JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 10 Апрели 2023 07:41

Сиёсатгузориҳои иқтисодӣ дар кишварҳои мувафақи Осиёи Шарқӣ

Муаллиф: ЛУТФУЛЛО БАРОТОВ

  Омӯзиши таҷрибаи иқтисодии кишварҳои мувафақ, ҷиҳати ба даст овардани як модели рушде, ки барои Тоҷикистон мувофиқ аст, дар марҳилаи кунунии рушди иқтисодии Тоҷикистон аз аҳамияти зиёд бархурдор мебошад. Кишварҳои мувафақи Осиёи Шарқӣ дар даврони ворид шудан ба пайраҳаи рушди худ аз таҷрибаи давлатҳои Ғарб истифода карда буданд ва ба дастовардоҳи назаррасе ноил шуда, исбот карданд, ки Шарқ низ метавонад дар баробари Ғарб давлатҳои қудратманд дошта бошад. Дар мақолаи мазкур сиёсатгузориҳои иқтисодии ин кишварҳо мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.

 

“Муваффақият ҳазор падар дорад, бохт ятим аст” [6]

Низоми иқтисодии бозаргонии муосир дар кишварҳои ғарбӣ шакл гирифта, ба тадриҷ дар тамоми ҷаҳон паҳн гаштааст. Баъди “Инқилоби санъатӣ” дар Британияи Кабир (асри 18-ум) дигар кишварҳои ғарбӣ ва Амрикоӣ Шимолӣ аз он пайравӣ карда, саноати худро рушд доданд. Болоравии истеҳсолот дар натиҷаи саноатикунонӣ тиҷорати байналмилалиро низ зиёд кард. Ин раванд, аз як тараф, самаранокии меҳнатро боло бурда, боиси поин рафтани нархи молу маҳсулот шуда бошад, аз тарафи дигар, шакл гирифтани иқтисоди санъатӣ дар кишварҳои дигарро мушкил месохт. Агар як кишвари дигар мехост аз таҷрибаи Британияи Кабир истифода кунад, бо рақобати қавии кишварҳои аллакай саноатишуда рӯ ба рӯ мешуд. Ҳар се кишвари мувафақи Осиёи Шарқӣ (Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Чин) дар оғози ворид шудани худ ба пайроҳаи рушд бо ин мушкил рӯ ба рӯ шуда буданд. Онҳо маҷбур буданд сиёсатгузориҳои худро тарзе ба роҳ монанд, ки кишварашон тавонад, дар шароити мавҷудияти рақобатҳои шадид дар бозори ҷаҳонӣ дар баробари кишварҳои пешрафта рақобатпазир бошад, то ба феҳристи кишварҳои рушдкардаи ҷаҳон шомил гарданд.

Баррасии масъалаи омилҳои рушду ақибмондагии миллатҳо нишон дод, ки қисме аз коршиносон (1) ниҳодҳои ба роҳ мондаи як миллатро зиминаи ҳама рушд ё ақибмондагии он медонад. Аммо қисми дигари коршиносон (2) ба ин назаранд, ки бо вуҷуди ҳаётан муҳим будани ниҳодҳои дурусту ҳисобӣ, барои ба пайраҳаи рушди устувор ворид кардани як миллат, наметавон онҳоро меҳвари асосии ин раванд донист. Илова бар ин “ниҳодҳо ба худии худ на хуб ҳастанд на бад ва онҳое ҳам, ки барои як миллат дар замони муайян хуб ҳастанд, мумкин аст дар замони дигаре комилан номуносиб бошанд.”[2. саҳ. 214]. Бо иваз кардани ниҳодҳо ва зоҳиран баробар кардани онҳо бо ниҳодҳои кишварҳои пешрафта, наметавон ба пайраҳаи рушди устувор ворид шуд. Чунки ниҳодҳо худ моҳияти ҳеҷ ҷомеаеро тағйир намедиҳанд, магар ин ки шуури ҷамъиятии он тағйир ёбад. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки оғози ислоҳоти бунёдӣ бо ҳадафи аз вазъи ақибмондагӣ берун кашидани як миллат аз зеҳниятсозӣ ва ислоҳот дар фарҳангу ҷаҳонбинии он оғоз мегардад, на аз ташкили ниҳодҳои дурусту ҳисобӣ, ки аз миллатҳои мувафақ нусхабардорӣ мешаванд.

Кишварҳои Осиёи Шарқӣ низ барои ворид шудан ба гурӯҳи иқтисодҳои санъатии пешрафта ислоҳоти муайянеро дар фарҳангу сиёсатгузории худ ворид карда буданд. Онҳо дар шароити инзивоӣ, танҳо дар доираи бозори дохилии худ, ба ин сатҳи баланди рушд нарасидаанд. “Ин як раванди таъҷилие, барои ворид шудан ба ҳошияи низоми мавҷудаи байналмилалӣ, ба воситаи мутобиқ шудан ба арзишҳо, ниҳодҳо ва технолоҷии хориҷӣ буд. Дар суханронии машҳури худ дар соли 1911, Сосекӣ Натсуме (донишманди ҷопонӣ) изҳор дошта буд, ки “рушди кишварҳои ғарбиро омилҳои дохилӣ ба вуҷуд оварданд, вале рушди Ҷопон зери таъсири омилҳои беруна ба даст омада буд”. Мафҳуми рушди иқтисодӣ метавонад маъноҳои васеъ ва гуногун дошта бошад, лекин имрӯз он ба синоними мафҳумҳои муаррифии бозор, ғарбгароӣ, саноатикунонӣ, ҷаҳонишавӣ, модернизатсия ва баробар шудан бо кишварҳои Ғарб мубаддал гаштааст. Ин вазъият бисёр аҷиб аст. Аммо ин воқеияти рӯзгори мост, хоҳ хуб бошад хоҳ бад [3]. Илова бар ин барои қувват гирифтани соҳаҳои гуногуни иқтисоди худ ин кишварҳо маҷбур буданд тиҷорати хориҷии худро барои як давраи муайян маҳдуд созанд, вале ин маҳдудиятҳо муваққатӣ буданд. Ин кишварҳо бо рақобатпазир шудани маҳсулоти дохилии худ ба тадриҷ ин маҳдудиятҳоро бардоштанд ва ба бозори ҷаҳонӣ ворид шуданд. Дар шароите, ки ширкатҳои ғарбӣ бо маҳсулоти аълосифат ва таҷрибаи зиёд дар тиҷорати ҷаҳонӣ дар бозор ҳузур доранд, як ширкати нав аз кишварҳои Осиёи Шарқӣ ва умуман аз ҳар кишвари рӯ ба рушд ба дастгирии давлат ниёз хоҳад дошт. Ин дастгирӣ дар аксар ҳолат аз ҷониби кишварҳои мувафақи ин минтақа таъмин карда мешуд. Бо вуҷуди фишорҳои зиёд аз ҷониби кишварҳои манфиатдор, барои бардоштани маҳдудиятҳо дар тиҷорат, ин кишварҳои дар он замон рӯ ба рушд тавонистанд тавозунро нигаҳ дошта, дар оғоз иқтисоди худро аз рақобати шикананда дар бозори ҷаҳонӣ ҳимоя кунанд. Ширкатҳо дар навбати худ дар як муддати кутоҳ тавонистанд қомати худро рост карда, донишу технологияро барои истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир дар бозори ҷаҳонӣ аз худ намоянд.

 Созмону ташкилотҳои байналмилалие, ки ба кишварҳои рӯ ба рушд барои ба даст овардани рушди босуръати иқтисодӣ, кумак мекунанд, маъмулан як бастае аз талаботҳои муайянро пеши раҳбарони онҳо мегузоранд. Онҳо таҳияи лоиҳаҳои стратегияи коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, ислоҳот дар ҳокимияти давлатӣ, кам кардани хароҷотҳои буҷет, шаффофият ва иштироки ҳамагонӣ дар қабули қарору қонунҳоро аз кишварҳо талаб менамоянд. Ин тарзи бархурд бо масъалаи рушди иқтисод дар аксари кишварҳои ҷаҳон номуфаффақ буд. Ҳарчанд ҳастанд кишварҳое, ки бо чунин роҳкор аз вартаи фақру бенавоӣ мардуми худро берун кашиданд, вале аксари кишварҳои рӯ ба рушд бо таҳия ва амалӣ сохтани чунин стратегияҳо натиҷаҳои дилхоҳро ба даст оварда натавонистанд. Муаллифони китоби “Чаро миллатҳо шикаст мехӯранд?” низ ин масъаларо баррасӣ карда, хулоса мекунанд, ки кӯшиши ислоҳот дар кишварҳои фақир аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ, ки бо назардошти ноогоҳии раҳбарон ба роҳ монда мешавад, бенатиҷа аст. Яъне решаҳои фақру бенавоӣ дар кишварҳои ақибмонда, танҳо дар надонистани роҳҳи ҳалли мушкилӣ нест. Ин аст, ки аксари лоиҳаҳои ин созмонҳо дар баробари мубориза бо ақибмондагии иқтисодӣ ва фақру бенавоӣ дар кишварҳои рӯ ба рушд бенатиҷа будаанд.

