JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 17 Ноябри 2020 06:31

Муҳимият, хусусиятҳо ва заминаҳои гузариш ба иқтисодиёти инноватсионӣ

Муаллиф: Манучеҳри Давлаталӣ

  Дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва илмии аксарияти давлатҳо, аз он ҷумла, давлатҳои пасошӯравӣ рушди инноватсионӣ тайи чанд даҳсолаи охир ба масъалаи бениҳоят мубрам табдил ёфтааст. Баъзеи ин кишварҳо, иқидори истеҳсолӣ ва илмӣ-техникии худро нигоҳ дошта, аз содироти маҳсулоти нафтӣ даромади зиёд ба даст оварда, қисмати зиёди ин маблағҳоро ба фондҳои махсус барои наслҳои оянда сафарбар намуда, роҳҳои тараққиёти ояндаи худро муайян намуданд. Давлатҳои сатҳи тараққиёташон паст бошад, ба мушкилиҳои зиёде мувоҷеҳ гардиданд, ки мутаассифона ба гуруҳи ин кишварҳо, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мушкилии дохилии муқовимати шаҳрвандӣ дохил мешавад.

  Таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар охирҳои асри гузашта кишварҳои пешрафтаи дунё марҳилаи саноатиро тай намуда, бо тариқи таҳаввулот ба ташкили дараҷаи боз ҳам баланди рушди қувваҳои истеҳсокунанда – ташаккули низоми инноватсионии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ гузаштанд. Бо ин роҳ як қатор кишварҳои тараққикардаистода ба монанди Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҳиндустон, Бразилия, Қазоқистон ворид гаштаанд. Гузариш ба рушди сифатноки фаъолият ҷараёни умумиҷаҳонӣ ва кишварҳое, ки аз ин ҷараён берун мемонанд ҳамеша дар канораи иқтисодиёти ҷаҳонӣ маҳкум гардида, барои дигар кишварҳо таъминкунандаи ашёи хом ва қувваи арзони корӣ боқӣ мемонанд. Чӣ тавре таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, марҳилаи гузариш ба низоми инноватсионии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ҷараёни бисёр мураккаб, гуногунпаҳлӯ ва тӯлонӣ мебошад, ки шумораи зиёди субъектҳои муносибати бозориро дахл намуда, захираҳои калони молиявӣ, сармоягузорӣ ва вақти зиёдро талаб менамояд. Дар кишварҳои пешрафта ҷараёни саноатикунонӣ дар солҳои 70-уми асри гузашта ба анҷом расида, гузариши босуръат ҷиҳати ташкили заминаҳо барои ташаккулёбии модели инноватсионнии рушд оғоз гардид. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ин кишварҳо аз ҳисоби истеҳсоли молу хизматрасониҳои ба илм ва технология асосёфта, ташаккул меёбад. Гузариш ба модели инноватсионии рушд ба маҳдудияти сарчашмаҳои барқарорнашавандаи захираҳои табиат асос ёфта, зимни таҳқиқотҳои олимон – аъзоёни Клуби римӣ [1] исбот карда шудааст ва ба ақидаи онҳо, дар ояндаи дур барои фаъолияти муназзами ҳаёти инсон мушкилиҳои ҷиддиро ба вуҷуд хоҳанд овард. Мақсади ин ғоя аз он иборат аст, ки мушкилии мазкур то андозае ҳалли худро ёфта, як қатор омилҳои ҷараёни истеҳсолот ба дониш табдил дода шаванд. Зеро технологияи навтарин, маводҳои нав ва сарчашмаҳои нави энергия натиҷаи таҷассуми дониш мебошанд. Хусусиятҳои фарқкунандаи онҳо аз дигар омилҳои истеҳсолот аз он иборат аст, ки аввалан, онҳо манбаи тамомнашавандаи рушди иқисодӣ буда, баъдан, дар ҳар як давраи истеҳсолот арзишҳои нав ва зиёдро ба вуҷуд меоранд. Маҳз ба ҳамин хотир, ба моделҳои пешрафта диққати зиёд дода мешавад, ки онҳо суръати баланд ва сифатноки рушди иқтисодиро таъмин менамоянд. Бинобар ин, солҳои охир аксарияти кишварҳои пешрафта мақсад гузоштаанд, ки ба марҳилаи шашум, марҳилаи боз ҳам баланди технологӣ, ба натиҷаи нави донишҳо гузаранд. Ташаккули иқтисодиёти инноватсионӣ ин табодили пай дар ҳами илм ба қувваи бевоситаи истеҳсолкунандаи ҷамъиятӣ мебошад. Дар бораи табдили илм ба қувваи бевоситаи истеҳсолкунандаи ҷамъиятӣ, ҳамчун ҷараёни обеъктивии таърихӣ нахуст Карл Маркс дар мусаввадаҳои аввалини “Капитал” байён намудааст. «Инкишофи сармояи асосӣ, - навиштааст ӯ, - нишондиҳандаи он аст, ки то кадом андоза донишҳои умумии ҷамъиятӣ ба қувваи истеҳсолкунанда табдил ёфтааст…» [2].

