(Мусоҳибаи ихтисосии Фирдавс Ниёзӣ бо Комил Бекзода дар ҳошияи мақолаи Назри Яздонӣ “Девонае дар коргаҳи шишагар”. // Садои Шарқ, №11, 2020 -С.124-149) Дар шумораи 11-уми соли 2020, Маҷаллаи “Садои Шарқ” (саҳифаи 124-149) мақолаи шоири халқии Тоҷикистон, номзади илми фалсафа Назри Яздонӣ бо номи “Девонае дар коргаҳи шишагар” (Муҳаммад Иқбол ва Фридрих Нитше) ба чоп расид. Мақола 25 саҳифаро дар бар мегирад. Кормандони Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи миллии Тоҷикистон, нашри чунин мақоларо падидаи мусбат шуморида, барои равшанӣ андохтан ба баъзе масъалаҳои печидаи мақолаи мазкур ба сарходими Институти масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои…