JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 04 Апрели 2023 05:58

Осиёи Шарқӣ: Омилҳои асосии таъсиррасон ба сиёсатгузориҳои иқтисодӣ 

Муаллиф: ЛУТФУЛЛО БАРОТОВ

 Ба роҳ мондан ва устувор нигоҳ доштани як низоми сиёсӣ-иқтисодии рақобатпазир дар сатҳи ҷаҳонӣ барои ҳар кишвари рӯ ба рушд як раванди хеле мураккаб ва зеҳнталаб мебошад. Зоҳиран ҳама ҳукуматҳо барои кишвари хеш рушду пешрафти босуръат ва обрӯву эътибори ҷаҳониро мехоҳад. Мехоҳанд давлати онҳо қавӣ ва сарватманд бошанд  ва аз ҳама гуна хатар мардуми худро ҳифз намояд. Барои расидан ба ин сатҳ онҳо зоҳиран кӯшишҳое мекунанд. Ниҳодҳои монанд ба кишварҳои пешрафтаро нусхабардорӣ карда, ҳамчун асоси пиёда кардани сиёсати худ муаррифӣ мекунанд. Вале на ҳама давлатҳо дар ин росто муваффақият ба даст оварданд. Маълум гашт, ки аксар давлатмардон дар кишварҳои Осиё, Африқо ва Амрикои Ҷанубӣ ҳадафҳои фарқкунанда аз баёнияҳои худро доштаанд ва низомҳои сиёсиву иқтисодии кишварҳои пешрафтаро зоҳиран ба роҳ монда, тибқи суннатҳои гузаштагони худ дунболи манфиати шахсӣ будаанд. Ё дар ҳолати беҳтар неруи зеҳнии кор бо низомҳои мутаккабро надоштаанд ва ин боиси номуваффақ будани онҳо гаштааст. Ин аст, ки омӯзиши омилҳои таъсиррасон ба сиёсатгузориҳои иқтисодии кишварҳои пешрафта аҳамият пайдо мекунад.

  Омилҳои таъсиррасон ба сиёсатгузориҳои иқтисодӣ дар кишварҳои Осиёи Шарқӣ зиёд ҳастанд, вале ба назар мерасад, ки ду омил нақши асосӣ доштаанд. Яке, хатарҳои вуҷудӣ бархоста аз империализми кишварҳои ғарбӣ барои Ҷопон ва аз Ҷанги Сард барои Корея ва Чин ва дигаре, ҳувийяти миллӣ ва номуси ватандории қишри ҳукмрон дар ин кишварҳо дар даврони тақдирсоз. Ин ду омил дар ҳамоҳангӣ шароитеро фароҳам оварданд, ки асоси тағйиротҳои ҷиддии сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар ин кишварҳо шуда, пешравиву муваффақияти онҳоро таъмин кард.

Дар бисёре аз тадқиқотҳои донишмандоне, ки омилҳои рушди иқтисодии кишварҳои Осиёи Шарқиро меомӯзанд, таваҷҷуҳи бештар ба факторҳои истеҳсолӣ ба монанди замин, қувваи корӣ, сармоя ва маҳорати соҳибкорӣ мекунанд. Албатта, ин факторҳо нақши хеле зиёд дар рушди иқтисодӣ дар сатҳи давлат ва корхонаҳо доранд. Вале онҳо танҳо дар шароите самаранок буда метавонанд, ки фазои дурусте ташаккул ёфта бошад. Ин фазои дурусти соҳибкорӣ ва сармоягузориро давлатмардон месозанд ва омилҳои асосии таҳрикдиҳандаи онҳо дигар ҳастанд. Дар мисоли кишварҳои Осиёи Шарқӣ, чи тавре қайд карда шуд, ин хатароти вуҷудӣ ва ҳувийяти милии раҳбарон буд. Омӯхтани роҳу усулҳои истифодаи самараноки замин, қувваи корӣ ва сармоя  дар ин кишварҳо муҳим аст. Вале пеш аз он бояд пешзаминаи ба вуҷуд омадани фазои дурусти соҳибкорӣ дар ин кишварҳо омӯхта шавад. Чунки аз тадқиқоти Сандуқи байналмилалии пул аз соли 1997 пайдост, ки мизони сармоягузорӣ дар кишварҳои Осиёи Шарқӣ аз кишварҳои имрӯз ақибмондаи Африқову Амрикои Ҷанубӣ зиёд набудааст[1]. Вале фарқият дар иродаи сиёсии раҳбарон буд, ки дар ҷойи аввал манфиатҳои давлатро гузошта, захираҳои зеҳниву моддии миллати худро дуруст истифода карданд, ки ин фарқиятеро ба вуҷуд овард, ки мо мебинем.

