JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 18 Октябри 2021 04:36

Аҳамияти омӯзиши таҷрибаи иқтисодии кишварҳои муваффақ барои кишварҳои рӯ ба рушд

Муаллиф: Меҳр Собириён

  Омӯзиши таҷрибаи дигарон суръати ҳаракати моро баланд мебардорад. Дар пайраҳае, ки мо бояд пеш равем, дигарон пештар аз мо ҳаракат кардаанд ва ҳар хатое, ки дар ин ҷода доштанд, барои мо дарси ибрат буда метавонад. Яъне, такрор накардани хатоҳои онҳо ва пешопеш огоҳ будан аз баъзе мушкилоти мавҷуда дар пайраҳаи мазкур имкон медиҳад, ки вақту маболиғи зиёде сарфа шавад. Ё дар мисоли кишварҳои номуваффақ мо метавонем донем, ки сиёсати иқтисодии онҳо чӣ камбудиҳое дошта буд ва мо онро такрор накунем.

  Дар замони муосир муҳимияти омӯзиши таҷрибаи кишварҳои дигар беш аз пеш афзудааст. Имрӯз муносибатҳои мутақобилаи фарҳангӣ, тиҷоратӣ ва амниятӣ миёни кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба роҳ монда шудааст ва ин омӯзишҳо роҳҳои мувофиқро барои такомул додани муносибат дар байни давлатҳо ва миллатҳои гуногун фароҳам меоварад. Кишварҳои қавӣ ва тараққикарда кишварҳои дигарро барои бозорёбӣ, дастрасӣ ба захираҳои табиии онҳо ва барои рушди туризм меомӯзанд. Кишварҳои рӯ ба инкишоф, дар баробари ин масъалаҳо, моделҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии кишварҳои пешрафтаро меомӯзанд, то аз таҷрибаи онҳо истифода карда, давлату миллати худро ба роҳи рушду шукуфоии устувор дароваранд. Ин мавзӯъ барои кишварҳои рӯ ба рушд, ки мехоҳанд кишвари худро дар баробари ҷаҳони мутараққӣ бубинанд, аҳамияти махсус дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам аз ҷумлаи ин кишварҳост ва омӯзиши таҷрибаи кишварҳои пешрафта ва истифодаи он дар рушду пешрафти мамлакат барои мо шарт ва зарур аст.

  Баъди муборизаҳо ва рақобатҳои зиёди низоми сармоядорӣ бо низоми сотсиалистӣ бартарияти аввалӣ ошкор шуд. Аксари кишварҳои блоки сотсиалистӣ ба иқтисоди бозаргонӣ гузаштанд ва боқимонда ба буҳронҳои гуногун гирифтор шудаанд. Аммо ин ба он маъно набуд, ки гузаштан ба иқтисоди бозаргонӣ ба худии худ як кишварро аз нигоҳи иқтисодӣ қавӣ мегардонад. Ин низом мушкилот ва бартариҳои хоси худро дорад, ки барои самаранок истифода бурдани он сиёсатҳои илман асоснок  ва мутобиқи замонро бояд рӯйи даст гирифт.

  Кишварҳое, ки дар чор даҳсолаи охир ба иқтисоди бозаргонӣ ва низоми сармоядорӣ гузаштанд, на ҳама муваффақ буданд. Ҳамчунин он кишварҳое, ки баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба истиқлол расиданд натавонистанд баробар рушд кунанд. Як қисми кишварҳо сиёсати дурустро ба роҳ монда, модели дурусти рушди иқтисодиро ҷорӣ карданд, ки дар натиҷа ҷаҳиши иқтисодиро соҳиб шуда, ба сафи кишварҳои пешрафта ворид гардиданд. Қисми дигари кишварҳо ин сарнавиштро надоштанд. Раҳбарони белаёқат ва хурофотӣ мардум нагузоштанд, то ислоҳоти бунёдӣ ва саривақтӣ дар ин кишварҳо ба роҳ монда шавад. Дар натиҷа чунин ҷомеаҳо танҳо бо суръати рушди технология дар сатҳи ҷаҳонӣ як пешравии нисбӣ доштанд, ки саҳми раҳбаронаш дар он ночиз буд. Аз ин рӯ, мавқеи ин кишварҳо нисбати кишварҳои дигар бетағйир боқӣ мондааст. Бо вуҷуди он ки пешравиҳое нисбати гузаштаи худро доранд, наметавон онро моли ҳукуматҳои онҳо гуфт.