Кишварҳои мувафақи Осиёи Шарқӣ барои дастрасӣ ба рушди иқтисодӣ роҳкори дигаргунаро истифода карданд. Ин кишварҳо дар замоне ба низоми иқтисодии имрӯзаи худ асос гузоштанд, ки хатароти бузурге ба кишвари онҳо таҳдид мекард. Ҷопон дар нимаи дуюми асри XVIII-ум ба хатари табдил шудан ба мустамликаи дигарон дучор шуда буд. Ин воқеият онҳоро маҷбур сохт, ки ба ислоҳоти бунёдӣ даст зананд ва худро аз ҳуҷумҳои мамлакатҳои қудратманди вақт ҳимоя кунанд. Он замон масъалаи шаффофият ва иштироки ҳамагон дар масъалаҳои давлатдорӣ матраҳ набуд. Ҳарчанд дертар дар ин кишвар парлумон таъсис дода шуд ва салоҳиятҳои император маҳдуд шуданд, вале ин дар натиҷаи ислоҳоти мувафақи ҳукумати автократии он буд.

Кореяи Ҷанубӣ сиёсати иқтисодии мувафақи худро дар замони авҷи Ҷанги сард таҳия ва амалӣ сохт. Дар ин раванд низ ба масъалаҳои шаффофият ва иштироки ҳамагонӣ кам таваҷҷуҳ карда мешуд. Масъалаи асосӣ ҳифзи тамомияти арзии кишвар буд ва раҳбарияти он медонист, ки барои ин иқтисоди қавӣ доштан шарт ва зарур аст. Аз ин ҷост, ки онҳо “ба ҳар қимате рушди иқтисодиро дунболагирӣ мекарданд”[4].

Чин низ дар асоси лоиҳаҳои созмонҳои байналмилалӣ рушди истисодии худро таъмин накардааст. Дар натиҷаи гирифтор шудан ба бунбасти иқтисодӣ ва фақру гуруснагии мардум, ин кишвар бидуни ба роҳ мондани ниҳодҳои демократӣ тавонист ислоҳоти мувафақеро баъди соли 1978 ба роҳ монад, ки дар натиҷаи он рушди устуворро ба даст оварда, имрӯз ба иқтисоди дувуми ҷаҳон табдил ёфтааст.

Кишварҳои мувафақи минтақаи Осиёи Шарқӣ пайроҳаи рушди ба худ хосро доштанд, ки иқтисодшиноси ҷопонӣ Кеничӣ Оҳно онро “рушдгароии авторитарӣ” унвон гузоштааст[4]. Ҳукуматҳои ин кишварҳо медонистанд, ки якбора “кушода” шудан ва бе омодагии кофӣ ворид шудан ба иқтисоди ҷаҳонӣ метавонад хатароти зиёдеро дар пай дошта бошад. Ин аст, ки онҳо унсурҳои иқтисоди сармоядориро аввал дар доираи сиёсати авторитарӣ ворид карда, саноати худро тақвият бахшиданд ва баъд ба бозори ҷаҳонӣ ворид шуданд. Ин ҷо нақши як раҳбари қавӣ хеле муҳим буд. Як раҳбаре, ки тавонад аҳамияти соҳаҳои алоҳидаро дуруст муайян созад ва сармояи миллиро ба онҳо равона кунад.

