JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 14 Ноябри 2018 09:44

Роҳҳои истифодаи самараноки муҳоҷирати меҳнатӣ дар рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муаллиф:

  Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо дар баромаду вохўриҳо оид ба устувории ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ва беҳтар гардонидани некўаҳволии шаҳрвандони мамлакат, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва инноватсионӣ бо роҳи фароҳам овардани шароити созанда барои  ҷалби инвеститсияҳо ва технологияҳои замонавӣ, суханронӣ менамоянд. Чунин иқдомҳои Сарвари давлат бояд аз тарафи сохтору мақомотҳо ва ташкилоту корхонаҳо дастгирӣ пайдо карда, ҷиҳати амалӣ гардонидани онҳо пайваста тадбирҳои самаранок андешида шаванд.

  Яке аз роҳҳои беҳтар намудани вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишвари азизамон, ки солҳои охир ба буҳрони молиявӣ дучор гардидааст, ин дурусту самаранок истифода бурдани иқтидори соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад.

  Таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки давлатҳои қабулкунанда ва интиқолдиҳандаи муҳоҷирон, ки сиёсати самараноки муҳоҷиратро роҳандозӣ кардаанд, тавонистанд онро дар рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакати худ истифода баранд. Ба ин гуна давлатҳо мисол шуда метавонанд: ИМА, Австралия, Олмон, Россия, Туркия, Сингапур, Индонезия, Кореяи Ҷанубӣ, Ҳиндустон, Филиппин ва баъзе дигар давлатҳо. Дар асоси ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди дутарафа, ба онҳо муяссар гардид, ки идоракунии давлатиро дар соҳаи муҳоҷират самаранок амалӣ карда, ин намуди фаъолиятро барои рушди ҷомеа ва худи муҳоҷирон бо аъзои оилаашон, равона созанд.  

  Дар ИМА зиёда аз 90%-и ихтирооти илмию инженерӣ ва татбиқи он дар истеҳсолот, ки рушди иқтисодию иҷтимоии кишварро таъмин менамояд, ба муҳоҷирон мансуб мебошад. Дар Федератсияи Россия бошад, саҳми арзандаи муҳоҷирони хориҷӣ ба иқтидори молиявии соҳаи нафти мамлакат баробар карда шудааст, ки он даҳҳо миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

  Давлати Туркия, ки дар нимаи дуюми асри гузашта зиёда аз 5-6 миллион нафар муҳоҷирони меҳнатиро ба Олмон ва дигар мамлакатҳои пешқадам интиқол медод, сиёсати дурандешу мақсаднокро дар самти муҳоҷират ба роҳ монда, минбаъд ба давлати пуриқтидор табдил ёфт ва айни замон ҳарсола  2 – 2,5 млн. нафар муҳоҷирони меҳнатиро аз хориҷа қабул менамояд.

  Кишвари Ҳиндустон низ тавонист сиёсати шаффоф ва созандаро дар ин самт ҷорӣ карда,  муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳиндуҳои бурунмарзиро барои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат ҷалб  намояд. Аз ин хотир, агар соли 2009 муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳиндуҳои бурунмарзӣ ба ватани худ маблағи 49 млрд. доллари амрикоиро интиқол дода бошанд, пас ин рақам соли 2015 зиёда аз 72 млрд. долларро ташкил кард ва Ҳиндустон аз ҳисоби самаранок истифода бурдани чунин маблағҳо барои рушди ҷомеа, дар ҷаҳон яке аз мавқеъҳои аввалинро ишғол менамояд.

  Дигар давлат, ки дар ин самт дастоварди зиёд дорад, Филиппин ба ҳисоб меравад. Кишвари номбурда тавонист, ки тайи 10 соли охир бо истифодаи самараноки соҳаи муҳоҷират, ҳарсола сатҳи бекориро дар мамлакат 1%-ӣ кам намояд ва чунин натиҷа дар байни коршиносон хуб арзёбӣ шудааст.