  Дарки дурусти ҷойгоҳи кишвари худ, гузоштани ҳадафҳои мушаххас ҷиҳати ислоҳи вазъ, таҳия ва амалисозии сиёсати дуруст барои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда вазифаи ҳар як ҳукумати амалкунанда мебошад. Бе дарки ҷойгоҳи воқеии кишвар дар ҷаҳони муосир, эътирофи мавқеи аслии давлат дар сатҳи байналмилалӣ, шинохти омилҳои боздорандаи рушд ва барномарезиҳои илмбунёди давлатӣ аз ҷониби тасмимгирандагони аслии давлат ислоҳоти бунёдии таҳрикдиҳандаи ҷаҳиши иқтисодӣ ғайримумкин аст. Дар масоили иқтисодӣ муайян кардани нишондиҳандаҳои дуруст ва воқеӣ ва дар асоси он амал кардан хеле муҳим аст. Махсусан, кишварҳои кучак наметавонанд бо муқоисаи имрӯзу дирӯзи худ маҳдуд шуда, сиёсати иқтисодиро бетағйир гузоранд. Рушди босуръати кишварҳои кучак хеле бештар аз кишварҳое, ки бозори истеъмолии бузург доранд, ба бозори ҷаҳонӣ вобаста аст. Барои гузоштани ҳадафҳои мушаххас ҷиҳати ислоҳи вазъи иқтисодӣ муқоисаи ҷойгоҳи кишвар дар бозори ҷаҳонӣ, на фақат аз ҷиҳати замонӣ, балки дар муқоиса бо дигар кишварҳо шарт ва зарур аст. Танҳо дар чунин ҳолат имкон пайдо мешавад, ки сиёсати иқтисодии мувофиқ барои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда таҳия ва амалӣ шавад.

  Пас аз дарку эътирофи мавқеи иқтисодии кишвар дар бозори ҷаҳонӣ дар таҳия ва амалисозии сиёсати иқтисодӣ таҷрибаи иқтисодии кишварҳои муваффақ аҳамият пайдо мекунад. Омӯзиши пайраҳаи тайкардаи онҳо имкон медиҳад, ки сиёсати дурусттаре таҳия ва амалӣ карда шавад. Албатта, ин ба он маъно нест, ки таҷрибаи кадом як кишвари дигар дар шакли бутун рӯбардор шавад. Ба қавли иқтисодшиноси шинохтаи ҷопонӣ Кеничӣ Оҳно “таҷрибаи иқтисодии кишварҳои муваффақ бояд ҳамчун блокҳои сохтмоние ба назар гирифта шаванд, ки аз онҳо як бастаи сиёсати мувофиқ ба кишвари муайян, дар асоси принсипҳои интихобӣ, навсозӣ, омезиш ва тақвиятдиҳӣ, таҳия карда мешавад. Аз пазириши хатарноки моделҳои хориҷӣ бе омӯзиши систематикии вазъияти кишвар дурӣ бояд ҷуст”[1]. Нақши як раҳбари қудратманд ва огоҳ дар амалисозии чунин ҳадафҳо хеле барҷаста аст. Махсусан, дар кишварҳои шарқӣ, ки дар аксар ҳолат ислоҳот боусули аз боло ба поён самарабахш будааст. “Як раҳбари кишвар ба ҷойи алоқаманд будан ба нуфузи шахсӣ ё анбошти сарват, бояд омодагии ҷиддӣ ва шавқу шӯр ва ҳамчунин боварии воқеӣ ба самаранокӣ ва бартарии давлати худро дошта бошад. Ӯ бояд аз зиракии сиёсӣ ва шабакаҳои кофӣ, камолот ва назми фардӣ, тавоноии фикрӣ ва амалгароӣ бархӯрдор бошад. Як раҳбари олӣ бояд шахсан ба сиёсатҳои авлавиятдори як миллат сарсупурда бошад ва аз қудрат ва иқтидори комили худ барои татбиқи онҳо истифода кунад”[1]. Бинобар ин, дар ҷаҳони пуррақобати имрӯз наметавон бе сиёсати кадрии дуруст ва ҷалби мутахассисони варзидаву меҳанпараст ва ба роҳ мондани сиёсати ҳисобӣ ва системанок аз боло ба поён ба ислоҳоти бунёдӣ муваффақ шуд. Онҳо ҳастанд, ки манофеи миллиро ҳимоя ва вазъияти воқеиву ҷойгоҳи кишварро дар бозори ҷаҳонӣ дуруст муайян мекунанд ва нуқтазаъфҳоро расман эътироф мекунанд. Ин оғози ба роҳ мондани як сиёсати коршоями рушди иқтисодӣ мебошад, ки дар сурати дуруст идора кардани он ҷаҳиши иқтисодӣ ба даст меояд.

  Дар ҷустори “Ислоҳоти Мейҷӣ дар Ҷопон-намуна барои кишварҳои рӯ ба рушд” [5] , ки ҳанӯз тобистони соли 2018 мунташир шуда буд намунаи ислоҳоти муваффақро метавон дид, ки принсипҳои дар боло овардашуда аз ҷониби раҳбарияти он давраи Ҷопон иҷро карда шуда буданд. Ислоҳоти куллие, ки Ҷопон дар давраи Мейҷӣ гузарондааст, намунаи хубе барои ҳар кишвари шарқии рӯ ба рушд аст. Пеш аз ҳама омодагии қишри ҳукмрон барои гузаронидани ислоҳоти куллӣ, ки манфиати давлатро аз манфиатҳои шахсии худ боло медонад, метавонад раҳнамо барои дигарон бошад. Мушовирони Императори Ҷопон асосан ҳамон самурайҳое буданд, ки дар низоми пешина мақоми баланд доштанд, вале чун диданд, ки он низом ба бунбаст гирифтор шудааст ва Ҷопон наметавонад дар сатҳи ҷаҳонӣ манфиатҳои худро ҳифз кунад, даст ба ислоҳот заданд. Эътироф кардани ҷойгоҳи воқеии кишвари худ, гузаштан аз манфиатҳои шахсӣ ва ҷорӣ кардани тағйироти куллӣ оғози ислоҳоти муваффақонаи Ҳукумати Мейҷӣ буд, ки он роҳкор метавонад сароғози ислоҳоти дуруст дар ҳар кишвари ақибмондаи дигаре бошад. Тоҷикистон ҳам ин ҷо истисно нест. Наметавон бо таърифу тавсифи бепоёни “дастовардҳо” ҷойгоҳи воқеии як кишвари ақибмондаро дар ҷаҳони муосир боло бурд. Пеш аз ҳама ишқ бар Ватан ва номуси миллии ҷопониҳо буд, ки раҳбаронро ба шинохти дурусти вазъият ва дарки зарурати ислоҳоти куллӣ расонид. Баъдан ин раҳбарон дар тасмимгириҳои худ ба таассуб роҳ намедоданд ва агар як тасмими онҳо дар амал натиҷаи хуб намедод, онро дигар карда, аз пешниҳодҳои хирадмандонаи дигарон истифода мекарданд. Фарқ надошт он пешниҳод аз ҷониби кадом шахсият аст, онҳоро ба худиву бегона тақсим намекарданд. Агар дар ҳар кишвари дигаре раҳбарон ин вижагиро дошта бошанд, имконияти васеъ барои рушду пешрафтро хоҳанд дошт ва агар надошта бошанд, ояндаашон норавшан аст.

