JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 12 Июли 2023 17:28

Муҳити сармоягузорӣ ва аҳаммияти он дар бунёди як давлати қудратманд

Муаллиф: Меҳр СОБИРИЁН

  Дар мақолаи мазкур нақшу аҳамияти муҳити сармоягузорӣ дар рушду пешрафти иқтисодӣ баррасӣ мешавад. Муаллиф бахши хусусиро ҳамчун сутуни аслии иқтисод нишон дода, аҳаммияти як муҳити сармоягузории мувофиқро барои фаъолияти он муҳим арзёбӣ мекунад. Бахши хусусӣ дар шароити иқтисоди бозаргонӣ қавитарин манбаи пайдо шудани ҷойҳои корӣ барои аҳолӣ ва манбаи устувори даромади буҷаи давлат мебошад. Ин аст, ки ҳар як ҳукумат барои дастгирии ин бахш талошҳо мекунад ва бо ҷорӣ кардани ислоҳоти муайян барои он шароити мусоид фароҳам меоварад. Чунки муҳити сармоягузорӣ дар давлатсозӣ нақши мустақим дорад. Аз ин ҷост, ки сохтани муҳити сармоягузории мувофиқ яке аз ҳадафҳои аслии ҳар як давлат ба ҳисоб меравад.

  Рушди иқтисоди миллӣ ва дар заминаи он таъмини қисмати даромади буҷаи давлатӣ ва зиндагии шоиста барои аҳолӣ, ҳадафи асосии ҳар давлат бояд бошад. Новобаста аз низомӣ давлатдорӣ ҳукуматҳо мехоҳанд, ки иқтисоди қавӣ дошта бошанд ва бо такя бар он дар ҷаҳон ҷойгоҳи арзандаи худро ба даст биёранд. Илова бар ин, бо такя ба иқтисоди қавӣ метавон артиши қавӣ, мақомоти амниятии қудратманд, аҳолии босаводу тансиҳат ва ҳифзи муҳити зисти дурусту коромад дошт, ки онҳо дар маҷмуъ, сулҳу оромӣ ва хушбахтии шаҳрвандонро таъмин карда метавонанд.

  Маълум аст, ки дар давлатҳои дорои низоми иқтисоди бозаргонӣ бахши хусусӣ мавқеи асосӣ дорад. Коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ эътироф мекунанд, ки “дар се даҳсолаи охир бахши хусусӣ дар хатти аввали таҳаввули иқтисод дар саросари ҷаҳон будааст”[1]. “Бахши хусусӣ ба таври фазояндае ба унвони як муҳаррик барои оғоз ва ҳифзи рушди устувори баландсуръат нақш мебозад”[4, c.26]. Ин бахш даромади буҷаи давлатро таъмин карда, ҷойҳои кории фаровон таъсис дода метавонад. Сатҳи пасти бекорӣ ва даромади устувори буҷаи давлатӣ натиҷаи кори самараноки бахши хусусӣ буда метавонад, агар муҳити сармоягузории мувофиқ дар кишвар барои рушду равнақи бахши хусусӣ вуҷуд дошта бошад. Барои ба вуҷуд овардани чунин муҳити мувофиқ бояд шароитеро фароҳам овард, ки дар он ҳам соҳибкорони дохилӣ тавонанд фаъолият кунанд ва ҳам ширкатҳои байналмилалӣ қисме аз занҷираи истеҳсолии худро дошта бошанд. “Тавоноии онҳо барои рушд, эҷоди шуғл ва коҳиши камбизоатӣ ҷиддан ба муҳити сармоягузории хубу мувофиқ бастагӣ дорад, ки ба он сиёсатгузорӣ, қонунгузорӣ ва ниҳодҳое, ки ба фаъолияти бозорҳо, арзиши интиқолҳо ва рискҳои вобаста ба кушодан, фаъолият ва пушидани як касбу кор таъсиргузор ҳастанд, дохил мешаванд” [2, с. XI]. Ин муҳитро давлату ҳукумат месозад ва назорат менамояд.

