JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 06 Марти 2019 10:36

Дигаргунсозиҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва ташаккули худшиносии халқи тоҷик

Муаллиф: Давлиёрова Сафаргул

   Ғояи худшиносии миллӣ имконият медиҳад, ки ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии мардум баланд бардошта шавад. Худро шинохта натавониста ба дастовардҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ки ба баланд бардоштани сатҳи иқтисодию сиёсӣ имкониятҳо фароҳам меоваранд, ғайри имкон мебошад. Ҳамин аст, ки муаллиф дар мақола ба ташаккули худшиносии халқи тоҷик ва равшантар ба назар расидани он баъди соҳибистиқлолии Тоҷикистон таваҷҷуҳи амиқ равона намуда, таъкид менамояд, ки дар ин ҷода проблемаҳои зиёде низ ҳастанду бартараф намудани онҳо миллати моро ба дастовардҳои нав ба нав дар тамоми соҳа бурда мерасонад. Барои ташаккули худшиносии миллӣ аз ҳама дониш суд ҷустан мақсаднок дониста мешавад.

  Истиқлолият имконият медиҳад, ки халқи тоҷик ғояи худшиносии миллиро парчами замон карда, ба пояи баланди сиёсати давлатӣ барояд. Дигаргуниҳои иҷтимоӣ - иқтисодӣ ҷомеаи имрӯзаи тоҷикро ба ташаккули худшиносии миллӣ расонида тавонист, ки «вазъи иҷтимоӣ ва дастовардҳои худро дар радифи истиқлолият, сулҳ, ваҳдат ва ризоияти миллӣ аз бузургтарин дастовардҳои даҳсолаи охир дар таърихи миллати куҳанбунёди хеш шиносад» [1,17]. Ҳар он касе, ки гузаштаи хеш, ғояҳои гузаштагони хешро надида мегираду таҳқир менамояд, дар гумон аст, ки ӯ сидқан ғамхори ояндаи Ватани хеш бошад, «ҳар миллат ва ҳар халқ, хоҳ бузург бошаду хоҳ хурд, то худро нашиносад, эҳтиром накунад, таърих, фарҳанг ва суннатҳои худро надонаду қадр накунад, ҳеҷ гоҳ дар миёни миллатҳои дигар мақому манзалати шоён пайдо карда наметавонад» [1,16].

  Ба пуррагӣ аз даст додани шахсият ва фарҳанг, яке аз омилҳои фоҷиаи халқи тоҷик дар охирҳои асри ХІХ ва ибтидои асри ХХ ба шумор меравад. Ҳоло масъалаи аз ҳама муҳим ин боз ҳам дар сатҳи баланд нигоҳ доштан ва ташаккулу таҳаввули худшиносии миллӣ мебошад. Чунки асри ХХ бори дигар нишон дод, ки баҳамназдикшавии фарҳанги Шарқу Ғарб омили сулҳу оромӣ дар дунё буда метавонад.

  Зикр намудан бамаврид аст, ки бомуваффақият анҷом ёфтани ҷараёни гуфтушуниди байни тоҷикон солҳои 1994-1997 ба инкишофи худшиносии халқи тоҷик ва дигаргунсозиҳои иҷтимоӣ- иқтисодӣ таъсири чуқур расониданд. Ҳодисаҳои мудҳиш ва нобасомони таърихи халқи хешро дидан ва онро муҳокима намудан, аз гузашта ва ҳозираи он дарси ибрат гирифтан ба дарки амиқи худшиносию худогоҳии миллӣ оварда мерасонад. Чуноне, ки Усмон И. ва Сатторзода А. дар мақолаи «Зарурати ташаккули андешаи миллӣ» овардаанд: «Дарёфти сулҳу оштӣ заминаи мусоидеро барои ваҳдати миллӣ омода сохт. Таҳкими ваҳдати миллӣ дар навбати худ ба болоравии худшиносии миллӣ боис гардид. Махсусан, ба болоравии савияи худшиносии миллии тоҷикон сиёсати пешгирифтаи роҳбари давлат - Э.Ш. Раҳмонов мусоидат намуд" [2,22].