  Дар баробари омӯзиши таҷрибаи кишварҳои муваффақ тақрибаи кишварҳое, ки ба роҳи хато рафта, ба буҳронҳои беанҷом рӯ ба рӯ шуданд метавонад барои як кишвари дигар дарси ибрат бошад. Имрӯз бештари маълумот дар бораи чунин кишварҳои номуваффақ дастрасӣ мо ҳастанд. Ҷиддияти раҳбарияти як кишвар дар ростои ислоҳоти иқтисодӣ, шароит фароҳам меояд, ки таҷрибаи чунин кишварҳо низ омӯхта шуда, аз такрори хатоҳои онҳо саривақт ҷилавгирӣ карда шавад. Аз нуқтаи назари илм ҳеҷ инсоне ба истилоҳ “назаркарда” нест. Роҳе, ки барои мисол Ҷумҳурии Демократии Конгоро ба бероҳа бурд, дигаронро ҳам ба бероҳа хоҳад бурд. Набояд хатоҳои онҳоро такрор карда, интизори муъҷиза нишаст. Кеничӣ Оҳно дар мақолаи худ “Режими рушд ва тавсеаи сиёсӣ дар Осиёи Шарқӣ” нишон медиҳад, ки дар солҳои панҷоҳуми асри гузашта, маҷмӯи маҳсулоти миллии сарона дар кишварҳои африқоӣ аз кишварҳои Осиёи Шарқӣ болотар буд. Вале дар даҳсолаҳои баъдӣ сиёсатҳои иқтисодии мутафовит сабаб шуданд, ки ин нишондиҳандаҳо ба куллӣ дигар шаванд. Аввал кишварҳои Осиёи Шарқӣ бо Африқо баробар шуданд (даҳаи 1960-ум) ба баъд бо суръати баланд пешравӣ карда, саранҷом ин нишондиҳандаро нисбати кишварҳои Африқо зиёда аз ду баробар боло бурданд. Инро дар расми 1 дида метавонем. Омӯзиш ва муқоисаи сиёсати иқтисодии кишварҳои ин ду минтақа барои кишварҳои рӯ ба рушд, ба мисли Тоҷикистон, монанди харитае аст, ки расидан ба манзили муродро ба маротиб осон мегардонанд.