  Дар баробари корофарӣ ва боло бурдани даромад, бахши хусусӣ дар навоварии технологӣ ва татбиқи технологияҳои мавҷуда низ нақши ҳалкунанда дорад. Мусаллам аст, ки рақобати озод омили асосии навоварӣ ва татбиқи саривақтии технологияҳои навин мебошад. Дар шароити рақобати озод, ки иқтисоди бозаргонӣ ба вуҷуд меорад, танҳо ширкатҳо ва соҳибкороне метавонанд пойдор бошанд, ки сари вақт аз технологияҳои навин истифода мекунанд ва навовариҳои муайян дар соҳаи худ эҷод мекунанд. Аммо ин корофаринӣ, фоидаоварӣ ва навовариҳои технологӣ аз ҷониби бахши хусусӣ ба муҳити дурусту ҳисобӣ, ҷиҳати фаъолияти самараноки худ, ниёз дорад. “Суръат ва моҳияти рушди бахши хусусӣ дар як кишвар таҳти таъсири омилҳои бисёре мебошад, ки суботи сиёсиву макроиқтисодӣ, фарҳангу суннатҳо, инфрасохтори моддӣ, дастрас будани сармоя ва сармояи зеҳнӣ аз ҷумлаи онҳо ҳастанд. Ҳамчунин омилҳои сиёсӣ, ниҳодӣ ва танзимиву назоратӣ нақши муҳим доранд. Онҳо якҷоя дар бештар маврид ҳамчун “муҳити сармоягузорӣ” гурӯҳбандӣ мешаванд” [3].

  Николас Стерн иқтисодшинос аз Бонки Ҷаҳонӣ муҳити сармоягузориро ҳамчун “муҳити сиёсӣ, ниҳодӣ ва рафторие муайян мекунад, ки ҳам дар ҳоли ҳозир ва ҳам дар оянда ба даромаднокӣ ва хатарҳои вобаста ба сармоягузорӣ таъсиргузор мебошанд” [2, с. 9]. Дар ҳисоботи бонки мазкур аз соли 2005 ин муҳитро ба таври зайл муайян кардаанд: “маҷмуи омилҳои хоси маконие, ки ба ширкатҳо фурсат ва ангезаи сармоягузоии босамар, эҷоди шуғл ва тавсеаёбиро медиҳад” [2, с. 9]. Барои ҷалби маблағҳои сармоягузорон муҳити сармоягузорие, ки дар он сиёсатгузорӣ, ниҳодҳо ва муҳити фарҳангии созгор мавҷуд аст, на танҳо имрӯз бояд вуҷуд дошта бошад, балки интизориҳо аз оянда низ бояд неку мусбат бошанд. Дар чунин муҳит сармоягузор ҳавасманд шуда, сармоягузорӣ ва дар натиҷа корофаринӣ карда, ба ҷомеа манфиат меорад ва худ рушду тавсеа хоҳад кард.

  Маълум аст, ки вазифаи як давлат, пеш аз ҳама, таъмини амният ва рифоҳи мардум аст. Дар иҷрои ин вазифаи худ ҳар як давлат метавонад аз бахши хусусӣ истифода кунад. Махсусан, дар шароити иқтисоди бозаргонӣ ҳамкории зичи бахши хусусӣ бо давлат лозим мебошад. Ҷусторҳо дар бораи рушди иқтисодии кишварҳои муваффақи Осиёи Шарқӣ (Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Чин) нишон доданд, ки онҳо рушду шукуфоии иқтисодиро дар мадди авввал гузошта, дар инкишофи иқтисод мушкилоти иҷтимоии худро бартараф сохтанд. Яъне бахши хусусӣ тавонист дар муҳити мувофиқи сармоягузорӣ рушд кунад ва ҷойҳои кории муносиб барои шаҳрвандон эҷод карда, ба буҷаи ин давлатҳо даромади зиёд ворид созад. Сипас, бо қудрати иқтисодиву молиявии ба дастомада, ин давлатҳо тавонистанд бештари мушкилоти иҷтимоиву амниятии худро бартараф созанд. Ҳар як давлати дигар ҳам дар ҷаҳони муосир маҷбур аст, ки муҳити сармоягузории худро бо талаботи муайян мувофиқ созад ва бо роҳи рушди бахши хусусӣ дигар соҳаҳои хоҷагии халқро таъмин намуда, дар маҷмуъ ҷомеаи худро ба сафи кишварҳои пешрафта ворид созад. Ба назари коршиносон, “мусаллам аст, ки сармоягузории хусусии густарда, ки калиди рушди фарогир ва эҷоди шуғл мебошад, танҳо замоне рух медиҳад, ки муҳити мусоиде барои касбу кор вуҷуд дошта бошад. Агар ширкатҳои хусусӣ бинанд, ки амнияти сармояи онҳо таъмин нест, талаботҳои қонун сангин ва пешгӯинашавандаанд, ё зерсохторҳо заиф ҳастанд, онҳо сармоягузорӣ нахоҳанд кард. Як муҳити касбу кории хуб ба самаранокии ширкатҳо таъсир мерасонад, ки он асоси беҳбудшавии устувори сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад. Бисёре аз пажуҳишҳо дар сатҳи ширкатҳо ниҳон медиҳанд, ки самаранокии умумӣ дар кишварҳое ё минтақаҳои дохили кишварҳое баландтар аст, ки муҳити муносибтаре барои касбу кор дар онҳо сохта шудааст” [2, с. XIII].

