JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 11 Майи 2022 03:07

Соҳибкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва нақши он  дар рушди иқтисодиёти кишвар

Муаллиф: Убайдулло УБАЙДУЛЛОЕВ

   Муҳтаво. Нақши соҳибкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар рушди иқтисодиёти мамлакат шарҳ ва  таҳлил карда шудааст. Асосан  ба паҳлӯҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа, ки соҳаи сайёҳӣ ҳамчун омили асосии пешрафти он ба ҳисоб меравад, диққати махсус дода шудааст.  Инчунин соҳибкорӣ дар соҳаи  сайёҳӣ ва ё бозори сайёҳӣ ва даромад аз ин соҳа бо дигар давлатҳои пешрафта муқоиса ва баррасӣ карда шудааст. Вобаста ба пешбурд ва дурнамои соҳибкории сайёҳӣ дар мамлакатамон  пешниҳодҳои муфид тавсия дода шудааст.

  Сарсухан. «Cайёҳӣ яке аз соҳаҳои  муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррифии таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад»[1].

Эълон гардидани “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бори дигар аз сиёсати созанда ва хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад ва дар заминаи он Тоҷикистон ба маҷрои нави созандагиву ободонӣ ва пешрафти комил дар њамаи соњањои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла сайёҳӣ ноил хоҳад гардид.

Кишвари азизи мо бо фарҳангу тамаддуни ниёгони бойи худ, табиати нотакрор, чашмаҳои шифобахш ва қуллаҳои осмонбӯс диққати зиёди сайёҳону меҳмононро баҳри шиносоӣ ба урфу одат, анъанаҳои миллӣ, расму оини мардумӣ ҷалб намудааст.

Соҳибкории сайёҳӣ яке аз бахшҳое мебошад, ки дар рушди иқтисодиёт, ташаккули сармояи хориҷӣ ва некӯаҳволии мардумон нақши калидӣ дорад. Ин бахш табиат ва зебоии кишварро инъикос мекунад. Он ба мардуми манотиқи дурдаст дар таблиғи фарҳанг ва урфу одатҳои онҳо кӯмак мерасонад, инчунин ба беҳбуд бахшидани некӯаҳволии кишвар ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ имконият фароҳам меорад.

Умуман, инфрасохтори сайёҳӣ, роҳҳо, меҳмонхонаҳо, чойхонаҳо бо нақщу нигори миллӣ ва ҳамаи намуди  хизматрасониҳо дар ин соҳа ҳамаи ин ҷузъҳо дар умум  маҷмӯъи хидматрасонии сайёҳиро таъмин мекунанд, сайёҳони бештарро ҷалб мекунанд.

Хусусияти муҳимтарини фаъолияти иқтисодии марбут ба бахши соҳибкории сайёҳӣ дар он аст, ки онҳо ба се афзалияти баландтарини кишварҳои рӯ ба тараққӣ саҳм мегузоранд: ба даст овардани даромад, шуғл ва даромади асъор, дар ин робита бахши сайёҳӣ метавонад ҳамчун омили рушди иқтисодиёт нақши муҳим бозад.

Дар шароити тезу тунд шудани муносибатҳои бозорӣ ва раванди ҷаҳонишавии иқтисодиёт ҳар як мамлакат, танҳо дар шароите рақобатпазир буда метавонад, ки  вобаста ба ташкил ва рушди иқтисодиёти худ устувор бошад ва  ё таҳкурсии устувори иҷтимоии иқтисодӣ ва маънавиро доро бошад. Дар робита ба ин  солҳои рушди сайёҳӣ, деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021 яке аз масъалаҳо ва заминаҳои асосии расидан ба иқтисодиёти иҷтимоии устувор  ва рақобатпазир ба ҳисоб  меравад. Барои таъмини ин соҳа ва  рушди устувори сайёҳӣ ҳамчун манбаи  иҷтимоии иқтисодӣ ва маънавӣ, тамоми мардуми тоҷикро  зарур аст, ки аз аҳамият ва нақши сайёҳӣ дар ҷаҳони муосир, таҷрибаи давлатҳои пешқадам, имкониятҳои пешрафти соҳа ва дурнамои он ҷиҳати истифодаи самараноки захираҳо дар кишвар баҳраманд бошанд.