Яке аз вижагиҳои сиёсатгузориҳои иқтисодӣ дар кишварҳои мувафақи Осиёи Шарқӣ ин буд, ки онҳо, дар фарқият аз аксари кишварҳои рӯ ба рушд, ҳадафи аслии худро рушди босуръати иқтисодӣ муайян карда буданд. Даст ёфтан ба донишу технологияҳои навин ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир дар бозори ҷаҳонӣ ҳадафи аввалиндараҷаи онҳо буд. Масалан, барои онҳо “коҳиши камбизоатӣ яке аз натиҷаҳои табиии мудирияти иқтисодии дуруст буд, на ҳадафи аз ҳама муҳиме, ки ҳама талошҳои пешрафт ба самти он равона шуда бошанд. Дар воқеъ, коҳиши камбизоатӣ барои онҳо ҳадафи хеле кӯчак буд. Кишварҳои Осиёи Шарқӣ ба таври мудовим ҳадафҳои баландпарвозеро ба монанди беҳбудсозии чашмгири технологӣ, рақобатпазирӣ ва стандартҳои баланди зиндагиро дунбол мекарданд, то ки ба сафи кишварҳои пешрафта дохил шаванд ва як мақоми қобили эҳтиромро дар иқтисоди ҷаҳонӣ ба даст оваранд”[4]. Ҳадафи аслӣ қарор додани масоили рушди иқтисодӣ, барои ҳал кардани мушкилоти иҷтимоӣ заминаи мустаҳкаме шуд. Дуруст аст, ки сиёсати рушди босуръат дар пайи худ мушкилоти нобаробарӣ, олудагии муҳити зист, шаҳрнишинӣ, издиҳом, муҳоҷирати дохилии корӣ, ҳубобҳои дороӣ, фасод ва ғайраро дорад, вале барои кишваре, ки ба пешрафтҳои технологӣ даст меёбад ва дар бозори ҷаҳонӣ, ҳамчун истеҳсолкунандаи маҳсулоти саноатӣ ҷойгоҳ пайдо мекунад, бартараф кардани чунин мушкилот осонтар аст.

Маълум аст, ки дар ҳолати дурудароз давом кардани сиёсате, ки танҳо ба рушди босуръати иқтисодӣ нигаронида шудааст, танишҳоро дар ҷомеа зиёд мекунад ва боиси бесуботии сиёсӣ мегардад. Бо назардошти ин масъала кишварҳои Осиёи Шарқӣ тавонистанд сари вақт ба мушкилоти иҷтимоӣ расидагӣ кунанд ва ба як суботи сиёсӣ даст ёбанд. Пас аз он ки онҳо ба як сатҳи муайяни рушд расиданд, бештар ба масъалаҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд ва озодиҳои бештар ба мардум доданд. Ин ҷо сиёсати Чин каме фарқ мекунад, вале дар ростои озодии бештар додан дар фаъолияти иқтисодӣ Чин низ бо Ҷопону Кореяи Ҷанубӣ мондандӣ дошт. Илова бар ин, ин кишвар ба масоили иҷтимоие ба монанди ҷилавгирӣ аз ифлосии муҳити зист танҳо баъди расидан ба сатҳи рушди иқтисодии муайян таваҷҷуҳ кард. Имрӯз ҳам Чин, махсусан шаҳрҳои саноатии он аз ин мушкил ранҷ мекашанд, вале иқтидори иқтисодии ин кишвар имкон медиҳад, ки дар ояндаи наздик ин мушкил, ҳадди ақал, кам карда шавад.

Ҳамгироиҳои иқтисодии минтақавӣ дар рушди иқтисоди кишварҳои Осиёи Шарқӣ нақши барҷаста доранд. Ба қавли Кеничӣ Оҳно “ҳеҷ як минтақаи рӯ ба рушди дигаре ба монанди Осиёи Шарқӣ вобастагии мутақобилаи созмонёфта ва пӯёеро ташкил карда натавонистааст. Дар ҳоли таваҷҷуҳ кардан ба такрори таҷрибаи Осиёи Шарқӣ дар дигар минтақаҳо, ин воқеият бояд ба назар гирифта шавад(4)”. Ворид шудан ба созмонҳои тиҷоративу иқтисодии минтақавӣ имконоти ширкатҳои миллиро зиёд мекард. Маълум аст, ки бо ворид шудан ба чунин созмонҳо ширкатҳои миллӣ ба рақобати шадидтар рӯ ба рӯ мегарданд ва баъзе аз онҳо шикаст мехӯранд. Вале онҳое, ки тоб меоранд ва дар бозори минтақавӣ устувор мешаванд, қавӣ шуда, дар бозори ҷаҳонӣ низ метавонанд ҷойгоҳи муносиб пайдо намоянд.