  Дараҷа ба дараҷа поён рафтани ғурури нозарури маҳалгароӣ, бадбинию нобоварӣ омили дар сатҳи баланд гузоштани манфиатҳои миллӣ гардид. Масъалаи таълиму тарбия ва ташаккулу инкишофи худшиносии миллӣ бештар диққати муҳаққиқонро ба худ ҷалб намуд, зеро ташаккули худшиносии халқи тоҷик, ки Тоҷикистону тоҷикистониён ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузарониданд, яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор мерафт. Аз соли 1997 то соли 2010 мутобиқи квотаҳо беш аз ҳашт ҳазор нафар писару духтар ба донишгоҳу донишкадаҳо пазируфта шудаанд.

 Тибқи фармони Президенти кишвар аз таърихи 1 октябри соли 2010 барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва аспирантҳо стипендияи президентӣ муқаррар гардид. Мутобиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таърихи 17 феврали соли 2006 ба мақсади такомули соҳаи маориф, баланд бардошани мақоми муаллим ва ташвиқи кормандони маориф ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф таъсис шуд ва мутобиқи ҳамин фармон панҷ ҷоиза, ҳар кадом ба маблаги 2000 доллари амрикоӣ, муқаррар гардид. То имрӯз 14 нафар ба гирифтани ҷоизаи Президенти кишвар мушарраф гаштанд.

  Дар даврони истиқлолият масъалаи ташаккулу инкишофи худшиносии миллӣ бештар бо шинохти асолати миллӣ, бо таҷлили ҷашнҳои бузурги миллӣ чун 1100-солагии Давлати Сомониён, 2700-солагии китоби муқаддаси «Авасто», бузургдошти 1150 – солагии Одамушуаро устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ҳазораи «Шоҳнома», 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии Кӯлоб, бузургдошти чеҳраҳои барҷастаи адабӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ - Борбад, Б.Ғафуров, М.Турсунзода, Нусратулло Махсум, Т.Улҷабоев, Шириншо Шотемур ва ҷашнҳои рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави ҷумҳурӣ ҷараён гирифт. Таҷлили чунин ҷашнвораҳо, гузаронидани конфронсҳои илмӣ - амалӣ, таҳқиқи рисолаҳо, нашри китобу маҷалаҳо барои баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллии халқи тоҷик иқдоми бузурге буд, ки барои насли ҷавон ва ҷаҳониён симои тоҷиконро чун як миллати воҳид ва муқаддам, дорои фарҳанги гаронбаҳои тамаддунӣ муаррифӣ намуда тавонистанд. Ба ин маънӣ,суханвари мумтози тоҷик Лоиқ Шералӣ дар шеъри «Айнӣ» - и худ бовиқор ва ояндабинона аҳсанти Садриддин Айнӣ гуфта буд, ки моро ба худамон шиносонида тавонист:

 Пас аз хокистари хомӯш оташҳо фурӯзондӣ,

 Шарарҳое басо аз сангҳои сард рӯёндӣ,

Сари гӯри ниёгон машъала афрӯхтӣ аз меҳр,

Аз ин рӯ, ҳамчу машъал дар сари дасти замон мондӣ [8,103].

Ва натиҷаи шуълаҳое, ки устод Айнӣ дар дили мо афрӯхт, хушбахтона ҳамин соҳибистиқлолӣ асту оғози ташаккули худшиносии миллати мо дониста шавад, иштибоҳе намеравад.

 Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ, ки таъсири худро ба бозори меҳнати кишвар расонид, масъалаи муайян намудани он ки айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кадом пояи инкишофи таърихӣ мебошад, хеле муҳим буд. Барои муайян намудани давраи инкишофи таърихӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он қарор дорад, барои ба ҳисоб гирифтани таъсири омилҳои дохилӣ, шаклҳои мушаххаси гузориши роҳҳои ҳалли вазифаҳои дохилӣ - сиёсӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ, таъсири он ба сиёсати берунӣ, таҳлили ҳамаҷонибаи сохтори иҷтимоӣ- иқтисодии халқи тоҷик муҳим аст. Муҳимтарин дастоварҳо дар сохтори иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсии кишвар тайи солҳои соҳибихтиёрӣ ин ҳали масъалаҳои мактабу маориф, таълиму тарбия, тандурустӣ, рушди иқтисодиёт, амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

 Ҳайати иҷтимоии аҳолӣ, тамоюли тағйироти он, дараҷаи баркамолии муносибатҳои иҷтимоӣ ба ҳаёти иҷтимоии мамлакат таъсири бузург мерасонад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони 120 халқияту миллатҳо кору фаъолият менамоянд. Миллат яке аз нишондиҳандаҳои муҳимми барӯйхатгирии аҳолӣ буда, бо масоили марбут ба демография, иҷтимоиёт ва иқтисодиёт вобастагии зич дорад.