  Яке аз масъалаҳое, ки дар ҳоли гузариш ҳассосияти зиёд дорад ин ба канор гузоштани баъзе унсурҳои фарҳанги суннатӣ мебошад. Роҳкорҳои гузариш барои ҳар ҷомеа гуногун аст ва барои дастрасӣ ба як ҷаҳиши иқтисодӣ бояд ҳар кишваре мувофиқи мавқеи худ ислоҳоти фарҳангӣ дошта бошад. Гунар Мирдал иқтисоддони шведӣ, барандаи ҷоизаи иқтисодии Нобел дар соли 1975, муътақид буд, ки “то замоне сохтори фарҳангии як ҷомеа тағйир накунад ва пазирои мафҳумҳои нави тавсеа набошем, наметавонем ба ояндаи тавсеаи як кишвар умедвор бошем... Илмбоварӣ, инсонбоварӣ ва ояндабоварӣ вижагиҳои як сохтори фарҳангии муносиби тавсеа аст, ки метавонад масирро барои таҳаввулоти соири сохторҳо фароҳам кунад”(2). Муҳсин Зояндарӯдӣ иқтисоддони эронӣ, ки иқтибоси болои Мирдал аз мақолаи вай оварда шудааст, низ бовар дорад, ки “наметавон бо равишҳои суннатӣ ба тавлид ва касби даромад пардохт ва мебоист аз неруи офарандагӣ ва фикру навоварӣ ва омӯзиш дар дунёи муосир истифода кард”(2). Дар воқеъ мо бисёр кишварҳоеро мебинем, ки барои дастрасӣ ба рушди баландсуръат аз баъзе суннатҳои пешинаи худ даст кашиданд. Бинобар ин, ҳангоми баррасии мушкилоти рушди иқтисодӣ бояд масъалаҳои фарҳангӣ дар мадди назар гирифта шаванд. Ба ҷойи ғунҷондани мафҳумҳои нави иқтисодиву молиявӣ дар қолаби мафҳумҳои фарсудаи аз асрҳои миёна боқимонда, мебояд бевосита аз мафҳумҳои нав истифода кард. Масалан, бонкдорӣ як низоми нав буда, мафҳум ва қонуну қоидаҳои худро дорад. Дар чанд соли гузашта, дар пайравӣ аз таҷрибаи кишварҳои номуваффақи низоми динидошта, дар кишвари мо ба истилоҳ “бонкдории исломӣ”-ро ба роҳ монда истодаанд. Бо қабули қонун ва роҳандозии баъзе хизматрасониҳо, кӯшиш карда истодаанд, то мафҳумҳои диниро ба низоми бонкдории муосир дароваранд. Маълум аст, ки чунин коре шуданӣ нест. Мо таҷрибаи иҷозат додани мафҳумҳои динӣ дар сиёсатро дорем. Дидем, ки он ба чӣ анҷомид. Ҳоло айнан ҳамон таҷрибаро дар низоми бонкдорӣ такрор карда истодаем. Гумон намекунам, ки истифодаи мафҳумҳои куҳнаи "муҳораба" ва "маварруқ" низоми бонкдории моро беҳбуд бахшад. Ба назар мерасад, ки ин мафҳумҳо барои бартарӣ пайдо кардан дар бозор суйистифода мешаванд, ки онро ном рақобати носолим аст. Суйистифода аз эътиқоди мардум дар ҳеҷ шакле барои ҷомеа муфид нахоҳад буд. Мутаассифона, мафҳумҳои куҳнаи аз самармонда дар ҷомеаи муосири мо зиёд истифода мешаванд ва агар ислоҳи вазъ дар сатҳи давлатӣ осонтар бошад, дар сатҳи хонавода ва ҷамъият ба маротиб мушкилтар аст. Бо вуҷуди ин, барои аз худ кардани донишу технологияҳои муосир ин тағйирот ногузир мебошад.  Набояд фаромӯш кард, ки дар бозори ҷаҳонӣ рақобат шадид аст ва рӯз то рӯз шадидтар шуда истодааст. Танҳо ҷомеаҳое ба ин рақобат тоб меоваранд, ки бо донишу технологияи навтарин мусаллаҳ ҳастанд. Ин донишу технологияҳо бо мафҳумҳои нав сохта мешаванд, на бо ғунҷонидани мафҳумҳои нав дар қолаби танги мафҳумҳои куҳна. Муҳсин Зояндарӯдӣ дар ҳамон ҷо мегӯяд, ки “тавсеа иборат аст аз бозсозии комили як ҷомеа ба вижа аз дидгоҳи эҷоди ниҳодҳои тозае, ки мутаносиб бо басират ва андешаи муҳими ҷадид бошанд. Дар ҷараёни ин бозсозӣ ва ин ниҳодсозии нав тамаддуни тозае эҷод мешавад ва натиҷаи ба дастомада ҷомеаи тавсеаёфта аст”.

