JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Шанбе, 16 Январи 2021 07:35

Дарди сар: сабабҳои он, ташхис, табобат ва роҳҳои пешгирии он.

Муаллиф: Шервони Умриддин
Дарди сар: сабабҳои он, ташхис, табобат ва роҳҳои пешгирии он. https://pikabu.ru

  Мусоҳибаи сухангӯи Бемористони байналмиллалии Ибни Сино Шервони Умриддин бо мутахассиси бахши асабшиносии Бемористони байналмиллалии Ибни Сино, асабшиноси дараҷаи олӣ ва табиби саршиноси кишвар Шералӣ Саидалиев.

  Дарди сар, ки мафҳуми илмиаш сефалгия аст – эҳсоси нофораму вазнини дард дар мавзеи сару атрофи он буда, ҳолати психофизиологии инсонро тасвир намуда, бо таъсири ангезандаҳои пурзӯру зарардиҳанда ба вуҷуд меояд. Дарди сар метавонад бемории мустақил ва ё аломати ғайрихусусии бемориҳои зиёди дигар бошад. Агар дарди сар мунтазам такрор ёбад, ҳатман ба невролог ё духтури оилавӣ муроҷиат кардан зарур аст.

  Нахуст мехостем, фаҳмем, ки инсон асосан дар кадом ҳолатҳо гирифтори дарди сар мешавад ва сардардӣ чӣ гуна ба вуҷуд меояд?

  Ресепторҳои эҳсоси дард дар бофтаҳои мағзи сар, дар косахонаи сар, пардаҳои майна, асабҳои ҳароммағзу майнагӣ, мушакҳо, бофтаҳои зери пӯст, рагҳо, чашмон ва ҷаъфҳои бинӣ ҷойгиранд ва таъсири ҳар гуна ангезандаҳоро эҳсос мекунанд. Доир ба тағйироти бавуҷудомада иттилоъ гирифта, онро ба ҳучайраҳои майнаи сар мебаранд ва дар бораи эҳсоси дарди бадан хабар медиҳанд. Сабаби он, ки аз ҳама пурэҳсостар танаи шараёнҳои майнаи сар ҳастанд, тағйиротҳои рагӣ боиси дарди сахти сар шуда метавонад.

  Ҷараёнҳои илтиҳобӣ бо ҷалби сохторҳои ба дард ҳассоси системаи марказии асаб, ангезишёбии пардаҳои майнаи сар ҳангоми заҳролудшавии умумии бадан, энсефалитҳо, болоравии фишори ликворӣ сабабҳои пайдоиши дарди сар шуда метавонанд. Тангшавӣ (спазм) ё васеъшавии рагҳои хунгарди пардаи тунуки майна, ки метавонанд ҳангоми ҳар гуна ҷараёнҳои омосӣ ва илтиҳобии сар ва бемориҳои узвҳои дохила ба вуҷуд ояд, боиси дарди сар мешавад. Ғайр аз ин сабаби дарди сар метавонад, ки омилҳои психологӣ (ба мисли стресс) бошанд. Аксаран дарди сар яке аз аломатҳои бемориҳои дигари организм мебошад.

Дар илми тиб сардардӣ чӣ мафҳум ё шарҳ дорад ва навъҳои он кадом аст?

  Ду навъи сардард вуҷуд дорад. Сардардҳои аввалдараҷа ва дуюмдараҷа.

 Сардардҳои аввалдараҷа бемориҳои мустақил дониста мешаванд. Ба бемориҳои мустақиле, ки дар онҳо аломати асосӣ дарди сар мебошад инҳо мансубанд: мигрен, дарди сари сабабаш сарборӣ, дарди сари кластерӣ (ё гистаминӣ, ки ба он невралгияи асаби сегона ва асаби паси сар низ дохил мешаванд). Бештар аз 90% ҳолатҳо ба сардардҳои аввалдараҷа рост меоянд.

  Сардардҳои дуюмдараҷа – ин яке аз аломатҳои бемориҳои дигар ба мисли осеби сар, ҷараёнҳои омосӣ, остеохондрози қисми гардан, дистонияи вегетативӣ, бемории фишорбаландӣ, камхунӣ, бемориҳои занона ва ғайра мебошанд.

Нишонаҳои асосии дарди нимсара кадом аст?

  Аз ҳама паҳнгаштатарин дарди сар ин дарди сари сарборӣ, мигрен ва дарди сари баъдиосебӣ мебошанд. Мигрен ё дарди нимсара (гемикрания) бо дардҳои хуруҷмонанди такроршавандаи одатан набзнок шурӯъ мешавад. Бештар ҳангоми мигрен дард дар як тарафи сар буда, онро аура яъне аломатҳои огоҳидиҳанда пешгирӣ мекунанд. Аломатҳои аура, пеш аз ҳама, торикшавии пеши чашмон, баъзан халалдоршавии ҳиссиёт ба мисли карахтшавӣ ва сихзании як тарафи рӯй, забону лабҳо, мавзеи гардан ё эҳсоси бӯи махсус мебошанд.

  Хуруҷҳои мигрен бештар якҷоя бо гиперстезия, ҳамчун вокуниши ҷадид ба рӯшноӣ, ба садои баланд, сарчархзанӣ ва баъзан қайкунӣ оғоз меёбанд. Аксаран асабонияти тез, хиратабъӣ, беҳолӣ ва хоболудӣ мушоҳида мешавад. Хурӯҷҳои мигрен аз як чанд дақиқа то як чанд соат давом меёбанд. Хурӯҷҳои вазнини давомнокиашон аз 72 соат зиёдро статуси мигренозӣ меноманд. Мигрени бе аура (мигрени одӣ) бештар хусусияти дардҳои набзноки як тарафи сар буда, аксаран қисматҳои фарқу пушти сар ва пешонию чаккаҳои сарро фаро мегирад. Баъзан дарди дутарафа ва тағйирёбии дарди тарафҳои сар мушоҳида мешавад.

