JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 11 Январи 2018 05:10

Назаре ба истихроҷ ва ғанигардонии тилло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муаллиф:

  Дар таърихи инсоният дар рӯйи замин ба ҳисоби миёна зиёда аз 100 ҳазор тонна тилло истеҳсол карда шудаст. Тилло зиёда аз 6 ҳазор сол пеш аз милод истифода бурда мешуд. Дар аксарияти мамлакатҳои дунё тиллои истихроҷшуда ва ғанигардонидашуда дар фонди давлат дар шакли хӯлаҳои тиллоӣ нигоҳ дошта мешавад, ки онҳоро ба ном «захираи тиллоӣ»-и ин ё он кишвар ном мебаранд. Тиллоро дар ҳама ҷо дидан мумкин аст. Аз ҷумла, дар ҳама гуна хок, дар ҷинсҳои кӯҳӣ дар оби баҳр, аммо ҳосилнокии он дар бештари маврид ночиз аст. Ба ҳисоби миёна, дар як тонна маводи қаъри замин аз рӯйи ҳисобҳои ҷорӣ, 4 мг тилло мавҷуд мебошад. Ҳарчанд, ки тилло дар таркиби 20 минерал мавҷуд аст, аммо асоси истеҳсолоти бисёри давлатҳоро тиллои худрӯй ташкил медиҳад.

 Тиллоро чандин ҳазор сол пеш ва то ин замон дар ҷавоҳиротҳои заргарӣ, сикказании тангаҳо, тибб, саноати сафол, электороника, химияи муосир, истеҳсоли нахи синтетикӣ ва ғайраҳо васеъ истифода мебаранд. Тилло дар об ва лой ба монанди оҳан занг намезанад, дар оксидҳо ранги худро гум намекунад (ба мисли мис) ва дигар хусусиятҳои хуби физикавӣ ва кимиёии ӯро ба назар гирифта, металли асил ё нодир ном ниҳоданд.

Аз рӯи маълумоти маҷаллаи бритониёии «Экономист», захираи тиллои иктишофёфта дар ҷаҳон 35 – 40 ҳазор тоннаро дар бар мегирад, ки қариб нисфи он ба Африқои Ҷанубӣ тааллуқ дорад. Дар соли 1988 ҳамаи давлатҳои ҷаҳон 1373 тонна тилло истихроҷ кардаанд, ки аз ин 709 тонна ба Африқои Ҷанубӣ, 52 тонна ба Канада, 33 тонна ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва 20 тонна ба Гвинеяи Нав рост меояд. Аз рӯйи таҳлилҳои хориҷиён Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳамин сол тақрибан 250 – 300 тонна тилло истихроҷ кардааст, ки баъди Африқои Ҷанубӣ дар зинаи дуюм меистод [2,5].

Дар Тоҷикистон тилло аз замонҳои қадим маълум аст. Ин тасодуф нест, зеро ба мо маълум аст, ки яке аз дарёҳои сарзаминамон «Зарафшон», ки маънояш «Зар-афшон» мебошад, то имрӯз аз макони асосии истихроҷи тилло дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Бостоншиносон ва археологҳо тадқиқ кардаанд, ки ба даст овардани тилло дар Суғд ва Бохтар ду ҳазор сол қабл рушд ёфта буд. Олими машҳур, геолог ва минерологӣ номдори Осиёи Марказӣ Абурайҳон Берунӣ (973-1048) навишта буд, ки дар кӯҳистони водии Рашт, тиллои худрӯе ёфта буданд, ки вазни он 80 ратлей (32 кг 430 гр) баробар аст. Дигар тиллои худрӯй, ки вазнаш 24 кг 360 гр дар дараи Шоҳ Вахон (Ҷануби Помир) пайдо шуд. Сеюм – дар яке аз шохоби болоии дарёи Панҷ (Шуғнон), ки вазни он 5 кг 684 гр буд [4,2].

Идораи истеҳсолоти «Таджикзолото» соли 1988 дар вақти коркарди резачошҳо порчаи тиллоеро ёфтанд, ки ба монанди қуттии гугирд буд ва вазни 225 граммро дошт. Дар ҳамин ҷой боз дигар тиллои холисеро ёфтанд, ки вазни он 114 грамм буд.

Истихроҷ ва ғанигардонии саноатии тилло дар Тоҷикистон аз соли 1894 оғоз ёфтааст.

Соли 1896 П.А. Журавков оид ба ғанигардонии тилло дар бекигарии Балҷувон иҷозат гирифт ва истихроҷи тилло ба ҳисоби миёна 4,3 кг буд, аҳолии маҳаллӣ ин нишондодро зиёда аз 10 кг ва ҳатто ба 20 кг расониданд.

