JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 26 Октябри 2020 08:39

Муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамчун яке аз омилҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат

Муаллиф: Бобоев Анвар Абдуллоевич

 

  Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо дар баромаду вохӯриҳояшон  оид ба устувории ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ва беҳтар гардонидани некӯаҳволии шаҳрвандони мамлакат, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва инноватсионӣ бо дарназардошти фароҳам овардани шароити созанда барои  ҷалби сармояи хориҷӣ ва технологияҳои замонавӣ ба кишварамон суханронӣ  намуда, ҷиҳати татбиқи вазифаҳои гузошташуда дастуру супоришҳо медиҳанд. Чунин иқдомҳои Сарвари давлат бояд аз тарафи сохторҳои давлатию ғайридавлатӣ ва ташкилоту корхонаҳо бевосита аз шакли моликияташон  дастгирӣ пайдо намуда, бо мақсади амалӣ гардонидани онҳо пайваста тадбирҳои самаранок андешида шаванд.    

  Яке аз роҳҳои беҳтар намудани вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвари азизамон, ки солҳои охир мисли дигар давлатҳои хориҷи дуру наздик ба бӯҳрони молиявӣ дучор гардидааст, ин дурусту самаранок истифода бурдани иқтидори соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ дар рушди мамлакат мебошад.

  Таҷрибаи байналхалқӣ нишон медиҳад, ки давлатҳои қабулкунанда ва интиқолдиҳандаи муҳоҷирон, ки сиёсати самараноки муҳоҷиратро роҳандозӣ кардаанд, тавонистанд онро дар рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакати худ истифода баранд. Ба ин гуна давлатҳо мисол шуда метавонанд: ИМА, Австралия, Олмон, Россия, Туркия, Сингапур, Индонезия, Кореяи Ҷанубӣ, Ҳиндустон, Филиппин ва баъзе дигар давлатҳо. Дар асоси ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди дутарафа, ба онҳо муяссар гардид, ки идоракунии давлатиро дар соҳаи муҳоҷират мақсаднок амалӣ карда, ин намуди фаъолиятро барои рушди ҷомеа ва худи муҳоҷирон бо аъзои оилаашон, равона созанд.   

  Тайи ду даҳсолаи охир аз кишварҳои ИДМ ва аз он ҷумла аз Тоҷикистон ба ИМА на кам аз 500 ҳазор нафар олимон ва мутахассисони баландихтисос кӯчида рафтанд, ки онҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ин кишвар фаъолият доранд. Ҳукумати ИМА ба одамони баландмаърифати муҳоҷиршуда аз кишварҳои ИДМ шароиҳои хуби зиндагӣ ва кориро фароҳам меоварад ва маҳз бо ин сабаб зиёда аз 90%-и ихтирооти илмию инженерӣ ва татбиқи он дар истеҳсолот, ки рушди иқтисодию иҷтимоии кишварро таъмин менамояд, ба «зеҳнҳои воридшуда» дар симои муҳоҷирони хориҷӣ мансуб мебошад.

  Дар Федератсияи Россия бошад, саҳми арзандаи муҳоҷирони меҳнатии  хориҷӣ ба иқтидори молиявии соҳаи нафти мамлакат баробар карда шудааст, ки он даҳҳо ва ҳатто  садҳо миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Мутобиқи ахбороти собиқ муовини роҳбари Хадамоти федералии муҳоҷирати Россия, директори ташкилоти ҷамъиятии «Миграция ХХ1 век» Вячеслав Поставнин, соли 2013 дар ҳудуди Россия 12 млн. нафар муҳоҷирони меҳнатии  хориҷӣ будубош доштанд ва онҳо ба кишварҳои худ 21 млрд. доллари амрикоӣ интиқол доданд. Ҳамзамон, саҳмгузории муҳоҷирони меҳнатии  хориҷӣ дар иқтисодиёти Россия ниҳоят бузург буда, худи ҳамон сол тақрибан 400 млрд. долларро ташкил кард, ки ин ба 15-20%-и маҳсулоти умумии дохилӣ баробар мебошад (dw.com/ru/трудовые-мигранты-в-россии/а-17243735). 

