JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 19 Январи 2018 10:45

Рахна миёни дастовардҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ

Муаллиф:

  Дастовардҳои иқтисодии Ҷопон мавриди таваҷҷуҳи донишмандони дигар кишварҳо қарор гирифтааст. Ҳама мехоҳад донад, ки чӣ тавр як кишвари дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ шикастхурда, аз хоку хокистар дар як замони нисбатан кӯтоҳ берун шуд ва ба дуюмин иқтисоди ҷаҳон табдил ёфт. Доир ба ин масъала назарҳо зиёданд. Инҷо мо назари чанд олими ҷопониро доир ба ин масъала меорем, ки аз китоби Кеничӣ Оҳно таҳти унвони “Рушди иқтисодии Ҷопон: пайроҳаи тайкардаи Ҷопон ҳамчун кишвари тараққикарда” гирифта шудааст. Ин хулосаи қисми яки китоби мазкур аст, ки аз забони англисӣ тарҷума шуда, пешкаши хонандагони арҷманди сомонаи “Равшанфикр” мегардад.

 Тавзеҳ: Аз корбарони сомона эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба нуктаҳои асосии ҷараёни таҷаддуд ва модернизатсияи иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ки аз ҷониби коршиносони ҷопонӣ манзур гадидаанд, ҷиддӣ таваҷҷуҳ фармоянд. Махсусан, ба нуктаи калидӣ-модернизатсияи фикриву фарҳангӣ, ки дар таҳаввулоти иҷтимоиву иқтисодӣ ба таври назаррас таъсиргузор аст, таваҷҷуҳ намудан айни муддаост.

 

Рахна миёни дастовардҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ

  Дар китоби “Модернизатсия ва тағйироти иҷтимоӣ дар Ҷопон”-и худ, ҷомеашинос Кеничӣ Томинага як чорчӯбаи куллиеро барои дарки ҷанбаҳои мухталифи навсозӣ (модернизатсия) ва санъатисозии Ҷопонро пешниҳод мекунад. Ар рӯйи анъана, ду тафсири бо ҳам мухолифи таърихи муосири Ҷопон ҷуҷуд дорад. Дидгоҳи якум, амалкарди иқтисодии Ҷопонро, махсусан муваффақияти бузурги он ҳамчун кишвари деромадаро, ба таври мусбӣ арзёбӣ мекунад. Дидгоҳи дувум, гузаштаи Ҷопонро ҳамчун як кишвари ситамгар ба мардуми худ ва ҷангҷӯю таҷовузгари кишварҳои ҳамсояаш медонад. Оё Ҷопон як модели хуб барои кишварҳои рӯ ба инкишоф аст ва ё як таҷрибаи манфиест, ки бо ҳар ҳазине ки набошад, аз он бояд дурӣ ҷуст? Томинага ҳушдор медиҳад, ки баҳс дар мавриди ин дугунагии сода натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Ба гуфтаи ӯ, модернизатсия як падидаи печидаест, ки бояд аз рӯйи мафҳумҳо ва моделҳои илмӣ таҳлилу баррасӣ гардад.

 Пеш аз ҳама, Томинага таъкид мекунад, ки раванди модернизатсияи кишварҳои ғайриғарбӣ бо он пайроҳае намераванд, ки кишварҳои ғарбӣ рафтаанд.

  “Барои муваффақ будан, модернизатсияи як кишвари ғайриғарбӣ бояд як раванди офаринандае бошад, ки дар он ба тарзи шоиста фарҳанги бумӣ бо фарҳангҳои воридшудаи хориҷӣ муқоиса шудааст, ҷанбаҳои бартари фарҳанги хориҷӣ ба таври интихобӣ муаррифӣ шудаанд, аносири бумӣ ва воридшуда тавре омехта шуда бошанд, ки чизи наве ба вуҷуд оварда бошанд ва бархӯрд биёни ҳардуи онҳо бартараф шуда бошад. Модернизатсияи Ҷопон айнан чунин раванд буд. Модернизатсияе ки айни замон дар ҷомеаҳои осиёӣ ҷанубу шарқӣ дар ҳоли анҷом аст, низ ба ҳамин дидгоҳ мувофиқ аст” (Томигана, 1990, саҳ. 38-39).

Ин идея, асосан ҳамон идеяи “мутобиқшавии интиқолӣ”-и Маегава аст. Аз рӯйи ин амалкард, методи Томигана пешниҳод мекунад, ки ҷомеа ба чор зерсистемаҳои зерин тақсим ва такомули ҳар яки он бо ҷузъиёташон тавсиф карда мешавад:

  1. Модернизатсияи иқтисодӣ (рушди иқтисодӣ тавассути санъатисозӣ).
  2. Модернизатсияи сиёсӣ (демократизатсия).
  3. Модернизатсияи иҷтимоӣ ба маънои маҳдуд (гузариш аз “gemeinschaft” {гурҳбандиҳо дар асоси заминдорӣ ва шаҷара} ба “gesellschaft” {гурӯҳҳои функсионалӣ} ҳамчунин тағйири ҷамъиятҳои пӯшидаи деҳотӣ ба ҷамъиятҳои кушодаи шаҳрӣ).
  4. Модернизатсияи фарҳангӣ дар маънои маҳдуд (гузариш аз хурофот ва расму одатҳои ирратсионалӣ ба тафаккури илмӣ ва ратсионалӣ). (Ин дар Тоҷикистон монеаи асосӣ аст- М.С)