Дар ҳамин солҳо истихроҷи солонаи тилло дар Бухорои Шарқӣ 320 кг арзёбӣ гардид, ки ба 300 ҳазор рубл баробар мешуд.

Соли 1910 экспедитсияи ҷустуҷӯӣ ва иктишофии тилло дар соҳили дарёи Оқсу таъсис ёфт.

Баъди таъсиси Ҳокимияти Шӯравӣ соли 1926 дар Тоҷикистон иттиҳодияи кооперативие ташкил шуд, ки вазифаи он муттаҳид кардани ҳамаи конҳои истихроҷии тилло дар кишвар ба ҳисоб мерафт. Вале охири солҳои 30-юм ин иттиҳодия рӯй ба таназзул ниҳод.

Соли 1932 барои иҷрои кор дар Осиёи Марказӣ иттиҳодияи махсуси «Южцветметзолото» таъсис дода шуд [5,4].

То соли 1991 тиллои дар ҷумҳурӣ истихроҷшударо барои тоза кардан ба Федератсияи Русия содир мекарданд. Баъдтар соли 1992, дар шаҳри Исфара заводи гидрометаллургӣ бунёд гардид, ки ба коркарди консентрати тиллодорӣ комбинати Панҷакент ва Қайроқум машғул буд.

Дар оғози соли 1994 дар шаҳри Бӯстон (собиқ Чкаловск) корхонаи аффинажӣ барои истеҳсоли тангаҳои тилло ва нуқра сохта шуд, ки ин корхона дар як сол то 10 тонна тиллоро бо тозагии 9,999 ва 40 тонна нуқраро тоза намуд [5,7].

Асосан ду намуди конҳои тилло аҳамияти саноатӣ доранд: таҳҷоӣ ва резачош.

Тилло якҷоя бо дигар маъданҳои полиметаллӣ, ки асоси онҳоро мис, руҳ, сурб, нуқра ташкил медиҳанд истихроҷ ва ғанӣ гардонида мешавад.

Бештари вақт, тилло бо ҳолати ноаён дар минерали пирит (FeO2), ки дорои ранги зард аст, мавҷуд мебошад. Металли асил дар таркиби конҳои дорои волфрам, сурб, арсен, оҳан ва рӯҳ ёфт мешавад.

Айни замон дар шимоли Тоҷикистон, тилло аз конҳои таҳҷоии кӯҳҳои Қарамазор (Апрелевка, Бургунда) қаторкӯҳи Зарафшон (Ҷилав, Тарор) истихроҷ ва ғанӣ гардонида мешавад [7,4].

Дар Тоҷикистон конҳои пароканда (резачош) низ ба чашм мерасанд, ки онҳоро дар соҳили дарёҳо дучор шудан мумкин аст (мисоли дарёи Дарвоз, Зарафшон, Оқсу, Рангкул ва ғ.).

Аз рӯйи тадқиқотҳои ҷустуҷӯйӣ ва иктишофии геологҳо, айни замон дар Тоҷикистон 218 кони тилло маълум шудааст, ки ҳаҷми умумии захираи онҳо тақрибан 430 тоннаро дар бар мегирад.

Холов Х.И., Самиҳов Ш.Р., Зарифова М.С.

Адабиётҳои истифодашуда

  1. Самиҳов Ш.Р., Зинченко З.А. Технологияи ғанигардонии маъданҳои металлҳои ранга. - Душанбе 2013, 595 с.
  2. Вазиров К. В., Фозилов Ҷ.Н. Иқтисоди ашёи минералӣ. -«Матбуот» Душанбе 2010, 144 с.
  3. Полькин С.И. Обогащение руд и россыпей редких и благородных металлов. – М.; Недра, 1987, 428 с.
  4. Тоҷикистон чй қадар тилло дорад. Тоҷикистон, 1991. - С.20-21.
  5. Золото Таджикистана //Ҳафт ганҷ.- 1998.- №5 (7). - С. 8.
  6. Конҳои маъдани Тоҷикистон ва ҳифзи онҷо.- Душанбе, 2001. - С.56
  7. Конҳои тилло, нуқра ва платинаи Тоҷикистон. - Душанбе, 2003.  - С. 4-9.
  8. Зырянов А.Г. Анализ зарубежного опыта работы золотодобывающей промышленности. – М.: ЦНИИцветмет экономики и информации, 1985.
  9. Неганов В.П., Коваленко В.И., Зайцев Б.М., Казаченко Ю.А. Технология разработки золоторудных месторождений. – М.: Недра, 1995.
  10. Интернет-ресурсы: http://knowledge.allbest.ru/geology/2c0b65635b3ac78a5c43a88521206d37_0.html
Хондан 2354 маротиба