои кишварҳои Чин, Осиёи ҷанубӣ, Шарқи Наздик ва аврупоӣ бо истифода аз тарофаҳои судманд бошанд. Инчунин масъалаҳои ташкили платформаи ҳамгирошудаи рақамӣ барои ҳамлу нақли байналмилалӣ низ баррасӣ гардид. Вобаста ба ҳамин масъала дар вохӯрии сарони кишварҳои минтақа ҳуҷҷати рушд ва таҳкими роҳи заминӣ дар ҳудуди кишварҳои минтақа қабул гардид. Ин ҳуҷҷат барои он мусоидат менамояд, ки роҳҳои байни кишварҳо ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ бошанд ва инчунин савдои дохилӣ дар байни кишварҳои минтақа тавассути ҳамлу нақли заминӣ рушд намояд. Вобаста ба ин аз ҷониби Сарвари кишвари мо пешниҳод гардид, ки мо бояд «тарҳҳои калонҳаҷми нақлиётӣ-инфрасохториро мавриди татбиқ қарор диҳем. Тоҷикистон барои рушди ин соҳа ва табдили кишвар ба минтақаи мусоиди транзитӣ тамоми кушишҳоро ба харҷ хоҳад дод».

Ҳамзамон таъкид гардид, ки барномаи минтақавии комплексӣ оид ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, таъсиси марказҳои савдои назди сарҳадӣ, таъсиси платформаи савдои электронӣ, ба роҳ мондани барномаҳои алоҳидаи минтақавӣ оид ба рушди соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ ба роҳ монда шавад.

Яке аз масъалаҳои муҳим, ки дар ин нишаст баррасӣ гардид масъалаҳои дигаргуншавии иқлим, об ва энергетика буд. Чунин таклифҳо пешниҳод гардид, ки ҳамкориҳо дар ин самт танҳо ба нафъи ҳаёти бомароми иҷтимоӣ ва иқтисодии кишварҳои минтақа хоҳад буд.

Дар муносибат оид ба масъалаҳои фарҳангӣ ва илм низ пешниҳодҳо дар вохӯрии сарони кишварҳо садо доданд. Аз ҷумла қайд гардид, ки минтақаи Осиёи Марказӣ қаламрави бузурги илмиву фарҳангӣ буда, таърихан дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоштааст. Имрӯз бояд он мероси бузурги маънавии халқу миллатҳои минтақа ҳифз ва арзёбӣ шаванд, ки қадами устувор дар муқобили таҳдидҳои ҷаҳони муосир аст.

Инчунин  дар  вохӯрии сарони кишварҳои  минтақа ҳуҷҷати  дигар, дастурамал дар бораи кори Шӯрои ҳамоҳангсози миллӣ оид ба вохӯриҳои сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ қабул гардид, ки як ниҳоди ҳамоҳангсоз бояд таъсис дода шавад, ки омӯзиши иҷрои масъалаҳои матраҳгардидаро таҳлил намуда, барои фаъолияти минбаъда пешниҳодҳоро ироа намояд.

Ҳуҷчати панҷум, ки  дар  раванди  ин  ҳамоиши  сатҳи  баланд қабул гардид, харитаи роҳ оид ба таҳкими ҳамкориҳо дар самти тандурустӣ ва некуаҳволӣ барои солҳои 2022-2025 буд.

          Ҳамин тариқ, Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барои рушди муносибатҳо ва ҳамкориҳои байнидавлатӣ такони ҷиддие дод. Кишварҳои минтақа дар солҳои охир фаъолияти хуб барои рушди ҳамкориҳо нишон дода истодаанд. Баргузории чунин чорабиниҳо ба он шаҳодат медиҳад, ки дар оянда минтақаи Осиёи Марказӣ ба яке аз минтақаҳои амн, устувор ва аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта табдил хоҳад гардид. Чуноне Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: «Итминон дорам, ки Вохӯрии машваратии ҷашнии имрӯза боз як тасдиқи дигари иродаи устувори сиёсии мо барои таҳкими ҳамаҷонибаи ҳамкории байнидавлатӣ ба манфиати мардумони бародари мо хоҳад буд».

Ҳамин тариқ, масъалаҳое, ки  дар нишасти мазкур   баррасӣ  гардиданд, қадами таҳкимбахш дар рушди ҳамкориҳои  байнидавлатии кишварҳои  минтақа хоҳад буд. Бояд қайд кард, ки масъалаҳое, ки минтақаи Осиёи Марказиро фаро гирифтааст, ҳамчун зарурат кишварҳои минтақаро маҷбур месозад, ки ба он муносибати дастаҷамъона кунанд. Масъалаҳои амниятӣ асосан ба омилҳои дохилӣ ва берунӣ вобастагии зич доранд. Масъалаҳои ифротгароӣ, экологӣ ба омилҳои беруна ва баҳсҳои сарҳадӣ ва истифодаи об ба омилҳои берунӣ ва ҳам дохилии кишварҳои минтақа вобаста аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешбурди сиёсати хориҷии муваффақ яке аз пешоҳангони кишварҳои Осиёи Марказӣ нисбат ба масоили зикршуда мебошад. Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ боз  як  бори  дигар  исбот  намуд, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз  ибтидо то ба имрӯз бо кишварҳои минтақа дар асоси принсипи ҳамҷаворӣ, дӯстии мутақобилан судманд муносибатҳои байнидавлатиро  ба роҳ монда, оид  ба  масъалаҳои актуалии минтақавӣ  пешниҳодҳоро ироа  менамояд.

Инчунин нишасти мазкур нишон дод, ки кишварҳои  минтақа  қодиранд, ки масъалаҳои калидии  минтақавиро дар  якҷоягӣ  ҳаллу  фасл  намоянд. Ин  аз  он сабаб  аст, ки ин  кишварҳо таърихан зарфияти ҳамкориҳоро доранд ва имрӯз  онро танҳо метавон  такмил дод. Баргузории чунин нишастаҳо, вохӯриҳо ва  ё  аъзо  будан  дар  созмонҳои  минтақавӣ метавонад  барои  ҳамгироии кишварҳои минтақа  ва  рушди  ҳамкориҳои  мутақобилан  судманд кӯмак  намояд.

Нусратулло Зокирзода

номзади илмҳои фалсафа

Хондан 1329 маротиба