  Давлати Туркия, ки дар нимаи дуюми асри гузашта зиёда аз 5-6 миллион нафар муҳоҷирони меҳнатиро ба Олмон ва дигар мамлакатҳои пешқадам интиқол медод, сиёсати дурандешу мақсаднокро дар самти муҳоҷират ба роҳ монда, минбаъд ба давлати пуриқтидор табдил ёфт ва айни замон ҳарсола  2 – 2,5 млн. нафар муҳоҷирони меҳнатиро аз хориҷа қабул менамояд. Қисми муайяни собиқ  муҳоҷирони меҳнатии Туркия баъдан шаҳрвандии кишвари Олмонро қабул карданд ва айни замон дар ҳудуди ин давлат зиёда аз 20 млн. нафар туркон зиндагӣ менамоянд ва ин дар он ҳоле, ки аҳолии умумии Олмон 80 млн. нафарро ташкил медиҳад (forum.ykt.ru/viewtopic.isp?id=4109611).

  Кишвари  Ҳиндустон низ тавонист сиёсати шаффоф ва созандаро дар ин самт ҷорӣ карда,  муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳиндуҳои бурунмарзиро барои рушди иқтисодию ичтимоии мамлакат ҷалб  намояд. Аз ин хотир, агар соли 2009 муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳиндуҳои бурунмарзӣ ба ватани худ маблағи 49 млрд. доллари амрикоиро интиқол дода бошанд, пас ин рақам соли 2015 зиёда аз 72 млрд. доллар ва соли 2019 зиёда аз 83 млрд. долларро ташкил кард ва Ҳиндустон аз ҳисоби самаранок истифода бурдани чунин маблағҳо барои рушди ҷомеа, дар ҷаҳон яке аз мавқеъҳои аввалинро ишғол менамояд.

  Дигар давлат, ки дар ин самт дастоварди зиёд дорад, Филиппин ба ҳисоб меравад. Кишвари номбурда тавонист, ки тайи 10 соли охир бо истифодаи самараноки соҳаи муҳоҷират ва таъсис додани ҷойҳои нави корӣ бо маоши арзанда, ҳарсола сатҳи бекориро дар мамлакат 1%-ӣ кам намояд ва чунин натиҷаи ба даст омада дар байни коршиносони бисёр давлатҳои дунё хуб арзёбӣ карда мешавад.

  Ҷумҳурии Тоҷикистон низ метавонад бо дарназардошти ба роҳ мондани сиёсати самаранок ва мақсадноку дурнамо дар соҳаи муҳоҷират натиҷаҳои дилхоҳро ба даст оварад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки то  солҳои 2010 маблағҳои интиқолдодаи муҳоҷирони меҳнатии кишварамон асосан барои таъминоти оилаҳо бо маҳсулоти хӯрока ва либосворӣ сарф мегардиданд. Солҳои минбаъда бошад,  муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаашон қисми зиёди маблағҳоро барои раванди рушди инсон, яъне омӯзиши худ ва фарзандон дар донишгоҳҳои дохил ва хориҷи мамлакат, табобат ва нигоҳдории саломатӣ, харидории воситаҳои техникӣ барои таълим, мошинҳои гуногунтамға, хона ва таъмири манзил, дастгирии молиявӣ  ҷиҳати сохтмони иншоотҳои иҷтимоиву роҳҳо, инфрасохтори шаҳру деҳот ва ғайраҳо маблағгузорӣ карда мешванд. Ин гуна нигоҳи нав ва ташаббуси муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватанони бурунмарзиро ба инобат гирифта, мақомотҳои дахлдори давлатӣ бояд фикру ақидаи худро нисбат ба масъалаи  муҳоҷират ба тариқи манфиати он ба рушди иқтисодию иҷтимоии кишварамон иваз намоянд ва доир ба дастгирии ҳаматарафаи ин соҳаи афзалиятноки давлатӣ саҳмгузорӣ намоянд.   

  Ҳаракати  муҳоҷиратии байналхалқӣ дар асри XXI хусусияти глобалӣ гирифтааст ва он як қисми давлатҳои ҷаҳонро, ки сиёсати муосири муҳоҷиратиро татбиқ намекунанд, ба ташвиш овардааст. Солҳои 60-уми асри гузашта шумораи муҳоҷирон дар дунё 75,5 млн. нафарро ташкил медод. Соли 2000-ум шумораи онҳо то 176,6 млн. нафар, соли 2010 то 213,9 млн. нафар ва ба ҳолати соли 2019 то 272 млн. нафар зиёд гардид. Коршиносони Созмони Милали Муттаҳид пешгӯӣ менамоянд, ки бо сабабҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, демографӣ ва экологӣ, шумораи муҳоҷирон дар ҷаҳон то соли 2050 боз ҳам афзоиш ёфта, ба 405 млн. нафар мерасад (Информационный центр ООН, 29.11.2010 г.). Ҷаҳонишавии ҳаракати муҳоҷиратӣ Точикистонро низ дар канор монда наметавонад ва аз ин лиҳоз ба мақомотҳои дахлдори давлатӣ лозим аст, ки дар ин самт сиёсати мақсадноку натиҷабахшро бо равона намудани ин соҳаи афзалиятноки ҷомеа ба раванди рушди мамлакат, кор карда бароянд.  

  Гарчанде соли 2020 бо паҳншавии касалии сирояткунандаи COVID-19, ё ба дигар тарзи ном «коронавирус» дар миқёси ҷаҳон оғоз ёфт ва ин вабои нав ҳамаи давлатҳоро ба изтиробу воҳима овардааст, бояд дарк намуд ва тазаккур дод, ки чунин вазъияти ба амал омада дар байни аҳолии дунёи имруза муваққатӣ мебошад. Бигузор он як сол, ду сол, ё ин ки дар асоси хулосаи баъзе коршиносони соҳаи тиб се солро дар бар гирад, лекин баъд аз ин мӯҳлат риштаи ҳаёти одамон ва соҳаҳои иқтисодиёти давлатҳои ҷаҳон маҷроъи худро барқарор  мекунанд ва самти муҳоҷират мисли дигар соҳаҳои хоҷагии халқ   ҷараёни худро давом медиҳад. Вобаста ба ин, дар баробари кор карда баромадани нақшаҳои зудамали давлатӣ  марбут ба ҳолати коронавирус, аз фикру ақида ва хулосаҳои натиҷабахши пештара низ даст кашидан лозим нест, зеро онҳо  нақшаҳои ояндасози давлатиро ифода менамоянд. 

  Тайи даҳсолаҳои охир саҳми муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ нисбати дастгирии молиявии оилаҳои худ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат, беандоза мебошад. Дар давоми солҳои 2007-2019 маблағҳои интиқолдодаи  муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ ба Тоҷикистон зиёда аз 32 млрд. доллари амрикоиро ташкил доданд ва чунин саҳми арзандаи онҳо вазъи мӯътадили иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсиро дар ҷомеа нигоҳ дошт. Айни замон ягон соҳаи дигари иқтисодиёти Тоҷикистон чунин иқтидорро оид ба дастгирии молиявии кишварамон, мисли соҳаи муҳоҷират надорад.  Аз ин хотир, соҳаи муҳоҷират ва худи муҳоҷирон бо аъзои оилаашон ба дастгирии давлатӣ ва таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон дар дохил ва хориҷи мамлакат ниёз доранд.