  Бе омӯхтан ва муқоисаи таҷрибаи кишварҳои дигар мутақоид кардани афроди тасмимгирандаи як ҷомеа бар ин ки кадом унсурҳои фарҳангӣ метавонанд монеи расидан ба аҳдофи тавсеа бошанд, хеле мушкил аст. Таҳлили муқоисавии кишварҳои гуногун барои мо равшанӣ мебахшад. Ба таври мисол вақте дар корҳои Кениҷӣ Оҳно муқоисаи раванди рушди иқтисодии кишварҳои Осиёи Шарқиро бо кишварҳои Африқо мебинем ба осонӣ метавонем хулоса кунем, ки кӣ роҳи дурустро интихоб карда ва кӣ ба роҳи хато рафтааст.

Расми 1. Муқоисаи ММД-и сарона дар ду минтақа

(бо арзиши доллари ИМА дар соли 1990 арзёбӣ шудааст)

  Ин донишманди ҷопонӣ дар тадқиқоти худ таҳаввулоти ба вуҷудомада дар кишварҳои муваффақи Осиёи Шарқиро, ки натиҷаи он рушди назарраси иқтисодӣ буд, пешкаши муҳаққиқон ва сиёсатмадорони дигар кишварҳо мегардонад. Дар баробари ин, дар китоби Дарон Асекмоглу ва Ҷеймс А. Робинсон “Чаро миллатҳо бозанда мешаванд” метавон таҷрибаи кишварҳои африқоиро дид. Маълум мешавад, ки ҷомеаҳои муваффақи Осиёи Шарқӣ дунболи фалсафаи гумроҳкунандаи “фарҳанги мо ба зоти худ надорад айбе” нарафта, дар фарҳангу ҷаҳонбинӣ ва шуури ҷамъии худ ислоҳоти назаррасе ворид карданд, ки заминаи рушду пешрафти босуръати онҳо гардид. Баръакси ин, аксари кишварҳои африқоӣ бо ҳамон фарҳангу сиёсати суннатӣ боқӣ монданд, ки саранҷом ақибмонда шуданд.

  Омӯзиши таҷрибаи иқтисодии кишварҳои муваффақ ва дар асоси донишҳои андӯхта ворид кардани ислоҳоти иқтисодиву фарҳангиву сиёсӣ заминаи ба вуҷуд омадани муҳити созгор ба рушду пешрафт мегардад. Рушду пешрафти иқтисодӣ ҳамеша барои ҳар ҷомеа ва барои ҳар ҳукумате дар ҳама давру замон аҳамияти зиёд дошт ва дорад. Дар чунин шароит ҳар фаъолияте, ки метавонад дар суръат бахшидан ба ин раванд кумак кунад, қобили дастгирист. Шарт ин аст, ки таҷрибаи кишварҳои муваффақ дар асоси принсипҳои интихобӣ, навсозӣ, омезиш ва тақвиятдиҳӣ омӯхта шуда, аз маҷмӯи ин додаҳо барои ҳар як кишвар бастаи ба он мувофиқ интихоб ва амалӣ карда шавад.

Меҳр Собириён

иқтисодшинос

  

Сарчашмаҳо

  1. Kenichi Ohno, “Learning from Best Practices in East Asia: Policy Procedure and Organization for Executing Industrial Strategies”, National Graduate Institute for Policy Studies (GRIPS), Tokyo, February 2011;
  2. Муҳсин Зояндарудӣ, “Зарурати мутолеоти ҷадид дар иқтисоди тавсеа”, Маҷалаи иқтисодӣ – моҳномаи баррасии масоили сиёсатҳои иқтисодӣ, шумораҳои 9 ва 10, саҳифаҳои 151-168, 2011;
  3. Kenichi Ohno, “The East Asian Growth Regime”, National Graduate Institute for Policy Studies (GRIPS), 2002;
  4. Warren Bass, “Book review: ‘Why Nations Fail,’ by Daron Acemoglu and James A. Robinson”, April 20, 2012.
  5. “Ислоҳоти Мейҷӣ дар Ҷопон-намуна барои кишварҳои рӯ ба рушд”, https://ravzana.ru/article/54
Хондан 979 маротиба