JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 16 Январи 2019 04:46

Инсони огоҳ роҳи хушбахтиро осонтар пайдо мекунад

Муаллиф:

Мусоҳиба бо коршиноси шинохтаи соҳаи гендер ва равоншинос Марям Давлатова

-   Қабл аз ҳама мехостам фаҳмам, ки чаро Шумо нахуст ба шуъбаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳуҷҷат супорида мехостед филолог шавед, вале тасмими худро дигар намудед, яъне рӯ ба равоншиносӣ овардед?

Ман шуъбаи филологияро на танҳо бо муваффақият хатм намудам, балки дар ин ришта рисолаи номзадиямро ҳам дар мавзуи “Таҳаввули қаҳрамони лирикии Мирзо Турсунзода” таълиф ва ҳимоя кардаам. Илми равоншиносӣ ба зиндагии ман дертар ворид шуд. Замони пеш омадани саволҳои мушкил, бемории хатарнок ва тарбияи фарзандон. Рафтам пайи ҷавобҳо ва ҳанӯз ҳам дар ин роҳам. Ҳоло тақрибан 20 сол аст, ки нозукиҳои ин илмро меомӯзам. Азбаски яке аз самтҳои фаъолияти ҷамъиятии ман тарғиби фалсафаи гендерист, табиист, ки ба масоили оилаву оиладорӣ, усулҳои додани малакаҳои хушбахтӣ ба инсон, ҳифзи арзишҳои суннатии оила ва амсоли ин бештар машғулам. Равоншиносӣ бароям яке усулҳои муҳими дарёфтани ҷавобҳ ба чароҳои бешумори мушкилоти муносибатҳои гендерист.

Аз устодони хеле донишманди соҳа ҳам тариқи интернет, ҳам мустақиман дарс гирифтааму мегирам,  мадракҳое ҳам дорам.  Инчунин чанд китоб ва даҳҳо мақола  интишор кардаам. Ба хотири тарғиби фарҳанги саодатмандӣ барномаҳои муаллифии телевезионӣ мебарам, ҳамеша дар хизмати рӯзноманигорони радиову нашрияҳо ҳастам. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла фейсбук ва ютуб низ саҳифаҳои хос дорам ки ин маводҳои муносибро таълиф ё  ҷустуҷӯ ва пайдо карда мегузорам. Илми равоншиносӣ ҳамчун илми алоҳида хеле ҷавон аст, вале ҷавоби ҳамаи саволҳои рӯзгори инсониро он ҷо пайдо кардан мумкин аст.

 -  Дар давраи  истиқлолияти кишвар илми равоншиносӣ дар мо то куҷо рушд кард?

Агар ошкоро бигӯем дар кишвари мо равоншиносӣ ҳанӯз ба дараҷаи илм нарасидааст. Шояд ягон нафаре бошад, ки дар ин ришта дар мамлакатҳои дигар рисолаҳои илмӣ таълиф карда бошанд, вале то ҷое ман медонам дар чанд донишгоҳе, ки оид ба равоншиносӣ кафедра ва мутахассисон доранд, марказҳои ҷиддии илмӣ ҳанӯз бунёд наёфтаанд. Дар ин донишгоҳҳо устодони варзида дарс мегӯянд, вале  барномаҳои  таълимӣ  ба қадри зарурӣ ба талаботи вожаи илми равоншиносӣ ҷавобгӯ нестанд. Дар даргоҳи муҳимтарини дигари илми кишвар  Академияи улум ҳам бахши равоншиносӣ нест ва агар корҳои илмие наздик ба номи равоншиносӣ бишаванд, дар самти ҷомеашиносӣ сурат мегиранд. Саволи шумо вазифаи ҷиддии ҷомеаи илмии кишварро рушан мекунад. Зеро илми равоншиносӣ дар ҷаҳон дар ҳамаи ҷабҳаҳои зиндагии инсонҳо аз бунёди оила сар карда то сиёсат дар сатҳи болотарин истифода мешавад. Ҳамаи касбҳо самти равоншиносии худро доранд. Равоншиносони ҳирфаӣ ҳам ба соҳаҳои гуногун тақсим мешаванд ва вобаста ба ин самт фаъолияти худро анҷом медиҳанд, таҷриба меандӯзанд, асар менависанд ва аз ҳама муҳимаш ба мардум дар ҳалли масъалаҳои печида кумаки ҷиддӣ мерасонанд.