  Бо мақсади ҳарчи бештар муҳайё намудани шароитҳо барои муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дарназардошти он, ки зиёда аз 95%-и муҳоҷирони меҳнатии кишварамон ҳарсола ба Федератсияи Россия равона мегарданд (Ҳисоботи Хадамоти муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2018), соли 2013 аз ҷониби гурӯҳи коршиносони Тоҷикистону Россия панҷ номгӯй лоиҳаи Созишномаи байниҳукуматӣ омода шуда буд, аз ҷумла:

- дар бораи ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ;

- дар бораи мақоми ҳуқуқии намояндагиҳои хадамоти муҳоҷирати тарафҳо дар қаламрави якдигар;  

- дар бораи ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷират;

- дар бораи реадмиссия;

- дар бораи ҳамкориҳо дар соҳаи таъминоти иҷтимоӣ (суғуртаи нафақа).

  Гарчанде ҳуҷҷатҳои номбурда дар ҷаласаҳои якҷояи Форуми байнипарлумонӣ ва Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия баррасӣ ва ба нақшаи чорабиниҳо дохил гардида буданд, лекин бо гузашти ин қадар сол ягонтои он ба истиснои ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба имзо расонида нашуд ва чунин аҳвол  вазъияти муҳоҷиронро дар Федератсияи Россия беҳтар накард. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ моҳи апрели соли 2019 ба имзо расонида шуд, лекин то ҳоло он аз тарафи парлумони кишварҳо тасдиқ нашудааст ва ҳукми қонунии худро надорад. Ба ғайр аз он, агар созишномаи номбурда механизми иҷроишро надошта бошад,  амалӣ кардани он ниҳоят душвор мегардад ва манфиати  муҳоҷирони меҳнатӣ дар маҷмӯъ таъмин карда намешавад.

  То соли 2013 бо супориши Ҳукумати мамлакат  ду лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ» ва «Дар бораи агентиҳои шуғл» омода шуда буданд. Доир ба зарурати қабули Қонуни болозикр, супоришҳои махсуси Президенти мамлакат мавҷуд мебошанд. Яке аз он дар Нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, ки 3 майи соли 2013 бо имзои Ҷаноби Олӣ  тасдиқ карда шудааст ва дигаре аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2015) бармеояд. Лекин, мутаассифона масъалаи мазкур низ то ҳоло ҳалли худро наёфт.

  Охирон маротиба  лоиҳаи Қонун «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ» соли ҷорӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мувофиқа пешниҳод шуда буд ва айни замон он мавриди омодагӣ ҷиҳати супоридан ба  Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Ҳамзамон қайд кардан лозим аст, ки  гурӯҳи корӣ нақша дорад ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи муҳоҷират”-ро пешниҳод намояд, ки он ҳанӯз соли 1999 қабул шуда буд ва вазифаи худро бомуваффақ иҷро кард. Пас бармеояд, ки лоиҳаи Қонун «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ» дар кишварамон чун дар дигар давлатҳо, ки ба ин самт диққати ҷиддӣ медиҳанд, қабул карда намешавад ва ин гуна ҳолат боиси нигаронист.

  Шиносоӣ бо нусхаи охирини лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи муҳоҷират” (моҳи майи 2020) нишон медиҳад, ки аз 31 моддаи таҳияшудаи он, матни  22 модда бо сарсатру бандҳояш ба таври иваз намудани матни ҷумлаҳо, аз лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ»  гирифта шудаанд. Ба ғайр аз он, дар бисёри мавридҳо кӯшишҳои дигаргун намудани матни лоиҳаи Қонун ба назар мерасад, ки мазмуни онро халалдор кард. Илова бар он, ин гуна тарзи “таҳрири лоиҳаи Қонун” ба  хатогиҳои зиёди имлоӣ оварда расонид, ки чунин ҳол  сифати аввала ва ҳозираи лоиҳаро хеле паст кард. Инчунин бояд қайд намуд, ки якчанд моддаҳои зарурӣ аз лоиҳаи Қонун «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ», ки ҳанӯз соли 2013 омода гардида буд ва онҳо бар манфиати кор мебошанд, ба назар гирифта нашуданд, ба монанди:

  • Ваколатҳои вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ дар ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ;
  • Таъсис додани Фонд (Хазина)-и дастгирии иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ;
  • Ҳамкориҳои давлатию хусусӣ оид ба ҳалли душвориҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигарҳо.