Ин ҳамгироиҳои тиҷоративу иқтисодии минтақавӣ боиси ба вуҷуд омадани тақсимоти меҳнати дуруст гашта, сармояву технологияҳоро дастраси ҳамаи кишварҳои аъзои онҳо мегардонанд. Махсусан сармояи мустақими хориҷӣ мавриди таваҷҷуҳи ҳамаи кишварҳои минтақа қарор дошт. Чунин сармоя бо худ технологияҳоро меорад ва технологияҳои нав иқтисодро рақобатпазир месозанд. На танҳо кишварҳои дорои сармоя аз минтақаи Осиёи Шарқӣ сармояву технологияҳои худро ба кишварҳои кучактари он интиқол медоданд, балки кишварҳои дигар низ аз Амрикову Иттиҳоди Аврупо бо сармоягузориҳои мустақими худ вориди ин минтақа мешуданд. Сиёсатгузориҳои ба рушди иқтисодӣ равонашудаи ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Шарқӣ фазои мусоидро барои ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ва рушду равнақи ширкатҳои дохилӣ ба вуҷуд оварданд, ки дар натиҷа дар Осиёи Шарқӣ як шабакаи истеҳсолии минтақавӣ пайдо шуд. “Барои кишварҳои Осиёи Шарқӣ рушд кардан баробар буд ва ҳаст бо ворид шудан ба ин шабакаи истеҳсолии минтақавӣ ва табдил ёфтан ба як ҳалқаи муҳими пайвандгар дар он”[4].

Дар ҷаҳони муосир барои роҳ ёфтан ба бозори ҷаҳонӣ бо маҳсулоти саноатии худ, мутамарказсозии манбаъҳои миллӣ дар муддати кутоҳ ва сафарбар кардани онҳо ба соҳаҳое, ки кишвар дар онҳо бартарии нисбӣ дорад, амри зарурӣ мебошад. Агар кишвар дар ҳолати ақибмондагӣ қарор дошта бошад, ин масъала боз ҳам ҷиддитар мегардад. Чунки корҳои хеле бузургеро бояд ҳукумати он иҷро намояд, то ба як ҷаҳиши иқтисодӣ мувафақ шавад. Дар чунин шароит нақши як раҳбари қавӣ ва хирадманд хеле барҷаста аст. Як раҳбаре, ки тасвири дуруст ва пурраи иқтисоди кишварро дар зеҳни худ дошта бошад ва сари вақт тасмимҳои заруриро барои амалӣ кардани лоиҳаҳои иқтисодӣ гирифта тавонад. Дар низомҳои демократие, ки иқтисоди ақибмонда доранд, амалӣ кардани чунин ҳадафҳо мушкилтар аст. Чунки ҳар як масъала бояд дар доираи васеъ баррасӣ шавад ва ҳар гурӯҳе аз сиёсатмадорону давлатдорон ҳадафҳои худро пиёда месозанд ва имкони сари вақт тасмим гирифтанро кам мекунанд. Мисоли равшани инро дар таҷрибаи аксар кишварҳои Амрикои Ҷанубӣ дида метавонем.

Дар кишварҳои Осиёи Шарқӣ режимҳои ба қавли Кеничӣ Оҳно “авторитарии рушдгаро” нақши асосиро дар рушди босуръати иқтисодӣ доштанд. Ин кишварҳо дар замони бунёдгузории иқтисоди имрӯзаи худ аз ҷониби кишварҳои ғарбӣ ҳамчун низомҳои ғайридемократӣ эътироф шуда, мавриди танқиду накуҳиши онҳо қарор мегирифтанд. Вале дар дохил ин ҳукуматҳо машруъияти худро бо таъмини рушди босуръати иқтисодӣ ва мусоидат барои беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ ба даст меоварданд. Кениҷӣ Оҳно унсурҳои асосии чунин режимҳои авторитариро ба таври зер ироа мекунад:

  • Лидери қудратманд ва аз ҷиҳати иқтисодӣ босавод;
  • Рушди иқтисодӣ ҳамчун ҳадафи аслии миллӣ, идеология ва шӯру шавқ;
  • Як гурӯҳи нухбаи технократ, ки барои дастгирии раҳбар дар тарроҳӣ ва иҷрои сиёсатҳо саҳми асосӣ мегузоранд;
  • Машрӯияти сиёсии бархоста аз рушди мувафақона.

Ин унсурҳоро дар ҳамаи кишварҳои мувафақи Осиёи Шарқӣ ҳангоми бунёдгузории иқтисоди имрӯзаи онҳо ва ба даст овардани ҷаҳиши иқтисодӣ дидан мумкин аст. Ин падидаро қаблан дар давраи Мейҷии Ҷопон метавон мушоҳида кард, баъдан дар Кореяи Ҷанубӣ, Тайвани Чин ва Ҷумҳурии Мардумии Чин. Дар ҳамаи ин кишварҳо, ки демократӣ ба ҳисоб намерафтанд, як раҳбари қавие ҳукмронӣ мекард, ки “як ғариза барои интихоби сиёсатҳои дуруст ва таъйини афроди муносиб”-ро[4] дошт. Танҳо Ҳонконги Чин зери идораи Британия Кабир бо дигар роҳ рушди иқтисодии худро таъмин карда буд.