  Ҷараёни табдили илм ба қувваи бевоситаи истеҳсолкунандаи ҷамъиятӣ як-чанд садсола идома ёфта, ҳангоми ба вуҷуд омадани як қатор кашфиётҳои бунёдӣ ба талаботи истеҳсолоти вусъатёфта алоқаманд гардид. Тақвияти алоқамандии илм бо истеҳсолот ба давраи табодулоти саноатӣ тааллуқ дорад. Дар ин давра, шумораи зиёди китобҳо ва маҷмӯи мақолаҳои илмӣ нашр гардида, таҳқиқотҳои зиёде бурда шудаанд. Бо вуҷуди ин, мубоҳиса доир ба ин масъала то ҳол идома дорад. Инноватсия дар давоми таърихи ташаккули инсоният пайдо шуда, категорияи хусусияти таърихидошта буда, марҳилаи навбатии таҳаввулоти рушди қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолӣ мебошад. Чи гунае, ки қайд карда шуд, рушди инноватсионӣ натиҷаи ҷараёни табдили илм ба қувваи бевоситаи истеҳсолкунандаи ҷараёни илмӣ-техникӣ ва табодулоти қатъии илмӣ-техникӣ мебошад. Иқтисодиёти инноватсионӣ ба дараҷаи баландтари рушди иқтисодӣ-иҷтимоии ҷамъиятӣ асос ёфтааст. Давраи мобайнии ин ҷараён низоми иқтисодӣ-иҷтимоии саноатӣ ва баъдисаноатӣ мебошад. Бешубҳа, асоси ҳамаи ин давраҳои рушд ҷараён ва таҳаввулоти илмӣ-техникӣ буданд. Баъзе кишварҳои манотиқи пасошуравӣ, хусусан Россия, Қазоқистон ва дигар кишварҳо барномаи дарозмуҳлати ташаккули низоми иқтисодӣ-иҷтимоии кишварҳои худро дар асоси инноватсия қабул намуданд. Дар робита ба ин, як қатор корҳои илмӣ ба вуҷуд омаданд, ки аз рӯи назария иқтисодиёти инноватсиониро ҳамчун марҳилаи алоҳидаи рушди ҷамъияти инсонӣ асоснок менамуданд. Ба муҳокимаи ин назарияҳо амиқ ворид намешавем, зеро ин мавзӯи таҳқиқи алоҳида мебошад, ҳаминро бояд қайд намуд, ки паҳлӯҳои назариявии масъала кайҳо таҳия шудааст. Дар бораи ҳалли амалии масъалаи мазкур бошад аз ҷониби кишварҳои номбаршуда, пеш аз ҳама, гап сари барқарор намудани сатҳи саноатии дар давраи ҳокимияти Шӯравӣ сохташуда меравад, ки дар солҳои аввали ба даст овардани истиқлолият нобуд шуда буд. Эҳтимолан сохторҳои давлатии Россия ва Қазоқистон марҳилаи саонатиро, ки кишварҳои тараққикарда кайҳо тай намудаанд, мехоҳанд онро бо суръати баланд паси сар намоянд. Чунин хоҳиш табиист, аммо аз дараҷаи кампонентҳои инфрасохтори инноватсионӣ, яъне рушди маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ ва технология, ин кишварҳо аз бунёди иқтисодиёти саноатӣ-инноватсионӣ хеле дур мебошанд.

