JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 08 Июни 2020 07:40

Арзишмандии сармояи инсонӣ

Муаллиф: Рауфӣ А

 Дар мақола моҳияти сармояи инсонӣ ва нақши вай дар рушди иқтисодиёти бозорӣ тадқиқ карда мешавад. Асоснок карда мешавад ки маблағгузорӣ ба баландбардории арзишмандии сармояи инсонӣ ҳаҷм ва сифати истеҳсоли маҳсулоту хизматрасониҳоро меафзоёнад, сатҳу сифати зиндагии одамонро баланд мебардорад. Роҳҳои баландбардории арзишмандии сармояи инсонӣ ва натиҷаҳои онҳо муайянкарда мешаванд.

  Таҷрибаи мамлакатҳои рушд кардаи индустриалии ҷаҳон нишон медиҳад, ки дар пешрафти иқтисодиёти онҳо омили инсонӣ яке аз омили асосӣ аст. Маҳз одамон бо донишу малакаи баланди худ тавонистанд муъҷизаҳои ҳайратоварро офаранд ва сатҳи баланди технологияи иқтисодиёти ватании худро таъмин намоянд. Бо ин мақсад ба баланд бардоштани потенсиали интеллектуалии одамон диққати аввалиндараҷа дода мешавад, чунки рӯҳияи баланди миллии мардум дар дигаргунсозиҳои инноватсионӣ нақши ҳалкунанда мебозад. Бинобар ин чӣ қадар сатҳи рӯҳиявӣ - ахлоқии аҳолӣ баланд рушд карда бошад, ҳамон қадар системаҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ бо муваффақият рушд мекунанд [1].

  Одамон бо қобилияти фикрӣ ва ҷисмонии худ, ки қувваи кории онҳо мебошанд, воситаҳои истеҳсолотро ба ҳаракат дароварда моли нав - неъматҳои моддӣ ва маънавӣ меофаранд. Дар арзиши моли нав ба вуҷуд оварда арзиши қувваи корӣ, яъне арзиши қувваи фикрӣ ва қувваи ҷисмонии одамон ҷой доранд, ки онҳо дар ҷараёни истеҳсолот ҳамчун сармояи инсонӣ мебошанд. Бинобар ин сармояи инсонӣ, якум, қобилияти ба вуҷуд овардани арзиши қувваи кориро дорад, ки онро одамон ҳамчун музди кор мегиранд, дуюм, қобилияти ба вуҷуд овардани арзиши истеъмолии молро дорад, ки он талаботи истеъмолкунандагонро қонеъ мегардонад ва барои ҳамин ҳам аз тарафи истеъмолкунандагон молҳо харид карда мешаванд, сеюм, қобилияти ба вуҷуд овардани арзиши изофашударо дорад, ки он баъди ба фурӯш баровардани мол ҳамчун арзиши иловашуда ба соҳиби мол бармегардад.

  Дар ҷаҳони муосир афзоиши иқтисодиёт ба зиёд намудани маблағгузорӣ ба рушди сармояи инсонӣ зич алоқаманд мебошад. Ин барои тезондани афзоиши устувор, барои мутобиқшавии доимии сохторҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ба навовариҳои пешрафти илмӣ-техникӣ ва дигаргунсозиҳои инноватсионӣ шароит фароҳам меорад [2].

  Барои ҳалли масъалаҳои зикр гардида ва нигоҳ доштани суръати баланди рушди иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар дигаргунсозиҳои инноватсионии  иқтисодиёт ва мувофиқан ба ин тайёр кардани мутахассисони тахассуснокии сатҳи баланд дошта мувофиқи мақсад аст. Мутахассиси баландихтисос соҳиби арзиши баланди сармояи инсонӣ аст ва қобилияти истифода карда тавонистани технологияи баландро дорад, ки дар натиҷа метавонад молҳои рақобатпазири арзиши баланд доштаро истеҳсол намояд.