“Аз он ҷое, ки бештари корҳои вобаста ба муҳити сармоягузорӣ ба тасвиби қонунҳо, муқаррарот ва ҳамоҳангӣ миёни вазоратхонаҳо ва агентиҳои гуногун мартуб мебошад, як ҳукумати масъулиятшиносу қавӣ калиди муваффақиятҳост” [2, с. XXIV]. Ҳукумати масъулиятшинос муҳитро барои ҳамаи соҳибкорон баробар месозад. Танҳо шароити баробар барои ҳама субъектҳои сиёсӣ метавонад иқтисодро дар ҷаҳони имрӯз рақобатпазир гардонад. То замоне, ки истеҳсолкунандаи дохилӣ дар бозори ҷаҳонӣ ҷойгоҳ пайдо намекунад, як кишвар наметавонад рушди устувор дошта бошад. Махсусан, кишварҳои хурду миёнае ба монанди Тоҷикистон барои рушди иқтисодии босуръат ба бозори ҷаҳонӣ вобаста ҳастанд. Вақте рақобати озод дар дохил таъмин карда мешавад, ба таври табиӣ ширкатҳои миллӣ рушд карда, қавӣ мешаванд ва омодаи рақобатҳои бузургтар мегарданд. Имтиёз додан ба ширкатҳои алоҳида ин муҳитро вайрон сохта, боиси заифии кулли иқтисоди миллӣ мешавад. Даст задани давлатмардон ба соҳибкорӣ, бевосита ё бавосита, муҳити сармоягузориро носолим сохта, дар интиҳо чунин амал на созандагӣ, балки сӯзандагӣ хоҳад буд. Ин ҳама хилофи ҳадафи сохтани муҳити сармоягузории дуруст аст, чунки “монеаҳо дар як бозори дуруст амалкунандаву пӯё метавонанд ба манфиати гурӯҳҳои муайяни интихобшуда бошанд ва бар зарари рақобаткунандагони дигар, тозаворидшудаҳо ва истеъмолкунандагон” [2, с. 2].

Сифати давлатдорӣ ва қобилияти идоракунии раҳбарияти як кишвар ба ислоҳоти бунёдӣ ҷиҳати сохтани муҳити сармоягузории муносиб вобаста аст. Агар элитаи сиёсӣ-давлатӣ бо дарки дурусти принсипҳои иқтисоди бозаргонӣ тавонад, ки муҳити сармоягузориро бо талаботи ҷаҳони муосир созгор созад, бештари мушкилоти ҷомеа тадриҷан ҳалли худро меёбанд. Чунки рақобати солим соҳибкоронро ба навовариву ҳалокорӣ водор месозад ва коргарон ҳам маҷбур мешаванд донишу малакаи худро тақвият дода, самаранокии меҳнаташонро боло баранд. Дар чунин шароит миллат метавонад маҳсулоти баландсифатро истеҳсол карда, бозори ҷаҳониро тасхир намояд. Дар натиҷа даромади аҳолӣ зиёд шуда, мардум қудрат пайдо мекунанд, ки мушкили худро кам ё пурра бартараф созанд ва давлат низ бо зиёд шудани даромади буҷет имкони ҳалли мушкилоти иҷтимоиро пайдо хоҳад кард.

Масъалаи дигаре, ки дар минтақаи мо аҳаммияти зиёд дорад, сулҳу оромӣ мебошад. Мавҷудияти шуғли арзанда ва имкони сармоягузории озод дар ҳалли масъала кумак расонида метавонад. “Ислоҳот дар соҳаҳои марбут ба муҳити сармоягузорӣ дар давлатсозӣ низ аҳамияти ҳаётӣ дорад. Ислоҳоти ниҳодҳои давлатӣ, ки муҳити соҳибкориро назорат мекунанд, бояд шаффофият, садоқат, касбиятро таъмин карда, хизматрасонии давлатиро беҳбуд бахшанд, ки ҳамагӣ дар машруияти ҳукуматҳо ва таъмини сулҳу субот нақши калидӣ доранд” [4, с.19]. Метавон гуфт, ки сохтани як муҳити дурусти сармоягузорӣ, яке аз қисмҳои асосии низоми давлатсозӣ мебошад. Ин аст, ки тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, “дар сатҳи кишварҳо, тақрибан ҳама ҳамкорони Бонки Ҷаҳонӣ, беҳбудсозии муҳити сармоягузориро ҳамчун ҳадафи асосии худ муқаррар кардаанд. Маҳдудиятҳои асосӣ дар ин ҷода аз набуди рақобати солим, монеаҳо барои ташкилкунӣ ва фаъолияти корхона, хароҷоту бохтҳои фаъолияти сохибкорӣ ва гаронии бори назорату тафтишот иборат мебошанд ”[2, с.47].