  Масъалаҳои муҳоҷират дар асри XXI хусусияти глобалӣ гирифтаанд ва он давлатҳои ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Солҳои 60-уми асри гузашта шумораи муҳоҷирон дар дунё 75,5 млн. нафарро ташкил медод. Соли 2000-ум шумораи онҳо то 176,6 млн. ва соли 2010 то ба 213,9 млн. нафар зиёд гардид. Коршиносони Созмони Милали Муттаҳид пешгўӣ менамоянд, ки бо сабабҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, демографӣ ва экологӣ, шумораи муҳоҷирон дар ҷаҳон то соли 2050 қариб ду баробар афзоиш ёфта, ба 415 млн. нафар мерасад. Ҷаҳонишавии масъалаҳои муҳоҷират Точикистонро низ дар канор монда наметавонад ва аз ин лиҳоз ба мақомотҳои дахлдори давлатӣ лозим аст, ки дар ин самт сиёсати мақсадноку натиҷабахшро бо истифодаи он дар рушди мамлакат, кор карда бароянд. 

  Тайи даҳсолаҳои охир саҳми муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ нисбати дастгирии молиявии оилаҳои худ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат, беандоза мебошад. Дар давоми солҳои 2007-2017 маблағҳои интиқолдодаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ ба Тоҷикистон зиёда аз 27 млрд. доллари амрикоиро ташкил доданд ва чунин саҳми арзандаи онҳо вазъи муътадили иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсиро дар ҷомеа нигоҳ дошт. Айни замон ягон соҳаи иқтисодиёти Тоҷикистон чунин иқтидорро надорад. 

  Бо мақсади ҳарчи бештар муҳайё намудани шароитҳо барои муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дарназардошти он, ки зиёда аз 95%-и муҳоҷирони меҳнатии кишварамон ҳарсола ба Федератсияи Россия равона мегарданд, ҳанўз соли 2013 аз ҷониби гурўҳи коршиносони Тоҷикистону Россия панҷ номгўй лоиҳаи Созишномаи байниҳукуматӣ омода шуда буд, аз ҷумла:

-дар бораи ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ;

-дар бораи мақоми ҳуқуқии намояндагиҳои хадамоти муҳоҷирати тарафҳо дар қаламрави якдигар; 

-дар бораи ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷират;

-дар бораи реадмиссия;

-дар бораи ҳамкориҳо дар соҳаи таъминоти иҷтимоӣ (суғуртаи нафақа).

  Ҳарчанд ҳуҷҷатҳои мазкур дар ҷаласаҳои якҷояи Форуми байнипарлумонӣ ва Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия баррасӣ ва ба нақшаи чорабиниҳо дохил гардида буданд, лекин бо гузашти панҷ сол ягонтои он ба имзо расонида нашуд, ки чунин аҳвол  вазъияти муҳоҷиронро дар Федератсияи Россия беҳ накард.

  Инчунин, то соли 2013 бо супориши Ҳукумати мамлакат  ду лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ» ва «Дар бораи агентиҳои шуғл» низ омода шуда буданд. Доир ба зарурати қабули Қонуни болозикр, супоришҳои махсуси Президенти мамлакат мавҷуд мебошанд. Яке аз он дар Нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, ки 3 майи соли 2013 бо имзои Ҷаноби Олӣ тасдиқ карда шудааст ва дигаре аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2015) бармеояд. Лекин, соли панҷум аст, ки  тақдири лоиҳаи Қонунҳои номбурда ҳам маълум нест.

  Бояд қайд кард, ки сиёсати муҳоҷират дар давлатҳои қабулкунанда ва интиқолдиҳандаи муҳоҷирон доимо иваз мегардад ва вобаста ба он қонунгузории давлатҳои ҳавасманд низ, бояд дар ин самт аз нигоҳи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо, саривақт такмил дода шавад. Зеро, дар шароити ивазшавандаи сиёсати муҳоҷирати байналмилалӣ, хусусият ва ҷараёни рафтуомади муҳоҷирон, асосу омилхои он ва аз ҳама муҳимтар, муносибати шаҳрвандони маҳаллӣ ба муҳоҷирон тағйир меёбад ва бо мақсади пешгирии ҳолатҳои ғайричашмдошт нисбати муҳоҷирони меҳнатӣ, тадбирҳои фавриву натиҷабахш андешидан лозим аст.  