Коршиносон ба ин назаранд, ки барои берун шудан аз вартаи фақру ақибмондагӣ мавҷудияти як чунин режими рушдгаро лозим аст, вале ин метавонад танҳо барои муддати кутоҳ самарабахш бошад. Дар марҳилаҳои баъдӣ, яъне баъди расидан ба рушди иқтисодии муайян ва болоравии сатҳи зиндагонии аҳолӣ, тадриҷан бояд аз унсурҳои демократӣ кор гирифт. Чунин низоми авторитарии рушдгаро “барои кӯтоҳмуддат аст, ки арзишмандияш танҳо барои муддати чанд даҳсола аст. Ин инструменти расидан ба рушди иқтисодии босуръат дар лаҳзаи тақдирсози таърихӣ барои як кишвари муайян мебошад. Вақте сатҳи рушди лозима ба даст меояд, онро бояд парт кард, айнан монанди он ки қисми поёнии киштии кайҳонӣ баъди расидан ба баландии муайян аз он парт мегардад. Агар он ҷудо карда нашавад, ба як мушкили ҷиддӣ барои идомаи парвоз табдил меёбад”[4]. Кишварҳои Осиёи Шарқӣ низ, ба истиснои Чин, ин гузаришро таҷриба карданд ва имрӯз бисёре аз унсурҳои декмократӣ дар онҳо ҷорӣ аст. Агар таҷрибаи истисноии Чинро сарфи назар кунем, таҷрибаи дигар кишварҳои ин минтақа нишон медиҳад, ки гузариш аз низоми авторитарӣ ба низоми демократӣ дар як марҳилаи муайяни рушди иқтисодӣ ногузир мебошад. Дар акси ҳол танишҳои иҷтимоӣ боло рафта, бесуботии сиёсӣ ба миён меояд, ки дастовардҳои чандинсоларо нобуд месозад. Кеничӣ Оҳно аҳамияти раҳбар дар чунин реҳимҳои рушдгароро хеле зиёд дониста, таъкид мекунад, ки “ин намуд режим механизми дохилие барои гузариши оромонаи қудратро надорад. Аз ин рӯ, суботи сиёсӣ дар давраи гузариш бештар ба хирад ва худдории раҳбар вобаста аст”[4].

Коршиносон дар мавриди нақши сиёсатгузориҳо дар рушди иқтисодӣ назарҳои мухталиф доранд. Як гурӯҳ ба бозори озод таваҷҷуҳ карда, мегӯянд, ки давлат набояд ба равандҳои иқтисодӣ мудохила кунад. Танҳо таъмин кардани шароит барои фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ фароҳам овараду бас. Ба монанди сохтани роҳу пулҳо, таъмини энергия, ҳифзи субот, ҳифзи бечунучарои моликияти шахсӣ ва ғайра. Бозори озод дар навбати худ тибқи қонуну қоидаи иқтисоди бозорӣ равандҳоро идора хоҳад кард. Ба монанди сафарбар кардани сармоя ба соҳаҳои аҳамиятнок, танзими нарху наво, истеҳсоли маҳсулоти зарурӣ, тақсимоти дороӣ ва ғайра. Ин гурӯҳи коршиносон нақши сиёсатгузориҳоро дар рушди  иқтисодии кишварҳои Осиёи Шарқӣ камаҳамият дониста, иддао мекунанд, ки таъсири нақши мудохилаи сиёсат ба иқтисод дар ин кишварҳо  дуруст омӯхта нашудааст ва мо наметавонем муайян кунем, ки “ин кишварҳо чӣ суръати рушд доштанд, агар мудохилаи давлат ба бозор вуҷуд надошт” [6].