Бар асоси таҳқиқу пажуҳишҳо, давлатҳое, ки муҳити сармоягузории дуруст сохта наметавонад ё элитаи сиёсии онҳо даст ба соҳибкорӣ зада, ҳадафмандона муҳитро хароб месозад, ҳаргиз муваффақ намешаванд. Корхонаҳои чунин афрод муҳити монополӣ месозанд, ки пеши роҳи навовариву мутобиқшавиро мегиранд. Маҳсули ислеҳсолкардаи онҳо наметавонад дар бозори ҷаҳонӣ ҷойгоҳ пайдо намояд. Дар чунин шароит фасоду ришвахорӣ зиёд мегардад, ки дар бисёр ҳолат он шакли фишороварии ваҳшиёнаро мегирад (4 с. 21) ва хоҳиши сармоягузориву навовариро дар ҷомеа коҳиш медиҳад. Чунин ҳокимият ба душмани соҳибкори озоду навовар мубаддал мегардад ва таъсири манфии он ба истеъмолкунанда низ хоҳад расид. Натиҷаи он “монеаҳои давлатӣ ба соҳибкорон, адами эътимод ба идораҳои давлатӣ, самаранокии пойин ва нархҳои гарон барои истеъмолкунандагон” (4 с. 21) мешавад.

Аз тарафи дигар, камсамарии меҳнат ва гаронии нархҳо ҳар кишвареро ақибмондаву қашшоқ мегардонад. Ҳеҷ як давлатмарди худшиносу баномусе намехоҳад, ки кишвараш чунин ақибмондаву қашшоқ бошад. Тавре ки дар ҷусторҳои қаблӣ ишора шуда буд, нақши ҳувийяти миллӣ дар рушду пешрафти иқтисодӣ хеле баланд аст. Ин аст, ки давлатмардони худшиносу меҳанпараст ҳамеша дар пайи ислоҳоту навоварӣ мебошанд ва кӯшиш мекунанд, ки давлати қурдратманд сохта, аҳолиро бо зиндагии шоиста таъмин намоянд. Сохтани муҳити сармоягузории мувофиқ яке аз ҳадафҳои аслии давлатдории миллист. Чунки  “ислоҳот дар муҳити сармоягузорӣ дар давлатсозӣ нақши мустақим дорад, зеро он фаъолияти ниҳодҳоро танзим намуда, идораи давлатии дурустро ба миён меоварад” [4, c.29].

Маълум мешавад, ки сохтани як муҳити сармоягузории дурусту ҳисобӣ барои ҳар як кишвар зарур буда, яке аз масъалаҳои меҳварӣ мебошад. Дар ин замина, Варрик Смис ва Мери Ҳолвард-Дример низ таъкид мекунанд, ки “далелҳои рӯзафзун нақши бунёдии муҳити сармоягузории беҳбудёфтаро дар ангезабахшии рушду тавсеа ва коҳиши мизони фақр нишон медиҳанд. Ин буд, ки Чин тавонист 400 миллион шаҳрванди худро аз фақри мутлақ раҳо кунад, Ҳинд суръати рушди иқтисодии худро ду баробар зиёд кард ва Уганда ҳашт баробар рушди бештар нисбат ба дигар кишварҳои Африқоӣ дошт” [5].

