Бо Ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2019 ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон» иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф карда шуда, фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ гардид. Ҳамчунин бо Ҳалномаи мазкур 39 сомонаи интернетие, ки ба ташкилотҳои террористӣ-экстремистии «Паймони миллии Тоҷикистон», «Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон» ва дигар созмонҳои тундрави алоқаманд ба амалҳои террористӣ ва экстремистӣ хизмат мекунанд, баста шудаанд. Тавре дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карданд, тибқи хулосаи экпертизаҳои давлатӣ, ки аз ҷониби Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд, ин сомонаҳо бо мақсади бадном кардани Ҳукумати Ҷумҳурии…