(Мулоҳизоти куллӣ дар ҳошияи китоби Дарон Осимоғлу ва Ҷеймс Робинсон зери унвони “Чаро миллатҳо шикаст мехӯранд:решаҳои қудрат, шукуфоӣ ва фақр”) Рушду шукуфоии мамлакат ва дар заминаи он баланд бардоштани сатҳи зиндагонии мардум, орзуи ҳамешагии ҳар як давлатмард ва пажуҳишгар мебошад. Ин мавзуъ пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ мавриди омӯзиши бештар қарор гирифт ва то имрӯз китобу мақолаҳои илмии зиёде дар бораи ин ки чаро баъзе кишварҳо дар пайраҳаи рушд қарор гирифта, ҷойгоҳи худро дар ҷаҳони муосир пайдо мекунанд, вале кишварҳои зиёди дигар шикаст мехӯранд, таълиф шудаанд. Китоби олимони амрикоӣ Дарон Осимоғлу ва Ҷеймс Робинсон зери унвони “Чаро миллатҳо шикаст мехӯранд: решаҳои қудрат, шукуфоӣ ва фақр” аз ҷумлаи онҳост (муфассал таваҷҷуҳ шавад: Daron Acemoglu and James A. Robinson, “Why Nations Fail: The Origins of Power, Prosperity, and Poverty”, Crown Publishers, USA, 2012, 544 p)..