  Ҳар мамлакати рӯй ба рушд оварда дар баробари самаранок истифода бурдани омилҳои иқтисодӣ бо ёрии омилҳои ғайримоддӣ, ки онҳоро қувваҳои ҳаракатдиҳанда ва ҳавасмандкунанда низ меноманд, тавонистанд на танҳо вайронаҳо ва умуман душвориҳои зиндагиро бартараф намоянд, балки бо мӯъҷизоти худ дар соҳаи рушди иқтисодию иҷтимоӣ оламро ба ҳайрат оранд. Хусусияти муҳимтарини мамлакатҳои рӯй ба рушди иқтисодӣ оварда дар он аст, ки онҳо ба пешрафти системаи илму маориф диққати аввалиндараҷа медиханд. Масалан, дар Германия ба пешрафти маърифатнокии аҳолӣ ҳанӯз дар асри XVI диққати махсус доданд. Дар он вақт нисбат ба дигар мамлакатҳо дар Германия кори маълумотгирӣ бисёр такмил ёфта буд: соатҳои дарсӣ ва фанҳои омӯзиш зиёд буданд, донишҷӯён бо диққат таълим мегирифтанд ва омӯзгорон бо масъулияти баланд кор мекарданд. Кори маълумотгирӣ дар Англия вазифаи шахсии хар як фарди алоҳидаи ҷамъият ҳисоб мешуд ва ба мактабҳо ва университетҳои хусусӣ нигаронида шуда буд. Дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка баъди соҳиб шудан ба истиқлолият дар мамлакат муносибатҳо нисбати маълумотнокшавии аҳолӣ тамоман тағйир ёфтанд. Аз нимаи асри 19 сар карда дар ин ҷо масъалаи ҳатман гирифтани маълумоти умумӣ васеъ ҷорӣ гашт ва ҳозир Штатҳои Муттаҳидаи Америка хамчун Германия ба системаи маълумотгирии ҳамаро фарогиранда гузаштанд [3].

  Дар Япония модели ҳатман гирифтани маълумоти умумӣ ҷорӣ карда шуд. Ҳукумати мамлакат аз Штатҳои Муттаҳидаи Америка ва Европа муаллимонро даъват мекард, ки ба японҳо идеяҳо, методҳо ва технологияи навро омӯзонанд. Ҳанӯз соли 1925 99,4 фоизи наврасони Япония ба мактабҳо ҷалб карда шуда буданд ва соли 1927 аллакай 93 фоизи японҳо маълумотнок буданд. Ҳозир ҳам дар Япония ба кори илму маориф диққати аввалиндараҷа дода мешавад ва мардуми Япония ният доранд, ки Японияро ба мамлакати бузурги илмӣ-техникӣ табдил диҳанд. Онҳо бо боварии пурра изҳор менамоянд, ки маҳз илму маърифат асоси пешравӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъият мебошанд ва дар ҳақиқат, таҷрибаи худи Япония ва дигар мамлакатҳои тараққикардаи дунё инро исбот менамояд [4].

  Мамлакатҳои навиндустриалӣ, ки баъди ҷанги дуюми ҷаҳон аз системаи мустамликадорӣ озод шуда, истиқлолият ба даст оварданд, барои таъмини тараққиёти иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакати худ дар навбати аввал ба равнақ додани маърифатнокии аҳолӣ диққати махсус доданд. Масалан, дар Тайван ҳар соле ҳазорҳо ҷавононро ба хориҷа барои хондан мефиристанд ва аз онҳо ҳамагӣ 20 фоизашон баргашта ба ватанашон меоянд. Вале ҳукумати Тайван ҷудо кардани маблағро барои тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси ҳозиразамон дареғ намедорад, чунки ҳамон 20 фоизи мутахассис шуда баргашта омадагӣ ҳамаи хароҷотҳои мамлакатро чандин баробар пӯшонида, боз фоида меоранд. Аз ин ҷост, ки тайваниҳо агар солҳои 50-уми асри 20 ба ҳар сари аҳолӣ 50 доллари америкоӣ маҳсулот мебароварданд, дар ибтидоӣ солҳои 90- уми асри 20 бошад 6 ҳазор долларӣ, яъне қариб 100 баробар зиёд маҳсулот мебаровардагӣ шуданд. Онҳо мақсад доранд, ки солҳои 2000-ум истеҳсоли маҳсулотро ба ҳар сари аҳолӣ ба 13 ҳазор доллари америкоӣ расонанд [5].

  Ҳозир дар ҳамаи мамлакатҳои мутараққӣ ва рӯй ба тараққӣ оварда ҳар соле барои корҳои илмӣ маблағҳои зиёде аз маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат ҷудо карда мешаванд. Бо вуҷуди душвориҳои молиявии давраи гузариш ба тараққӣ додани ин соҳаҳо дар Тоҷикистон корҳои зиёде карда мешаванд. Вале мутаасифона таҷриба нишон медиҳад, ки махсусан ба илм маблағҳои ҷудо шуда натиҷаҳои дилхоҳро намедиҳанд. Масалан, дар Тоҷикистон ба илм 0,09% маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, дар Россия - 1,24, дар Франсия ва ШМА - 3, дар Япония - 3,39, дар Хитой - 2 ва дар Исроил - 5% маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҷудо мешавад [6].

