“Бо назардошти аҳаммияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод менамоям, ки саноаткунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад”. аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ кишварест, ки дорои захираҳои бузурги канданиҳои фоиданок ба ҳисоб рафта, дар қаъри кўҳҳои сар ба фалак кашидаи он сарватҳои нодири табиӣ нуҳуфтаанд. Тибқи маълумотҳои омории солҳои охирӣ тадқиқотчиён дар қаламрави мамлакат зиёда аз 600 конҳои канданиҳои фоиданок кашф шудаанд, ки дар онҳо зиёда аз 60 намуди ашёи минералӣ: тилло, нуқра, сурб, рўҳ, сурма, симоб, мис, қаълагӣ, сангҳои гаронбаҳову ороишӣ, намак ва дигар канданиҳои нодир маҳфузанд.