JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 01 Августи 2019 02:55

Фалсафаи зебоишиносӣ дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон

Муаллиф:

(Мусоҳибаи ихтисосӣ бо фарҳангшинос д.и.ф., Саъдулло Раҳимов )

  1. Саҳми эстетика (зебоишиносӣ) дар ишқ чӣ андоза аст?
  • “Сухани ишқ на он аст, ки ояд ба забон” (Ҳофиз)
  1. Эстетика аз романтика бо чӣ фарқ мекунад?
  • Романтика яке аз ҷузъҳои эстетика аст.
  1. Муҳаррики андешаҳои эстетикӣ аз чӣ иборатанд?
  • Идеали эстетикӣ, мақулаҳои: зебоӣ, безебӣ (зиштӣ), фоҷиавӣ, мазҳакавӣ... Зуҳуроти ин падидаҳо дар олами ҳастӣ ва ҳунар андешаи эстетикиро бедор менамоянд.
  1. Оё эстетика дар тасаввуротҳои динӣ аз қабили неъматҳои биҳиштӣ: ҳур, шароби пок, ҷӯйҳои ширу асал ва ғайра мақом ва нақше дорад?
  • Ин чиз идеали шикампарастони хурофотие мебошад, ки биҳиштро танҳо чунин тасаввур мекунанд. Ҳисс ва андешаи эстетикӣ моли ҳар фард буда метавонад: ҳам моли рӯшанфикр ва ҳам фарди одӣ. Фақат яке медонад, ки эстетика чист, дигаре пай намебарад, ки зебоӣ ва зиштиро ҳисс мекунад, дар бораи онҳо андеша меронад.
  1. Чаро баҳсҳои эстетикӣ дар доираҳои расмии давлатӣ ва академӣ мавриди таваҷҷуҳи ҷиддӣ қарор намегирад?
  • Ин доираҳо гумон мекунанд, ки эстетикаро ба куллӣ медонанд ва гумон мекунанд, ки дар зиндагии эстетикии инсон ва ҷомеа ҳеҷ баҳсе вуҷуд надорад ва агар вуҷуд дошта бошад ҳам, он назар ба дигар масъалаҳои аз нигоҳи эшон мубрам, муҳимтар нестанд.
  1. Аз чӣ роҳҳое мо метавонем таълими фанни эстетикаро дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии Тоҷикистон пиёда намоем?
  • Таълимоту таҳсилоти эстетикиро аз замони тавлиди тифл бояд шурӯъ кард. Ҳар як синну сол тарзу усули хоси таълимотро бояд дошта бошад. Дар овони кӯдакӣ ғолибан дар шакли бозиҳои шавқовар, дар синни ҷавонӣ – дар баҳсҳои мубрам, дар давраи бузургсолӣ – андешаронӣ сари он, ки чи тавр камбудиҳои ҷомеаро дар фарҳанги зебоишиносӣ бартараф бояд кард.

  Бозиҳои шавқовар ба тифлакон фаҳмиши асосҳои олами эстетикиро бояд кашф намоянд. Дар овони ҷавонӣ баҳсҳо сари мавзӯҳои асосии эстетикӣ “Зебоӣ аз безебӣ чӣ фарқ дорад?”, “Падидаҳои “фоҷеавӣ” дар зиндагӣ кадомҳоянд?, “Нақши ханда,ва  мазҳака дар зиндагии инсон дар чист?”, “Идеали эстетикӣ гуфта чиро гӯянд?” ва монанди инҳо. Андешаронии бузургсолон сари мавзӯъҳои мубрами ҷомеа бояд бошад, мисли ин, ки чӣ тавр арзишҳои асили миллат ва ҷаҳонро метавон ҳифз ва тақвият дод? Чӣ тавр дар ҷомеа метавон фарҳанги танқид ва худтанқидкуниро барқарор кард? Чӣ тавр тафаккури аҳли омро аз шиоргӯиҳои беҳуда ба ҳақиқатбинии воқеӣ баргардонд? Зеро хушбахт он миллатест, ки худаш худашро нақд карда метавонад.