Ҳамзамон ногуфта намонад, ки миллати тоҷик дар фарҳангу илми классикӣ ва мардумӣ сарчашмаҳои хуби равоншиносиро дорад. Тамоми адабиёти классикии мо, асарҳои фалсафии олимони гузаштаи мо, аз Авасто сар карда то аҳодиси набавӣ ва асарҳои донишмандони мо дар худ ишораҳои равоншиносӣ доранд. Қисми зиёди онро ба осонӣ метавон дар бахши ҳикматдармонии равоншиносии амалӣ истифода кард. Ғайр аз ин маросимҳои мо низ дар таркиби худ усулҳои кумаки равоншиносиро дар бар гирифтаанд. Ҳамгироии мардум ҳангоми тую маросимҳои мотам, беморӣ ва бемордориҳо, хабар гирифтанҳо, маҳфилҳои хоси мардумӣ (гаштак, мушкилкушо) дар бисёр ҳолат барои аз ҳолати дилтангӣ ва танҳоии равонӣ берун шудани инсонҳо кумак мекунад. Хуллас метавон гуфтан, ки барои бунёди илми равоншиносии миллие, ки ба дарди мардуми мо бихӯрад, ҳамаи заминаҳо ҳастанд. Шояд фақат дарки зарурат ва иқдоми қатъие намерасад. Гумон мекунам, замони ин иқдом расидааст. Хосса, ки мо ҳоло ҳамарӯза тавассути ВАО оиди мушкилоти зиёди иҷтимоии ҷомеа иттилоъ мегирем.  Ғайр аз ин ҳоло андак - андак сафи равоншиносони ҳирфаӣ ҳам, ки дар донишгоҳҳои Русия ва кишварҳои дигар таълим гирифта меоянд, ё таҳсилоти худро он ҷо дар магистратураҳо такмил медиҳанд, афзуда истодааст.

-  Бале, боварӣ ва умедворӣ ҳам ҳаст, ки паҳлуҳои илми равоншиносии тоҷик рушду нумӯ кунад ва вақти ин амал ҳам расидааст, чаро ки кишвари ҷавони мо ҳам ҳамакнун дорад дар ин бахшҳо низ пеш меравад. Ва муаллимаи азиз дар Бритониё эълон аз ин буд, ки вазорати наве, ба номи "Вазорати мубориза алайҳи худкушӣ" таъсис шуда, зане ба мақоми вазири ин ниҳод таъйин гардидааст. Чанд моҳ қабл дар ин кишвар "Вазорати мубориза алайҳи эҳсоси танҳоӣ" низ таъсис ёфтаааст ва кор намуда истодааст. Ҳатто беҳтарин донишгоҳҳо ва номдортарин профессорҳое, ки дар соҳаи равоншиносӣ доранд, проблемаҳои равонии онҳоро камтар карда натавонистанд, балки мушкилоташон рӯз ба рӯз рӯ ба афзоиш аст. Соли равон омори ин кишвар, 4500 ҳолати худкушӣ ба қайд гирифта аст. Дар кишвари мо низ ҳолоти худкушӣ зиёд ба қайд гирифта мешавад, муаллима чаро чунин?

Аслан худи ба қайд гирифта шудани ин вазоратҳо дар ин кишвар барои тамоми олам нишондиҳандаи аҷиб аст. Яъне инсоният барои эътирофи муҳим будани ин масъалаҳо дар сатҳи баландтарин омода шуда истодааст. Вале минтақаҳои гуногун аз ҳамдигар бо арзишу фарҳанг хеле фарқ доранд. Аз ин рӯ усулҳои кор бо мушкилоти иҷтимоиву равонии инсонҳо аз ҳам фарқ дорад. Заминаҳои мушкилот комилан гуногунанд, ҳарчанд оқибати он ҳамчун нишондиҳанда - худкушӣ чунон ки шумо мегӯед, монанд ҳастанд. Ин як тарафи масъала аст. Мегӯед, ки номдортарин олимон ин масъаларо ҳал карда наметавонанд, дар он кишвар? Дуруст аст, корҳои ҳаррӯзаро бо мизоҷон равоншиносони амалӣ иҷро мекунанд, на олимони академӣ. Ин ду самти кори равоншиносӣ дар ҷомеа аст. Як ё чанд нафар олими равоншинос бо ҳамаи донишҳояш наметавонанд ба дарди ҳамаи аҳолӣ бирасанд. Лекин тадқиқотҳои онон метавонанд ба равоншиносони амалӣ кумак намоянд дар раванди корашон. Ин ҷо мехостам  аз фаъолияти равоншиносии мутахассисони эронӣ ёдовар бишавам. Дар ин кишвар равондармонӣ саросарӣ ва пеш ҳама дар шакли пешгирист. Барои мисол дар ҳамаи ҳолатҳои оғози фаъолияти ҷамъиятӣ ё муроҷиат ба муассисаҳои имдодӣ ҳатман санҷиш-тестҳои равоншиносӣ ба кор бурда мешаванд. Тавассути саволнома ё усулҳои дигар ҳолати равонӣ, мизоҷ, махсусиятҳои шахсиятии инсон муайян карда мешавад ва ҳамаи шакли муносибатҳо бо ӯ дар ин идора бо такя ба ҳамин махсусиятҳо анҷом дода мешавад. Чунин амал аз боғча оғоз меёбад ва дар ҳамаи ҳолатҳои дигар низ идома дода мешавад. Марказҳо ғайр аз ин  кормандон ихтиёриёне низ доранд, ки ба онҳо дар пешгирии ҳолатҳои мушкил кӯмак менамоянд. Эҳсоси танҳоӣ, рӯҳафтодагӣ, депрессия нишонаҳои муайян дорад ва ихтиёриён онро мешиносанд ва кӯшиш мекунанд, дар ҳолатҳои зарурӣ бе даъват ё муроҷиати мизоҷ ба ӯ кумак намоянд. Ва ҳамаи ин кори саросарӣ дар ин кишвари бузург ҳамагӣ дар давоми даҳ сол ё каме бештар роҳандозӣ шудааст. Истифодаи дурусти донишҳои равоншиносии миллӣ имкон дод, ки кишвар аз бисёр мушкилоти азими сиёсиву иҷтимоие, ки тайи ду даҳсолаи охир насибашон гардид, бо зарари камтарин берун биравад ва шаҳрвандонаш осудагии равонии мутавозин дошта бошанд.

