JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 14 Январи 2020 05:47

Муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Ҷопон

Муаллиф: Собириён МЕҲР

  Таҳқиқу назорати пайвастаи раванди робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодии кишварҳои гуногун бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ шарт ва зарур буда, кафолати бартараф шудани камбудиҳо ва заминаи рушди динамикии онро фароҳам меорад. Ҳеҷ фаъолият бе камбудӣ нест ва равобити дуҷонибаву бисёрҷонибаи кишварҳо ҳам камбудӣ ва бартариҳои худро  дорад. Моро зарур аст ин равандҳоро таҳлилу омӯзиш намуда, камбудиҳоро бартараф созем ва аз ҳама имконоти мавҷуда ба пуррагӣ истифода кунем.

  Ҷопон яке аз кишварҳои пуриқтидорест, ки аз нигоҳи иқтисодӣ дар ҷаҳон ҷойи сеюм (пас аз ИМА ва Чин)-ро ишғол менамояд. Густариши технологияҳои баланд дар ин кишвар роҳи онро ба бозори ҷаҳонӣ боз намуд ва айни ҳол тақрибан бо тамоми ҷаҳон додугирифтҳои иқтисодиву фарҳангӣ дорад. Робитаҳои Тоҷикистон бо ин кишвари қудратманд аз аҳамияти вижа бархурдор аст. Ҳарчанд додугирифти кишвари мо бо Ҷопон нисбатан кам аст, вале имкониятҳои фаровон мавҷуд аст, ки онро ба зинаҳои баланд расонем. То имрӯз равобити ин ду кишвар дар кадом сатҳ буд? Чӣ ояндае моро интизор аст, агар муносиботи худро бозбинӣ накунем? Чӣ роҳҳое метавонад шароити истифодаи ҳама имкониятҳои мавҷударо фароҳам оварад ва боиси густариши босуръати ҳамкориҳо шавад? Дар матлаби мазкур кӯшиш мекунем ба ин пурсишҳо посух дарёбем.

  Баъди чанд моҳи эълони Истиқлоли Тоҷикистон 2-юми феврали соли 1992 муносибатҳои дипломатӣ бо Ҷопон ба роҳ монда шуд. Аммо аз сабаби сар задани ҷанги нангини дохилӣ дар Тоҷикистон танҳо дар 26-уми январи соли 2002 кишвари Ҷопон тавонист сафорати худро дар Душанбе ифтитоҳ намояд. Сафорати Тоҷикистон дар Токио бошад, дертар 28-уми ноябри 2007 ба фаъолият оғоз намуд. Тӯли 27 сол раҳбари Тоҷикистон чор маротиба ва нахуствазири Ҷопон як маротиба аз кишварҳои якдигар дидан карданд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст дар моҳи майи соли 2001 ба Ҷопон сафар анҷом дода, охирин сафараш моҳи октябри соли 2018 ба вуқӯъ пайваст. Намояндагони парлумон ва вазоратҳои гуногуни ҳар ду кишвар пайваста ба кишварҳои якдигар сафар мекунанд ва масъалаҳои мубрам дар муносибатҳо миёни Тоҷикистону Ҷопонро марвиди баррасӣ қарор медиҳанд.

  Бо вуҷуди кӯшишҳои ҳар ду ҷониб гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Ҷопон то ҳол ночиз боқӣ мондааст. Бо сабабҳои гуногун мо натавонистем имкониятҳои мавҷударо амалӣ намоем ва аз натиҷаи он суди назаррас ба даст оварем. Ин дар ҳолест, ки барои ривоҷи ҳамкориҳо чандин санади дуҷонибаву бисёрҷониба ба имзо расонида шудааст. Барои инъикоси ҳолати мавҷуда ва самти ҳаракати робитаҳои иқтисодии ду кишвар дар зер нишондодҳои омории дастрасро таҳлилу баррасӣ мекунем.