  Вобаста ба зинаҳои тадқиқот ва дар амал тадбиқ намудани комёбиҳои илмӣ хароҷоти илмӣ тағйир меёбад. Масалан, чуноне профессор В. Терешенко қайд менамояд, дар ШМА агар барои тадқиқоти фундаменталӣ 1 доллар хароҷот намоянд, он гоҳ барои тадқикоти амалӣ 10 доллар ва барои дар амал ҷорӣ намудани натиҷаҳои илмӣ 100 доллар хароҷот менамоянд. Яъне дар амал тадбиқ намудани комёбиҳои илмӣ лаҳзаи муҳими ҷараёни инноватсионӣ ҳисоб меёбад [7].

  Тадқиқҳо нишон медиҳанд, ки дар ШМА, Япония ва дигар мамлакатҳои мутараққӣ дар афзоиши иқтисодиёт ҳиссаи пешрафти илмӣ-техникӣ дар солҳои 60-70-уми асри 20-ум 40-50 фоиз, дар солҳои 80-ум ва нимаи аввали 90-уми асри 20-ум 70 фоиз ва дар солҳои минбаъда 85-90 фоизро ташкил медод. Дар баъзе соҳаҳои истеҳсолии илмталаб бошад бо пуррагӣ афзоиши иқтисодиёт аз ҳисоби пешрафти илмӣ-техникӣ таъмин мегардад. Мувофиқи маълумотҳои академик Д. Гвишиани, ки муовини аввали раиси Комитети давлатии СССР оид ба илм ва техника дар назди Шӯрои Вазирони СССР буд, истифодаи комёбиҳои илмӣ дар хоҷагии халқи СССР дар солҳои 1965-1990 ҳар соле ба ҳисоби миёна ҳамагӣ 0,6 фоизро ташкил медод [8].

  Таҷрибаи мамлакатҳои тараққикарда ва рӯй ба тараққӣ оварда исбот менамояд, ки танҳо ва танҳо дар натиҷаи васеъ истифода бурдани сармояи инсонӣ, ки офарандаи навтарин комёбихои илму техникаи муосир мебошад, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии одамон пешравии ҷамъиятро таъмин намудан мумкин аст. Дар шароити имрӯза методҳои нави хоҷагидорӣ заруранд, ки онҳо бо тарзу усулҳо, нигоҳу ақидаҳо ва рафторҳои кӯҳнаи корбарӣ амалӣ шуда наметавонанд.

  Дар аввали солҳои 90-уми асри 20 дар Академияи хоҷагии халқи назди Шӯрои Вазирони СССР як миллиардери италиявӣ қайд кард, ки даромади солонаи консернаш 40 млн. доллари америкоиро ташкил медиҳад. Вале ман беҳад аз он дар ташвишам, ки дар Италия қариб 5 сол боз ислоҳоти мактабҳои маълумоти умумӣ гузаронида нашудааст, яъне барномаи таълимии 5 сол пеш қабул шуда, барои имрӯз аллакай кӯҳна шудааст ва ҷавобгӯи талаботҳои нав нест. Ин бошад, сатҳи интеллектуалии италиявиҳоро паст мекунад ва албатта, дар ниҳоят ба ҳосилнокии кори одамон таъсири манфӣ мерасонад [9].

  Барои   баланд бардоштани арзишмандии сармояи инсонӣ дар навбати аввал таъмин намудани сатҳи баланди маълумотнокӣ ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос лозим аст. Бо назардошти ин барои баландбардории арзишмандии сармояи инсонӣ корҳои зарурӣ кардан лозим мешаванд. “Мувофиқи маълумотҳои ба рӯйхатгирии аҳолии Тоҷикистон дар соли 1989 қариб 90 фоизи аҳолии таҳҷоии Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ мекарданд ва ба корҳои кишоварзӣ машғул буданд. Дар навбати худ ба 1000 коркуни кишоварзии мамлакат 12 нафар (1,2 фоиз) маълумоти олидор, 34 нафар (3,4 фоиз) маълумоти олии нопурра ва миёнаи махсусдор, 360 нафар (36,0 фоиз) маълумоти миёнадор, 278 нафар (27,8 фоиз) маълумоти миёнаи нопурра дошта ва боқимондааш - 316 нафар (31,6 фоиз) бемаълумотро ташкил медоданд. Дар Тоҷикистон асосан муносибатҳои аграрӣ рушд ёфтанд ва аксри мардуми таҳҷоии Тоҷикистон тафаккури деҳқонӣ доранд” [10].