Гурӯҳи дигари коршиносон, ки ба мудохилаи интихобӣ дар бозор эътимод доранд, барои ворид шудан ба пайроҳаи рушд танҳо таъмин кардани шароити мусоид барои бозори озодро басанда намешуморанд. Махсусан, дар кишварҳои нисбатан ақибмонда, ки бо рақобати шадиди иқтисодҳои пешрафтаву қавӣ мувоҷеҳ ҳастанд, берун шудан аз вартаи фақру ақибмондагӣ дар доираи иқтисоди озодро хеле мушкил меҳисобанд. Онҳо ба ин назаранд, ки “давлат бояд шароити бунёдии бозориро таъмин кунад, аммо илова бар он бояд дар бозор ба таври созанда мудохила карда, онро танзим намояд” [6]. Дар кишварҳои рӯ ба рушд бозор хусусиятҳои худро дорад ва на ҳамеша пойбанди қонуну қоидаҳои илмии бозори озод аст. Бинобар ин, мудохилаи давлат дар шакли (1) саривақт мутамарказ кардан ва равона кардани сармоя ба соҳаҳое, ки он кишвар бартарии нисбӣ дорад, (2) ҳифзи ширкатҳои навтаъсису ояндадор аз рақобати шадиди ширкатҳои байналмилалӣ, тариқи ҷорӣ кардани боҷҳои гумрукӣ, (3) пешгирӣ кардани монополиясозӣ дар бозор ва таъмини шароит барои рақобати солим, барои як кишвари рӯ ба рушд зарур мебошанд.

Кишварҳои Осиёи Шарқӣ дар замони ворид шудани худ ба пайроҳаи рушд аз усули мудохилаи интихобӣ дар бозор кор гирифтаанд. Бо вуҷуди рад шудани аҳамияти ин мудохилаҳо дар рушди иқтисоди ин давлатҳо аз сӯи ҷонибдорони бозори озод, воқеият ин аст, ки ҳар се кишвари мувафақи ин минтақа барои ба даст овардани як ҷаҳиши иқтисодӣ аз усули мудохилаи интихобӣ кор гирифтаанд. Албатта, ин мудохилаи онҳо нисбат ба кишварҳои сотсиалистӣ хеле кам буд. Ҳеҷ кас наметавонад зиёновар будани мудохилаи зиёд ба бозор аз ҷониби давлат ё худ иқтисоди нақшавиро рад кунад. Ин аст, ки ин мудохилаи давлатҳои номбурдаро интихобӣ меноманд. Яъне давлат интихобан, танҳо дар он соҳае таъсиргузорӣ мекунад, ки хеле зарур аст ва мудохила накардан ё он соҳаро варшикаста мекунад ва ё барои ба даст овардани ҳадафҳо хеле вақти зиёд сарф мешавад, ки ба зиёни иқтисод хоҳад анҷомид. Яъне “ҳукумат бояд ҳамеша мудохилаҳои махсус, хеле печида ва гуногунро интихоб намояд” [6]. Ин як кори мушкил ва илман асоснокшуда мебошад, ки се кишвари мувафақи Осиёи Шарқӣ аз он истифода карданд ва миллати худро аз вартаи фақру ақибмондагӣ берун кашида, ба гурӯҳи кишварҳои пешрафта ворид сохтанд.

Маълум аст, ки мизони сармоягузорӣ ва кушода будани иқтисод суръати рушдро боло мебарад. Дар кишварҳои Осиёи Шарқӣ низ ин ду нишондиҳанда ҷойгоҳи худро доштанд. Вале наметавон онҳоро сабаби асосии муваффақияти ин кишварҳо донист. Пажуҳиши Сандуқи байналмилалии пул [6] нишон медиҳад, ки мизони сармоягузорӣ дар ин кишварҳо нисбат ба 100 кишвари дигари мавриди омӯзиши онҳо дар солҳои 60-уми асри гузашта зиёд набуд, аммо онҳо тавонистанд ҳамон сармояи маҳдуди худро бо сиёсатгузориҳои иқтисодии дурусту ҳисобӣ ба маротиб босамартар истифода баранд. Дар мавриди кушода будани бозор низ ҳамчунин аст. Аксари кишварҳои ин минтақа дар солҳои аввали ворид шудан ба пайраҳаи рушд маҳдудиятҳои зиёдеро ҷорӣ карда, истеҳсолкунандаи худро дастгирӣ мекарданд. Танҳо баъди расидан ба як сатҳи муайяни рушди технологиву иқтисодии худ онҳо тадриҷан ин маҳдудиятҳоро бардоштанд. Аммо ин маҳдудиятҳо рақобати озоди ширкатҳои дохилиро маҳдуд намекарданд. Дар дохили ин кишварҳо ширкатҳои зиёде бо ҳам озодона рақобат мекарданд ва ин рақобат боиси босуръат баланд шудани самаранокӣ дар онҳо мешуд. Агар як имтиёз ҷорӣ мешуд он ба ҳамаи корхонаҳои ҳамон соҳа дахл дошт. Таҷрибаи дастгирӣ кардани корхонаҳои алоҳидае, ки оқибат мақоми монополиро ба даст оварда, қоидаҳои бозорро вайрон месохт ва иқтисодро ба бунбаст гирифтор мекард, дар ин кишварҳо мушоҳида намешавад. Раҳбарияти ин кишварҳо аҳамияти рақобати озод дар шароити иқтисоди бозаргониро дуруст дарк мекарданд. Ин огоҳӣ дар сиёсатгузориҳои онҳо таъсир мерасонд ва тасмимгириҳои онҳо ба манфиати иқтисоди миллиашон буданд.

