JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 12 Феврали 2018 03:05

Гузариш ба иқтисоди сабз

Муаллиф:

  Идеяи сиёсатмадорон ва иқтисодчиён, ҳарчанд онҳо ҳақ ҳастанд ва ё иштибоҳ менамоянд, барои ҳамаи давру замон аҳамияти бузург дорад. Зеро ҳаёт бе идеяи онҳо мукаммал буда наметавонад. Дар таърихи ақлонии   инсоният ҳеҷ гоҳ монанди имрӯз барои рушд ва инкишоф додани сохтори тафаккуру тасаввур имконият фаро нарасида буд. Бо вуҷуди он ҳама комёбиҳои беназир, боз якқатор муаммоҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, ва экологӣ низ бани башарро ба ташвиш оварда, олимону сиёсатмадорони беҳтарин барои бартараф намудани он, идеяҳои рушдро пешниҳод намуда истодаанд. Ҳаёт бе муаммо буда наметавонад, аммо вазифаи илм ва рисолати олим дар он аст, ки барои башарият идеяи роҳи расидан ба «зиндагии хуб»- ро нишон дода тавонад.    

  Дар асоси модели аҳволи иҷтимоии Тоҷикистон чӣ гуна принсипҳои зарурӣ ва кифояткунанда ва чӣ гуна механизмҳои амалигардонӣ мавҷуданд? Мусаллам аст, ки ҳар як давлат, ҳар як ҷомеа худ бояд нақши роҳи худро ҷиҳати ҳадди ақал интернатсионалӣ гардонидани ҳаёти сиёсӣ-экологии худ ва муттаҳид намудани доираи иқтисодӣ дар фазои ягонаи ҷаҳонӣ фикр намуда барояд. Ҳанӯз аз замони ҳоло фаро нарасидани бӯҳрони экологӣ К.Маркс зимни таҳлилу таркиби маълумоти дастовардҳои таърихӣ гуфта буд, ки «тамаддун агар  бо ҳидояти шуур нею бенизом тараққӣ кунад, аз худ биёбонро боқӣ гузорад».

Имрӯз муаммоҳои ба ҳамагон маълуме вуҷуд доранд: болоравии экспансияи мунҷамидгардонидани газ, харобсозии радиатсия, заҳролуд гардонида шудани қабатҳои ҳаво, ҳодисаҳои тағирёбии ирсият, бӯҳрони экологӣ, тахриботи захираҳои табиӣ, муаммоҳои демографӣ. Олимон пешгӯи менамоянд, ки дар соли 2015 нисфи аҳолии сайёра аз оби нӯшиданӣ танқисӣ мекашанд. Дар ин муддат миқдори аҳолӣ аз 6,1 миллиард то 7,2 миллиард нафар хоҳад расид.

Неъматҳои ҷамиятӣ: Бешак ҳақ бар ҷониби Н.Назарбоев аст, ки мегӯяд: «инсоният рӯйи моҳро таҳқиқ кард, ки дар масофаи чандин сад ҳазор километр дур воқеъ аст, вале ҳатто даҳ фоизи қаъри баҳру уқёнусро, ки аз мо чандон дур нест, таҳқиқ накардааст»[1].