  Тоҷикистон бо чунин сатҳи сармояи инсонӣ дар ҳайати Иттифоқи Шӯравӣ ба мустақилият ва соҳибихтиёрӣ гузашт. Чунин вазъияти Тоҷикистон водор мекунад, ки дар баландбардории арзишмандии сармояи инсонӣ корҳои зиёди фаҳмондадиҳӣ ва ташкилӣ бурдан лозим меояд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон дар бисёр масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ на танҳо дар сатҳи байналмилалӣ, балки дар байни мамлакатҳои минтақавӣ низ ҳанӯз қафомондааст. Бинобар ин “дар вақти ҳозира иқтисодиёти Тоҷикистон характери аграрӣ-индустриалии ашёвӣ дорад ва ҳатто дар бозори дохилии мамлакат барои қонеъгардонии талаботи истеъмолӣ молҳои воридотии хориҷӣ назар ба истеҳсоли молҳои ватанӣ хеле зиёданд. Аз ин ҷост, ки дар сохтори содиротии мамлакат ҳиссаи асосиро молҳои ашёвӣ ташкил медиҳанд. Масалан, соли 2017 дар таркиби содироти мамлакат ҳиссаи маҳсулоти маъданӣ 40,7%, фулузоти арзонбаҳо ва маснуоти онҳо 19,1%, сангу фулузоти қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо 17,8%, маҳсулоти саноати насоҷӣ ва маснуоти онҳо 15,2%, маҳсулоти растанӣ 2,2% ва дигар молҳо 5,0%-ро ташкил доданд, яъне содироти мамлакат характери ашёвӣ дорад. Вале таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки таърихан савдои ашё ҳанӯз ягон мамлакати дунёро ба мамлакати рушд кардаи технологӣ табдил надодааст” [11].

  Мутаассифона барои мамлакати қафомондаи иқтисодӣ сабаби асосӣ - ин қафомондагии мардумаш аст. Бинобар ҳамин сабаб мардуми мамлакати қафомонда на танҳо техника ва технологияи нав сохта наметавонанд, балки ҳатто техника ва технологияи пешқадами воридкардаро истифода бурда наметавонанд, яъне дар истифода кардан ба душвориҳои ноӯхдабароӣ дучор мегарданд. Вале ҳозир дар шароити иқтисодиёти бозории муосир барои дар муборизаи рақобатноки бозорӣ ҳам дар бозори дохилӣ ва ҳам дар бозори беруна мавқеи соҳибкоронро нигоҳ дошта тавонистан лозим меояд, ки истеҳсоли маҳсулот  ва хизматрасониҳои рақобатпазир таъмин карда шаванд. Дар ҳалли ин масъала, пеш аз ҳама, арзишмандии сармояи инсониро баланд бардоштан зарур аст, чунки таҷрибаи мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар рушди индустриалии инноватсионии иқтисодиёти онҳо омили муҳимтарин - омили инсонӣ мебошад.

   Бо назардошти ин мақсади муҳим ба баланд бардоштани потенсиали интеллектуалии одамон диққати аввалиндараҷа додан лозим меояд, чунки дар рушди иқтисодиёти индустриалӣ- аграрии мамлакат самаранокии потенсиали интеллектуалии инсонӣ хеле баланд аст. Бинобар ин дар марҳилаи ҳозира дар таркиби омилҳои рушди иқтисодиёт дар баробари афзоиш ва тезондани пешрафти илмӣ-техникӣ, маблағгузорӣ ба воситаҳои асосӣ ва инноватсия, ба зиёд кардани маблағгузорӣ ба сармояи инсонӣ бояд афзалият дошта бошанд.