Масъалаи худкушӣ аслан ҳамеша будааст ва он шаклҳои фаврӣ ва музмин дорад. Шоире дар ин маврид зебо гуфтааст:

Зиндагӣ кардани ман мурдани тадриҷӣ буд,

Ҳарчи ҷон канд танам, умр ҳисобаш кардам.

Ин ҷо депрессия, яъне ҳаловат набурдан аз зиндагӣ, даст кашидан аз шаҳди рӯзгор тасвир шудааст ва воқеъан худкушии тадриҷист. Вале дар ҳолати худкушии амалӣ ҳар ҳолатро алоҳида тадқиқ кардан лозим меояд. Зеро инсон мавҷуди нотакрорест ва вобаста аз вижагии табиаташ ва ангезаи муҳит ба вазъи сарзада хулосаҳои гуногун мебарорад. Баъзан миқдори худкушӣ бештар мешавад аз нигоҳи шумора, вале аз нигоҳи фоиз на ҳамеша. Инро ҳам бояд ба назар бигирем, ки ВАО ҳоло ҳар ҳолатро расонаӣ мекунад, дар ҳоле ки замонҳои пеш чунин имкон вуҷуд надошт. Аз ин рӯ ин рақамҳо барои мо даҳшатангезанд. Дар ҳоле ки  шумораи аҳолии кишварҳо меафзояд ва аз ин рӯ шумораи одамони маълул, худкушиҳо бештар мешавад. Ман намегӯям, ки худкушӣ раванди табиист ва набояд ин ҷо коре кард. Ҳатман тадбирҳо андешидан лозим. Вале кашфи дубораи велосипед зарур намешавад ба фикрам. Ин ҷо тадбирҳои оддӣ заруранд. Хосса дар кишвари мо.

Тоҷикон миллати кушодадилу меҳрубонанд, вале на ҳамеша нисбати атрофиён ботаваҷҷуҳ ҳастем. Баъзан бо дахмасаи рӯзгор, корҳои дуюмдараҷа диққати бештар медиҳем ва вазъи инсони дар барамон бударо ҳис намекунем. Инсон яку якбора ба худкушӣ даст намезанад. Ин қарори ҷиддист ва инсон ба он дуру дароз тайёрӣ мебинад. Дар суҳбату амалаш ба он ишора мекунад. Ин ишораҳо мададхоҳӣ ҳастанд. Агар мо андак таваҷҷуҳ намоем, ишораҳоро мешунавем, аломатҳоро мебинем ва инсонро танҳо намегузорем. Ҳолатҳое мешавад, ки як суҳбати нимсоата як нафарро аз фикри худкушӣ дур мекунад ва ӯро ақаллан барои суҳбат ба назди равоншинос мерасонад.

Зиндагӣ дар шаҳрҳои азими ғарбӣ вижагиҳои худро дорад. Поён рафтани арзиши оила, фалаҷ шудани муносибатҳои табиии иҷтимоии берун аз оила аз қабили рафоқат, дӯстӣ, ҳамдиёрӣ, дармондан дар олами виртуалӣ ва амсоли он дардҳои ҷаҳони муосири ғарбанд. Дар чунин ҳолат эҳсоси танҳоӣ як ҳолати табиист. Агар мисоли мушаххас Англияро бигирем, мардуми он таърихан мардуми дарундор ва сахт эҳтиёткор буданд. Ин ду вижагӣ самимияти муносибати инсонҳоро коста мекунад, ҳисси танҳоӣ ҳам ин ҷо шадидтар мешавад. Дар Дубай Вазорати хушбахтӣ мавҷуд аст. Метавонед муқоиса намоед, муносибати Шарқу Ғарбро ба вазъи равонии инсон. Яке мехоҳад бо танҳоӣ мубориза барад, дигаре мехоҳад хушбахтиро бештар гардонад.)))) Кадоме инҳо муваффақтар хоҳанд буд? Воқеан саволи риторикист.

Шумо дар масъалаи худкушӣ гуфтед, ки ки ВАО ҳоло ҳар ҳолатро расонаӣ мекунад, дар ҳоле ки замонҳои пеш чунин имкон вуҷуд надошт, яъне чӣ? Манзур пештар чӣ гуна буд?