Дар маҷрои тавлиди неъматҳои ҷамъмиятӣ давлат на танҳо ба қобилияту омӯзиши манфиати аъзоёни ҷомеа такя мекунад, балки вай худ неъматҳоеро истеҳсол мекунад, ки манфиатҳои бунёдии миллату ҷомеа, ҳастии онро инъикос намуда, устувор мегардонад. Хосатан, дар давраи истиқлол ва марҳилаҳои тарҳрезии заминаҳои он ҳаҷми бузурги тавлиду бунёди неъматҳои ҷамъиятӣ бар дӯши давлат аст. Масъалаи асосӣ ин вазъияти нобасомони экологӣ ва иқтисодист. Тақдири ҳар минтақаро мураккабтарин вазъи экологӣ ва иқтисодӣ муайян хоҳад кард. Бешак, ҳис кардан мумкин аст, ки дорои аҳамияти калони байналхалқӣ будани минтақаи Осиёи Марказӣ дар мавҷудияти канданиҳои фоиданоки табиист. Зеро дар сари роҳи комуникатсияҳои байниқитъавӣ ҷойгир буданаш, ҳамчунин наздик воқеъ гаштанаш ба чунин марказҳои нерӯи байналхалқӣ мисли Чин ва Россия мебошад. К.Маркс дар мақолаи худ таҳти унвони «Британское владычество в Индии» навишта буд, ки дар кишварҳои Осиё, аз давраҳои қадим дар идораи давлатӣ асосан ба се соҳаи муҳим аҳамият медоданд. Соҳаи сеюм, ки асосан ба идораи истифодаи сарфакорона ва ҷамъиятии об шуғл меварзид, ба баҳси мо алоқаи зич дорад.

Бо инкишофи иқтисодии ҷомеа об ба рӯйхати захираҳои нодир ва маҳдуд дохил шуда, ба радифи неъматҳои ҳаётан муҳим ворид мегардад. Бинобарон, дар конфронси Дублин, ки соли 1992 таҳти унвони «Об ва мувозинати экологӣ: масъалаҳои инкишоф дар асри 21» баргузор шуда буд, қайд шудааст: «Об дорои арзиши иқтисодӣ мебошад ва новобаста аз истифодаи мухталиф, онро бояд ҳамчун мол эътироф кард»[2]. Дар ҷумҳурии мо 11,2 фоиз ҳавзаи захираҳои оби Осиёи Марказӣ воқеъ буда, 65 фоизи захираи оби баҳри Арал ташаккул меёбад. Маълум аст, ки ҳамагӣ 20 фоизи захираи обӣ ва ё 11,3 фоизи ҳаҷми Арал истифода мешаваду халос. Дар вилояти Суғд 75 дар сади захираҳои обӣ барои соҳаҳои кишоварзӣ истифода мешавад, ки он 152657 ҳазор метрии мураббаъро ташкил медиҳад.

Дар сатҳи ҷумҳурӣ заминҳои обӣ беш аз 93 фоизи маҳсулоти кишоварзиро ташкил медиҳад. Дар минтақаҳои шимолии кишвар 215,1 ҳазор гектар заминҳои обӣ мавҷуд буда, заминҳои озоди обёришаванда 120 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Олимони соҳа муайян намуданд, ки барои гирифтани 1 тонна гандум 1500 метри мураббаъ ва дар давраи ветатсионӣ як гектар майдони ҷуворимакка 3000 метри мураббаъ, карам 8000 ва шолӣ 12000-20000 метри мураббаъ об сарф мешавад[3].    

Тоҷикистон ҳамеша барои пешгирӣ намудани «бӯҳрони экологӣ» роҳҳои бехатариро ҷустуҷӯ менамояд. Кишвари мо бо нишондиҳандаи истеҳсоли пахта ба ҳар як нафар миёни аҳолӣ миёни давлатҳои узви ИДМ ҷои намоёнро мегирад. Пас аз алюминий вай дуюмин ашёи содиротӣ буда, дар боигарии миллии мо мақоми калидӣ дорад. Маҳсулоте, ки аз коркарди пахта ба даст меояд, дар доираи таклифоту талаботи истеъмолӣ ба қатори зарурии аввал дохил мешавад. Таҳлилҳои иқтисодиву таҷрибаи давлатҳои пешрафта исбот кардааст, ки фурӯши содироти маҳсулоти ниҳоӣ даромади калон меорад. Фарзияи иқтисодчиён ин аст, ки дар бозори ҷаҳонӣ як тонна нахи пахта бо арзиши 1200 доллар баҳо дода шуд. Агар онро коркард намоем, пас аз 1 тонна нах 0,88 тонна (880) ришта истеҳсол мешавад, ки нархи он ба 1480-1500 доллар (1 тонна ришта) баробар мешавад. Аз 1 тонна ришта бошад, 6991,9 метр матои тайёр ҳосил шуда, ҳар ҳазор метрии онро 450 доллари мехаранд, ҳар метрии онро 45 сентӣ баҳо медиҳанд. Пас, маблағи як тонна нахи пахта, пас аз ба мато табдил ёфтанаш ба 3146,3 доллар мерасад[4]