  1. Агар чунин таъбире ҷоиз бошад: душманон ва мухолифони илми эстетика дар таърих киҳо будаанд?
  • Эстетика – ин аъмолу ҷаҳонбинии тамаддунӣ мебошад. Эстетика ҳаётро беҳтарин арзиш медонад. Аз ин рӯ душманони эстетика ҳамагуна касофатҳои табиию техногенӣ, хама ҷараёну нафароне дар гузашта ва ҳозира мебошанд, ки таҳдид ё таҷовуз ба сарчашмаи эстетика – зиндагӣ мекунанд.
  1. Зебоӣ вуҷуди зеҳнӣ дорад ё вуҷуди воқеӣ?
  • Зебоӣ ҳам вуҷуди воқеӣ ва ҳам зеҳнӣ дорад ва ҳар ду ба ҳам тавъамад. Яке дигариро тақвият медиҳад.
  1. Меъёрҳои зебоӣ кадомҳоянд? Оё онҳо мутлақанд ё тағйирпазир, агар тағйирпазиранд ин ба кадом омил рабт дорад?
  • Меъёри асосии зебоӣ инсон ва зиндагии осоиштаву созандаи ӯст. Зебоии инсон ва ҷамеаи адолатпарвар то он даме мутлақанд, ки агар бо худ, бо табиату кайҳон дар ҳолати ҳамоҳангӣ умр ба сар баранд. Мутаассифона, алҳол бисёри инсонҳо ва ҷомеаҳо кайфияти эстетикӣ надоранд, муаммоҳои беруна ва дохила тазод эҷод мекунанд. Ва гунаҳкори шиддат гирифтани ин нороҳатиҳо худи инсон ва ҷомеа мебошад. Зеро нафсу манфиати худбинӣ боло гирифта аст.
  1. Агар зебоиро дараҷаи маърифат (шинохт) ҳисобем, пас он ба маърифати ҳиссӣ бештар тааллуқ дорад ё ба маърифати ақлӣ?
  • Шинохти зебоӣ ҳам маҳсули маърифати ҳиссӣ аст ва ҳам маърифати ақлӣ. Агар мо ба сохтори таркибии тафаккури эстетикӣ назар афканем, мебинем, ки вай аз ҳисси зебоӣ ё агар васеъ гирем, аз ҳисси эстетикӣ ва аз назорату мушоҳидаи эстетикӣ шурӯъ мешавад. Сипас ин ҳиссиёт таҳаввул ёфта ба завқу талаботи эстетикӣ мубаддал мегардад, ки ин дараҷаи болотари ҳиссӣ маҳсуб меёбад. Зеро фарқи завқ ва талаботи эстетикӣ аз ҳиссу мушоҳидаи эстетикӣ дар он аст, ки он феълан интихобӣ аст. Яъне аз раванди воқеаву падидаҳо, инсон чизи даркориро вобаста аз завқ ва талаботи эстетикиаш интихоб менамояд. Аммо баъд ин ҳама гому таҷриба ба мулоҳиза ва нақди эстетикӣ табдил ёфта, аз шакли сода ба шакли мураккаби маърифати ақлӣ, ба шакли нақди эстетикӣ мерасад. Яке аз шаклҳои олию назариявии нақди эстетикӣ – ин нақди фалсафӣ, фарҳангшиносӣ, нақди адабию бадеӣ мебошанд. Илова бар ин дар сохти таркибии тафаккури эстетикӣ идеали эстетикӣ мақоми хоса дорад. Идеали эстетикӣ – тамсили дилхоҳи арзиши эстетикиест, ки мақсаду мароми фаъолияти инсон ва ҷомеаро дар дигаргунсозии ҳаёт раҳнамун месозад. Идеали эстетикӣ дар шакли мушаххасу ҳиссӣ бештар зимни ҳунарҳои зебо (санъат) зуҳур меёбад.

Ҳар як аз ин падидаҳо хусусияти таърихӣ дошта, вобаста аз замон, давраҳои тамаддунӣ, идеология, иқтисодиёт, дин, ҳувияти  қавмию нажодӣ ё миллӣ ва ғайра тағйир меёбанд, тараққӣ мекунанд, аз сода ба мураккаб, аз қолаби устуравӣ ба андешаҳои воқеӣ наздик мешаванд. Дар зиндагии инсони алоҳида ин тартиби таҳаввули тафаккури эстетикӣ ҳатмӣ нест. Вобаста аз тарзи зист, касбият, завқу ҳавас, манфиати фард ин тартибу таркиби тафаккури эстетикӣ метавонад рушд кунад, комил гардад ва ё дар вазъи ибтидоӣ, нокомил қарор гирад.