Замони шӯравӣ сензураи шадид амал мекард. Ҳар мавод аз ғалбери чандқабата мегузашт пеш аз чоп. Ин як тарафи масъала буд. Ҳолатҳои ногувор, даҳшатангез, ки бояд аз ҷониби мақомоти марбута ҳаллу фасл гарданд, на ҳамеша ба матбуот роҳ меёфтанд. Тарафи дигари масъала масъулияти бузурги худи журналист буд. Барои мисол барои навиштани як мақолаи ҷиддӣ рӯзноманигорони ҳирфаӣ ба монанди Отахон Латифӣ аз як то се моҳ, баъзан бештар ҳам вақт сарф мекарданд, Онро дар мағзашон мепухтанд, таҳлил мекарданд, ҳамаи тарафҳоро месанҷиданд ва танҳо баъд ба чоп медоданд. Нашрия ҳам хеле кам буд. Имрӯз сафи нашрияҳо ҳар рӯз меафзояд, барои навиштани мавод дигар ҳирфаият чандон талаб карда намешавад. Саҳифа пур шавад кофист. Соҳибони нашрияҳо ва рӯзноманигорон ошиқони ҳангома ҳастанд ва ҳолатҳои худкуширо ҳам бо ҳамин мақсад истифода мебаранд. Яъне “гӯр сӯзаду дег ҷӯшад”. Ҳол он ки санҷишҳои равоншиносии мо нишон доданд, ки овозаву дарвоза кардани ҳолатҳои худкушӣ метавонад ба афзоиши он сабаб гардад. Хосса агар рӯзноманигор малакаи таҳлил надошта бошад. Чаро? Як нафаре ҳолати навмедӣ дорад, ё аз касе ранҷидааст хабари худкушии нафари дигар барояш метавонад ҳамчун дастур таъсир дошта бошад. Зеро одамони ба худкушӣ дастзананда дар вазъи нооромии равон қарор доранд, оламро дар шакли нодуруст мебинанд ва вобаста ба ин ҳолат ҳар кадом мақсади хоссаи худро доранд. Масалан ҷалби таваҷҷуҳ (дар ҳолати адами он аз ҷониби наздикон, сарфи назар шудани эҳсосоти онҳо), ё қасос гирифтан (бигзор баъди марги ман шарманда шаванд, онҳоро ҷазо бидиҳанд, ғам бихӯранд ва ғайра). Дар чунин ҳолат расонаӣ шудани ҳолати худкушӣ он чизест, ки онҳо мехоҳанд.

Гузарем ба қисми тарбия муаллимаи азиз, ба назари Шумо тарбияи фарзанд бар дӯши кист?

Аслан ин савол ҳам риторикист. Зеро ҷавобашро ҳам шумо ва ҳам хонандагонатон хуб медонанд. Вале чун ин масъаларо бардоштед, пас баъзе нозукиҳои он ва вижагиҳои тарбияи имрӯзаи фарзандонро бароятон тавзеҳ медиҳам. Аввалан насли имрӯза табиист, ки аз наслҳои пешин тафовут дорад ва тафовутҳои ҷиддии равонӣ. Мушкили волидон пеш аз ҳама дар он аст, ки инро намедонанд ва мехоҳанд фарзандонро бо он усулҳое, ки наслҳои асри гузашта дар тарбияи худи онҳо истифода  карда буданд, тарбия намоянд. Ин як тарафи масъала аст. Тарафи дигари масъала он аст, ки худи волидон маъмулан рисолати фарзанд ва нақши худро дар он равшан накардаанд. Бе омодагии иҷтимоиву равонӣ оила бунёд мекунанд ва фарзанд ба дунё меоваранд. Азбаски ҳадаф рушан нест, роҳи ҳалли масоил ҳам барояшон бунбастест. Илми равоншиносии муосир дар ин ҷода дастовардҳои зиёд дорад. Барои волидон дастурҳои соддаи зиёд мавҷуданд. Вале мутаассифона мардуми мо аз онҳо  ё бехабаранд, ё умуман ба он донишҳои куҳнашудаи худ сахт содиқанду бовар доранд ва ҳеҷ дониши наверо ҷустан намехоҳанд. Албатта ҳастанд бахше аз волидон, ки ҷустуҷӯ мекунанд, ба мутахассисон муроҷиат мекунанд, адабиёти махсусро, ки ҳоло тавассути интернет хеле осон дастрас аст, пайдову мутолиа мекунанд ва аз ин донишҳо барои тарбия фарзандон ё бунёди муносибатҳои солим истифода мебаранд. Вале маъмулан инҳо чандон зиёд нестанд. Аз ин рӯ қисми асосии мардуми мо имрӯз дар тарбияи насли имрӯза, ки дар илми равоншиносии муосир бо истилоҳи тифлони индиго ё тефлонӣ ном бурда мешаванд, азоб мекашанд.