Агар қофиласолори илми иқтисод  А. Смидро ба хотир орем:  барои  ҷомеа ва давлатро аз зинаи пасти ваҳшоният ба зинаи олии некӯкориву тамаддун ҳидоят намудан, бояд сулҳу ризояти ҷомеа, андози сабуку муътадил ва идоракунии тоқатпазирро фароҳам овардан лозим аст. Омилҳое, ки ба гузариши иқтисоди сабз дар ҷаҳон ва Тоҷикистон монеа эҷод мекунанд.

Якум, имрӯз дар ибтидои садаи 21-ум 142 миллион сокини сайёра ба таври доимӣ марихуана истеъмол мекунанд, 30,5 миллион кас бо доруҳои амфетамин ва маводи мухаддири маснӯӣ худро заҳролуд мекунанд, 134 миллион кокоин ва 8 миллион нафар шаҳрванд симои одамиро гум кардаанд»[5] (7; 115). Дар ҷаҳон асосан ҷавонон ба нашъмандӣ таваҷҷӯҳ пайдо намуданд, бинобар ин дар ҷумҳурӣ барои бартараф кардани нашъамандӣ, ки яке аз сабабҳои бемории сирояткунанда (СПИД, гепатит ва ғ.) гардидааст, корҳои пешгиринамоӣ гузаронида шудааст. Ин буд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ соли 1997 барои пешгирӣ аз СПИД қонуни ҶТ «Дар бораи пешгирии бемории СПИД» қабул гардид.

Дуввум, масъалаҳои инкишофи технология бо суръати кайҳонӣ. Технологияи мухталиф аз як тараф кулли халқҳоро ба ҳамдигар наздиктар намуда бошад, аз ҷиҳати дигар ба инкишофи яроқу аслиҳа сабабгор шуда истодааст. Мутафаккири маъруф В.И.Вернадский пешомадҳои илму техникаро дар садаи гузашта дурбинона баён карда буд: «Он рӯзе дур нест, ки инсоният энергияи бузурги атомро ба даст дарорад, чунин манбаи  қувваеро соҳиб шавад, ки он барои мувофиқи майлу хоҳиши худ дигаргун сохтани ҳаёт имконият меоварад..» Ва олим ба гирдоби фикр фурӯ рафта мепурсад: «Оё инсон… онро барои худкушӣ нею балки баҳри манфиати худ кор фармуда метавонад?... Оё вай ба чунин камолоте расидааст, ки қувваеро, ки илм ногузир ба дасти ӯ хоҳад дод, истифода бурда тавонад?..[6] Ва агар эҷоди кашфиётҳо бо ғаразҳои сиёсӣ пайванд намешуданд он санаи таърихие бо номи «Рӯзи сиёҳи Алберт Эйнштейн» маълум намегардид. Ин рӯзе маҳсуб меёфт, ки хабари ба Хиросима партофта шудани аввалин бомбаи атомиро бузургтарин намояндаи физикаи саддаи ХХ мешунавид. В.И.Ленин  боре ба нависандаи англис Ҳерберт Уэлс оқибатҳои таъсири парвозҳои кайҳониро ба ҷаҳонбинии инсон маънидод карда, мегӯяд: «тасаввуроти одамон дар миқёси саёраамон ташаккул ёфтанд; онҳо ба чунин тахмине асос меёбанд, ки патенсиали техникӣ тараққи карда, ҳеҷ гоҳ аз «ҳудуди заминӣ» намебарояд. Агар мо алоқаи байни сайёравиро барқарор карда тавонем, лозим меояд, ки тамоми тасаввуроти фалсафӣ, иҷтимоӣ ва маънавии худро аз сари нав дида бароем…»[7]. Гузашта аз ин дар инкишофи илмҳои техникӣ оқибатҳои вайроншавиии ҳаворо мебинем. Дар воқеият як автомобил ба соате «120 грамм моддаи заҳролудро ба ҳаво пош медиҳад. Як автомобил ҳамагӣ 1000 километр роҳ гашта, он қадар оксигени тозаро фурӯ мебарад, ки вайро одам дар муддати як соли том истеъмол мекунад. Миқдори моддаи заҳролуде, ки як самолёти реактивӣ ба ҳаво пош медиҳад, аз партови як автомобил дида ҳафт ҳазор маротиба бештар аст»[8]. Муносибати ҳозираи инсон бо табиат, муносибати фаъолонаест, ки аз амалиёти дигаргунсозии олам иборат аст.

