JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Иқтисоди миллӣ ва дурнамои он
(бардоштҳо аз Ҷаласаи Шурои олии иқтисодии Авруосиё дар остонаи 10-солагии таъсисёбии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё) Дар шароити ҷаҳонишавӣ рақобати иқтисодӣ дар бозори ҷаҳонӣ шадидтар мегардад. Кишварҳо кӯшиш мекунад бо ташкил кардани иттиҳодҳои иқтисодии минтақавӣ дар ин бозор ҷойгоҳи хешро мустаҳкам намоянд. Намунаи машҳури чунин иттиҳод Иттиҳоди Аврупо мебошад, ки тавонист маҳдудиятҳои тиҷоративу сиёсиро бардошта, ҳаракати озоди молу маҳсулот ва қувваи кориро дар дохили худ таъмин кунад. Ин шароит мавқеи кишварҳои аъзори Иттиҳоди Аврупоро дар ҷаҳони муосир на танҳо аз нуқтаи назари иқтисодӣ, балки фарҳангиву сиёсӣ боло бурд. Дар минтақаи мо низ созмони ҳамгироии иқтисодии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё даҳ сол боз вуҷуд дорад, ки ҳадафи асосии он ташкил намудани бозори ягонаи молу маҳсулот, энергетика ва меҳнат мебошад.
 (мулоҳизоте куллӣ дар заминаи пешрафтҳои Кореяи Ҷанубӣ) Дар заминаи омӯзиши таҷрибаи муваффақи рушди иқтисодии кишварҳои пешрафта, муаллиф раванди ислоҳот ва рушди Ҷумҳурии Корея дар давраи муосирро мавриди баррасӣ қарор додааст. Ҷиддияту сахткӯшӣ ва ҳадафмандии раҳбарони ин кишвар, аз аввали солҳои шастуми асри гузашта то имрӯз, ба омили асосии рушду пешрафти он табдил ёфтааст, ки барои дигар кишварҳои рӯ ба рушд намуна буда метавонад. Гузоштани ҳадафҳои мушаххас ва маҳдуд, ки имкони амалӣ кардани онҳо вуҷуд дорад, дуруст интихоб кардани шарикон аз бахши хусусӣ ва пайваста ислоҳот ворид кардан дар сиёсат, ҷиҳати мутобиқ сохтани шароити дохилӣ бо тағйирот дар сатҳи ҷаҳонӣ, аз вижагиҳои ҳукуматҳои ин кишвар дар давраи мавриди назар будааст. Онҳо тавонистанд муҳити кору сармоягузории хуберо нахуст барои ширкатҳои дохилӣ муҳайё созанд ва баъдан аз аввали солҳои 80-уми асри гузашта батадриҷ онро барои ширкатҳои хориҷӣ низ таъмин намоянд. Ин сиёсат рушди устувори Кореяи Ҷанубиро барои чанд даҳсола таъмин карда, онро ба гурӯҳи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид намуд.
Дар чанд даҳсолаи охир раванди ҷаҳонишавӣ дар соҳаи иқтисод, махсусан молияву сармоягузорӣ, суръати баландеро касб карда, тамоми ҷаҳонро дар бар гирифтааст. Дар воқеъ, ҳеҷ як кишваре наметавонад худро аз ин раванд канор гирифта, рушду пешрафти устувор дошта бошад. Сармоя, воситаҳои молиявӣ ва донишҳои нави технологӣ ҳамеша майл ба кишварҳое доштанд, ки дар онҳо муҳити мувофиқи сармоягузориву фаъолияти соҳибкорӣ вуҷуд дошта бошад. Дар рақобат барои дастрас кардани сармоя ва технологияҳои нав давлатҳои муосир иштироки фаъол дошта, мекӯшанд, ки дар дохили худ як муҳити бартаре созанд ва бо ҷалби сармояву технологияҳо аз саросари ҷаҳон ватани худро обод ва аҳолии онро дорову хушбахт созанд.
Саҳифа аз 1 то 13