  Содироту воридот. нишондодҳои оиди гардиши молу хизматрасонӣ миёни Тоҷикистону Ҷопонро метавон аз сомонаи СММ, сомонаи Бонки Ҷаҳонӣ ё аз сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон дастрас кард. Мутаассифона, рақамҳои дарҷшуда дар сомонаҳои СММ ва Бонки Ҷаҳонӣ бо рақамҳои дарҷшуда дар сомонаи БМТ мутобиқат намекунанд. Бинобар ин, мо сари интихоб қарор мегирем, ки аз кадом сарчашма истифода кунем? Интихоби мо сари нишондодҳо аз сомонаи Бонки Ҷаҳонӣ қарор мегирад. Чунки он бо нишондодҳои СММ як ҳастанд ва мо дар ду ҳолат инҳоро дида метавонем. Дар ҷадвали 1 маълумоти 9 соли охир дар мавриди содироти Тоҷикистон ба Ҷопон  ва воридоти мо аз ин кишвар оварда шудааст.

Ҷадвали 1. Содироту воридоти Тоҷикистон ба Ҷопон дар солҳои 2010-2017

(ҳаз.дол.ИМА)

Солҳо

Содирот

Воридот

Гардиши умумӣ

Бақия

2010

25912,07

1400,24

27312,32

24511,83

2011

13051,46

888,80

13940,26

12162,67

2012

10871,35

7466,99

18338,33

3404,36

2013

1114,03

1342,77

2456,80

-228,75

2014

1384,43

14160,35

15544,78

-12775,91

2015

2230,14

5328,67

7558,81

-3098,53

2016

1161,95

3588,89

4750,84

-2426,95

2017

1456,12

5907,32

7363,44

-4451,20

Сарчашма: сомонаи Бонки ҷаҳонӣ (https:// wits. worldbank. org/CountryProfile/en/Country/JPN/Year/2017/TradeFlow/EXPIMP/Partner/TJK/Product/All-Groups)

  Аз ҷадвали 1 бармеояд, ки содироти Тоҷикистон бо Ҷопон тамоили манфӣ дорад. Агар дар соли 2010 он 25 912 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил мекард, дар соли 2017 он ба 1456 ҳазор баробар шудааст ва ин пасттарин рақам нест. Камтарини он ба соли 2013 рост меояд, ки он 1114 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Бештаринаш ҳамон 25912 ҳазори соли 2010 мебошад.

  Воридоти Тоҷикистон аз Ҷопон бошад, бо вуҷуди тамоили мусбат доштан тағйирпазирии зиёд дорад. Агар дар соли 2010 он ба 1400 ҳазор доллари ИМА баробар буд, дар соли 2017 он 5907 ҳазорро ташкил кардааст. Аммо дар соли 2014 содирот ба Ҷопон 14 160 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил кардааст, ки ин бештарин нишондод дар ин нуҳ сол мебошад. Камтарин рақам дар ин ҷо дар соли 2011 ба назар мерасад, ки он баробар аст ба  888 ҳазор доллари ИМА.

  Ҳамин тариқ, гардиши умумии молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Ҷопон низ тамоили манфиро ба худ мегирад. Дар соли 2010 гардиши умумӣ ба 27312 ҳазор доллари ИМА баробар аст, ки ин бештарин рақам дар чанд соли охир аст. Аммо соли 2017 он то ба 7363 ҳазор доллари ИМА пойин фаромадааст.

 Агар бақияи гардиши мол дар солҳои 2010-2012 ба манфиати Тоҷикистон бошад, дар солҳои баъдӣ он ба манфиати Ҷопон шудааст ва дар солҳои 2013-2017 ҳамасола воридоти мо аз содиротамон ба Ҷопон зиёд будааст. Масалан, дар соли 2017 воридоти мо 5907 ҳазор доллари ИМА буда, содиротамон танҳо 1456 ҳазорро ташкил медиҳад. Ин ҷо содироти мо танҳо камтар аз 20 дарсади гардиши умумӣ миёни ин ду кишвар мебошад, ки хеле кам аст. Тамоюли содироту воридот миёни ду кишвар дар намудори 1 нишон дода шудааст.