  1. Падидаи зебоӣ ҳолати равонӣ аст ё арзишӣ? Ҳамбастагии эстетика (зебоишиносӣ) бо психология ва аксиология дар чист?
  • Зебоӣ ҳам падидаи равонӣ ва ҳам арзишӣ аст. Вай дар мисоли маърифати шахс ва ҷомеа ҳамеша хусусияти нисбӣ дошта характери субъетивию объетивӣ дорад. На ҳама вақт маърифати эстетикии шахс ҳамоҳанг бо маърифати ҷамеа ва замон буда метавонад. Зарфияти маърифати зебоишиносии шахс метавонад аз маърифати эстетикии ҷомеа ва башарият ақибмонда ва ё, баръакс, пешқадам бошад.

  Дар мавриди ҳаводорони масъалаи ҳамбастагии эстетика ва психология (равоншиносӣ)тавсия медодам, ки китоби равоншиноси машҳур Л.С. Виготский “Психология искусства”-ро бихонанд. Ва умуман ногуфта намонад, ки равоншиносӣ бо масоили эстетикӣ зич алоқаманд мебошанд, чаро ки бисёри равандҳои “зиндаи” дарку эҳсоси эстетикӣ дар чорчӯбаи равоншиносӣ сурат мегирад. Масалан, яке аз падидаҳои эстетикӣ – илҳоми  эҷодкорӣ худ падидаи равонии махсус аст. Истеъмолкунандаи ҳунар ё ретсипиент (хонанда, шунаванда ва бинанда)новобаста аз он, ки асари классикӣ ё асари муосирро аз худ мекунад, ба ваҷд омада, худро гӯё ҳаммуаллифи асар эҳсос мекунад. Ин дараҷаи баланди иртиботу хамоҳангии равонии асари бадеӣ ва ретсипиент мебошад. Асари олии бадеӣ инсонро ба гуфтаи Арасту ба катарсис меорад, яъне рӯҳи инсонро аз алам тоза мекунад, рӯҳи пок мебахшад.   

  Дар мавриди ҳамбастагии эстетика ба аксиология дар шакли кӯтоҳ ҳаминро метавон гуфт, ки аксиология – илми фалсафиест, роҷеъ ба арзишҳо. Се намуди муносибат ба арзишҳо эътироф шудааст. Гурӯҳи аввали андешамандон таъкид менамоянд, ки арзишҳо хусусияти субъективӣ дошта, бо ҷаҳонбинии субъект ё фард сахт алоқаманд мебошанд. Тибқи муносибати гурӯҳи дуюми пажӯҳишгарон арзишҳо хусусияти объективӣ доранд, зеро натиҷаи фаъолият умуман позитивӣ ё мусбӣ ва маъмули аҳли ом аст. Тибқи дидгоҳи сеюм арзишҳо хусусияти мутлақро дошта, болотар аз фарҳанги шахс, ҷомеа меистанд, характери транседенталӣ доранд. Ин арзишҳо муносибатҳои инсону ҷомеаро дар маҷмӯъ идора мекунанд. Дар мавриди ин табақабандии муносибатҳо арзишҳои эстетикӣ зимнан ҳар се намуди арзишҳоро доро мебошанд: байни ин арзишҳо марзҳои қотеъона, касногузар вуҷуд надорад. Маърифати эстетикии фардӣ бештар хусусияти субъктивӣ дорад, вале он мутлақ набуда, метавонад аз арзиши субъетивӣ ба арзиши объетивӣ табдил ёбад. Мисол, “Сонатаи моҳтобӣ”-и Л. Бетховен, ки солҳои 1800-1801 эҷод гардидааст, бахшида ба Ҷулйетта Гвиччарди мебошад. Бастакор ин зебосанамро хеле дӯст медоштааст ва мехостааст бо ӯ издивоҷ кунад. Оҳанги сонатаи мазкур чунон фораму дилгамкунанда ва лирикӣ баромадааст, ки ҳар ошиқ огаҳ метавонад гӯяд, ки ман ҳам ҳамин тавр мехостам муҳаббатамро ба дилдодаам изҳор намоям...

  Дар мавриди арзишҳои мутлақ он шоҳасарҳои илму ҳунар дар назаранд, ки новобаста аз давру замони эҷодашон онҳо аз ҷониби бештари аҳли башар писанду пазируфта шудаанд: мисол, “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ, қасри “Тоҷ-Маҳал” (Ҳиндустон), пайкараи “Венера Милосски”, “Ҷаконда”-и  Леонардо да Винчи ва ғайра.

  Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№4 (17), 2019

 

Хондан 6071 маротиба