  Дар баробари зикр намудани ҷараёни инкишофи қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷамъиятӣ, даврабандии таърихии инсоният (кишоварзӣ, саноатӣ, баъдисаноатӣ), каме ҳам бошад, оиди масъалаи саноатикунонӣ дар шакли тезис ибрози андеша бояд намуд. Табаддулоти саноатӣ, ки дар охири асри XVIII ва ибтидои асри XIX дар Англия оғоз ёфта буд, баъдтар дар дигар кишварҳои Аврупо ва ИМА вусъат пайдо намуда, боиси якбора афзоиш ёфтани шиддатнокии миқдори зиёди сармоягузорӣ, ба пайдоиши саноати мошинсозӣ ва суръати баланди ҳосилнокии меҳнат оварда расонид. Дар натиҷаи ин дигаргунии қатъӣ сатҳу сифати зиндагии мардум беҳтар гардид.

  «Дар Иттиҳоди Шӯравӣ рушди муосири иқисодӣ ба ҷараёни саноатикунонӣ ва коллективизатсиякунонии охири солҳои 20-ум ва аввали солҳои 30-юми асри гузашта алоқаманд мебошад. Саноатикунонӣ дар ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ ва аз он ҷумла, дар Таҷокистон гузаронида шуд. Саноатикунонӣ барои ташаккули иқисодиёти нав замина гузошт. Аксарияти муҳаққиқон ба ин назаранд, ки то солҳои 70-ум дар кишварҳои тараққикарда давраи саноатикунонӣ ба анҷом расида, гузариш ба давраи баъдисаноатӣ оғоз ёфт» [3]. Нишонаҳои махсуси давраи мазкур аз инҳо иборат буданд: паст гардидани суръати рушди иқтисодиёт ва танзими он дар сатҳи 2-3%; тағйирнопазирии шумораи аҳолӣ бо дарназардошти нишонаҳои коҳиш ёфтани таваллуднокӣ, инкишофи дарозумрӣ, ҷараёни пиршавии аҳолӣ; тағйиротҳои назарраси таркибӣ дар иқтисодиёт, ҳиссаи зиёди бахши хизматрасонӣ дар ММД; коҳиши вазни қиёсии саноат ва кишоварзӣ; камшавии ҳаҷми истихроҷи захираҳои ашёи хоми менаралии арзон, баландшавии нархи онҳо ва ғ.

  Дар ин марҳила диққати махсус ба инноватсияҳо ҳамчун, омили асосии рушди иқтисодӣ, ки ба зиёдшавии ҳосилнокии меҳнат оварда мерасонад ва ба баланд бардоштани нақши илм, маориф, тандурустӣ, технологияҳои нав, ки заминаҳои асосии ташкили иқтисодиёти инноватсионӣ, ҳамчунин зиёд гардидани таъсири фарҳанг, тамаддун, ҳамчун омили иқтидори эҷодӣ дода мешуд. Дар давраи баъдисаноатӣ нақши инноватсия дар рушди ҷомеа боз ҳам муҳим гардида, он ба омили муайянкунандаи рушди иқтисодӣ табдил ёфт.