  Мутаассифона, тайи солҳои охир баъзеҳо дорои чунин ақидаанд, ки масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ обрўю эътибори Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ паст мекунад ва доир ба он диққати ҷиддӣ додан лозим нест. Мумкин аст маҳз бо ин сабаб қабули ҳуҷҷатҳои болозикр аз мадди назар дур мондаанд. Гарчанде, Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи сафарҳои расмии хориҷиашон бо муҳоҷирони меҳнатӣ, диаспораҳо ва ҳамватанони бурунмарзӣ вохўриҳо барпо карда, доир ба ҳалли мушкилоти онҳо ба мақомоти дахлдори давлатӣ дастуру супоришҳо медиҳанд.

  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади  ҳалли душвориҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, пай дар ҳам то соли 2015 Барномаҳо ва Стратегияҳои миёнамуҳлатро ҷиҳати пешгирии мушкилот дар ин самт қабул мекард. Мутаассифона аз соли 2015 инҷониб дар Тоҷикистон чунин Барномаю Стратегия вуҷуд надорад.

  Мисолҳои овардашуда тасдиқи ҳолро нишон медиҳанд ва аз сабаби  хусусияти глобалӣ гирифтани соҳаи муҳоҷират, фаъолият дар ин ҷода бо дарназардошти ба инобат гирифтани хулосаҳои илмӣ ва ояндабинии пешбурди соҳа, бояд куллан такмил дода шавад.

  Бо ин мақсад ва дар асоси тадқиқотҳои илмии гузаронидашуда, ки аз таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ бармеоянд, барои расидан ба натиҷаҳои дилхоҳ дар самти муҳоҷират, ба андешаи мо ҳалли се масъалаи зерини калидӣ зарур аст:

а) Интихоб ва такмили сиёсати мақсаднок  дар соҳаи муҳоҷират.

б) Қабули қонунгузории муосир ва ҳамкориҳои натиҷабахши байнидавлатӣ ва байниидоравӣ.

в) Танзим ва идоракунии давлатии муҳоҷират.

  Барои иҷрои масъалаҳои гузошташуда ва бо дарназардошти он, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон боз якчанд даҳсолаҳо бо муҳоҷирати аҳолӣ ва алалхусус бо душвориҳои муҳоҷирати меҳнатӣ машғул мешавад, андешидани тадбирҳои зерин ба мақсад мувофиқ мебошад:

1. Қабули қонунгузории муосир дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ.

2.Омўзиши таҷрибаи байналмилалӣ дар самти интиқоли қувваи корӣ ба хориҷа ва вазъи бозори меҳнати ҷаҳонӣ.

3.Ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо давлатҳои қабули муҳоҷирон.

4.Бо таҷҳизоти замонавӣ ва устодони истеҳсолии таҷрибадор таъмин намудани омўзишгоҳҳои касбӣ-техникии ҷумҳурӣ ва тайёр намудани мутахассисони бомаҳорат барои бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар.

5.Дар заминаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани Вазорат ва ё Кумитаи муҳоҷират ва диаспораҳо. Тайёр кардани мутахассисони ҷавону болаёқат дар ин соҳа бо роҳи кушодани шуъбаи муҳоҷират дар яке аз донишгоҳҳои мамлакат.

6.Таҳти раисии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон додани Шўрои ҳамоҳангсозӣ оид ба муҳоҷират дар ҳайати роҳбарони аввали вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ.

7.Таъсис додани вазифаи Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати муҳоҷират. 

8.Ба ҳайати Парлумони мамлакат интихоб намудани вакилони мардумӣ аз байни муҳоҷирони меҳнатӣ, диаспораҳо ва ҳамватанони бурунмарзӣ. Ҷиҳати ҳалли масъалаи мазкур, ворид намудани тағйирот ба қонунгузории миллӣ.

  Дар ҳолати иҷро гардидани масъалаҳои зикршуда, ба андешаи мо Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият пайдо мекунад, ки идоракунии давлатиро дар соҳаи муҳоҷират татбиқ намуда, онро дар рушди иқтисодию  иҷтимоии мамлакат самаранок истифода барад. Ҳамзамон, бо ба даст овардани натиҷаҳои назарраси фаъолият, Тоҷикистон мисли дигар давлатҳои бомуваффақ дар соҳаи муҳоҷират пуриқтидор гардида, обрўю эътибори худро дар саҳнаи байналмилалӣ таҳким мебахшад.

 Анвар БОБОЕВ

номзади илми иқтисод,

мудири  бахши «Муҳоҷирати аҳолӣ»-и

 Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№3 (11), 2018

Хондан 1636 маротиба