  Афзоиши маблағгузорӣ ба сармояи инсонӣ ба баландбардории арзишмандии сармояи инсонӣ шароит фароҳам меорад, чунки имконияти баландбардории тахассуснокии кормандон дар соҳаҳои гунгуни ҳаёти ҷамъиятӣ ба вуҷуд меояд. Мутахассисони сатҳи баланди тахассуснокӣ дошта метавонанд бо технологияи баланди ҷавобгӯй ба талаботи муосири инноватсионӣ буда кор кунанд. Қувваи кории мутахассисони баландихтисос, яъне қувваи фикрӣ ва қувваи ҷисмонии сатҳи баландро гирифтаи онҳо дар ҷараёни истеҳсолот ҳамчун сармояи инсонии арзишманд бо истифодаи воситаҳои истеҳсолоти сатҳи баланд моли нав месозанд. Дар арзиши моли нави рақобатпазир арзиши қувваи корӣ, арзиши истеъмолии мол ва арзиши изофашуда ҳам ҳаҷман зиёданд ва ҳам сифатан сатҳи баланд доранд. Бинобар ин онҳо баъди фурӯши моли рақобатпазир дар сатҳи баланди қаноатмандкунанда барои истеъмолкунанда дар бозор, якум, ба мутахассиси истеҳсолкунандаи баландихтисос дар шакли музди меҳнат, дуюм, ба харидор ҳамчун моли талаботи истеъмолии ӯро қаноатмандкунанда ва, сеюм, ба соҳиби мол ҳамчун арзиши иловашудаи мол ҳаҷман зиёд ва сифатан баланд бармегарданд.

  Чуноне аз таҷрибаи мамлакатҳои пешрафтаи иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷаҳон дида мешавад, маблағгузориҳои ба баландбардории арзишмандии сармояи инсонӣ равон карда шуда натиҷаҳои баланди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба вуҷуд меоранд, ки ҳамаи маблағҳои ба баландбардории арзишмандии сармояи инсонӣ сарфкардаро садкаратаҳо пӯшонида боз ба буҷети давлат ва соҳибкорон фоидаҳои барзиёд ворид мекунанд. Дар навбати худ баландбардории арзишмандии сармояи инсонӣ яке аз сабаби асосии баландбардории сатҳу сифати зиндагии аҳли ҷомеа мегардад, чунки дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти ҷамъиятӣ шумораи мутахассисони баландихтисос зиёд мешаванд, музди кори баланд мегиранд, завқи баландбардории тахассуснокии касбии одамон зиёд мешавад, нигоҳ ва фарҳанги истеъмолии онҳо хусусиятҳои пешрафтаи муосирро мегиранд.

  Ин ҳама наметавонанд ба тарзи зиндагии одамон дар ҷамъият бе таъсир монанд. Бинобар ин бо пешрафти ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа дар мамлакат талабот ба баландбардории арзишмандии сармояи инсонӣ меафзояд. Ҳар шаҳрванди мамлакат кушиш мекунад, ки аз мутахассиси баладихтисоси дар ҷомеа мавқеи муайяни худро ёфта ибрат гирад, ба мисли вай шавад ва ё бо дастоварди худ намуна бошад, пеш равад, сарвати моддӣ ва маънавии ҷамъияти инсониро бой гардонад. Дар натиҷа одамони тафаккури деҳқонӣ дошта кам шуда, ба ҷои онҳо шумораи одамони тафаккури саноатӣ дошта зиёд мегарданд. Ҳар аъзои ҷомеа ба ҷои гирифтани касби деҳқонӣ ва коргарӣ ба соҳиб шудани ҳунарҳое, ки меҳнати фикриро талаб мекунанд, рӯй меоранд, яъне ба баландбардории арзишмандии сармояи инсонӣ эҳтиёҷоту талабот меафзоянд. Бо назардошти ин барои баландбардории арзишмандии сармояи инсонӣ чорабиниҳои зарурии муайян гузаронидан лозим меояд.

  Дар навбати аввал тайёр кардани мутахассисони ӯҳдабаро муҳим аст, то ки дар ҳақиқат соҳиби сармояи инсонии арзишманд бошанд ва аз ӯҳдаи иҷрои корҳои вазифавии худ дар ҷараёни истеҳсоли молҳои рақобатпазир ба хубӣ баромада тавонанд. Бинобар ин ҷараён ва методҳои таҳсил ва умуман тайёр кардани мутахассисон барои соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ мувофиқан ба талаботи ҷомеа бояд ба роҳ монда шаванд, то ки ба кор дипломдори беҳунар не, балки соҳиби сармояи инсонии арзишманде биёяд, ки дар ҳақиқат ӯҳдабароёна вазифаи кориашро дар сатҳи даркорӣ иҷро карда метавонад.