Саввум, идеяи ҳамроҳ шудан ва ё нашудан ба ҷаҳонишавӣ мебошад, ки кишварҳо онро ба таври мухталиф қабул доранд. Ба ҷаҳонишавӣ ҳамроҳ шудан, барои мухолифин (антиглобалистон) ин на танҳо номи навест, балки барои ифодаи ҳаводиси куҳанмустамликахоҳии навбаромада ва тарафдоронаш далелест, ки танҳо роҳи глобаликунонӣ барои пешрафти куллии илмию техникӣ ва иҷтимоии минтақаҳои то ин дам ақибмонда мусоидат хоҳад кард. Аз назари тадқиқоти Бонки ҷаҳонӣ болоравии сатҳи ҳаёт ва инкишофи иқтисодиёти Хитой, Ҳиндустон ва дигар кишварҳое, ки бист сол пеш қашшоқ буданд ва ба ҷараёни пешрафти ақлнорас ворид гардидани онон, инкишофи интернет, беҳтаршавии воситаҳои алоқа ва ҳаракат ба тамоми ҷаҳон ва паҳн гардидани бемории СПИД ва ғ» аз зуҳуротҳои ҷаҳонишавӣ маҳсуб меёбанд[9].

Чорум: Дар асри муосир мубориза барои мафкураи ҷавонон босуръат идома дорад. Нерӯҳои ифротгаро мехоҳанд бо идеяҳои ғаразнок ба ҳадафҳои ниҳоии эгоистиашон ноил гарданд. Одамонро ба фанатизм ҳидоят менамоянд (масалан, таассуби динӣ).Фанатизм бешубҳа иллатовартарин ва харобкунандатарин падидае мебошад, ки инсон, то ҳадди охир ба идеяҳои нодурусти худ як умр тобеъ мемонад ва фикрронии догматикӣ дорад. Бинобарон, Тоҷикистон барои рушди тамоми самтҳои ҷомеа идеяи «ваҳдати миллӣ» ва «таҳаммулгароии фалсафӣ»-ро зарур медонад.   

Омилҳое, ки гузариш ба иқтисодиёти сабзро таъмин намуда, табиатро ҳифз менамоянд.

Якум: Ҳамкории иқтисодӣ ё худ «гуфтугӯи тамаддунҳо».

Дар айни замон вазъи ҳозираи экологӣ талаб мекунад, ки қувваи амалипазируфтаи дониш на фақат бо идеалҳои зебоӣ, балки бо он идеалҳои ахлоқӣ, ки дар тӯли қарнҳое чанд гуманистони халқу замонҳои мухталифро илҳоми рӯҳи бахшидаанд, сахт пайваст шавад. Дар замоне, ки назарияҳо, идея ва идеалогияҳои зиёд нуфуз доранд, халқҳо аз ҳарвақта дида ба «гуфтугӯи тамаддунҳо» ниёз доранд. Мутафаккири маъруф С.Хангтинтон (дар асараш «Бархӯрди тамаддунҳо») солҳост инҷониб ба ҷаҳониён ҳушёрие медиҳад, ки ҷаҳон дар оянда зери низои «бархӯрди тамаддунҳо» қарор хоҳад гирифт. Бидуни шак, бархӯрди тамаддунҳо дар ҷаҳон ба «ҷанги сард» миёни давлатҳо боис гардида, дар натиҷа табиату ҷамъиятро беш аз пеш хароб месозад. Ҳар як фарҳанг, ҳар як урфу одат ва ҳар як як тамаддун, қатъи назар аз ақибмондагӣ  ва кӯҳнапарастона буданашон, барои дар олами ҳастӣ арзи вуҷуд кардан, ҳуқуқҳои табиӣ доранд. Давлат-миллатҳо танҳо ба воситаи ҳамкории беғараз метавонанд омилҳои харобиоварро паси сар намоянд.