Коҳиш додани хатарҳо бо роҳи таъмин кардани ҳокимияти қонун ва додгоҳи мустақил, кам кардани хароҷотҳои истеҳсолӣ тариқи содаву электронӣ кардани хизматрасониҳои давлативу низоми андозбандӣ ва таъмин кардани рақобати озод, ки дар раванди сохтани як муҳити сармоягузории мувофиқ ба миён меоянд, асоси муваффақияти як кишвар дар ҳама соҳаҳо буда метавонад. Албатта, гурӯҳҳои муайяни таъсиргузор аз набуди як чунин муҳит манфиат мегиранд ва ҳамеша муқобилият нишон медиҳанд. Ин масъала дар китоби Д. Осимоғлу ва Ҷ. Робинсон “Чаро миллатҳо шикаст мехӯранд” бо мисолҳои зиёд баррасӣ шудааст, ки мо дар ҷусторҳои пешин оварда будем. Вале барои расидан ба рушду пешрафти назаррас сохтани чунин муҳит ҳатмӣ аст. Ҳатто баъзе корхонаҳо низ, ки мавқеи монополӣ доранд, намехоҳанд, ки рақобати озод таъмин карда шавад. Чунин “ширкатҳо мехоҳанд рақобати камтаре дар бозор вуҷуд дошта бошад, вале монеаҳо барои рақобати озод, ки барои як ширкат манфиатовар аст, имкониятҳоро барои дигар ширкатҳо маҳдудтар месозад. Фишорҳои рақобатӣ ширкатҳоро ба навоварӣ ва болобарии самаранокии меҳнат ва сатҳу сифати маҳсулот водор мекунанд, ки ин дар натиҷа даромади онҳоро зиёд мешавад ва ин даромадро онҳо бо кормандони худ ва истеъмолкунандагон қисмат карда метавонанд” [5]. Қисмат кардан бо кормандон маълум аст, ба истеъмолкунандагон бошад манфиат тавассути сифати беҳтари маҳсулот ва нархи арзонтари он мерасад. Дар натиҷа ҳама манфиат мебардоранд.

Дарки дурусти аҳамияти як муҳити сармоягузории мувофиқ аз ҷониби давлатмардон, қадами нахустин дар ҷодаи ба даст овардани он мебошад. Ин ҳолат талаботро ба омӯзиши ин масъала ба миён меорад ва фармоиши давлатӣ бо маблағҳои зарурӣ пайдо мешавад. Дар доираи чунин фармоиш метавон вазъияти имрӯзаро муайян ва воқеиятро мушаххас кард. Роҳу усулҳои ворид кардани ислоҳот дар низоми давлатдориро, бо мақсади беҳбуд бахшидани муҳити сармоягузорӣ, аз адабиёти илмӣ ва таҷрибаи кишварҳои дигар ба осонӣ метавон пайдо кард ва истифода бурд. Яъне дар қисмати назарии он мушкили ҳалношаванда вуҷуд надорад. Танҳо иродаи сиёсии давлатмардон лозим аст, ки бо дарки амиқи аҳамияти чунин ислоҳот, вориди амал шаванд ва давлату миллати худро қудратманд сохта, бо такя ба ин қудрату тавоноӣ фақрро решакан карда, аҳолиро ба як зиндагии шоиста таъмин намоянд. Аҳаммияти муҳити сармоягузории дурусту мувофиқро дар роҳи расидан ба ин аҳдофи нек кам дидан аз рӯйи ақлу мантиқ нест. Аз сӯйи дигар, вақти он расидааст, ки сари низоми мувофиқи сармоягузорӣ ва иқтидор-потенсиали иқтисоди миллӣ ҷиддӣ тамаркуз кунем ва ислоҳоти фарогири иқтисодиро дар авлавияти умури давлатӣ қарор бидиҳем.

 

Меҳр СОБИРИЁН

иқтисодшинос

 

Сарчашмаҳо

  1. World Bank Group, Investment Climate, https://www.worldbank.org/en/topic/investment-climate
  2. World Bank Group, Investment Climate Reforms An Independent Evaluation of World Bank Group Support to Reforms of Business Regulations

https://documents1.worldbank.org/curated/en/989551468334811535/Investment-climate-reform-An-independent-evaluation-of-World-Bank-Group-support-to-reforms-of-business-regulations.pdf

  1. World Bank Group, The Investment Climate International Finance Corporation (World Bank Group) July 2016

https://www.un.org/esa/ffd/wp-content/uploads/2016/01/The-Investment-Climate_IFC-World-Bank-Group_IATF-Issue-Brief.pdf

  1. Investment Climate Department, International Finance Corporation, A Rough guide to investment Climate Reform in Conflict-Affected Countries,

https://www.enterprise-development.org/wp-content/uploads/Rough-Guide-to-Investment-Climate-Reform-in-Conflict-Affected-Countries.pdf

  1. Warrick Smith and Mary Hallward-Driemeier, Understanding the Investment Climate, Finance & Development March 2005, 40,

https://www.imf.org/external/pubs/ft/fandd/2005/03/pdf/smith.pdf

Хондан 1957 маротиба