Соҳибкории сайёҳӣ дар сатҳи ҷаҳон дар солҳои охир аҳамият ва мавқеи хоси худро пайдо карда, бо самтҳои гуногун ва шаклу намудҳои васеъи хизматрасонӣ давра ба давра ва рӯз ба рӯз рушд ёфта истодааст.

Дар бораи таъсири соҳибкории сайёҳӣ ба рушди иқтисодиёти миллӣ ақидаи мустақим мавҷуд аст. Яъне, ки соҳибкории сайёҳӣ ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, коҳиши касри пардохтҳои асъорӣ дар кишвар, тақвияти иқтисодиёт, рушди истеҳсоли молу хидматрасонӣ, ки мустақиман ё ғайримустақим ниёзҳо ва хоҳишҳои сайёҳонро қонеъ мекунад, яъне таксимоти даромадро иҷро мекунад. Зарур аст, ки оиди  рушд ва сайқал додани соҳаи сайёҳӣ дар баробари дигар соҳаҳо чораҳо андешида шуда, аз таҷрибаи кишварҳои мутараққӣ ва технологияи ҷадид бо диди нав кор бояд гирифт.

Таъсири назарраси ин соҳа ба ташаккули Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии мамлакат, кам шудани сатҳи бекорӣ ва тавозуни пардохтҳои асъорӣ ба он оварда мерасонад, ки иқтисодиёти соҳаи сайёҳӣ ҳангоми банақшагирии рушди иқтисодиёти кишвар ба назар гирифта мешавад.

Рушди соҳибкории сайёҳиро дар муддати тӯлонӣ ба нақша гирифтан ва пешгӯӣ кардан душвор аст, зеро падидаҳои зиёди номатлуби аср ба монанди пандемияи COVID-19, ифротгароӣ ва терроризм ба он таъсири манфӣ  мерасонанд. Аммо ба ҳамаи ин нигоҳ накарда,  хизматрасонӣ ва инфрасохтори онро тавре ташкил кардан мумкин аст, ки ба зудӣ ба дигаргуниҳои мухталифи иқтисодиву сиёсӣ, эҳтиёҷот ва ғайра мутобиқ карда шавад. Дар ин сурат, сайёҳӣ омили асосӣ баъди соҳаи энергетика яке аз омили муҳими пешрафти иқтисодии кишвар буда метавонад.

Бояд қайд кард, ки барои ворид намудани сайёҳон ба раванди рушди иқтисодиёти кишвар, банақшагирӣ ва назорати соҳаи он зарур мебошад. Пеш аз ҳама, барои сайқал додани ин соҳа муайян кардани миқдори захираҳои объектҳои сайёҳӣ барои рушди соҳаи мазкур, камбудӣ ва костагиҳо дар рушди соҳа ва натиҷагирӣ аз таҷрибаи солҳои солҳои гузашта бо назардошти камбудиҳо ва зарур мебошад.

Аз тарафи президенти кишвар оид ба рушди соҳибкории сайёҳӣ низ якчанд имтиёзҳо ва пешниҳодҳои назаррас ба миён гузошта шуд.  Аз ҷумла қайд карда шуд, ки рушди соҳаи сайёҳӣ самти афзалиятноки сиёсати давлати мо ба ҳисоб рафта, ҷиҳати боз ҳам тараққӣ додани он аз ҷониби Ҳукумати мамлакат вобаста ба пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ як қатор имтиёзҳо пешбинӣ  гардидаанд.