Ҳамгироӣ сатҳи мубодилаи иқтисодиёти сабзро баланд намуд. Воридот (импорт) ва содирот (экспорт) метавонад сатҳи камбизоатиро паст намояд, ки барои ин ҳамгироӣ басо мусоидат хоҳад кард. Олимон тадқиқот бурданд, ки «қариб 3 млрд. нафар одамони кишварҳои рӯ ба инкишоф нав ба ҷаҳонишавӣ ҳамроҳшаванда зиндагӣ мекунанд ва дар ин кишварҳо шумораи одамони сатҳи зиндагиашон қашшоқона дар давоми солҳои 1999- то 1998 ба 120 млн паст фаромад ва бо вуҷуди ин нигоҳ накарда бархе аз кишварҳои қашшоқ бо аҳолии умумии қариб 2 млрд инсон берун аз ҷараёни глобализатсия қарор гирифтанд»[10].  Ҷаҳонишавӣ, умуман сатҳи қашшоқиро бо назардошти коршиносон паст менамояд, зеро ташкил шудани иқтисодиёти ҳамҷояи миллӣ онро тезтар инкишоф хоҳад дод ва ин раванд одатан асоси васеъ дорад. Бар замми ин, интеграсия маҳсулнокии ҳар як намуди фаъолиятро баланд мебардорад. Давлатҳои абарқудрат монеаҳои ҷиддие барои маҳсулоти кишварҳои нисбатан қашшоқ эҷод мекунанд. Дар натиҷаи ҷаҳонишавӣ мағлубият ва ғолибият ҳамчун дар муносибатҳо байни кишварҳо ва инчунин дар дохили минтақа пайдо мегарданд.

Халқи мо бояд донад, ки аз ин ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироӣ чӣ мегирад ва чӣ дода метавонад. Омилҳои номбаршуда вазъи муаммои муоисири байналхалқиро муайян месозанд. Идеяи сиёсатмадорон ва иқтисодчиён барои бартарафнамоии онҳо кӯмак мерасонад.

Дуввум: нақши давлат-барои аз байн бурдани камбизоатӣ.

Дар инкишофи назарияи танзими иқтисодии давлат идеяҳои Макиавеллӣ, Гобсс, Лок, Кейнс, Гегел, Фукуяма ва дигарон хеле ҷолиб аст. Аз назари Гегел нуқтаи назари фалсафӣ ба давлат ва ҳуқуқ ба он мебарад, ки қонунгузорӣ ва муайянкунии онро дар алоҳидагӣ ва абстрактӣ не, балки ҳамчун элементи як умумият бо алоқамандиии дигар боқимонда муайянкунандаҳо, кадоме, ки хислати миллат ва давлатро тартиб медиҳад; бо ҳамин муносибат онҳо аҳамияти ҳақиқии худро, инчунин тасдиқи худро ба даст меоранд[11]. Аз нигоҳи системаи ҳуқуқии Гегел бармеояд, ки давлат танзимкунандаи ҳамаи ҳуқуқҳои табиӣ мебошад. Давлат барои он сохта шудааст, ки одамонро аз бадбахтиҳои бузург наҷот диҳад. Давлат барои Гегел ин образи воқеии Худо дар замин мебошад. Барои ташаккули шароитҳои иқтисодӣ давлат метавонад имкониятҳои махсус фаро орад.