Вазифаҳои падар ва модарро равоншиносии оилавиву гендерӣ хеле равшан муайян намудааст. Онҳо дар давраҳои гуногуни рушди фарзанд аз ҳам фарқ мекунанд. Барои мисол 4-5 соли аввали зиндагии кӯдак меҳвари асосии ӯ модар аст. Сарфи назар аз ҷинсаш. Баъд аз ин модар бояд андак дар ҳошия бошад. Вазифаҳоеро, ки ба ғамхории модарона мансубанд, либоси тоза, ғизо ва амсоли инҳоро иҷро намояд, вале ба олами муоширати кӯдак, хосса писаракон бояд падар қадам ба қадам ворид шавад. Зеро модар тимсоли олами оила асту падар тимсол ва раҳнамои фарзанд ба олами берун аз оила. Дар ин давра иҷтимоишавии фарзанд сурат мегирад, кӯдак оҳиста-оҳиста ба ҷомеа ворид мешавад ва онҷо ҳамсафу муҳофиз беҳтар аст, ки падараш бошад. Баъзан мегӯянд, ки падарон серкоранд, ё берун аз кишвар ҳастанд, оилаҳои бепадар ҳам ҳастанд. Дар ин ҳолат чӣ бояд кард? Серкорӣ муҳим будани тарбияи фарзандро аз байн намебарад. Маъмулан падарон даъво мекунанд, ки барои таъмини оила кор мекунанд. Вале барои фарзанд муошират бо падар на камтар аз нону либос муҳим аст, зеро тавассути муошират кӯдак дараҷаи азиз буданашро ҳис ва дарк мекунад ва аз ин дарича ба олам менигарад. Барои ним соат бо фарзанд суҳбат кардан, аз кору бор, рафти таҳсил, мушкилоти ҳаррӯзаи рӯзгори кӯдаконааш бохабар шудан фақат хоҳиш ва масъулият лозим аст. Ин корро падарони раҳдур ҳам тавассути телефону интернет карда метавонанд. Агар падаре вафот карда бошад, мардон аз ҷумлаи хешу таборони ҳар ду ҷониб, муаллимон бояд то андозае ин холигиро пур кунанд. Мушкилоти сахти фарзандон вақти оиларо партофта рафтани падарон сар мезанад, зеро маъмулан марди тоҷик на танҳо зан, балки фарзандонашро ҳам “талоқ” медиҳад. Худро комилан аз масъулияти фарзанддорӣ озод эълон мекунанд ва мераванд думболи зиндагии дигар. Дар ин ҳолат одатан хешу таборони падар ҳам якбора муносибати худро дигар мекунанд ва тамоми ҳиссиёти манфии худро, ки нисбати модари фарзандон доранд, ба кӯдакон, ки аз хуни онҳо ҳастанд, равона менамоянд. Фарзандони модарони ҷудошуда аз ин рӯ хеле осебпазир мешаванд, онҳо барҳақ аз зиндагӣ, одамон дилмонда мешаванд. Дар оянда муваффақ шудани онҳо кори осон нест.

Равони зани муосири тоҷикро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Зани тоҷик. Охир ин як зани танҳо нест, ки ба саволи аҷиби шумо ҷавоб сода дода шавад.

Манзур аз зан гуфтани ман занон аст...

Мо чанд миллион зан дорем ва равони ҳар кадоми онҳо вобаста ба шароиташон гуногунанд. Ягона чизе ки метавон дар бораи занон ва на танҳо зани тоҷик гуфт, ин ҳисси кампиндориест, ки аз қаъри асрҳо меояд ва ҷомеаи инсонӣ онро чунин парвариш додааст. Дар фарҳангҳои гуногун айни замон ин ҳолат бо роҳҳои гуногун офият меёбад. Ҷое эътирозҳои шадиди равонӣ чун худпарастии аз ҳад зиёд, кӯшиши идора кардани ҷомеа ва хосса мардон, гурез аз вазифаҳои оиладорӣ, майли бо мардони зиёд муносибат доштан ва амсоли ин ки мо дар филмҳои аврупоиву русӣ мебинем. Дар Шарқ ҳанӯз ҳам ҳолати беҳуқуқии шадиди занон ҷой дорад. Кишварҳои арабӣ, ё ҳатто Афғонистони ҳамсоя метавонанд мисоли рушан бошанд. Тоҷикистон дар байни ин фарҳангҳо ҷой гирифтааст ва аз ҳар кадом чизеро хоҳу нохоҳ мегирад. Аз ин рӯ занони мо якранг нестанд. Мо занони қавие, ки дар сатҳи байналмилал манфиатҳои кишварро муаррифӣ менамоянд, дорем. Мо занони соҳибкор ҳам дорем, ки барои зиндагии ҳаррӯзаи худ тасмим мегиранд ва барои дигарон ҳам манфиаташон мерасад. Вале мутаассифона мо заноне ҳам, ки ҳуқуқашон аз ҷониби наздикони худашон дар навбати аввал поймол карда мешаванд, низ дорем. Аз таҳсил дур мондани духтарон, никоҳҳои маҷбурӣ ё ниммаҷбурӣ, хушунати хонаводагӣ аз ҷониби шавҳар ва хешу ақрабои ӯ воқеаияти имрӯзии мост. Ва ҳамаи инҳо маъмулан модаранд. ВАО соли равон дар бораи чандин куштори ваҳшиёнаи занон/модарон аз ҷониби шавҳаронашон иттилоъ дода буд. Тасаввур кардан мушкил нест, ки ҳоли фарзандони модарони бадбахт чӣ гуна аст. Бо ҳамаи инҳо дар рафти кори равоншиносӣ баҳои гуногун дода мешавад ва усулҳои гуногун корбаст мегарданд.

Ба фикри Шумо барои тарбияи равонии кӯдакони мо чӣ намерасад?

