JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 07 Майи 2018 13:47

Истеҳсолоти нав. Имтиёзҳо барои афзоиши он

Муаллиф:

 Мувофиқи маълумоти расмӣ, содироти кишвар дар соли 2017 133,3 ва воридот 91, 5 дарсадро ташкил дод ва ҳиссаи он дар гардиши савдои хориҷӣ дар маҷмӯъ 30, 2 дарсад ва воридот 69, 8  дарсад мебошад.
  Ин нишондиҳандаи хуб аст. Зеро дар солҳои пешӣ содироти кишвар агар танҳо аз ҳисоби алюминийи аввалия, нахи пахта ва сабзавоту мева ташаккул меёфт, айни замон ҳиссаи он дар гардиши савдои хориҷӣ аз 20 дарсади соли 2015 - ум ба 30, 2 дарсад дар соли 2017 баробар гардид.

  Завқизода Завқӣ, муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, дар ин бора иброз дошт, ки асоси натиҷабахш будани ин нишондиҳандаҳо татбиқи Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020 мебошад. Аз 20 номгӯи маҳсулоте, ки дар барнома ҳамчун маҳсулоти воридотивазкунанда пешбинӣ шудааст, ҳаҷми истеҳсоли 14 номгӯи маҳсулот, аз ҷумла семент, неруи барқ, маҳсулоти тайёр аз пахта, шоҳӣ, пӯсти коркардшуда, маъданҳо, металлҳои сиёҳ афзоиш ёфтааст. Дар ташаккули захираҳои молии бозори истеъмолӣ ҳиссаи истеҳсолоти ватанӣ, ба монанди гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ 72, шир ва маҳсулоти ширӣ 99, тухм 63, нон ва маҳсулоти нонӣ 52 ва сабзавоту  полизӣ 99 дарсадро ташкил медиҳад, ки нисбат ба солҳои пешӣ натиҷаи назаррас аст.  
  Ташкили истеҳсолоти ватанӣ имкон дод, ки дар се соли охир танҳо воридоти маҳсулоти озуқа то 273 миллион доллари амрикоӣ кам гардад, рушди устувори савдои чакана ҳамасола беш аз 6 дарсад таъмин шавад. Албатта, чунин натиҷаҳои мусбат дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ҳанӯз қонеъкунанда нестанд. Масалан, худи қисмати содирот дар шароити имрӯза нисбат ба таъсири омилҳои беруна осебпазир арзёбӣ мешавад. Зеро, ба содироти кишвар, ки асосан аз ҳисоби маъдану консентратҳо, алюминийи аввалия, нахи пахта ва сабзавоту мева ташаккул ёфтааст ва онҳо бештар дар шакли ашёи хом содирот мешаванд, дилхоҳ тағйирёбии нархи маҳсулоти номбаршуда дар бозори ҷаҳонӣ таъсир мерасонад.
   Вусъат бахшидан ба ҷараёни воридоти таҷҳизоти технологияи муосир, ҳамчунин, таъсиси истеҳсолоти нав беҳтарин воситаи бартараф кардани мушкилоти ҷойдошта ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, барои ҷалби сармоя ва ворид кардани технология ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори саноати коркард ва рушди содироти маҳсулоти ватанӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 феврали соли 2018 ба кодексҳои андоз ва гумрук муқаррароти дахлдор оид ба пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ ворид карда шуда, дастгоҳу таҷҳизот ва маҳсулоти такмилии онҳо, ки бевосита барои эҳтиёҷоти корхонаҳои истеҳсолӣ ворид мегарданд, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод шуданд.
  Айни замон дар соҳаи саноати сабук ва пилла 4, саноати хӯрокворӣ 7, саноати масолеҳи сохтмонӣ 7, саноати ангишт 2 ва дар соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳо 3 корхона бо техника ва технологияҳои нав муҷаҳҳаз гардонда шуданд, ки номгӯи маҳсулоти нави саноатии воридотивазкунанда истеҳсол хоҳанд кард. Масалан, “Сомон чарм” – и шаҳри Ваҳдат бо ворид кардани таҷҳизоти коркарди пӯст ва ҶСК  “Нуриҳои Осиё” – и шаҳри Сарбанд бо таъмини қисмҳои ҷудокунии ҳаво дар газогенераторҳо барои истеҳсоли карбамид.
  Файзиддин Раҳмонов, директори ҶСК «Нуриҳои Осиё», иброз дошт, ки корхона нақша дорад, бо таъмини пурраи техника ва технология дар марҳилаи аввал 120 ҳазор тонна амиак ва 200 ҳазор тонна карбамид истеҳсол кунад. Дар марҳилаи дуюм ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 300 ҳазор тонна расонда мешавад ва нахуст талаботи хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва қисман вилояти Суғдро таъмин хоҳад кард. Алъон барои хоҷагиҳои деҳқонӣ нуриҳои минералӣ аз кишварҳои Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Русия оварда мешаванд.
  Ба роҳ мондани ин ва дигар номгӯи истеҳсолоти нав суръати диверсификатсияи истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва ҳиссаи молҳои коркарди ниҳоиро дар сохтори содирот, ки чандон назаррас нест, баланд мебардорад. Ёдовар мешавем, ки вобаста ба масъалаи мазкур Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ ба вазорату идораҳои далхдор дастуру супориш дода буданд.


О. ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият” Санаи нашр: 03.05.2018    №: 87  

http://www.jumhuriyat.tj/index.php?art_id=33542

Хондан 2080 маротиба