«Давлат,- менависад  Вебер,- ҳамон ҷамияти одамоне мебошад, ки дар ботини соҳаи муайян ҷойгузин аст. Бо комёби ба монополияи зӯроварии қонунии ҷисмонӣ даъвогари менамояд»[12]. Яъне давлат барои он қувваи маҷбурнамоиро истифода менамояд, ки иддаи гурӯҳҳои манфиатҷӯ барои талаботҳои худ мардумро фиреб медиҳанд.  

Асосгузори назарияи бозорӣ А.Смит меҳисобад, ки «вазифаи шоҳ ё давлат барпо кардани чунин муассисоти ҷамъияти оянда, ки мумкин ба дараҷаи баланд барои ҷамъияти васеъ умуман фоидаовар шуда наметавонад, лекин бо фоидаи худ хароҷоти шахсони алоҳида ё гурӯҳи хурди одамонро пӯшонад. Бинобарон, интизорӣ кашидан, ки шахси алоҳида ё гурӯҳи хурди одамон онҳоро асос гузоранд ё хӯронанд»[13]. ғайриимкон мебошад. Смит чунон моделеро нишон медиҳад, ки одамон бояд аз қудрати имкониятҳои хеш истифода намоянд ва давлат манфиатҳои фардии онҳоро ҳифз менамояд.

Фукуяма дар асари машҳури худ «Сильное Государство»[14] муаммоҳои байналхалқиро зери таҳлилҳои илмӣ мегирад ва роҳи ҳалли онҳоро ба «давлати абарқудрат» мегузорад. Давлат агар қудрати худро ба система дароварда, онро  истифода карда тавонад, онгоҳ мушкилотҳои бузургро ҳал мекунад. Аз назари Фукуяма, муаммои сусти дастгоҳи давлатӣ ва зарурати  сохтори давлати абарқудрат ҳамчун падидаи иҷтимоӣ дар муддати бисёр солҳо вуҷуд дошт ва ҳуҷуми 11-уми сентябри соли 2001 дар Ню-Йорк вайро хеле равшантар нишон дод ва ин ҳодиса нишонаи сустии системаҳои идоракунии давлатӣ буд. Фукуяма меҳисобад, ки давлати суст наметавонад дар пешорӯи муаммоҳо истодагирӣ намояд. Давлат тавонмандии бунёди имкониятҳоеро дорад, ки метавонад он ба пастшавии қашшоқӣ орад.

Сеюм: Рушди инсон-пешрафти иқтисод аст.

Ҳанӯз китоби С.Давлатов бо номи «Ману пул» ҳамчун рушдиҳандаи идеяи индивидуалии соҳибкорӣ рӯи кор омад. Ин китоб тавонист таваҷҷуҳи зиёди шаҳрвандонро соҳиб гашта, боиси пешрафти тафаккури ҳаводоронаш гардад. Китоби мазкур як навъ кӯшишҳои идеалиест, ки дар садаи нав фаро расидани озодии иқтисодиро нишон медиҳад. Ӯ сабабгори хушбахтӣ ва бадбахтии инсонро аз кӯшишҳояш медонад.

Ҳар гуна ҳаёти воқеӣ маҳсули хирад, омӯзиш ва рӯҳияи инсон мебошад. Одамон маҳсули идеяҳояшон буда, сарватҳои онон дар кадом сатҳ қарор доштанашонро муайян мекунад. Аз ин рӯ дарки қобилият ва истеъдод сарчашмаи ҳар гуна хушбахтӣ ва комёбиҳои иқтисодӣ мебошад. Аз назари муаллиф дар олам «зиёда аз 3 миллиард одамон дар як рӯз бо 1 доллар ҳаёт ба сар мебаранд, 2 миллиард одамони дигар савод надоранд, 1 миллиард одамон азоби гуруснагӣ мекашанд»[15]. Ҳамаи фикру андешаи одамон натиҷаи китобҳои мутолиа кардаашон аст. Бояд одамон ба идеяи худсозӣ ва шинохти воқеияти ҳаёт гузаранд. Камбизоатиро бо гузоштани пасандоз ва сармоягузорӣ метавон аз байн бурд. Агар мардум маблағашонро ҳар рӯз «1 долларӣ бо 8 фоизи солонааш пасандоз намоянд, он дар 30 сол тахминан 1,800-2 миллион доллар мешавад». Рафтори хирадмандонаи одамон метавонад зиндагии онҳоро тағйир диҳад. Одамон дар ҳаёт пеш аз ҳама бояд мақсадҳояшонро муайян намоянд. Тасаввуроти воқеи метавонад дар амал иҷро шавад. Барои наҷот аз камбизоати одамон бояд рӯҳияашонро дигаргун сохта ба ақл ва ирода бояд такя намоянд.

