Идеяи сиёсатмадорон ва иқтисодчиён, ҳарчанд онҳо ҳақ ҳастанд ва ё иштибоҳ менамоянд, барои ҳамаи давру замон аҳамияти бузург дорад. Зеро ҳаёт бе идеяи онҳо мукаммал буда наметавонад. Дар таърихи ақлонии инсоният ҳеҷ гоҳ монанди имрӯз барои рушд ва инкишоф додани сохтори тафаккуру тасаввур имконият фаро нарасида буд. Бо вуҷуди он ҳама комёбиҳои беназир, боз якқатор муаммоҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, ва экологӣ низ бани башарро ба ташвиш оварда, олимону сиёсатмадорони беҳтарин барои бартараф намудани он, идеяҳои рушдро пешниҳод намуда истодаанд. Ҳаёт бе муаммо буда наметавонад, аммо вазифаи илм ва рисолати олим дар он аст, ки барои башарият идеяи роҳи расидан ба «зиндагии хуб»- ро нишон дода тавонад.