Намудори 1. Содироту воридоти Тоҷикистон бо Ҷопон

  Аз намудори 1 ба осонӣ метавон дид, ки содироти молу колоҳо аз Тоҷикистон ба Ҷопон гароиши манфӣ дорад. Хати гароиш ҳам рӯй ба поён дорад ва дар формулаи гароиш коэффисенти b ба -2803.4 баробар аст, ки маънои он ба ҳамин рақам (2803.4 ҳаз. долл. ИМА) кам шудани содирот дар ҳар сол аст. Воридоти Тоҷикистон аз Ҷопон гароиши мусбӣ дорад, вале коэффисети b дар он кучак буда, солона танҳо ба миқдори 603.28 ҳаз. долл. ИМА зиёд мешавад. Агар чанд соли дигар ин гароишҳо бетағйир монанд, вазъият ба таври назаррас ба зиёни Тоҷикистон мешавад.

  Кумакҳои расмӣ барои рушд (КРР). Кумакҳои расмӣ барои рушд ин грантҳо ва қарзҳои имтиёзноке мебошанд, ки аз ҷониби мақомоти расмии кишварҳои тарақикарда ба кишварҳои рӯ ба рушд, бо мақсади мусоидат барои рушд ва некуаҳволии мардумашон дода мешаванд. Ҷопон дар миёни 15 кишвари асосие дохил мешавад, ки чунин кумакҳоро ҳамасола ба кишварҳои рӯ ба рушд мерасонад. Ҳанӯз дар моҳи июни соли 1992 ҳукумати ин кишвар маншури КРР (the ODA Charter)-ро ба тасвиб расонд, ки сиёсати ин кишварро дар ин ҷода баъди хотимаёбии Ҷанги сард муайян мекунад. Ин ҳуҷҷат дар заминаи таҷрибаи 40-солаи Ҷопон дар амалисозии барномаҳои КРР тартиб дода шуда буд ва то имрӯз аз рӯйи он кор мекунанд. Ҳуҷҷати мазкур фалсафа, усул ва соҳаҳои асосиро барои амалисозизии барномаҳои КРР муқаррар менамояд.

  Фалсафаи маншури КРР-и Ҷопон иборат аст аз афкори башардӯстона, шинохти вобастагии мутақобилаи миллатҳо дар ҷаҳон, ҳифзи муҳити зист ва ҳимоят аз талошҳо барои расидан ба худкифоии кишварҳои кумакгиранда. Дар баробари ин, маншури мазкур чор усулро муайян кардааст, ки инҳо мебошанд:

  • созгорӣ миёни ҳифзи муҳити зист ва рушд;
  • роҳ надодан ба истифодаи маблағҳои барномаҳои КРР бо мақсадҳои низомӣ ва аланга андохтани муноқишаҳои байналмилалӣ;
  • назорати хароҷоти низомии кишварҳои рӯ ба рушд, фаъолияти онҳо дар заминаи истеҳсоли силоҳҳои куштори дастаҷамъӣ ва содироту воридори яроқ;
  • назорати раванди демократикунонӣ дар кишварҳои рӯ ба рушд, кӯшишҳои онҳо барои рушди иқтисоди бозаргонӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои шаҳрвандон дар ин кишварҳо.