Чорум: Одамон баробар офарида шудаанд.

Ҳанӯз Ҷон Лок эълон карда буд, ки одамон табиатан озод офарида мешаванд ва ҳамаи онҳо ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ ва моликиятро доранд. Ҳамаи одамон бояд имкониятҳои баробар дошта бошанд ва давлат онро таъмин менамояд. Гузашта аз ин Ҷ.Роулз дар асараш «Назарияи адолат» ҳанӯз ғояи баробарии имкониятҳои иқтисодиро маънидод карда буд. Одамон ҳама баробаранд ва бояд ҳиссиёти баробар будан бо дигаронро дошта бошанд. Агар дар ҷомеа ҳама аз рӯи принсипҳои баробарӣ амал намоянд, он гоҳ адолат ҳосил хоҳад шуд. Агар одамон эҳсоси идеяи ахлоқ, озодӣ, баробарӣ, виҷдон ва ғайраро надошта бошанд, ҳеҷ гоҳ адолати иҷтимоӣ зуҳур нахоҳад кард. Аз ин рӯ «хиради ноосферӣ» хеле муҳим мебошад. Бахт он гунае, ки барои мо муқаддас аст, набояд фаромӯш шавад, ки барои дигарон низ ҳамин тавр аст. Ҳисси бахтҷӯии дигаронро эҳтиром бояд кард.   Дар ниҳоди рафтору тамоилҳои одамон – эгоизм, алтруизм ва манфиати ҷомеа, модели анъанавии бозор аст ва танҳо манфиати ғаразноки субъективиро аз худ кардааст, ки он манфиати бегонагонро табиатан инкор мекунад.

Бунёди ҷомеаи баробарпараст, ки дар он ҳар як фард нақши иҷтимоии воқеӣ дошта бошаду шахсият гашта, ба рушди комили худ бирасад, талаботи таълимоти ноосферӣ ва инкишофи иродаи озод, умуман нахуст талаботи замони муосир мебошад.

Хулоса: Дар айни замон фаҳмидани он душвор нест, ки марҳилаҳои вобаста ба ҳамдигар будани халқҳо ҳар лаҳза эҳсос мешавад. Муаммоҳои муосири экологӣ ва иқтисодӣ на фақат ба ҳамдигар, балки ба рафти ташаккули муносибатҳои сиёсӣ, динӣ, фарҳангӣ ва ғайра наздики доранд. Ва маҳз барои ҳамин мо бештар худро дар ҳолати омодашавӣ қарор диҳем, то хатарҳои таъкиднамудаамон ба сарнавишти халқамон таъсири манфи нагузорад. Дар ин рафти таърих ба мо лозим аст, ки ба идеяи худсозӣ ва иқтидори рӯҳиву захиравии кишварамон такя намоем. Бештари муаммоҳо ба тамоми сайёра маълуманд ва ҳамаи давлатҳо барои бартарафнамоии онҳо мубориза мебаранд. Ташакули иқтисоди сабз вобаста ба ҳимояи манфиатҳои миллии мо мебошад. Ҳар қадар ҳисси ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар ботини мардум зуҳур намояд, ҳамон қадар сатҳи камбизоатӣ паст мефарояд. Дар тамоми тӯли ҳаёти худ одамон на танҳо бо сабаби таҳаввулотҳои ҷисмонӣ ҷаҳонро дигаргун намуданд, балки асосӣ тағйирёбии олам аз инкишофи рӯҳиву зеҳнӣ ва дарк намудани идеяи озодӣ буд. Инсоният ҳуқуқи эҷод намудани арзишҳоро дорад, аммо ихтирооте, ки башарро «як қадам ба пеш, сад қадам ба қафо мебарад» ҳаргиз набояд даст занад. Агар инсоният бо сулҳ зиндаги намуданро наомӯзад, ҳатман ҷои онро ба ҷанг медиҳад. Агар халқҳо ба сарнавишти ояндагон беэътибор бошанд, ҳаргиз бахшида намешаванд. Ташаккули иқтисоди миллии Тоҷикистон ба таври эволютсиони ҳаракат дорад ва дарку қадр намудани неъматҳо боиси тавлидшавии неъматҳои дигар мегардад. Инсоният бояд дарк намояд, ки ҳар амали нисбати табиат анҷомдодааш рӯзе ба худаш бармегардад. Ин ҳақиқати баҳснопазир аст.    

