JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Иқтисоди миллӣ ва дурнамои он
 Дар кор масъалаҳои такмил додани ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон дар шароити ворид шудани вай ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо тадқиқ мегарданд. Роҳҳои мувофиқан ба талабот ва принсипҳои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо тараққӣ додани ҳамкории иқтисодии интегратсионии Тоҷикистон нишон дода мешаванд. Бо ворид шудани Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дар назди мардуми кишвар вазифа меистад, ки мувофиқи талаботҳои ин ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ фаъолияти истеҳсолӣ ва хизматрасониро ташкил намоем. Бинобар ин дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 апрели соли 2014 таъкид мешавад: «Бо дарназардошти ворид шудани кишварамон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва зарурати таъмини рақобатпазирии иқтисодиёти кишвар, инчунин беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва роҳ ёфтан ба бозорҳои ҷаҳонӣ мо бояд иқтисодиёти кишварамонро ба меъёрҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд мутобиқ созем» [1].
Чоршанбе, 30 Январи 2019 05:06

Нақши иттилоотонӣ дар саноатикунонӣ

Муаллиф:
Мувофиқи маълумоти оморҳои расмӣ (Форбс, Интербранд ва ғ.) дар интиҳои даҳсолаи дуюми асри XXI дороӣ ва нуфузи ширкатҳои алоқаманд ба коркарди иттилоот нисбатан бештар рушд ёфтаанд. Масалан дар сомонаи маҷаллаи молиявӣ-иқтисодии Форбс – www.forbes.com барои соли 2018 рейтинги 100 брендҳои гаронбаҳотарини ҷаҳон оварда шудааст ва дар он 5 ҷойи аввалро ширкатҳои Apple, Google (Alphabet), Microsoft, Facebook ва Amazon ишғол менамоянд. Дар ин қатор, мувофиқи оморҳои расмӣ, арзиши ширкати Apple беш аз 1 триллион доллари ИМА буда, самтҳои асосии фаъолияти он электроника ва технологияҳои иттилоотӣ мебошад. Самти фаъолияти ширкати Google бошад, дар вақти таъсисёбии он (1998) эълон шудааст – «Ташкили иттилооти ҷаҳонӣ, таъмин намудани дастрас ва муфид будани он барои ҳама». Сармояи ширкати мазкур мувофиқи ахборотҳои расмӣ дар вақти таъсисёбӣ то 1 миллион доллари ИМА буда, ҳоло арзиши ширкат беш аз 860 миллиард доллари ИМА (2018) мебошад. Самти фаъолияти асосии ширкати Microsoft низ асосан зеҳнӣ буда, ба кор карда баромадани таъминоти барномавӣ нигаронида шудааст ва арзиши ширкати мазкур дар соли гузашта беш аз 850 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод. Арзиши шабакаи иҷтимоии Facebook бошад мувофиқи оморҳои расмӣ дар соли гузашта беш аз 500 миллиард доллари ИМА-ро ташкил додааст. Дар ин қатор яке аз Интернет-хадамотҳои аввалин оид ба фурўши маҳсулотҳои талаботи оммавии Amazon дороии худро дар соли 2018 то ба 950 миллиард доллари ИМА расонидааст.
 Введение. ХХI ‏ㅤ век ‏ㅤ – ‏ㅤ историческая ‏ㅤ эпоха ‏ㅤ становления ‏ㅤ и ‏ㅤ развития ‏ㅤ постиндустриальной ‏ㅤ экономики ‏ㅤ и ‏ㅤ дальнейшей ‏ㅤ глобализации ‏ㅤ производства ‏ㅤ и ‏ㅤ обмена ‏ㅤ в ‏ㅤ мировом ‏ㅤ хозяйстве, ‏ㅤ эпоха ‏ㅤ углубления ‏ㅤ международной ‏ㅤ экономической ‏ㅤ интеграции ‏ㅤ в ‏ㅤ разных ‏ㅤ его ‏ㅤ регионах ‏ㅤ и ‏ㅤ совершенствования ‏ㅤ взаимодействия ‏ㅤ различных ‏ㅤ интеграционных ‏ㅤ формирований ‏ㅤ в ‏ㅤ целях ‏ㅤ обеспечения ‏ㅤ устойчивого ‏ㅤ экономического ‏ㅤ и ‏ㅤ социального ‏ㅤ прогресса ‏ㅤ во ‏ㅤ всем ‏ㅤ мировом ‏ㅤ сообществе.