  Сарфи назар кардани чунин моддаҳои афзалиятдор дар лоиҳаи қонун аҳамияти онро паст менамояд, зеро дар чунин намуд механизми ҳамоҳангсозии масъалаҳо ва дастгирии иҷтимоию ҳуқуқии муҳоҷирон бо аъзои оилаашон ба таври дилхоҳ ҳалли худро пайдо карда наметавонад  ва натиҷагирии фаъолият  самараи хуб намедиҳад.

  Мутаассифона, тайи солҳои охир баъзеҳо дорои чунин ақидаанд, ки масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ обрӯю эътибори Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ паст мекунанд ва нисбати  масъалаи  муҳоҷирати меҳнатӣ диққати ҷиддӣ додан лозим нест. Мумкин аст маҳз бо ин сабаб қабули ҳуҷҷатҳои болозикр аз мадди назар дур мондаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади  ҳалли душвориҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, пай дар ҳам аз соли 2000-ум сар карда то соли 2015 санадҳои меъёрию ҳуқуқии миллӣ, Барномаҳо ва Стратегияи кӯтоҳмуддату миёнамӯҳлат, инчунин созишномаҳои байнидавлатиро ба тасвиб мерасонид. Лекин, аз соли 2015 инҷониб дар Тоҷикистон чунин самти фаъолият ва пайдарҳамии ҳалли масъалаҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ халалдор гардидааст ва ин албатта бар манфиати кор нест.

  Мисолҳои овардашуда тасдиқи ҳолро нишон медиҳанд ва аз сабаби  хусусияти глобалӣ гирифтани соҳаи муҳоҷират, фаъолият дар ин ҷода бо дарназардошти ба инобат гирифтани хулосаҳои илмӣ ва ояндабинии пешбурди соҳа, бояд куллан такмил дода шавад.

Бо ин мақсад ва дар асоси тадқиқотҳои илмии гузаронидашуда, ки аз таҷрибаи пешқадами байналхалқӣ бармеоянд,  барои расидан ба натиҷаҳои дилхоҳ дар самти муҳоҷират, ба андешаи мо ҳалли се масъалаи зерини калидӣ зарур аст:

1) Интихоб ва такмили сиёсати мақсадноку самарабахш   дар соҳаи муҳоҷират.

2) Қабули қонунгузории муосир ва рушди ҳамкориҳои натиҷабахши байнидавлатӣ ва байниидоравӣ.

3) Идоракунии давлатии равандҳои муҳоҷират тавассути мақомоти ваколатдор ва калидӣ оид ба  муҳоҷират, ки дигар вазорату идораҳо қарорҳои онро пурра эътироф намоянд.

  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти таҷрибаи хуби солҳои пешин дар соҳаи муҳоҷирати аҳолӣ қодир аст, ки дар солҳои наздиктарин доир ба вазифаҳои дар боло гузошташуда натиҷаҳои дилхоҳро ба даст оварад ва дар қатори давлатҳои бомуваффақ ҷойи худро интихоб намояд.

  Чунин ақида боз аз он ҷиҳат дилпурии олимону коршиносонро ба амал меоварад, ки айни замон роҳбарияти мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷират дар симои Вазорати меҳнат,  муҳоҷират ва шуғли аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон хушҳолона иваз гардидааст ва нигоҳи онҳо нисбат ба ин самти афзалиятноку ҳамзамон ҳалталаби ҷомеаи шаҳрвандӣ созандаю хайрпазиранда мебошад. Аз ин хотир, итминони комил дорем, ки душвориҳои ҷойдошта дар соҳаи муҳоҷират паиҳам ҳалли худро пайдо мекунанд ва вазъи муҳоҷирони кишварамон бо аъзои оилаашон ҳам дар хориҷа ва ҳам дар дохили мамлакат беҳтар мегардад. 

Бобоев Анвар Абдуллоевич

номзади илмҳои иқтисодӣ,

 мудири бахши муҳоҷирати аҳолии Институти иқтисодиёт

 ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Хондан 2745 маротиба