JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 02 Декабри 2022 15:57

Сиёсати иқтисодии Тоҷикистон: инкишоф, сохтмон ва шукуфоӣ (назаре иҷмолӣ)

Муаллиф: Абдулҳамид Ал-Куббӣ

 

 Ман ба унвони нависанда ва узви Маркази тадқиқот ва стратегияи Масарат дар Яман ба хабарҳои Тоҷикистон, дақиқтараш аз замони ба Истиқлолияти давлатӣ мушарраф шудани мамлакат дар соли 1991 то ба имрӯз таваҷҷуҳ дорам ва гоҳ-гоҳе дар заминаи таҳаввулот ва дигаргуниҳои кишвар андешаҳоямро ба таври мухтасар манзур месозам.

 Пас аз рафъи мушкилоту асароти аввалияи ҷанги шаҳрвандӣ, барои ба даст овардани комёбиҳои муҳим ва рушди сохаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат, ҳамчунин ҷиҳати пешрафти иҷтимоию иктисодӣ ва хамгироии кишвар ба иқтисоди чахонӣ Эмомалӣ Раҳмон барнома ва стратегияҳои мушаххаси давлатиро роҳандозӣ намуд. Аз ин ҷост, ки ба шарофати накша-барномарезиҳои саривақтии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ кишвар роҳи рушдро пеша кард ва ба марҳилаи баъдии тараққиву таҳаввул расид.

 Ҷумҳурии Тоҷикистон муваффақияти бузурги худро дар бунёди давлати демократӣ, волоияти қонун ва тартиботи шаҳрвандӣ исбот кард. Кишвари рӯ ба тараққӣ, ки дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла дар иқтисодиёти миллӣ, сиёсат, илму фарҳанг ба пешрафтҳои бузург ноил гардид, уфуқҳои тозаеро дар заминаи тараққиёту таҳаввулот дар самти таҳкими давлати тоҷикон ва истиқлолияти он боз кард. Мутобиқи нақшаи стратегӣ, ки масъалаҳои таъмини истиқлолияти энергетикӣ, рушди инфрасохтор, роҳу коммуникатсия, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва рушди босуръати иқтисодиёти миллиро матраҳ мекунад, Тоҷикистон ба сӯйи пеш – ба сӯйи расидан ба ҳадафҳои баланди инсонӣ ҳаракат менамояд. Дар ин замина, ба кор андохтани ду чархаи Истгоҳи оби барқии Роғун ва дар ин асос боло бурдани сатҳи таъминоти саросарии барқи миллӣ ба аҳолии кишвар аз ҷумлаи пружаҳои муҳимми давлатӣ дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст.

Дар доираи стратегияи рушди миллӣ ташаккули иқтисоди сабз, васеъ намудани доираи шуғли пурсамар ва коҳиши муҳоҷирати меҳнатӣ тавассути таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба туфайли сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва саъю талоши халқи бародари точик муяссар гардид. Ҳамчунин, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ дар сиёсати хориҷӣ ба муваффақиятҳои бузург ноил гардида, ба ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, ба узвияти қариб 60 созмони байналмилалӣ, минтақавӣ ва молиявӣ пазируфта шуд ва бо зиёда аз 176 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд. Гузашта аз ин, дар марҳилаи нави таърихӣ Тоҷикистон ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратиро бо зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон густариш бахшид ва сиёсати дарҳои бозро эълом намуда, аз ин тариқ дар ҳалли бисёр масъалаҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳон нақши муҳим бозид.

 Акнун пойтахти кишвар -- шаҳри Душанбе ба мизбони нишасту конфронсу ҳамоишҳои сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ табдил ёфтааст ва ҳар сол чандин маротиба дар пойтахти мамлакат бо ҳузури коршиносону экспертҳои минтақавию байналмилалӣ ҳамоишҳои сатҳи баланд доир мегардад.

Ҳамин тариқ, раҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барномаҳои нав ба навро роҳандозӣ карда, дар самти рушди иқтисоди бисёрсамтаи миллӣ иқдомоти зарурӣ рӯйи даст мегирад. Дар солҳои охир дар Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳо рушди назаррас ва ҳамаҷониба ба назар мерасад. Тадбиру ибтикороте, ки дар заминаи рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти миллӣ амалӣ мегарданд, суботи ичтимоию иктисодиро мустахкам намуда, проблемахои камбизоатӣ ва бекориро тадриҷан ҳал карда, боиси таҷдиди инфраструктураи мамлакат мешаванд. Дар ин миён,  роҳ барои сармоягузорӣ ва рушди сайёҳию гардишгарӣ ҳамвор мегардад.

Абдулҳамид Ал-Куббӣ

нависанда, узви Маркази тадқиқот

ва стратегияи Масарат дар Яман

Хондан 539 маротиба