  Дар доираи кумакҳои расмӣ барои рушд, Ҷопон ҳамасола маблағҳои муайянеро барои Тоҷикистон ҳам ҷудо намуда, лоиҳаҳои алоҳидаро маблағгузорӣ менамояд. Лоиҳаҳое, ки амалӣ мешаванд, бештар дар вилояти Хатлон буда, онҳо барои бозсозии низоми обрасонӣ ба аҳолӣ, тақвияти амният дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, тақвияти низоми тандурустӣ, рушди деҳот ва дастгирии саноат, рушди ҳамоҳанги соҳаи энергетика бо муҳити зист, хизматрасонии техникии соҳаи нақлиёт, тақвияти иқтидори идории муассисаҳои давлатӣ ба воситаи омӯзиши кормандони онҳо ва ғайра равона шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар доираи КРР Ҷопон дар ҳаҷми 19 млн.долл.ИМА дар соли 2014 лоиҳаи беҳбуди фаъолияти Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанберо маблағгузорӣ кардааст.

  Ҳаҷми ин кумакҳо аз содироту воридот миёни ин ду кишвар ба таври назаррас зиёд аст. Мо дар боло ҳаҷми содироту воридот миёни Тоҷикистону Ҷопонро дар ҷадвали 1 овардаем. Акнун дар ҷадвали 2 ҳаҷми кумакҳои расмии Ҷопон ба Тоҷикистонро, ки барои рушди соҳаҳои гуногун равона шудаанд, меорем.

Ҷадвали 2. Кумакҳои расмӣ барои рушд.

миллион долл.ИМА

Year

Grant Aid

 Technical Cooperation

 Total

2012

27,71

5,27

32,98

2013

19,01

7,65

26,66

2014

17,49

6,05

23,54

2015

14,21

3,61

17,82

2016

25,41

5,63

31,04

Total

103,83

28,21

132,04

Сарчашма: сомонаи ВУХ Ҷопон (https://www.mofa.go.jp/files/000142566.pdf)

  Муқоисаи содироту воридоти мол ва КРР нишон медиҳад, ки дар панҷ соли овардашуда (2012-2016) КРР ҳамеша аз содироту воридот дар алоҳидагӣ ва ҳам гардиши умумии мол миёни ду кишвар зиёд будааст. Барои равшантар дидани ин фарқият метавон дар намудорҳои алоҳида КРР-ро бо содироту воридот дар алоҳидагӣ ва гардиши умумии молу маҳсулот тартиб дод. Пеш аз ҳама, КРР-ро бо содирот аз Тоҷикистон ба Ҷопон муқоиса мекунем.

Намудори 2. Муқоисаи КРР бо содирот

  Аз намудор ба осонӣ дида метавонем, ки тӯли ин панҷ сол ҳамасола КРР-и Ҷопон ба Тоҷикистон аз содироти мо ба ин кишвар зиёд будааст. Ҷамъи нишондодҳои панҷсола ҳам нишон медиҳад, ки агар дар тӯли ин панҷ сол Тоҷикистон аз Ҷопон 132,04 млн.долл. ИМА кумакҳо барои рушд гирифта бошад, содирот ба ин кишвар ҳамагӣ 16,76 млн.долл.ИМА-ро ташкил мекунад. Ин тақрибан 8 маротиба камтар аст. Ин ба он маъност, ки Тоҷикистон натавонистааст аз имконоти тиҷоратӣ бо Ҷопон истифодаи дуруст кунад. Содироти молу хизматрасониҳо дар ҳолати ба роҳ мондани муносибатҳои иқтисодии дуруст, метавонанд бамаротиб аз КРР зиёдтар бошанд. Ҳолати баръаксе, ки мо ҳоло мебинем, қобили қабул нест. Ба ин масъала диққати ҷиддӣ додан лозим аст, то аз имкониятҳои мавҷуда дуруст истифода ва роҳи бурунрафт аз ин ҳолати ногувор пайдо карда шавад.