Хулоса, кишварҳои муваффақи Осиёи Шарқӣ барои берун шудан аз вартаи фақру ақибмондагӣ арзишҳо, ниҳодҳо ва технологияҳои ғарбиро дар давраҳои тақдирсоз аз худ карда, аз онҳо истифодаи дуруст карданд. Сиёсатгузориҳои иқтисодии раҳбарияти қавии ин кишварҳо, ки бо хатарҳои даруниву берунӣ рӯ ба рӯ буданд, иқтисоди онҳоро ба пайроҳаи рушд даровард. Имрӯз ҳама кишварҳои дигари рӯ ба рушд ин сиёсатгузориҳоро арзишманд эътироф карда, меомӯзанд ва то дараҷае истифода мекунанд. Аммо ин нусхабардорӣ дар ҳолате натиҷа хоҳад дод, ки ба таври интихобӣ сурат гирад ва унсурҳои интихобшуда дар замони муайян барои кишвари нусхабардор мувофиқ бошанд. Ин интихоби соддаву осон набуда, хеле мураккаб аст ва бояд тасмимгириҳо дар асоси омӯзишҳои ҷиддии равандҳои дохиливу хориҷӣ ба роҳ монда шаванд. Бо вуҷуди мушкилу заҳматталаб будан, таҷрибаи ин кишварҳоро дар кишварҳои рӯ ба рушд такрор кардан мумкин аст. Иродаи сиёсии раҳбарон дар ростои даст задан ба ислоҳотӣ бунёдӣ ва софдилона иҷро кардани масъулиятҳои худ аз ҷониби қонунгузорон ва иҷрогарони сиёсати иқтисодии онҳо сароғози тағйиротҳои мусбат дар ҳар кишвари рӯ ба рушд хоҳад буд. Ин масъала, ки чаро давлатмардони кишварҳои мувафақи Осиёи Шарқӣ чунин вижагиҳоро доштанд, вале давлатмардони кишварҳои зиёди баробари онҳо ба истиқлолрасида надоштанду ноком шуданд, дар ҷустори баъдӣ баррасӣ хоҳад шуд. Муваффақияти кишварҳои муайяни Осиёи Шарқӣ моро водор месозад, ки омилҳои таъсиррасон ба сиёсатгузориҳои иқтисодии онҳоро муайян карда, бо истифода аз таҷрибаи онҳо ислоҳоти бунёдӣ ба роҳ монем, то тавонем кишвари худро бу гурӯҳи давлатҳои пешрафта ворид созем.

 ЛУТФУЛЛО БАРОТОВ

Ходими калони илмии Институти омӯзиши

масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

 

 Адабиётҳо

  1. Daron Acemoglu and James A. Robinson, “Why Nations Fail: The Origins of Power, Prosperity, and Poverty”, Crown Publishers, USA, 2012, 544 pages;
  2. Гюстав Лебон, “Психология народов и масс(с комментариями и объяснениями Александра Маркова)”, «Издательство АСТ», Москва-2020, 288 саҳифа;
  3. Kenichi Ohno, “Latecomer Countries and the Global Market Economy”, Sekai (magazine), January 1999, pp.78-88;
  4. Kenichi Ohno, “The economic development of Japan. The path traveled by Japan as a developing country”, Tokyo, February 2006;

Маводи электронӣ

  1. Michael Sarel, “Growth in East Asia What We Can and What We Cannot Infer”, 1997 International Monetary Fund, https://www.imf.org/external/pubs/ft/issues1/ ;
  2. Kenichi Ohno, “The East Asian Growth Regime and Political Development”, https://www.grips.ac.jp/forum/DCDA/Chapter02.pdf .
Хондан 1800 маротиба