  Истидлолҳои асосии Томинагаро метавон ба таври зерин натиҷагирӣ кард. Модернизатсияи Аврупо бо рушди дохилии сиёсиву иҷтимоии зерсистемаҳо оғоз шуда, бо Инқилоби Санъатӣ анҷомид. Аммо кишварҳои ақибмонда наметавонанд аз ин пойраҳа истифода кунанд. Барои онҳо модернизатсияи иқтисодӣ назар ба модернизатсияи сиёсӣ “осонтар” аст. Модернизатсияи иҷтимоиву фарҳангӣ боз ҳам мушкилтар аст. Ин аз он сабаб аст, ки тағйир додани сохторе, ки ба ҳар як ҷузъиёти зиндагии инсонҳо тасаллут ва нуфуз дорад, хеле вақту энержии зиёд талаб мекунад, нисбати он ки технология ва саноъати нав нусхабардорӣ шавад. Ин, табиатан ба шикофи миёни тавсияи босуръати иқтисодӣ ва рушди кунди ҳамаи ҷанбаҳои дигар бурда мерасонад. Ҳамин тавр, дар ҳолате ки зерсистемаҳои иқтисодӣ ва зерсистемаҳои ғайрииқтисодӣ аз ҳам вобастаанд, ин рахна таннишҳо ва бархӯрдҳоеро ба вуҷуд меорад, ки раванди модернизатсияи ҳамон кишварро вайрон месозад. Ҷопони пешазҷангӣ, ки аз як тараф, технологияи нав ва саноати замонавиро равнақ бахшид ва аз тарафи дигар, консепсияи “миллати муқаддас”-и баргирифта аз низоми қадимаи парастиши император ва оилаи феодалро таҳмил мекард, як намунаи маъмулӣ мебошад. Аз нуқтаи назари ҷомеашиносӣ, иддаои Томинага, дар воқеъ, ба яке аз назарҳои машҳур дар мавриди созгорӣ ва носозгории раванди модернизатсияи Ҷопон мутааллиқ аст.

Томинага ҳамчунин меафзояд:

  1. Пеш аз даврони Едо (низоми давлатдории самурайӣ - 1613-1867), Ҷопон ягон идея ё системае ба вуҷуд наоварда буд, ки заминасози модернизатсия бошад. Аз ҳамин сабаб, модернизатияе, ки аз давраи баъдии Мейҷӣ (низоми давлатдории императорӣ - 1868-1912) шурӯъ шуд, тақозои пурра аз миён бардоштани системаҳои анъанавӣ ва гузаштан ба системаҳои хориҷиро мекард.
  2. Модернизатсия дар ҷомеае, ки дар он “gemeinschaft”, ҷамоатҳои пӯшидаи деҳотӣ ва тафаккури ирратсионалӣ боқӣ мондаанд, муваффақ шуда наметавонад. Агар модернизатсия дар ҳоли мавҷудияти ин унсурҳо дунболагирӣ шавад, дилемма ва ихтилофҳо ногузир мегарданд.
  3. Рахнаи ҷиддии модернизатсиякунонӣ дар Ҷопони пешазҷангӣ ба таври васееъ дар натиҷаи реформаҳои далеронаи баъдиҷангӣ бартараф карда шуд, вале баъзе унсурҳои суннатӣ то ҳанӯз, ҳатто дар замони муосир боқӣ мондаанд. Модернизатсияи Ҷопон ба анҷом намерасад, то замоне ки ин унсурҳои боқимонда ахиран бардошта нашаванд.

  Равшан аст, ки Томинага ба унсурҳои бумии Ҷопон назари бисёр манфӣ дорад. Ӯ ба онҳо ҳамчун ба садҳо дар роҳи модернизатсия менигарад, на ҳамчун заминаи миллие, ки дар он унсурҳои воридшуда пайваст карда шаванд. Ин дар таззоди сахт бо арзёбиҳои баланди Умесао дар мавриди торихи Ҷопон , ки ӯ мегӯяд “Ҷопон ба монанди Британия ба таври табиӣ ва новобаста аз дигар кишварҳо, ҳамчун миллати модерн ташаккул ёфтааст”, қарор дорад. Ин ҳамчунин бо “мутобиқшавии интиқолӣ”-и Маегава дар таззод аст, ки мегӯяд: “Ҷопон муваффақона унсурҳои дохилӣ ва хориҷиро бо ҳам омехтааст ва суннатҳои миллӣ дар сохтори имрӯза ҳамчун заминаи фундаменталӣ хизмат мекунанд.  Кадом тафсир мантиқитар аст? Бигзор хонанда худ қазоват ва интихоб кунад.

Таҳия ва тарҷумаи

Меҳр Собириён

Хондан 2177 маротиба