JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ АЗ ДИДГОҲИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ 

«Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат падидаи истиқлоли давлатиро армуғони тақдир намешуморад. Ба ин рӯйдод аз чаҳорчӯбаи таърихи беш аз панҷҳазорсолаи миллати тоҷик менигарад. Таъкид месозад, ки ормони истиқлолият аз нахустин лаҳзаҳои шаклгирии миллати тоҷик арзи ҳастӣ кардааст. Шароити мушаххаси таърихи пайдоиш ва рушди ҷаҳонбиниеро, ки мустақилияти сиёсии миллатро дар назар дошт, ёдрас менамояд» (С. Ятимов. Асарҳо. Ҷилди 5. Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ. – Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – С. 11)

(гузориши иҷмолӣ аз ҷараёни баргузории маҳфили илмӣ таҳти унвони “Ҳиндшиносии ватанӣ: гузашта, имрӯза ва оянда” ба ифтихори 58-солагии фаъолияти илмию эҷодии доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҳабибулло Раҷабов)

    Гузаронидани маҳфилу нишастҳои илмию адабию фарҳангӣ ва семинар-машваратҳои фалсафию ихтисосӣ дар марказ ва пажуҳишгоҳҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст ва чанд соли ахир дар Раёсати АМИТ Маҳфили “Хирад” таъсис ёфта, дар доираи он бо ҳузури донишмандону муҳаққиқон, магистрону коршиносону донишҷӯён силсиласуҳбату гузоришҳои хуби илмӣ ироа гардида, аз ин тариқ сатҳи донишу биниши насли ҷавони муҳаққиқону пажуҳишгарони ватанӣ боло бурда мешавад.

(гузориши иҷмолӣ аз ҷараёни баргузории маҳфили илмӣ ва фарҳангӣ-ҳунарӣ таҳти унвони “Садои дӯстӣ ва қаламрави ҳамбастагӣ”, ки ба ифтихори 65-солагии таъсиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Афғонистон ва 79-умин солгарди хунёгари нотакрори Шарқ Аҳмад Зоҳир бо ибтикори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Афғонистон  рӯзи 14 апрели соли 2025, соати 10:00 дар маҷлисгоҳи АМИТ баргузор гардид)

      Дар доираи ҳамкориҳои судманд бо ташкилоту созмонҳои илмию фарҳангии дохилию хориҷӣ Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфилу нишастҳои муштараки илмӣ ва фарҳангӣ баргузор намуда, аз ин тариқа равобити АМИТ-ро дар самти умури ташкилию илмию фарҳангӣ таҳкиму тақвият мебахшад. Ба ин манзур, дар доираи ҳамкориҳои Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Афғонистон 14 апрели соли 2025, соати 10:00 дар маҷлисгоҳи АМИТ бо ҳузури меҳмонони хориҷӣ ва доираҳои илмию адабию фарҳангию ҳунарии ватанӣ маҳфили вежаи илмӣ ва фарҳангӣ-ҳунарӣ таҳти унвони “Садои дӯстӣ ва қаламрави ҳамбастагӣ”, ки ба ифтихори 65-солагии таъсиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Афғонистон ва 79-умин солгарди хунёгари нотакрори Шарқ Аҳмад Зоҳир созмон дода шудааст, баргузор гардид.

Олиҷанобон, муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо,

Хонумҳо ва ҷанобон!

Шуморо ба Тоҷикистон, ки нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро мизбонӣ мекунад, самимона хайрамақдам мегӯям.

Ин Конфронс қадами муҳим дар самти татбиқи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» мебошад.

Саҳифа аз 1 то 198