Эҳтиром ва ҳунар\малакаи изҳори муҳаббат. Ин ду муҳимтарин чизҳое ҳастанд, ки малакаи саодатмандиву комёбиро дар замири фарзанд парвариш медиҳанд. Вале фарҳанги калонсолонаи мо дар аксари маврид бароямон хизмати хирсона мекунад. Маъмулан талаботи равонии кӯдаконро волидон эътироф намекунанд. Ҳамеша гумон мекунанд, ки онҳо беҳтар медонанд, ки ба фарзанд чӣ лозим аст. Хоҳишу орзӯҳои фарзанд сарфи назар карда мешаванд. Чизи дигаре, ки сахт зарба мезанад ба ҳисси худшиносии фарзанд ва солимии худпиндорияш, миннати ҳамешагии волидон аст, ки ба фарзандон равона мегардад. “Ман барои ту шуда кор кардам, давидам, азоб кашидам...” Ин ибораҳо дар дили фарзандон эҳсоси манфиро бедор мекунанд. Албатта ба қадри заҳматҳои волидон расидани фарзандон, ба волидон хизмат кардани фарзандон аз арзишҳои волои миллии мост. Вале миннатҳои мо ин гуна хоҳишро аз байн ба осонӣ мебаранд...

Дуруст аст, ки дар фитрати шарқиёнаи мо ба таъбири Шумо “ба волидон хизмат кардани фарзандон аз арзишҳои волои миллии мост”, вале солҳои ахир аз ҷониби волидон шикоятҳое мешунавем, ки “писарам ба гапи келинам гӯш карда маро аз хона берун кард... ва ё падаре мегӯяд - фарзандонам аз ҳоли ман хабар намегиранд...” муаллима ин гуна шикоятҳо дар ҷомеъаи мо рӯзбарӯз бештар мушоҳида мерасад, шояд аз дигарон ба мо гузаштааст...

Дар оилаи солиме, ки эҳтироми ҳамаи  аъзои оила, аз ҷумла  фарзандон риоя мешавад, адолати иҷтимоӣ ва муҳаббату самимият мизони асосист,  фарзанд ба ин тариқ малакаи эҳтирому муҳаббатро меомӯзад ва ҳаргиз нисбати падару модар рафтори ноҷо намекунад. Аксари волидоне, ки ин гуна шиква доранд, ин фарзандони “бад”- ро худашон чунин тарбия кардаанд. Албатта иқрор кардани он, ки замоне дар зиндагӣ хато кардаем, мушкил аст. Ва инсон интихоб мекунад гунаҳгор кардани дигарон, дар мисоли мо фарзандонро.

Мегӯед аз дигарон ба мо гузаштааст. Андешаи аҷиб. Аслан баҳонаи дигари гурез аз асли воқеият. Дигарон яъне кӣ? Гумон намекунам дар олам миллате бошад, ки беэҳтиромиро нисбати волидон тарғиб кунад ва мо аз он сироят шуда бошем. Фарқ дар шакли ифодаи эҳтиром аст, на дар бунёдаш. Дар миллати мо эҳтироми фарзанд нисбати волидон хизмат кардан дар шакли ҳеҷгоҳ танҳо нагузоштан ё мунтазам аз ҳолаш бохабар будан аст. Миллатҳое ҳам ҳастанд, ки  дигар чунин шаклро  қабул надоранд, барояшон таваҷҷуҳи самимии фарзанд, ҳатто агар соле як бор табрик кунад, кофист. Дар ҳар сурат онҳо дар чунин ҳолат шиква надоранд. Вале мо ҳолатҳои ҳам дорем, ки волидоне, ки дар ҷавонӣ дар ҳаққи фарзанд меҳрубонӣ накардаанд, агар ҳатто вазифаи таъминотро иҷро карда бошанд, фарзанд аз онҳо ҳазор миннату иллат  шунидааст, борҳо падару модар ҳамдигарро дар ҳузури фарзанд таҳқир кардаанд, нисбати волидони худ эҳтирому ғамхорӣ накардаанд дар дами пирӣ он чизеро, ки худашон надодаанд, даъво мекунанд. Ин ҷо гила аз кӣ бояд бошад? Аз мост, ки бар мост. Вале ҷомеаи суннатии мо зери қолаби “падару модар хук шаванд, хуб бонӣ кун” қарор дорад, дар ҳолати шикваи волидон, ҳатман ҷонибдори онҳо мешавем. Ба эътибор намегирем, ки  насли имрӯз на ҳамеша дар дохили ин қолаб аст. Ин наслест, ки адолатро ба таври худ мефаҳмад ва он чизеро нагирифтааст, дода наметавонад ё намехоҳад. Хеле мантиқист. Ҳарчанд шояд ногувор ва ваҳмангез аст. Зеро ҳамаи мо пир мешавем ва аз хор шудан дар ин давра метарсем.

Мегӯянд “бо сухани хуб мор аз хона берун мешавад” ва мушкилоти иддае аз муаллиму духтурон ва бархе аз масъулон дар он аст, ки бо сухани хуб худро омӯхта накардаанд, чӣ бояд кард? Ҳамчунон мо даъвои фарҳанги ғанӣ дорем, вале баъзан дар кӯча ҳатто байни афроди обрӯманд ҳам бефарҳангӣ ба назар мерасад, ба назари Шумо чаро?