 Дар навбати дуюм зарур аст, ки мувофиқи талаботи нав ба нави истеъмолии ҷамъият ба истеҳсоли маҳсулоту хизматрасониҳои нави рақобатпазир арзишмандии сармояи инсонии коркунон такмил дода шавад. Барои ин роҳҳои гуногуни баландбардории тахассуснокии коркунон истифода мешаванд, ки дар натиҷа арзишмандии сармояи инсонии онҳо баланд мешавад, ба монанди аз нав тайёр кардани мутахассисон, гузарондани таҳсили кӯтоҳмуддат барои аз худ кардани ягон навоварии ба вуҷуд омада, ташкили конференсия, семинар, мизи мудаввар, тренинг ва ба монанди инҳо.

  Дар навбати сеюм муҳим аст, ки ҳар коркун мувофиқи сатҳи арзишмандии сармояи инсониаш ва мувофиқан натиҷаи меовардааш дар ҷараёни иҷрои вазифаи кориаш ҳавасманд гардонда шавад. Ба ҳамаи коркунони натиҷаҳои миқдоран ва сифатан гуногун меоварда якхела ба гӯшашон гӯшвора наовехта, балки мувофиқи арзишмандии сармояи инсониашон натиҷаҳои гирифтаашон баҳо дода шаванд. Онҳо мувофиқан ба натиҷаҳои ба вуҷуд овардаашон, ки шоистаи қабули истеъмолкунандагон шудааст, бояд ба таври моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонда шаванд.

  Ҳамин тариқ, дар шароити иқтисодиёти бозорӣ сармояи инсонӣ ҳамчун категорияи иқтисодиёти истеҳсолоти молӣ қобилияти ба вуҷуд овардани арзиш ва арзиши иловашуда мебошад. Бинобар ин баланд бардоштани арзишмандии сармояи инсонӣ имкон медиҳад, ки истеҳсоли молҳои рақобатпазир афзоиш ёбад, ки онҳо дорои арзиш ва арзиши иловашудаи баланд мебошанд. Баландбардории арзишмандии сармояи инсонӣ ҳолатеро фароҳам меорад, ки барои ҳавасманд гардонидани истеҳсолот, истеъмолот ва ҳарчи баланд бардоштани сатҳу сифати некӯаҳволии одамон шароити даркорӣ сохта шаванд.

Рауфӣ А 

Маҷаллаи илмӣ - "Иқтисодиёти Тоҷикистон" №1, 2020.

Адабиёт

  1. Богомолов О. Нравственный фактор социально-экономического прогресса. // Вопросы экономики. - 2007. - №11. - С. 60.
  2. Мау В. Экономическая политика в 2005 году: определение приоритетов. //Вопросы экономики. - 2006. - №2. - С. 11.
  3. Мир на рубеже XXI века. - М.:Политиздат, 1990. - С. 123, 124.
  4. Ҳамон ҷо.
  5. Несбитт Д., Эбурдин П. Что нас ждет в 90-е годы. Мегатенденция: Год 2000. - М.: Республика, 1992. - С. 215, 216..
  6. Рауфӣ А. Рушди илмҳои академӣ дар алоқамандй бо дигар илмҳо. // Ахбори АИ ҶТ. Сил. : Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносй. - 2017. - № 4. - С. 74.
  7. Терещенко В.И. Беседы экономиста. - М.: Знание, 1991. - С. 31.
  8. Рауфӣ А. Бо ваҳдат ба бозор. /Зери таҳририумумии д.и.и, проф. И.А. Асроров. - Душанбе: «Дониш», 2006. - С. 137.
  9. Рауфӣ А. Рушди илмҳои академй дар алоқамандй бо дигар илмҳо. // Ахбори АИ ҶТ. Сил. : Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносй. - 2017. - № 4. - С. 76.
  10. Рауфӣ А. Моҳиятииқтисодиётииндустриалй-аграрии Тоҷикистон. // Иқтисодиёти Тоҷикистон. - 2018. - № 4. - С. 25.
  11. Рауфӣ А. Рушди босуръати саноати Тоҷикистон. / Маводи конфренсияи ҷумҳуриявии илмй-амалй дар мавзӯи: “Масъалаҳои мубрами саноатикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳо ва стратегияҳоҚисми 2. - Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, 26-27апрели соли2019. - Душанбе, 2019. - С. 107.
Хондан 2162 маротиба