(Тибқи осори ёддоштӣ ва публисистии академик З.Раҷабов ва проф. А.Мухторов) Дар ҳар як давру замон дарёфти соҳибкори муваффақ ва тоҷири корчаллон ниҳоят кори мушкил ва мураккаб маҳсуб меёбанд. Аз ин боис, ба ташаккул ва омода намудани бозаргону соҳибкори асилу муваффақ эътибори махсус равона намуда, пайваста талош мекунанд, ки чунин кори муҳиму судбахш анҷом дода шаванд. Хосатан ҳар як ашхоси ҷозибу хайрхоҳ ва некхоҳу дурандеш ният ва орзу менамояд, ки меросхўри худро чун соҳибкори муваффақ ва тоҷири корчаллон тарбия намуда, ба воя расонад, то ки дар рўзгори инсонӣ ва рушду такомули ҷомеаи мутамаддин мавқеи муҳим ва нақши арзанда пайдо намояд. Чунин ниятҳои неку орзуҳои ширинро чун ҳар як тоҷики асилу ояндабин бобою падари Зарифу Латиф ва дигарон дар замири хеш парварида, мудом аз паи амалӣ намудани он пайваста кўшишу талош менамуданд. Аз ин рў, ин мавзўъ муҳиму рўзмарра буда, пажўҳишу тадқиқи саривақтии худро интизор аст.