JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 19 Июни 2018 15:36

Дурнамои ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ва дохилӣ ба истеҳсолоти ватанӣ

Муаллиф:

   Аҳамияти сармоягузории дохилӣ метавонад бо тадриҷ ва ҳамзамон бо афзудани ҳаҷмҳои сармоягузориҳои хориҷӣ бештар гардад. Омилҳои асосии зиёд намудани ҳаҷмҳои сармоягузориҳо дар саноати кишвар инҳо маҳсуб дониста мешаванд: корхонаҳои муштарак бо сармояи хориҷӣ, қарзҳои хориҷии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, грантҳои хориҷӣ, сармоягузориҳои бевоситаи хориҷӣ, таъсиси филиалҳои ширкатҳои хориҷӣ, вусъатёбии дарозмуддати кредитӣ, истифодаи захираҳои муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ.

   Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки корхонаҳои муштарак роҳи муҳимтарини воридшавии сармояи хориҷӣ ба иқтисоди кишвар мебошад. Фароҳам овардани муҳити иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва психологӣ дар кишвар барои рушди корхонаҳои муштарак на танҳо баҳри зиёд намудани шумораи онҳо, балки инчунин барои суръатбахшии такрористеҳсоли сармояи муштарак, баланд бардоштани рейтинги инвеститсионии кишвар низ муҳим мебошад. Афзун намудани ҳаҷми сармоягузориҳои хориҷӣ аз ин роҳ барои таҳкими иқтидори иқтисодии соҳибкории хусусӣ дар саноат, ҷалби фаъолтари қарзҳои хориҷӣ барои рушди истеҳсолот, таъсиси корхонаҳои нав, ҷорӣ сохтани технологияҳои пешқадам, ба бозорҳои хориҷӣ ворид гаштани ширкатҳои миллӣ ва дар бозори ҷаҳонӣ мавқеи устувор пайдо намудани онҳо, андӯхтани таҷрибаи муосири пешқадами идораи истеҳсолот, сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ, истифодаи технологияи пешқадам, арза намудани молҳои нав, пайдо намудани таҷрибаи муосир ва усулҳои рақобат дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, зиёд намудани ҳаҷми воридот ба буҷети давлатӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мусоидат хоҳад кард.

  Баробари баланд шудани сатҳи ҳамгироии иқтисоди кишвар ба иқтисоди ҷаҳонӣ ва тавсиаи фаъолияти иқтисодии хориҷии корхонаҳои саноатӣ ҳиссаи ширкатҳои саноатӣ (ҳам давлатӣ ва ҳам хусусӣ) дар қарзгирии хориҷии кишвар зиёд мегардад.

  Дар бисту панҷ соли истиқлолият бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ҳазорҳо корхонаву коргоҳҳои хурду бузурги саноатӣ бунёд гардиданд, ки онҳо дар соҳаҳои истихроҷ ва коркарди маъдан, ангишт, саноати сабук ва кимиё, мошинсозӣ, коркарди металлҳои қиматбаҳо ва ранга, масолеҳи сохтмон ва саноати хӯрокворӣ фаъолият менамоянд.

 То ба имрӯз ҷиҳати ба кор андохтани иқтидорҳои нав дар соҳаи саноат ва истифодаи самараноки корхонаҳои мавҷуда, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот, тақвияти имкониятҳои содиротии кишвар ва умуман, дар самти иҷрои барномаҳои стратегии мамлакат як силсила тадбирҳои судманд амалӣ гардидаанд.

  Маҳз рушди соҳаҳои воқеӣ, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақим ва воридоти технологияҳои нави инноватсионӣ имкон медиҳад, ки раванди саноатикунонии мамлакат таъмин гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва шумораи ҷойҳои нави корӣ мунтазам афзоиш дода шавад.

  Сохтмони се корхонаи саноатӣ дар ноҳияи Ёвон ва ба кор оғоз кардани корхонаи маъдантозакунии Такоб, ки барои тавлиди алюминий ашёи хом истеҳсол мекунанд, ҷиҳати паст кардани арзиши аслии алюминий ва вобастагӣ аз ашёи хоми воридотӣ, инчунин, маҷмааи нассоҷӣ оид ба коркарди пахта дар ноҳияи Данғара барои афзоиши иқтидори содиротии кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.