Сардарди сарборӣ чӣ гуна аст?

  Сардарди психогенӣ, дарди шаддиди мушакҳо – сефалгияи музмин мебошад. Пайдоиши он бештар хусусияти ирсӣ дошта, бо дисфунксияи вегетативӣ ва хусусиятҳои психологии шахсият (масалан шахси дорои ҳисси изтироби баланд) стрессҳои психоэмотсионалӣ ё физикии дарозмуддат ва рӯҳафтодагӣ вобастагӣ дорад. Сардардҳои сарборӣ ҳамчун ҳисси вазнинии сар, дарди мавзеи чашмон, пешонию фарқу чаккаҳо ва баъзан ба рӯй, гардану китфҳо дода мешаванд. Одатан чунин сардардҳо бо халалдоршавиҳои вегетативӣ, дилбеҳузурӣ, нафастангӣ, пастшавии иштиҳо, беҳолӣ ва халалдоршавии хоб анҷом меёбанд.

Сардарди гистаминӣ чист?

  Сардарди гистаминӣ, кластерӣ, бандакӣ — сардарди ниҳоят шадид ва азиятдиҳанда дар қисматҳои гуногуни косахонаи сар буда, якбора ва номунтазам буда, нисбатан камтар во мехӯранд, бинобарин пурра омӯхта нашудаанд, вале бештар хусусияти ирсӣ доранд. Шиддати чунин сардардҳо баъзан чунон сахт мешавад, ки метавонад паи ҳам чанд маротиба пайдо шуда, беморонро ниҳоят азият диҳад ва дар баъзе ҳолатҳо беморон сӯиқасд ба ҷони худ мекунанд. Баъди табобат ба муддати дароз то чанд моҳ ё чанд сол ором мегиранд.

Мардум сардардиро чӣ гуна бояд ташхис кунанд? Яъне тавсияи Шумо чист?

  Барои ташхиси дақиқи дарди сар гузаронидани муоинаҳои комплексӣ зарур аст. Духтур баъди пурсиши ҳаматарафаи бемор ва  муоинаи он сардардро ташхис мекунад. Шумо метавонед, ки бо дуруст шарҳ додани хусусиятҳои сардард, вақти пайдоиши он, аломатҳои огоҳкунандаи он ба духтурон барои ташхиси он мусоидат кунед. Барои ташхиси пурра анҷоми муоинаҳои зерин лозим аст: томография компютерӣ, барои хурдсолон муоинаи ултрасадоии майнаи сар (УЗИ), рентгеногафияи косахонаи сар, элекроэнсефалография (ЭЭГ) ва озмоишҳои лабораторӣ.

Пас, раванди муолиҷа бояд чӣ гуна сурат гирад?

  Тарзи табобати сардард бо сабаби пайдоиши он ва бемории муқарраршуда вобаста мебошад. Дар бисёр мавридҳо аналгетикҳо ва доруҳои зидди илтиҳобӣ таъин карда мешаванд. Табобатҳои консервативӣ барои қатъ намудани сардард ва боз доштани инкишофи беморӣ кӯмак мерасонанд. Духтур нақшаи табобатиро барои ҳар як бемор бо назардошти сабаби беморӣ, ҷинс, сину сол ва хусусиятҳои организми онҳо бо тарзи инфиродӣ таҳия мекунад. Як давраи табобат аз 3 то 6 ҳафтаро дар бар мегирад. Дар натиҷаи табобат ҳурӯҷҳои сардард хеле кам мешаванд ё пурра қатъ мегарданд. Баъди табобат беморон беҳбудӣ мушоҳида карда, иммунитети онҳо мустаҳкам мегардад. Нақшаи табобатҳои такрорӣ вобаста ба ташхиси беморӣ муайян карда мешавад. Баъди табобати охирини нақшавӣ духтур барои пешгирии минбаъдаи дарди сар тавсияҳо медиҳад.

Роҳҳои асосии пешгирии бемории сардардиро Шумо дар чӣ мебинед ва умуман дар тиб кадом роҳҳо беҳтар ва мувофиқтар аст?

  Барои пешгирии сардард роҳу василаҳои гуногун мавҷуданд. Ман маслиҳат медиҳам, ки машғул шудан ба варзиш, давидан, шиноварӣ, гимнастика ва ғайра ба саломатии инсон фоида дорад.

  Бештар дар ҳавои тоза сайру гашт намоед, чунки нарасидани оксиген яке аз омилҳои дарди сар ба ҳисоб меравад. Ҳангоми иҷрои кор бояд давран танаффус карда, худро ором намоед.

  Нӯшидани на камтар аз 1,5 литр об дар як рӯз, маҳдудияти нӯшидани чой ва қаҳва, даст кашидан аз тамокукашӣ ва истемоли машруботи алкогӣ.

  Дар як шабонарӯз инсон бояд аз 7 то 8 соат хоб равад. Ба изтироб дода нашуда, худро аз ҳолатҳои стрессӣ барканор гирад. Бисёртар ғизоҳои камнамакро истеъмол кунад. Ширинӣ, ғизоҳои бирён ва серравғанро камтар истеъмол кунанд.

Сипосгузорам аз посухҳо ва машваратҳои бисёр ҷолиб!

Сарбаланд бошед!

Шервони Умриддин

https://bis.tj/tg/blog/dardi-sar-sababoi-on-tashhis-tabobat-va-rooi-peshgirii-on?fbclid=IwAR0RDG2sx9R2xtBTIArCL91daAHZxQhfzms1JMDLZNj0FVPKt0CvdEHuNXI 

Хондан 8010 маротиба