Намудори 3. Муқоисаи КРР бо воридот

  Воридоти Тоҷикистон аз Ҷопон низ аз КРР-и ин кишвар ба мо тақрибан 4 маротиба камтар аст. Яъне, Ҷопон аз тиҷорати бевосита ба Тоҷикистон агар дар панҷ соли мавриди назари мо 31,89 млн.долл.ИМА ба даст оварда бошад, 4 маротиб зиёдтар (132,04 млн.долл.ИМА) ҳамчун кумаки расмӣ барои рушд ба кишвари мо пардохт кардааст. Яъне, Ҷопон аз тиҷорати бевосита бо Тоҷикистон даромади назаррасе надорад. Албатта, маҳсули зеҳнии мардуми Ҷопонро тоҷикистониён зиёд истифода мекунанд ва мо дар кӯчаву бозорҳо маҳсулоти ширкатҳои ҷопониро зиёд мебинем. Аммо аксари онҳоро ширкатҳои ҷопонӣ дар кишварҳои ҳамҷавори мо истеҳсол мекунанд. Дар ҳолати ба Тоҷикистон ворид шудани ин гуна маҳсулот маблағи он ҳамчун содироти ин кишварҳо ба расмият медарояд, на содироти Ҷопон. Бинобар ин, тавре ки дар намудори 4 мебинем, ҳатто гардиши умумии молу хизматрасониҳо миёни Тоҷикистон ва Ҷопон 2,7 маротиба аз кумакҳои расмии ин кишвар барои рушди Тоҷикистон камтар аст, ки ин боиси нигаронист.

Намудори 4. Муқоисаи КРР бо гардиши умумӣ

  Дар доираи кумакҳои расмӣ Ҷопон ба кишварҳои рӯ ба рушд кумакҳои қарзӣ низ мерасонад. Аз ҷумла, кишвари ҳамсояи мо Узбекистон ин қарзҳои имтиёзнокро ба даст овардааст ва аз ин имконият истифода кардааст.  Ин қарзҳо барои соҳаи энергетика ва обёрии заминҳо равона шудаанд. Вале аз рӯи маълумоти дастрас аз сомонаи ВУХ-и Ҷопон,Тоҷикистон ба ин қарзҳо дастрасӣ пайдо накардааст. Ҳол он ки мо барои сохтмони Истгоҳҳои Барқӣ обӣ ба чунин қарзҳои имтиёзнок ниёз дорем.

  Коршиноси ҷопонӣ Томоҳико Уйама яке аз сабабҳои аcосии кам будани ҳузури иқтисодии Ҷопон дар кишварҳои Осиёи Миёнаро нисбат ба КРР, паст будани сатҳи сармоягузории мустақим медонад. Ӯ меафзояд, ки сармоягузорӣ ба Осиёи Миёна хатарҳои муайянеро дорад, ки бесуботии иқтисодӣ ва ноустувории сиёсати иқтисодӣ дар ин кишварҳо аз ҷумлаи онҳо мебошанд.[3] Барои Тоҷикистон дар баробари ин мушкилот, маҳдуд будани бозори фурӯш, мавқеи номувофиқи ҷуғрофӣ ва паст будани ҳосилнокии меҳнат аз омилҳои маҳдудкунандаи рушди муносиботи иқтисодӣ бо Ҷопон ба шумор мераванд.

 Яке аз роҳҳои тақвияти равобити иқтисодии Тоҷикистону Ҷопон ин ташкили фазои мувофиқи сармоягузорӣ барои ширкатҳои ҷопонӣ ва ба роҳ мондани маҳсулотҳое, ки Ҷопон аз хориҷ ворид месозад ва кишвари мо дар истеҳсоли онҳо бартарияти нисбӣ дорад, мебошад. Маълум аст, ки “бо ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад”. Бо қабули қонунҳои махсус ва кушишҳои зиёд дар ростои ба вуҷуд овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, натиҷаҳои дилхоҳе ба даст наомадааст. Сармоягузории мустақими хориҷиро наметавон танҳо бо таблиғ ва тавсифҳо ҷалб кард. Бояд, пеш аз ҳама, эътироф кард, ки то ба ҳол натавонистем фазои мусоидеро фароҳам оварем. Вагарна “куҷо ин саранҷоми” ғайриқаноатбахшро доштем. Фазои мусоидро барои ҳама фароҳам бояд сохт. Додани имтиёзҳо барои ширкатҳои алоҳида вазъиятро бадтар месозаду беҳтар не. Чунки дар чунин ҳолат рақобати солим аз байн меравад. Дар ҳоле ки дар шароити иқтисоди бозаргонӣ танзимгарӣ одилонатарин рақобат мебошад.