-  Барои ҳалли мушкиле пеш аз ҳама сабаби онро муайян кардани лозим аст. Сабаби дағалии онҳое, ки дар иҷрои ину он вазифа чун амалро содир мекунанд, пеш аз ҳама дар он аст, ки онҳо дар ҷойи худашон нестанд, аз касб ё вазифаи худ норозиянд ва алами Мӯсоро аз Исо мегиранд. Дуюм фарҳанги тарбияи онҳо шояд чунин бошад. Масалан барои як қисми кишвари мо нишонаи эҳтиром дар муроҷиат “шумо - шумо” гуфтан аст, дар қисмати дигари кишвар ин калимаро аслан истифода намебаранд. Ҳангоми бархӯрди ин фарҳангҳо сар мезанад ихтилофи назар, муносибат. Роҳи ҳал мегӯед? Аслан бояд ҳар як касб ойинномаи одоби касбии худро дошта бошад ва онро дар барномаи таълимии макотиби оливу касбӣ ҷой додан лозим аст. Инчунин донистан ва риояи меъёрҳои забони адабӣ, ки низ бояд яке аз нишондиҳандаҳо ҳангоми таъин кардан ба вазифа. Ин ҳолатҳо бояд ҳатман ҳангоми аттестатсияҳо низ ба назар гирифта шаванд. Гумон мекунам иҷрои ин шартҳои оддӣ чандон мушкил нест. Ҳоло мо дар зинае қарор дорем, ки муоширати байни инсонҳо на танҳо нишонаи дараҷаи фарҳанг, балки гарави саломатии ҷомеа ҳам ҳаст. Аз ин рӯ ин масъалаи содаву андак нест. Имрӯзҳо ҳар сари чанд вақт ВАО ҳолатҳои муносибати беназокатонаи кормандони сохториро бо меҳмонони кишвар, истифодаи алфози қабеҳи мансабдорон нисбати зердастонашон, ё мардуми оддӣ  ошкор менамоянд. Ин ҷо чунон ки мебинем, масъалаи дороии кишвар ҳам бо ин мавзӯъ мепайвандад. Сайёҳӣ яке самтҳои муосири даромади кишварҳост, пас надоштани фарҳанги муошират бар зарари иқтисодиёт низ ҳаст.

Дар мавриди муносибати мардум дар кӯча ин ҷо фарқи масъалаи фарҳанги муносибати шаҳриён ва деҳотиён аст. Мардуми деҳот дар ҳама маврид худро озод ҳис мекунанд, зеро муҳити деҳоти Тоҷикистон воқеан барои мардум фазои амнро муҳайё мекунад. Одамон ҳамдигарро аз хурдӣ мешиносанд, бо тамоми камбудиву дастовардаш қабул мекунанд. Мо маҳаллу минтақаҳое дорем, ки он ҷо бо садои баланд суҳбат кардан, даркору нодаркор калимаҳои қабеҳ ё дашномро истифода кардан барояшон одати муқаррарист. Вале шаҳриён на ҳамеша бо ҳам қаробати хуниву равонӣ доранд. Аз ин рӯ нисбати ҳамдигар бо эҳтиёт муносибат мекунанд ва доираи муайяни одобро риоя менамоянд. Тайи чанд соли охир муҳоҷирати дохилии мардум аз деҳот аз он миқдоре, ки шаҳр онро ҳазм карда шаҳрӣ бигардонад, хеле бештар аст. Мо имкон надоштем, ки барои мутобиқ шудани мардуми деҳот дар шаҳр кӯмак намоем. Чуноне ки дар Эрон инро карда буданд.

Нотавонӣ ба назари Шумо чист?

Нотавонӣ адами тавоноӣ нест. Балки нашинохтану дархост накардани тавоноии зотист. Ва ҳама имтиҳоноти зиндагӣ ойинаест, ки он тавоноиро нишон медиҳад, вале инсон на ҳамеша ин рамзҳоро мешиносаду дарк менамояд... Тамоми адабиёти тасаввуфии олам ин нуктаро такрор ба такрор мегӯяд...

Агар гӯйӣ, ки битвонӣ, қадам дардеҳ, ки битвонӣ,

Агар гӯйӣ, натвонӣ, бирав биншин, ки натвонӣ...

(Абдурраҳмони Ҷомӣ)

-  Ба фикри Шумо психологияи мардуми тоҷик дар муқоиса бо психологияи Шарқу Ғарб ба кадом иншо наздиктар аст?

- Ин масъалаи хеле сертаркиба аст. Як бахши он психология инсон дар алоҳидагист. Ин ҷо метавон гуфтан, ки умумият бештар аз тафовут аст. Чун ҳиссиёти инсонҳо яксон аст, ғарбиву шарқӣ, африкоиву амрикоӣ, мусулмону насронӣ ё буддоӣ ҳиссиёти як хела доранд. Меҳр, нафрат, ранҷиш, ҳасад, ғазаб, шукр ва дигар ҳиссиётро ҳамаи инсонҳо аз сар мегузаронанд. Ва ин ҳамаи моро ба ҳам пайванд мекунад, бани Одам мешавем. Ба қавли Саъдии нозанинбаён:

Бани Одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд...