  Ҷараёни табдили илм ба қувваи бевоситаи истеҳсолкунанда категорияи таърихӣ буда, чандин аср инҷониб идома меёбад ва марҳилаи табии рушди истеҳсолот мебошад, ки барои гузаштан ба сатҳи боз ҳам баланди рушд замина омода менамояд. Табдил ёфтани илм ба қувваи бевоситаи истеҳсолкунандаи ҷамъиятӣ ҷузъи асосии инқилоби муосири илмӣ-техникӣ мебошад, ки сифати қуваҳҳои истеҳсолкунандаро мустаҳкам менамояд. Дар айни замон, ташаккули иқтисодиёти инноватсионӣ таҷассуми илмӣ-техникӣ буда, ҳамчун тағйироти қатъии сифатӣ дар самти қувваи истеҳсолкунандаи ҷамъиятӣ тавсиф карда мешавад. Иқтисодиёти инноватсионӣ натиҷаи марҳилаи инқилоби навбатии рушди ҷомеаи инсонӣ, дониш, илм, техника ва ғ. мебошад. Иқтисодиёти инноватсиониро ҳамчунин «иқтисодиёти иттилоотӣ», «иқтисодиёти нав», «иқтисодиёти зеҳнӣ», «иқтисодиёти донишҳо» ном мебаранд. Ин маънои онро дорад, ки иқтисодиёти ба захираҳои асосёфта ба ҷойи дуюм рафта, натиҷаи рушди устувор ва сифатноки иқтисодиёт, ки ба дониш асос ёфтааст, ба ҷои аввал мебарояд. Имрӯзҳо дар як қатор кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон қисми назарраси ҳаҷми умумии истеҳсоли молу хизматрасониҳо аз ҳисоби дониш ва ғояҳои нав таъмин карда мешавад. Намунаи анъанавӣ Ҷопон ва Финляндия мебошад. Ин кишварҳо, аз нуқтаи назари мавҷудияти захираҳои табиӣ ва арзи ҷуғрофӣ дар шароити на он қадар мусоид ҷойгир буда, ба туфайли низоми миллии маориф, ки асоси рушд ба ҳисоб меравад ва технологияи самаранок, илм, фарҳанг ба кишварҳои аз лиҳози инноватсия пешрафта табдил ёфтаанд.

  Баъзе муҳаққиқон комилан дуруст қайд менамоянд, ки барои аксарияти кишварҳои тараққикарда, хусусан, Амрико, Олмон, Ҷопон, Австрия, Канада, Шветсия, Финляндия, Сингапур ва дигар кишварҳо, маҳз иқтисодиёти инноватсионӣ пешсафии ҷаҳонии иқисодии онҳоро таъмин менамояд.

  Ҳадафи мо аз навиштани рисолаи диссертатсионӣ дар асоси таҳлили таҷрибаи ҷаҳонӣ муайян намудани тамоюлоти имконпазири ташкили низоми инноватсионии иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ду даҳсолаи охир низоми ҷаҳонии иқтисодиёт на танҳо бо суръати кофии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва умумииқтисодӣ, балки, бо тамаркузи ҳаҷми зиёди сармоя, ки бе он маблағгузории таҳқиқотҳои муҳими илмӣ (сармояғунҷоиши онҳо бо суръати баланд зиёд гардида истодааст) ғайриимкон аст, тавсиф карда мешавад. Нисбатан бо суръати баланд талабот ба иншооти фароғатӣ зиёд гардидаистода, навсозии на фақат соҳаҳои бахши воқеии иқисодиёт, балки тандурустӣ, маориф, илм ва фарҳанг низ амалӣ шудаистодааст. Наслҳои комилан нави техникаю технология ба вуҷуд омада, қобилияти амалӣ намудани табадуллот ва омода намудани марҳалаи навбатии рушди қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷамъиятиро доро мебошанд. Таҳлили тамоюлоти рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар бораи ҳатмӣ будани гузариши иқтисодиёт ба модели инноватсионӣ, ки ба донишҳои бунёдӣ ва технологияҳои пурсамар асос ёфтааст, шаҳодат медиҳад. Мувофиқи баҳогузории мутахассисони Форуми ҷаҳонии иқтисодии Давос, рушди иқтисодӣ дар кишварҳои аз ҷиҳати инноватсионӣ тараққикарда 50% - аз технологияҳо, 25% - аз фаъолияти самараноки институтҳои ҷамъиятӣ ва 25% - аз сифати муҳити макроиқтисодӣ вобастагӣ дорад, ки боз ҳам мубрамияти масъалаи мазкурро исбот менамояд. Солҳои охир, чӣ тавре қайд карда шуд, дар баъзе кишварҳои пасошӯравӣ, дар гардиши илмӣ мафҳумҳои «навсозии инноватсионӣ-саноатӣ», «навсозии сармоягузорӣ-инноватсионӣ» ва ғ. ворид карда шудааст. Дар Россия Стратегияи навсозии саноатӣ-инноватсионӣ ва дар Қазоқистон Барномаи давлатии рушди босуръати саноатӣ-инноватсионӣ баро давраи то соли 2020 қабул шудааст. Дар Тоҷикистон қарори ҳукумат «Дар бораи таҳияи барномаи рушди инноватсионӣ барои солҳои 2011-2020» қабул карда шудааст. Моҳияти ҳамаи ин барномаҳо ва стратегияҳо ба марҳилаи сифатан нави рушди технологӣ баровардани кишвар ва таъмини сатҳи баланди некӯаҳволии мардум мебошад. Мубрамияти ин барномаҳо возеҳ аст, истеҳсоли ММД ба сари аҳолӣ дар як муддати кӯтоҳ дар ин кишварҳо як-чанд маротиба афзоиш ёфтааст ва мутаносибан 20,0 – 25,0 ҳаз. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Дар Тоҷикистон ин нишондиҳанда дар соли 2019, 875 [4] долл. ташкил намуд. Масъалаи он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни глобализатсионӣ иштирок кунад ё накунад ва ё ба роҳи ташаккули иқтисодиёти инноватсионӣ ворид шава ё не, кӯҳна шудааст, вай аллакай ба ин ҷараён шомил аст. Гузариш ба муносибатҳои бозорӣ ба либерализатсияи фаъолияти берунаи иқтисодӣ ва амалиётҳои фаъоли асъорӣ оварда расонид. Тоҷикистон аъзои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо гардид. Ҳамгироии байналмилалии Тоҷикистон бо низоми иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар самти дарёфти мақеи худ оид содирот ва воридоти захираҳои ашёи хом ва маҳсулоти алоҳида густариш меёбад. Дар ин ҳолат кишварҳое ғолиб меоянд, ки технологияи баландсифат ва маҳсулоти илмғунҷоишашон зиёдро истеҳсол менамоянд. Барои кишвари мо ҳалли масъалаи мазкур дар танҳоӣ кори басо мушкил буда, роҳҳои ҳалли онро пайдо намудан мумкин мебошад. Муҳим аст, ки кишвари мо бо интихоби стратегияи ояндаи рушд дар асоси коркарди модели нави саноатӣ мақсади худро муайян намуда, ки ба туфайли он заминаҳои қатъии гузариш ба иқтисодиёти инноватсионӣ фароҳам оварда шавад. Барои ташкилёбии иқтисодиёти инноватсионӣ ва ё иқтисодиёти ба дониш асосёфта, қаблан саноатикунонии нави низоми иҷтимоӣ ва иқисодӣ бояд ба вуҷуд оварда шавад.