  Бунёди корхонаи муосир оид ба коркарди маъдан дар шаҳри Панҷакент, корхонаҳои металлургӣ ва истеҳсоли маҳсулоти оҳан дар шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Спитамен, инчунин, корхонаи истихроҷу истеҳсоли тилло дар шаҳри Ваҳдат идомаи мантиқии ин раванди созанда мебошад.

  Бояд зикр намуд, ки барои бунёду ба кор андохтани корхонаву коргоҳҳои саноатии зикршуда ва ду корхонаи нави сементбарорӣ, дар маҷмӯъ, ҳафтуним миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб карда шудааст.

  Барои расидан ба ин мақсад моро зарур аст, ки низоми нави рушди босуботи иқтисодии ба ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ, тараққиёти босуръати саноат, кишоварзӣ ва такмили бахши молиявӣ асосёфтаро оғоз намоем ва вусъат диҳем.

  Дар шароити зудтағйирёбандаи вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳони имрӯза рақобатпазирии иқтисодиёти ватанӣ ба таъсири омилҳои беруна бояд тақвият дода шавад.

 Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолаи худ иброз намуданд “Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд то 30 - солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне то соли 2021 ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои олиамон тақвияти сармояи инсонӣ, баланд бардоштани самаранокии бахши воқеӣ, таҳкими сохтории идоракунии давлат, таъмини устувори нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ бо ташкили ҷойҳои нави кории дараҷаи баланди истеҳсолӣ ва фароҳам овардани замина барои таҳкими иқтидори содиротии кишвар ҳамчун самтҳои муҳимтарини сиёсати иқтисодиву иҷтимоии давлат муайян гардидаанд .”

  Бо мақсади инкишоф додан соҳаҳои саноати истихроҷ ва коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистонро мебояд, ки барои бештар ҷалб намудани сармоягузорони хориҷӣ шароитҳои мусоидро фароҳам оварад.

  Аз он ҷумла барои бештар ҷалб намудани сармоягузорон Ҷумҳурии Тоҷикистонро мебояд, ба ғайр аз ин минтақҳои озоди иқтисодӣ боз якчанд минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ноҳияҳои саноатиро ташкил намояд. Инчунин он имтиёзҳоеро, ки ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ додаанд, зарур шуморида мешавад, ки ба ноҳияҳои саноатӣ низ пешниҳод намоянд.

   Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои бузурги захираҳои табиӣ мебошад, соҳаҳои саноати истихроҷ ва коркарди ашёи хом афзалиятҳои зиёд дорад. Барои истихроҷ ва коркарди онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистонро мебояд барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисос онҳоро ба мамлакатҳои пешрафта равона сохта аз таҷриба ва пешравиҳои мамлакатҳоро омӯхта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намоянд.

  Агар назар афканем ба мамлакатҳои тараққи онҳо барои рушди иқтисодиёти миллии худ ташкили кластерҳоро ба роҳ монда соҳаҳои саноати худро инкишоф додаанд. Таҷрибаи ҷаҳони шаҳодат медиҳад, ки ба роҳ мондани ташкили кластерҳо ба рушди соҳаҳои саноати иқтисодиёти миллӣ дар асоси ҷори намудани техника, технологияҳои нав, инноватсияҳо ташкили кластерҳо (мутаҳиднамоии истеҳсолкунандагон, коркардкунандагон, фурӯшандагон, таъминкунандагони ашёи хом ва ғайра) ба ҳисоб меравад.

 

Рамазонов Қурбоналӣ Исломович

аспиранти соли 1-уми Институти иқтисодиёт ва демографияи АИ ТҶ

http://anrt.tj/tj/khabar-o/1144-durnamoi-albi-sarmoyaguzori-oi-khori-va-dokhil-ba-iste-soloti-vatan

Хондан 3230 маротиба