JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Иқтисоди миллӣ ва дурнамои он
Дар мақолаи мазкур нақшу аҳамияти муҳити сармоягузорӣ дар рушду пешрафти иқтисодӣ баррасӣ мешавад. Муаллиф бахши хусусиро ҳамчун сутуни аслии иқтисод нишон дода, аҳаммияти як муҳити сармоягузории мувофиқро барои фаъолияти он муҳим арзёбӣ мекунад. Бахши хусусӣ дар шароити иқтисоди бозаргонӣ қавитарин манбаи пайдо шудани ҷойҳои корӣ барои аҳолӣ ва манбаи устувори даромади буҷаи давлат мебошад. Ин аст, ки ҳар як ҳукумат барои дастгирии ин бахш талошҳо мекунад ва бо ҷорӣ кардани ислоҳоти муайян барои он шароити мусоид фароҳам меоварад. Чунки муҳити сармоягузорӣ дар давлатсозӣ нақши мустақим дорад. Аз ин ҷост, ки сохтани муҳити сармоягузории мувофиқ яке аз ҳадафҳои аслии ҳар як давлат ба ҳисоб меравад.
 “Дар робита ба ин ва бо назардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ пешниҳод менамоям, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон карда шавад” Эмомалӣ Раҳмон Дар охири солҳои 90–уми асри гузашта талаботи мамлакатамонро маҳсулоти химиявӣ (аз қабили нуриҳои минералӣ суперфосфат, карбамид, аммофоска, нуриҳои калийдору нитрогендор) қонеъ карда наметавонист ва чунин нуриҳо аз мамлакатҳои хориҷа ворид мегардид. Зеро дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ ва солҳои харобиовар аксарияти муассисаҳои саноати химиявӣ зарари калон диданд ва амалан аз кор монданд.
Омӯзиши таҷрибаи иқтисодии кишварҳои мувафақ, ҷиҳати ба даст овардани як модели рушде, ки барои Тоҷикистон мувофиқ аст, дар марҳилаи кунунии рушди иқтисодии Тоҷикистон аз аҳамияти зиёд бархурдор мебошад. Кишварҳои мувафақи Осиёи Шарқӣ дар даврони ворид шудан ба пайраҳаи рушди худ аз таҷрибаи давлатҳои Ғарб истифода карда буданд ва ба дастовардоҳи назаррасе ноил шуда, исбот карданд, ки Шарқ низ метавонад дар баробари Ғарб давлатҳои қудратманд дошта бошад. Дар мақолаи мазкур сиёсатгузориҳои иқтисодии ин кишварҳо мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.