Тибқи маълумотҳои барӯйхатгирии аҳолӣ, ки соли 2000 гузаронида шуда буд, маълум мешавад, ки «тайи 11- сол шумораи аҳолии ҶумҳурииТоҷикистон 20,3% зиёд гардида, аз он ҷумла шумораи тоҷикон ба 1725,3 ҳазор нафар расид, ё ин ки 54,4 %-ро ташкил медиҳад. Дар натиҷа шумораи умумӣ аз 62,3% дар соли 1989 ба 79,9 % дар соли 2000 зиёд гардид» [3,185]. Шумораи умумии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2000 - 6 миллиону 132 ҳазор нафар буд.

 Дар таърихи башарият масоили байниҳамдигарии миллатҳо, яке аз масъалаҳои муҳим ва мураккаб ба шумор меравад. Бо сабабҳои дигаргуншавии сохти иҷтимоӣ- сиёсӣ ва иҷтимоӣ - иқтисодӣ шумораи муҳоҷирон аз ҳисоби дигар миллатҳои сокини (маскуни) ҷумҳурӣ низ афзуд. Масалан: «шумораи русҳо 5,7 маротиба, тоторҳо 3,8 маротиба, украинҳо 11,9 маротиба, немисҳо 28,8 маротиба кам гардиданд»[3,183]. Ин камшавӣ вобаста аст ба воқеаҳои солҳои 1990-1995. «…Байни миллату халқиятҳои сокини Тоҷикистон нобаробариҳои гуногун зиёданд. Яке нисбатан пеш рафта, дараҷа ва сифати баланди зиндагиро соҳиб гаштааст, дигаре бошад ҳанӯз хело қафо мондааст. Барои таъмини пешрафти ҷамъият ва баланд бардоштани сифати зиндагии аъзоёни ҷамъият зарур аст, ки дар асоси муносибатҳои интегратсионӣ дар байни ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳои ҷумҳурӣ аз рӯи ба ҳисоб гирифтани манфиатҳои бозории тарафҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ-ташкилии истеҳсолот, тақсимоти неъматҳои моддию маънавӣ, идоракунӣ, аз худ кардани илму ҳунар ва гайраҳо ҳамкорӣ, дастгирӣ ва ёрии байниҳамдигариро ривоҷу равнақ диҳанд» [4,26].

  Ин самараи талаботҳои афзоянда ба ахбори мушаххас оид ба тамоюли инкишофи сохтори иҷтимоӣ-иқтисодӣ роҷеъ ба назарияи мулоҳизакоронаи он мебошад. Омӯзиши ҷараёни тағйиротҳои сохтори иҷтимоӣ – иқтисодӣ, дар ташаккули худшиносии халқи тоҷик ба талаботҳо ва таъмини пурраи ҷараёни сулҳ, интихоби модели роҳҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ, ки ҷумҳурӣ бо ин роҳҳо инкишоф ва тараққӣ менамояд, вобаста аст. Дигаргунсозии сохтори иҷтимоӣ- иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми таркибӣ ва муҳимми худшиносии миллӣ мебошад. Дар рафти тадқиқоти худ мо омилҳои таъсиррасонро ба сохтори иҷтимоӣ - иқтисодӣ ва таъсири он ба ташаккули худшиносии халқи тоҷикро дида мебароем. Дар ҳақиқат тадқиқи ин масъалаҳо дар ҷараёни омӯзиш як қатор душвориҳо дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон то аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз ҷумҳуриҳои сермиллат ба шумор мерафт. Аввалҳои соли 2000 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барӯйхатгирии аҳолӣ гузаронида шуд. Ин маърака дар шароите гузаронида шуда буд, ки ҷумҳурӣ оқибатҳои буҳрони иқтисодии сахту сангинро ҳоло ҳам дарк менамуд. Новобаста аз ҳама гуна душвориҳои иқтисодӣ Тоҷикистон тавонист, аз уҳдаи гузаронидани чунин як маъракаи муҳимми характери иҷтимоӣ- сиёсӣ ва иқтисодидошта мустақилона баромада тавонад.

  Ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар ҷомеа бо соҳиб шудани мустақилият ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, зеро ҷумҳурӣ роҳи иқтисодиёти бозориро интихоб намуд. Бо ин мақсад дар иқтисодиёти мамлакат дигаргуниҳои бозорӣ ба вуҷуд омаданд. Вобаста ба ин самаранок истифода намудани рафтор, мафҳумҳо ва муносибатҳо дар иқтисодиёти бозорӣ, интихоби имкониятҳои бозорӣ, зарурияти ба вуҷуд овардани шароитҳо ва заминаҳо барои гузаштан ба муносибатҳои бозоргонӣ, вазифаҳои бозор ва методҳои танзими давлатии иқтисодиёти бозорӣ тадқиқ шудаанд. «Дар шароити иқтисодиёти бозоргонӣ барои рушди ҷомеа соҳибкорӣ мавқеи ҳалкунанда дорад. Дар навбати худ корхона ҳамчун объекти ҳукуқӣ комплекси амволие мебошад, ки барои татбиқи фаолияти соҳибкорӣ истифода мегардад. Бинобар ин ташкил ва идораи корхона дар шароити иқтисодиёти бозоргонӣ, ки дар он шаклҳои гуногуни корхонаҳо фаъолият мекунанд, хеле муҳим аст»[5,7].

  Ҷорӣ намудани барномаи ислоҳоти иқтисодӣ низ бомуваффақият амалӣ шуда истодааст. Дар натиҷаи ин ислоҳот ҷумҳурӣ соҳиби як қатор комёбиҳои ҷиддӣ гардид, ки онҳо бе ягон шубҳа ба баланд бардоштани сатҳи зиндагонии аҳолии Тоҷикистон таъсири мусбӣ доштанду доранд.

  Ҷамъият низоми таърихан ташаккулёфтаи фаъолият ва муносибатҳои иҷтимоии одамон, барои дастёбӣ ба манфиатҳои фардӣ ва умумӣ, масъулият дар адои нақши иҷтимоӣ ва адолати иҷтимоӣ мебошад. Ҳамаи он тағйиротҳои куллии иҷтимоӣ - иқтисодие, ки тайи солҳои соҳибихтиёрии ҷумҳурӣ аз соли 1991то ба имрӯз шуда истодаанд, дар ташаккулу инкишофи худшиносии халқи тоҷик таъсири бевоситаи худро мегузоранд. Аммо рушди давлат талаб мекунад, ки чорабиниҳо оид ба ривоҷ додани тараққиёти хоҷагии халқ оид ба баланд бардоштани ҳиссаи сохтори молиявӣ ва пулию қарзӣ, бомуваффақият амалӣ шаванд.Дар ҳудуди ҷумҳурӣ сомонӣ (пул)  аз 1 ноябри соли 2000 ҷорӣ гардидааст, озодона ва бемонеа бо асъори хориҷӣ иваз карда мешавад ва баръакс. Муассисаҳо, ташкилотҳои давлатию ғайридавлатӣ, ширкатҳои хориҷӣ иҷозати фаъолият доранд. Шаҳрвандони ҷумҳурӣ метавонанд, пасандози худро дар бонкҳои хориҷӣ нигоҳ доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад озодона маҳсулоташро содир намояд. Ҳамзамон, «пули миллӣ, яке аз рукнҳои асосии истиқлолият ва муҳимтарин нишонаи мустақилияти давлат мебошад» [6,86]. Дар амал татбиқ гардидани ин амалҳо аз як тараф агар ба рушди иҷтимоию иқтисодии мамалакат мусоидат намояд, аз ҷониби дигар он саҳми худро дар ташаккули худшиносии миллӣ мегузорад.