  Бо фароҳам овардани фазои солими сармоягузорӣ барои сармояҳои мустақими хориҷӣ, тадқиқотҳои бозорёбии алоҳидаро метавон дар Ҷопон ва Тоҷикистон гузаронд ва талаботи Ҷопон ва имкониятҳои Тоҷикистонро дар назар гирифта, истеҳсоли маҳсулотеро ба роҳ монд, ки Тоҷикистон дар он бартарияти нисбӣ ё бартарияти мутлақ дорад. Танҳо дар асоси натоиҷи чунин тадқиқотҳои амиқ метавон равобити иқтисодии Тоҷикистону Ҷопонро ба сатҳи баланд расонд ва ҳама имкониятҳои мавҷударо самаранок истифода кард. Дар ин ҷода набояд ба зоҳири масъала нигоҳ карда, тасмим гирифт, ё тақлиди амалҳои кишварҳои дигарро кард. Чунки ҳар кишвар шароити ба худ хосро дорад ва таҷрибаи яке на ҳама вақт бо дигаре мувофиқ аст. Баъдан рақобат ҳам дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ вуҷуд дорад. Танҳо роҳҳои нав ва идеяҳои нав метавонанд баранда бошанд. Тақлид, ки навоварӣ буда наметавонад ва тақлидгар ҳамеша дар қафо мемонад.Томоҳико Уйама дар ин маврид мегӯяд: “Ин давлатҳо ва мардуми Осиёи Миёна ҳастанд, ки бояд барои дарёфти дониш, технология ва сармоя бо ҳам рақобат кунанд ва маҳорати худро дар муносибатҳои байналмилалӣ тақвият бахшанд”. Бале, оянда дар дасти ҷавонон аст, вале ояндаи дурахшони ҳар кишваре дар дасти ҳукумати кунунӣ ва мардуми фаъоли имрӯзаи он мебошад. Маҳз дастбакорони имрӯза вазифадоранд чораҳои заруриро барои муносибатҳои иқтисодии беҳтаре миёни Тоҷикистону Ҷопон андешанд ва амалӣ созанд. Вагарна ҷавонон дар оянда ҳамин мушкилоти имрӯзаро ба мерос хоҳанд гирифт.

Собириён МЕҲР

 иқтисодшинос

 Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№1 (19), 2020 

Сарчашмаҳо

  1. Basic Approaches of Japan's ODA (philosophy and principles) (https://www.mofa.go.jp/policy/oda/summary/1995/1basic.html)
  2. Japan's ODA Data for Tajikistan (https: //www. mofa.go .jp/files/ 000142566.pdf)
  3. Japanese Policies in Relation to Kazakhstan  (http://mitp-content server. mit.edu: 18180/books/ content/ sectbyfn? collid= books_pres_0&id=6802&fn=9780262621748_sch_0005.pdf)
  4. Аналитическая таблица экспорта – импорта товаров по странам (https://nbt.tj/ru/payments_balance/analytical_table.php)
  5. Japan Product exports and imports from Tajikistan 2017 (https://wits.worldbank.org/CountryProfile/en/Country/JPN/Year/2017/TradeFlow/EXPIMP/Partner/TJK/Product/All-Groups#)
  6. UN Comtrade Database (https://comtrade.un.org/data) Япония в Центральной Азии в начале ХХI века(https://www.researchgate.net/publication/319062911_Aponia_v_Centralnoj_ Azii _v_ nacale _HHI_ veka_ izucenie _problemy _ekonomiceskogo_ vliania_kitajskimi_specialistami/link/5a218288aca2727dd87a9ef0/download
Хондан 1932 маротиба