Барои Ҷопон, ки аз нимаи дуюми асри XIX ба пайроҳаи рушди худ ворид шуда буд, хатарҳои амниятии бархоста аз кишварҳои империалистӣ таҳдид мекард. Ин хатарҳо сиёсатмадорони ин кишварро ба ҳам оварда, барои мубориза ба он басиҷ кард. Онҳо, пеш аз ҳама, эътироф карданд, ки низоми давлатдорӣ ба бунбаст гирифтор шудааст ва бояд ислоҳоти ҷиддӣ гузаронида шавад. Барои ба кишварҳои ғарбӣ баробар шудан қарор гузоштанд, ки низоми иқтисодӣ-сиёсии кишварҳои пешрафтаи Ғарбро ҷорӣ мекунанд ва кишвари худро аз ояндаи мустамлика шудан раҳо менамоянд.  Мебинем, ки элитаи сиёсии Ҷопон худро ҳамчун номусбардори миллат ба намоиш гузошта, ба ҷойи ҳамкорӣ кардан бо намояндагони кишварҳои абарқудрат ва ҷамъоварии сарват, манфиатҳои миллии худро дар мадди аввал гузошта, ватанашонро аз хатари ба мустамлика табдил ёфтан ҳифз карданд. Дар биёре аз кишварҳои ба мустамликаи ғарбиён табдилёфта чунин ҳолатро намебинем. Элитаи сиёсии онҳо бо ғарбиён ҳамкорӣ карда, сарвати миллии худро ба манфиати шахсии худ ва кишварҳои бегона сарф мекарданд. Маълум мешавад, ки дар Ҷопон омили ҳувийяти миллӣ ва номуси ватандории элитаи сиёсӣ баланд будааст. Маҳз ҳамин омил иродаи сиёсии раҳбарони ин кишварро дар замони тақдирсоз муайян кард ва заминаи асосии ба даст овардани қудрати миллӣ ва иқтисоди рақобатпазир гашт.

Дохил шудани Кореяи Ҷанубӣ ба пайраҳаи рушд ба солҳои шастуми асри гузашта рост омад. Ин дар замони авҷи Ҷанги Сард буд, ки нимҷазираи Кореяро ба ду кишвари дорои низомҳои сиёсии бо ҳам муқобил тақсим карда буд. Баъди ҷанги солҳои 1950-1953 маълум буд, ки хатари такрор шудани он ва аз миён рафтани Кореяи Ҷанубӣ доимо вуҷуд дорад. Ин хатарот, ҳукуматҳои ҳарду Кореяро маҷбур месохт, ки дар пайи қавӣ кардани иқтидори ҳарбӣ ва иқтисодии кишварашон бошанд. То дараҷае, ин омил ба рушди иқтисодии ҳар ду Корея таъсир мегузошт.

Маълум аст, ки рушди иқтисодӣ дар низоми коммунистӣ маҳдуд аст ва бе кушода шудан ба бозори ҷаҳонӣ он ба бунбаст гирифтор мешавад. Кореяи Шимолӣ ба ҳамин тақдир гирифтор шуд ва баъди доштани як рушди муайян ба суқути иқтисодӣ дучор шуд. Вале ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ бо низоми бозории худ тавонист, рушди устувор дошта бошад ва ба гурӯҳи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид гардад. Ин ҷо низ ҳувийяти миллӣ ва номуси ватандории элитаи сиёсии ин кишвар нақши назарраси худро гузошта буд. Онҳо дигар кишвари худро дар баробари давлатҳои бузург медиданд ва мехостанд таҷрибаи Ҷопонро такрор кунанд. Ин омилҳо буданд, ки ҳадафҳои бузурги элитаи сиёсии Кореяи Ҷанубиро муайян сохтанд ва онҳо тавонистанд фазои муносибе барои рушду пешрафти иқтисодӣ ва технологиро фароҳам созанд. Дар доираи ин ҳадафҳои худ баъдан аз ҷониби онҳо “шӯрои банақшагирии иқтисодӣ, ҳамчун агентии иҷроия ташкил шуда, барномаҳои панҷсола таҳия ва пиёда шуданд. Стратегияи рушд ба рақобатпазирӣ дар содирот, қарзҳои хориҷӣ ва технологияҳои воридшуда мутамарказ шуда буд. Субсидия барои содирот, ҳимоятгароӣ дар воридот, яксонсозии қурби арз ва девалватсияи пул, қарзҳо бо фоизи кам ва ҳавасмандгардонии андозӣ ба роҳ монда шуд”[2]. Яъне иродаву ҳадафҳои онҳо қадамҳои баъдиро муайян карданд, ки натиҷаи корашон мояи ҳасрати кишварҳои рӯ ба рушд гаштааст.