  Дар қатори ҷамъбасти комёбиҳо, гузаштан аз пастравии истеҳсолот ба рушди он, таъсис додани иқтисодиёте, ки дар асоси шаклҳои гуногуни моликият амал мекунад, созмон додани инфраструктураи иқтисодӣ, истеҳсолӣ, иҷтимоӣ барои самаранок амалӣ кардани тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ муҳимтарин омил мебошанд. «Ислоҳоти иқтисодӣ вобастааст ба муносибатҳои тағйирёбандаи хусусӣ дар ҷумхурӣ» [7,135]. ва «яке аз роҳҳои асосии ислоҳоти иқтисодӣ ва баромадан аз бӯҳрони иҷтимоию иқтисодӣ ин ташаккули қишрҳои иҷтимоии моликияти шахсии соҳибкорон, ки қувваи пешбарандаи иқтисодиёт ба шумор мераванд, мебошад» [7,136]. Муҳимтарин дастоварҳо дар сохтори иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсии кишвар тайи солҳои соҳибихтиёрӣ ин ҳалии масъалаҳои мактабу маориф, таълиму тарбия, тандурустӣ, рушди иқтисодиёт, амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

  Имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамоми кишварҳои олам медонанду мешиносанд ва ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф менамоянд, «мо бояд ҳаргиз зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, истиқлолияти Ватанамон ва дастовардҳои онро азиз донему ҳифзу амнияташро ҳамеша таъмин намоем» [1,16].

  Айни замон низ баҳри ташаккул, тараққӣ ва инкишофи худшиносии миллӣ масъалаҳои зиёде ҳастанд. Дар натиҷаи буҳронҳои дар ҳаёти иҷтимоӣ - иқтисодии ҷомеа зоҳиршаванда сохтори иҷтимоӣ-иқтисодӣ низ тағйир меёбад. Мураккабии чунин ҳолатро мо дар он эҳсос карда метавонем, ки худшиносии миллӣ дар ҷомеаи муосири тоҷик то ҳол танҳо байни табақаи зиёӣ ба дараҷаи нокифоя инкишоф ёфтааст. Ташаккулёбии худшиносии миллии оммаи меҳнаткаш ҳам бисёр суст инкишоф ёфта истодааст ва баъзан умуман ҳис карда намешавад. Тоҷикон миллате мебошанд, ки таҷрибаи ғанию ба худ хоси иҷтимоию фарҳангӣ- таърихӣ дошта, дар пайдо намудани ҷой ва мавқеи худ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ имконияти бештаре доранд. Ҳалли масоили инкишофу тараққии худшиносии миллиро бидуни инкишофи иқтисодиёти миллӣ ҳаллу фасл намудан аз имкон берун аст. Масъалаҳои бо кор таъминкунӣ, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ низ бе дарки худшиносии миллӣ ҳалноталаб мемонанд. Ҳамчунин, барои ташаккули муттасилонаи худшиносии миллӣ - баланд бардоштани донишу таҷрибаҳои касбии кормандони соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллии кишвар низ хеле мусоидат намуда метавонад.

  Таҳқиқи амиқи илмии ин масъала имконият медиҳад, ки таъсиргузории тағйиротҳои солҳои охир бавуқӯъомада дар ташаккули худшиносии миллӣ возеҳтару асоснок нишон дода шавад, зеро халқ ташнаи худшиносист ва қадри тавон худро хоҳад шинохт.

Давлиёрова Сафаргул

Адабиёт

  1. Раҳмонов Э. Масъулият дар бораи фардои миллат. - Душанбе: Ирфон, 2003, С.16
  2. Масъалаҳои ташаккули идеяи милллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Маводи конференсияи илмӣ-амалӣ, ш. Душанбе, 18 - 19 апрели соли 2006, С.22
  3. Население Республики Таджикистан 2000. По итогам переписи 20-27 января 2000г. - Душанбе: Ирфон, - С.183.
  4. Рауфӣ А. Асосҳои иқтисодии ваҳдати миллӣ. - Душанбе: Шарқи озод, 1998, С.26
  5. Бобоев О. Масъалаи ташкил ва идораи корхона. Душанбе, 2012, С.7
  6. Раҳмонов Э. Истиқлолият неъмати бебаҳост. Душанбе: Ирфон, 2001, С.86
  7. Шоисматуллоев Ш.Таджикистан в зеркале преемственности и смены поколений. - Душанбе: Дониш, 2006, С.135
  8. Шералӣ, Лоиқ. Куллиёт. Ҷилди 1. Душанбе: Адиб, 2008, С.103
Хондан 2684 маротиба