  Ҳамин тавр, бояд қайд намуд, ки барои ташкилёбии низоми миллии инноватсионӣ тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ нақши муҳим дорад. Табдили идеяҳои нав ва коркардҳои илмӣ-техникӣ ба захираи инноватсионӣ танҳо дар асоси кадрҳои баландихтисос, соҳибмаърифат ва саҳобхирад таъмин карда мешавад. Маҳз онҳо аз уҳдаи идора ва истифодаи техникаю технологияи нави воридшуда баромада, низоми мушкили иқтисодӣ ва иҷтимоиро идора менамоянд. Шарти асосии ташкилёбии низоми инноватсионии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ пеш аз ҳама, пайдо намудани механизмҳои боз ҳам самараноки хоҷагидорӣ мебошад. Дар ин ҷо, пеш аз ҳама, чунин дар назар дошта шудааст, механизмҳои алоқамандии коркардҳои бунёдӣ ва амалӣ, илм ва истеҳсолот, равона намудани фишангҳои рушди иқтисодиёт, аз он ҷумла, молиявӣ, пулию қарзӣ ва андозӣ барои ҳалли ҳадафҳои гузошташуда.

Манучеҳри Давлаталӣ

Докторанти PhD Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

Адабиёт

  1. http://www.clubofrome.org/activities/reports/ - Сомонаи Клуби Римӣ — Ташкилоти байналмилалии ҷамъиятӣ (маркази таҳлилӣ), ки аз ҷониби саноатчии итолиёӣ Аурелио Печчеи ташкил карда шудааст.
  2. К. Маркс, Ф. Энгельс. Маҷ. осор, Ҷилди 46, қисми 2, с. 215.
  3. Коллектив авторов: Каюмов Н.К., Арифов Х.О. и т.д. Экономический и научно-технический потенциал инновационного развития Республики Таджикистан: современное состояние, проблемы и перспективы развития: Монография. Изд. МН «Дониш», 2018. –510 с.
  4. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26.12.2018, ш. Душанбе.
Хондан 1327 маротиба