Барои Ҷумҳурии Мардумии Чин низ хатарҳои бархоста аз Ҷанги Сард хеле ҷиддӣ буданд. Ин кишвар бо доштани низоми коммунистӣ дар баробари давлатҳои пурқудрати ғарбӣ меистод, ки замоне онро ба объекти истисмори худ табдил дода буданд. Барои истодагарӣ кардан дар баробари ин хатароти амниятӣ ин кишвар маҷбур буд, қудрати миллии хешро зиёд кунад. Дар доираи қонуну қоидаҳои иқтисоди нақшавӣ натавонистанд пешравии назаррас дошта бошанд ва қаҳтиву гуруснагии мардум то охири солҳои ҳафтодуми асри гузашта идома ёфт. Аз соли 1978 элитаи сиёсии Чин даст ба ислоҳот зада, барои боло бурдани ангезаи мардум дар кору эҷодиёту наворварӣ моликияти шахсиро иҷозат дода, элементҳои муҳими иқтисоди бозориро ҷорӣ сохт. Яъне бохти иқтисодии худро дар баробари кишварҳои дорои низоми сармоядорӣ қабул карда натавонистанд ва ин ҳадафу иродаи сиёсии онҳоро муайян сохт, ки дар натиҷа Чин ба иқтисоди дувуми ҷаҳон мубаддал гашт.

Ҳамин тариқ, омилҳои хатароти амниятӣ ва ҳувийяту номуси ватандории элитаи сиёсӣ дар кишварҳои Осиёи Шарқӣ таъсири зиёде дар рушду пешрафи онҳо доштааст. Ин минтақа дар асри XIX майдони рақобати кишварҳои мустамликадор буд, ки дар ин замон Ҷопон тавонист қудрати миллии худро боло бурда, ҳамчун якумин кишвари қудратманди қитъаи Осиё шинохта шавад. Дар нимаи дуюми асри XX “Осиёи Шарқӣ яке аз майдонҳои асосии рақобат дар Ҷанги Сард миёни коммунизм ва неруҳои зиддикоммунистӣ”[3] буд, ки дар ин гирудорҳо Кореяи Ҷанубӣ ва баъдан Чин тавонистанд қудрати миллии худро тақвият диҳанд ва ба гурӯҳи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид гарданд. Дар воқеъ, ҳама роҳу усулҳо ва технологияҳои лозима барои ворид кардани як кишвар ба пайроҳаи рушди устуворро аз худ кардан ва такрор кардани таҷрибаи хуби кишварҳои Осиёи Шарқӣ имконпазир аст. Фақат шарт ин аст, ки иродаву ҳадафҳои элитаи сиёсӣ мувофиқ бо талаботҳои рушду пешрафт дар ҷаҳони муосир бошанд. Ин иродаи сиёсӣ ва ҳадафҳои лозима дар асоси ҳувийяти миллӣ ва номуси ватандорӣ ба миён меоянд. Агар элитаи сиёсии як миллат чунин вижагиҳоро дошта бошанд, эҳтимолияти муваффақ будани он бамаротиб зиёд мегардад.

 

ЛУТФУЛЛО БАРОТОВ

Ходими калони илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ

Сарчашмаҳо

  1. Michael Sarel. “Growth in East Asia What We Can and What We Cannot Infer”, 1997 International Monetary Fund, https://www.imf.org/external/pubs/ft/issues1/ .
  2. Kenichi Ohno. “The East Asian Growth Regime and Political Development”, https://www.grips.ac.jp/forum/DCDA/Chapter02.pdf.
  3. Enze Han and Cameron Thies. “External Threats, Internal Challenges, And State Building In East Asia”, Journal of East Asian Studies, №19 (2019). С. 339–360.
Хондан 2038 маротиба