Боиси қайд аст, ки дар зарфи соли якуми эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар деҳоти мамлакат як қатор пешравиҳо ба назар расида, рушди сайёҳӣ ва омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ идома ёфта истодааст. Бо ташаббус ва дастгирии Ҳукумати мамклакат то имрӯз дар кишвар зиёда аз 200 ширкати сайёҳӣ фаъолият намуда истодаанд ва  15 лоиҳаи инфрасохтори сайёҳӣ аз имтиёзҳои пешбинишуда бархурдор гардидаанд. Инчунин сафи сайёҳони хориҷӣ дар кишвар то замони паҳн шудани бемории сироятии COVID 19 сол аз сол хело зиёд шуда, дар соли 2019 беш аз 1,2 миллион нафар сайёҳон аз мавзеъҳои нодири кишвари мо дидан кардаанд, ки нисбат ба соли 2018-  21,5 фоиз зиёд мебошад[2].        

Вобаста ба ин бо вуҷуди ин падидаи номатлуб ва коҳиш ёфтани сафи сайёҳон ва кӯҳнавардони хориҷӣ  ташкил ва сайқал додани намуди сайёҳии дохилӣ аз манфиат холӣ набуда, ин иқдом муаррификунандаи ёдгориҳои табииву таърихӣ ва обектхои табобативу тамошобоби ин ё он гушаи Тоҷикистон  ба насли наврас ва аҳолии минтақаҳои гуногуни  кишварамон мебошад.

Аввал бояд донист, ки сайёҳи дохилӣ ки аст?  – сайёҳи дохилӣ ҳамон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ дошта, ки берун аз макони сукунат ба дигар гушаву канор ва  шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади саёҳат сафар анҷом медиҳанд.

Бинобарин соли равон бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намуди сайёҳии дохилӣ ва сайёҳии информатсионӣ якчанд маротиба ба хатсайрҳои гуногун ба роҳ монда шуд.

Албатта ҳар як сайёҳе, ки вориди Тоҷикистон мегардад, аз хароҷотҳои ӯ тамоми мардуми мо баҳра мегирад ва инчунин боиси ғанӣ гаштани буҷаи давлатӣ мегардад. Боиси зикр аст, ки мувофиқи таҳқиқоти олимон аз як долларе, ки сайёҳ дар кишвар харҷ менамояд ҳафтод сенти он ба буҷаи давлат ворид мегардад.

Вобаста ба ин солҳои минбаъда шароити инфрасохтори сайёҳӣ дар ҳамаи мавзеъҳои сайёҳӣ беҳтар карда, сатҳу сифати хизматрасонӣ боз ҳам баланд бардошта шавад. Бо мақсади рақобатпазир гардонидани соҳа дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ моро зарур аст, ки мутахассисони забондон, донандаи фарҳангу таърих, тамаддуни миллӣ ва технологияҳои муосирро омода кунем, кормандони ширкатҳои сайёҳӣ, роҳбаладҳо, тарҷумонҳо ва дигар мутахассисони соҳаро мутобиқ ба талаботи бозори сайёҳӣ ба воя расонем. Зеро соҳаи сайёҳии кишвар ба кардрҳои баландихтисос ва донандагони забонҳои хориҷӣ ниёз дорад.

Бовар дорам, ки ба хотири рушди ин соҳаи муҳим тамоми сохторҳои давлатӣ, соҳибкорон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилоту созмонҳои ғайриҳукуматӣ якҷоя фаъолият намуда, ҷиҳати муаррифии фарҳанги бойю ғании кишварамон Кумитаи рушди сайёҳиро зарур аст, ки бо мақсади тарғиби бештари омилҳои таърихиву фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ, истироҳативу табобатӣ ва экологии Тоҷикистон барои ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои дар ин соҳа муваффақ пешниҳодҳои мушаххас ва чораҳои заруриро андеша намояд.[3.Саҳ.9].

