JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 04 Июни 2024 04:25

Суду зиёни Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё

Муаллиф: Меҳр Собириён

(бардоштҳо аз Ҷаласаи Шурои олии иқтисодии Авруосиё дар остонаи 10-солагии таъсисёбии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё)

Дар шароити ҷаҳонишавӣ рақобати иқтисодӣ дар бозори ҷаҳонӣ шадидтар мегардад. Кишварҳо кӯшиш мекунад бо ташкил кардани иттиҳодҳои иқтисодии минтақавӣ дар ин бозор ҷойгоҳи хешро мустаҳкам намоянд. Намунаи машҳури чунин иттиҳод Иттиҳоди Аврупо мебошад, ки тавонист маҳдудиятҳои тиҷоративу сиёсиро бардошта, ҳаракати озоди молу маҳсулот ва қувваи кориро дар дохили худ таъмин кунад. Ин шароит мавқеи кишварҳои аъзори Иттиҳоди Аврупоро дар ҷаҳони муосир на танҳо аз нуқтаи назари иқтисодӣ, балки фарҳангиву сиёсӣ боло бурд. Дар минтақаи мо низ созмони ҳамгироии иқтисодии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё даҳ сол боз вуҷуд дорад, ки ҳадафи асосии он ташкил намудани бозори ягонаи молу маҳсулот, энергетика ва меҳнат мебошад.

Дар таърихи 8-уми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Ҷаласаи Шурои олии иқтисодии Авруосиё баргузор гашт. Садри ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян буд, ки кишвари мазкур дар соли ҷорӣ раёсати ин шуроро ба уҳда дорад. Ин ҷаласа дар остонаи 10-солагии ташкилёбии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё баргузор гашт ва раҳбарони кишварҳои аъзо (Федератсияи Русия, Белорусия, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон) ва кишварҳои нозир (Молдова, Ӯзбекистон ва Куба) дар он ҳузур дошта, суханронӣ карданд. Онҳо зимни суханрониҳои худ аз муваффақиятҳои созмон бештар сухан гуфтанд, вале аз ин миён камбудиҳои муайянеро низ ошкор намуда, ба ҳалли бетаъхири онҳо даъват намуданд.

Президенти Арманистон Никол Пашинян, дар баробари тасдиқ намудани муваффақиятҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар даҳ соли охир, аз амалӣ нашудани ҳадафҳои созмон ҷиҳати ташкил намудани бозори ягонаи манбаъҳои энергетикӣ бо низоми ягонаи танзим сухан ба миён гузошт. Ӯ таъкид кард, ки ҷониби Арманистон  масъалаи бо сабабҳои муайян иваз кардани муҳлати иҷроиши ҳадафҳо ва амалӣ нашудани чорабиниҳои алоҳидаи созмонро дарк мекунад, вале фикр мекунем раванди мазкур набояд ба таври бепоён идома ёбад ва мушкилоти мавҷуда бояд дар муддати мантиқан дуруст ҳалли худро ёбанд. Вай илова намуд, ки Арманистон омода аст, дар масъалаи саривақт ба роҳ мондани бозори ягонаи энергетикии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё бо дигар кишварҳои аъзо гуфтушунидҳоро бештар намуда, ҳадафи мазкури иттиҳодро ҳарчи зудтар амалӣ созад.

Бо вуҷуди он, ки Президенти Белорусия Александр Лукашенко  зимни суханронии худ 10 соли аввали фаъолияти Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро даҳсолаи муваффақ номид, аз ошкор намудани баъзе камбудиҳо сарфи назар карда натавонист. Вай таъкид кард, ки кишварҳои аъзои иттиҳод барои ҳамкориҳои иқтисодӣ ва ба роҳ мондани корхонаҳои саноатии муштарак қонуну қарорҳо қабул намуданд, вале дар амал мо чунин ҳамкориҳоро то ҳол дуруст ба роҳ монда натавонистем. Ин дар ҳолест, ки барои амалӣ сохтани чунин лоиҳаҳои маблағҳои зиёд ҷудо карда шудаанд ва бояд ҳарчи зудтар аз худ карда шаванд. Масъалаи дигаре, ки ӯ ба чолиш кашид ин харидҳои давлатӣ буд. Вай иброз дошт, ки имрӯз ширкатҳои дохилии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дастрасии озод ба харидҳои давлатии кишварҳои аъзои созмон надоранд. Дар ҳоле, ки бояд саҳми ширкатҳои дохилии созмон дар таъмини талаботи давлатҳои аъзо бештар бошад, дар амал  ширкатҳо аз дигар кишварҳои берун дастрасии бештар ба чунин харидҳои давлатиро доранд. Чунин ба назар мерасад, ки бозори харидҳои давлатӣ дар воқеъ на аз воридот аз кишварҳои сеюм, балки аз кишварҳои аъзои созмон ҳимоя шуда истодааст. “Яъне ҳар кишвар бозори худро бештар аз шарикони худ ҳимоя карда истодааст, то аз дигар кишварҳои ҷаҳон”. Вай хостори ҳалли оҷилии ин мушкил шуд. Дар масъалаи рақамисозӣ Александр Лукашенко эътироф нашудани имзоҳои рақамии якдигарро мавриди муҳокима қарор дода, иброз дошт, ки қонуну қарорҳо дар ин ҷода кайҳо боз қабул шудаанд, вале то ҳол дар амал иҷро нагардидаанд. Мо бояд ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар намуда, имзоҳои рақамии якдигарро эътироф намоем ва заминаи рушдро дар ин соҳа фароҳам созем.

Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев дар баробари сухан гуфтан доир ба дастовардҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё пурра амалӣ нашудани бозори ягонаи молу хизматрасониро мавриди баррасӣ қарор дод. Вай таъкид намуд, ки амалисозии пурраи принсипи бунёдии созмон – ҳаракати озодонаи молу маҳсулот, ки ҳангоми таъсисёбии он дар назар гирифта шуда буд, бояд иҷро гардад. Моро зарур аст, бозори дохилии ягона ва ба таври систематик амалкунандаро созем. Вай ҳамчунин мушкили монеасозиҳои сунъиро дар миён гузошта гуфт, ки зарур аст, ки мо ба таҷрибаи роҳандозии маҳдудиятҳои пинҳонӣ, ё худ тасмимгириҳои алоҳида ҷиҳати маҳдуд сохтани ҳаракати молу маҳсулот миёни кишварҳои аъзо ва умуман ба таҷрибаи ҳар намуд идораи дастӣ дар ин ҷода хотима диҳем.

Дар навбати худ Президенти Қирғизистон Содир Жапаров аз рушду пешрафти кишварҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё сухан гуфта, ҳамчун раҳбари кишвари содиркунандаи қувваи корӣ ба масъалаи ҳаракати озоди қувваҳои корӣ дар дохили созмон таваҷҷуҳ намуд. Вай иброз дошт, ки барои Қирғизистон бозори ягонаи меҳнати Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё аҳамияти махсус дорад. Даъват намуд, ки ба нақзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ роҳ дода нашавад, ки обурӯи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба он вобастагӣ дорад ва лозим аст, ки эътимод миёни халқҳои худро тақвияти бештар диҳем ва корҳоро барои ташкил намудани бозори ягонаи меҳнат идома диҳем.

Аз суханрониҳои сарварони кишварҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё маълум аст, ки бо вуҷуди кӯшишҳои зиёди ҳукуматҳои ин давлатҳо ва қабул намудани қонуну қарорҳои зиёд, расидани онҳо ба ҳамгироии иқтисодии пурра вақти зиёдтареро талаб мекунад. Суръати ташаккули пурраи Иттиҳоди Аврупо ба маротиб бештар аз суръати ташаккули Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё буд. Ин дар ҳолест, ки таҷрибаи Иттиҳоди Аврупо метавонист ҳамчун намуна истифода шуда, суръати мазкурро дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё бештар кунад. Чунин ба назар мерасад, ки кишварҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё бо ҳам эътимоди камтар доранд ва наметавонанд ҳадафҳои муштаракро дар якҷоягӣ пайгирӣ намоянд. Ин буд, ки ҳатто баъди 10 соли фаъолияти иттиҳод онҳо натавонистанд бозори ягонаи пурраро ташкил кунанд ва имрӯз раҳбарони кишварҳои аъзо яке аз амалӣ нашудани бозори ягонаи энергетикӣ, дигаре аз ба роҳ монда натавонистани ҳаракати озоди молу маҳсулот ва сеюмӣ аз пурра таъсис наёфтани бозори меҳнати ягона шикоят менамоянд. Аммо рақобатҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ онҳоро маҷбур мекунад, ки барои ҳарчи зудтар амалӣ сохтани ҳама принсипҳову ҳадафҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё талоши бештар кунанд ва дар якҷоягӣ мавқеи худро дар бозори ҷаҳонӣ тақвият диҳанд. Дида мешавад, ки раҳбарони кишварҳои аъзои ин иттиҳод камбудиҳоро дар раванди ташаккули он эътироф карда, ҷиҳати бартараф кардани онҳо даъватҳо ба амал меоранд. Маълум аст, ки барои ҳалли мушкиле пеш аз ҳама бояд мавҷудияти он аз ҷониби раҳбарон эътироф гардида, нақшаҳои бартараф кардан кашида шаванд. Умедворем, кишварҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар якҷоягӣ камбудиҳои мавҷударо дар ояндаи наздик бартараф намуда, эътибори ин иттиҳодро дар сатҳи ҷаҳонӣ боло мебаранд. Ба сатҳи Иттиҳоди Аврупо расидани ин иттиҳод метавонад барои дигар кишварҳои минтақа низ манфиатовар бошад ва заминаро барои васеъ шудани он муҳайё созад. Ҳоло танҳо се кишвар дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё нозир ҳастанд ва бо тақвият ёфтани он ва дар амал татбиқ шудани ҳама қонуну қоидаҳои қабулгардида, дигар кишварҳо низ ба он таваҷҷуҳи бештар хоҳанд кард.

Меҳр Собириён

иқтисодшинос

Хондан 1358 маротиба
Маводҳои дигар дар ин бахш: « Муҳити сармоягузорӣ ва шароити иқтисодӣ