 Аслиддин САЛИМОВ

устоди ДДЗТ ба номи С.Улуғзода

 Маҷаллаи академии илмию оммавӣ (Илм ва Ҷомеа)-№1 (9), 2018

Адабиёт

 

1.Вебер М. Избр. Произв. М.,1990.

2.Гегелъ Г. Философия права. М.,1990.

3.Глобализация, рост и бедность. Изд. ВЕСЬ  МИР. М., 2004.

4.Давлатов С. Ману пул. Душанбе., 2011.

5.Захираҳои оби Тоҷикистон ва истифодаи оқилонаи онҳо// фишурдаи маърӯзаҳои конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ. Хуҷанд. 2003.

6.Зубайдов У, Раҳимов М, Шарипов И. Инсоният ва экология. Душанбе., 2011.

7.Мирсаидов А. Соҳибистиқлолӣ ва ташаккули иқтисоди миллӣ. Хуҷанд, 2008. 

8.Назарбоев Н. Даҳ соли бӯҳронӣ. Душанбе., 2004.

9.Рӯзномаи «Республика», 28-02-2001.    

10.Смит А. Иследование о природе и причинах богатсва народов.Т 2. М.-Л., 1935.

11.Турсунов А. Инсон, Атом, Кайҳон. Душанбе., 1967.       

12.Турсунов А. Банди фалак. Душанбе., 1976.

13.Фукуяма Ф.  Сильное Государство. М., 2009.

 

[1] Назарбоев Н. Даҳ соли бӯҳронӣ. Душанбе., 2004.

[2] Рӯзномаи «Республика», 28-02-2001.    

[3] Захираҳои оби Тоҷикистон ва истифодаи оқилонаи онҳо// Фишурдаи маърӯзаҳои конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ. Хуҷанд, 2003.

[4] Мирсаидов А. Соҳибистиқлолӣ ва ташаккули иқтисоди миллӣ. Хуҷанд, 2008. 

[5] Мирсаидов А. Соҳибистиқлолӣ ва ташаккули иқтисоди миллӣ. Хуҷанд, 2008.

[6] Турсунов А. Инсон, Атом, Кайҳон. Душанбе, 1967.

[7] Турсунов А. Инсон, Атом, Кайҳон. Душанбе, 1967.

[8] Турсунов А. Банди фалак. Душанбе, 1976.

[9] Глобализация, рост и бедность. Изд. ВЕСЬ  МИР. М., 2004.

[10] Глобализация, рост и бедность. Изд. ВЕСЬ  МИР. М., 2004.

[11] Гегелъ Г. Философия права. М.,1990

[12] Вебер М. Избр. Произв. М.,1990.

[13] Смит А. Иследование о природе и причинах богатсва народов.т 2. М.-Л. 1935.

[14] Фукуяма Ф.  Сильное Государство  М., 2009.

[15] Давлатов С. Ману пул. Душанбе., 2011. 

Хондан 3195 маротиба