Бо мақсади рушди сайёҳӣ заминаҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ташаккул ёфта, тадбирҳои зерини дар шароити рушди давлат муҳим аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андешида шудаанд:

  • шикратҳои сайёҳӣ барои панҷ соли аввали фаъолияти худ аз пардохти андоз аз фоида озод карда шуданд;
  • ҷорӣ намудани низоми соддакардашудаи раводид (шабакаи ягонаи электронӣ) барои шаҳрвандони зиёда аз 80 давлати ҷаҳон;
  • муқаррар гардидани беш аз 10 имтиёзи дорои хусусияти иҷтимоию иқтисодӣ дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ».
  • бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҳавасмандгардонии соҳибкорони хориҷие, ки ба иқтисодиёти Тоҷикистон зиёда аз як миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ менамоянд, ба онҳо аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар раводиди бисёркаратаи панҷсола дода шуд.
  • ба шаҳрвандони давлатҳои хориҷие, ки ҳуқуқи бо тартиби содда гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, раводиди навъи сайёҳии бисёркарата дода, муҳлати он то 60 рӯз дароз карда шуд. Албатта ин як такони ҷиддӣ вобаста ба рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ дар кишвар ва билохира рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоб меравад.

Барои рушди устувори соҳибкории сайёҳӣ дар мамлакат амалӣ гардонидани тадбирҳои муайян, ки тақозои бозори ҷаҳонии сайёҳӣ мебошанд, муҳим арзёбӣ мегарданд:

-якум, иштироки дастаҷамъонаи сохторҳои ҷомеа;

-дуюм, ташвиқу таблиғи захираҳо ва имкониятҳои сайёҳӣ бар асоси стандартҳои байналмилалӣ;

-сеюм, ташкили инфрасохтори сайёҳӣ бо шарту шароити фаъолияти судбахш ва ҳавасмандгардонии доираи соҳибкорон;

-чорум, омодасозии кадрҳо, яъне мутахассисони соҳаи сайёҳӣ;

-панҷум, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ сохтани низоми хизматрасонии сайёҳӣ.

Роҷеъ ба гуфтаҳои боло, Тоҷикистон бо мавзеъҳои зебо, обу ҳавои соф ва иқлими мусоид, объектҳои табиию солимгардонӣ ва мероси бойи таърихию фарҳангӣ барои ҷалби бештари сайёҳон имкониятҳои зиёд дорад. Дар баробари ин, саёҳати дохилӣ ба сокинони гӯшаву канори гуногуни мамлакат имкон медиҳад, ки бо расму оин, анъанаҳои қадимии этникию фарҳангии ҳамдигар ошноӣ пайдо намоянд.

Миллати тоҷик аз азал ҳунарманду хирадманд буда ва ҳунару ҳунарвариро бунёд намудаву инкишоф додааст. Минбаъд, бо мурури замон дар тараққӣ ва пешрафти ҷаҳони моддиву маънавии ҷомеаи инсонӣ нақши хешро гузоштааст.

Қайд намудан ба маврид аст, ки аз ҳисоби соҳаи сайёҳӣ даромади кишварҳои ҷаҳон сол аз сол меафзояд. Мувофиқи иттилои Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, мизони даромади кишварҳо аз соҳаи сайёҳӣ солҳои охир то соли 2019 дар маҷмўъ 1200 млрд долларро ташкил намудааст.  Аз ин миқдор даромади солонаи Туркия аз туризм 27,7 млрд доллар, Макао 27,8 млрд доллар, Австралия 31,4 млрд, Британия 36,115 млрд, Тайиланд 42,1 млрд, Италия 43,9 млрд, Чин 51,7 млрд, Фаронса 56,1 млрд, Испания 60,4 млрд ва Амрико 139,6 млрд долларри ИМА-ро ташкил намудааст.

  Дар фарҷом чунин хулоса намудан мумкин аст, ки албатта нақши сайёҳӣ дар пешрафти иқтисоди миллӣ бениҳоят бузург арзёбӣ карда мешавад. Барои рушди минбаъдаи иқтисоди кишвар ва муаррифии ватани азизамон ба ҷаҳониён нақши беназир дорад.

Убайдулло УБАЙДУЛЛОЕВ 

ходими калони илмии

Шуъбаи географияи АМИТ

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№1 (28), 2022

 

 Адабиёт

  1. 1. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ. 26.12.2018.
  2. Белоногов А.Г. Безопасность туризма как социо-эколого-экономической системы/Материалы Международной научно-практической конференции. — М.: Изд-во МГУ, 2016.
  3. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ. 26.12.2019.
Хондан 1203 маротиба