Бахши дигари он муносибатҳои иҷтимоӣ мебошанд. Яъне муносибати байни инсонҳо. Ин ҷо албатта ҳар як миллат, маҳал ва ҳатто оилаи алоҳида арзишу қоидаҳои хоси худро доранд. Барои муайян кардани симои равонии миллат бояд пажуҳишҳое сурат бигиранд, то битавонем дар асоси он ба ин савол ҷавоби хубмуҳтаво бигӯем. Вале агар дар  асоси мушоҳидаҳои чандинсолаи худи ман ҷавоб гуфтан бихоҳем, тоҷикон инсонҳои хушбовар, самимӣ ва бомеҳранд. Вале азбаски арзишҳо мавқеи худро дигар кардаанд ва мо арзиши аслиро аз арзиши дуввумдараҷа фарқ карда наметавонем, дар бунёди муносибатҳо бо бегонагон меҳрубонтар ҳастем, баъзан ба ҳадде ки ба хотири бегона манфиати худ ва наздиконамонро зеро по мегузорем.Барои мисол меҳмоннавозии овозадори мо, аксаран бар зарари оила сурат мегирад.Одамгарӣ яке аз суннатҳои дигари мост. Ин ҷо ҳам арзиш гузоштан ба бегонаҳост. Яъне ба хотири ҳаққу ҳамсоя, хешу табор мо маъмулан манфиатҳои аҳли оила, хосса занону кӯдаконро сарфи назар мекунем. Чунин муносибат дар шакли умда на дар Шарқу на дар Ғарб дар ин сурат нест.

Ҷомеъаи мо ба назари Шумо то куҷо ба равоншинос ниёз дорад?

Ин ҷо масъала ду ҷанба дорад. Ниёз ва дархост. Ниёз хеле зиёд аст, дархост баръакс кам андар кам. Ва ин сабабҳои худро дорад. Ман баъзе нуктаҳоро болотар гуфта будам, ин ҷо шояд такрор шавад. Инсоният, аз ҷумла мо тоҷикон то ҳамчун илм зуҳур кардани илми равоншиносӣ ҳамчун илми алоҳида ва кашф шудани усулҳои амалии он ҳамеша усулҳои берун рафтан аз ҳолатҳои буҳронии равонӣ доштаем. Миллати мо расму ойинҳои наҷибе дорад, ки ҳангоми дар вазъияти душвори зиндагӣ қарор гирифтани инсони алоҳида, ҷомеа ба кӯмакааш меоянд ва ӯро танҳо намегузоранд. Хабаргирӣ, ҳолпурсӣ, иштироки дастаҷамъӣ дар маросимҳои тӯю азо, расондани ёрии пулӣ ва иҷрои вазифаҳои зарурӣ дар рафти маърака аз чунин воситаҳо мебошанд. Дар шаҳрҳои қадими тоҷикон баъзе усулҳои хосаи занона ва мардона ҳам вуҷуд дорад. Гаштакҳои мардона ва мушкилкушоҳои занона аз нигоҳи равоншиносӣ хеле маросимҳои муфиданд. Вале инсони муосир айни замон мушкилҳое дорад, ки ба онҳо ҷавоби мушаххас ва усулҳои илман асоснокшудаи равоншиносӣ лозиманд. Аз ин рӯ равоншиносон имрӯз метавонанд, дар бисёр масъалаҳои печидаи рӯзгор ба одамон кӯмак намоянд. Илми равоншиносӣ айни ҳол зиёда аз 4 000 усули кӯмак ба мизоҷонро таҳия намудааст. Ғайр аз ин ҳар мутахассис усулҳои эҷодии худро дорад. Равоншинос бояд махсусиятҳои ҷомеаи мушаххасро хуб бидонад, бе ин сабук кардани вазъи равонии инсон имконнопазир аст. Дар Эрон ва Ҷопон масалан ин илмро хеле зиёд ва густурда истифода мебаранд ва тавассути он на танҳо мушкилоти як шахс ё оиларо ҳал мекунанд, балки дар ҳолатҳои буҳронии иҷтимоиву сиёсии кишварҳам ангезаву шӯришҳои стихиявии мардумро пешгирӣ менамоянд.

Мутаассифона ҷомеаи мо ҳанӯз аҳамияти ин илми аҷибро ба таври бояду шояд дарк накардааст. Дар ҳамаи сатҳҳо. Ҳоло барои мисол дар мактабҳо воҳиди равоншинос ворид шудааст, вале ин вазифаро одамони ғайриихтисосӣ иҷро мекунанд. Ҳатто марказҳои буҳроние, ки ташкилотҳои байналхалқӣ ташкил мекунанд, равоншиноси ҳирфаӣ надоранд. Ва ин дар ҳолест, ки Донишгоҳи миллӣ чанд сол инҷониб равоншиносҳоро тайёр мекунад. Азбаски чунон ки дар боло гуфта шуд, дараҷаи тайёрии кадрҳо ба қадри кофӣ нест, онҳо ё кор намеёбанд, ё дошт дода наметавонанд. Монеаи дигаре, ки ба пешрафти истифодаи мардум аз хизмати равоншинос сабаб мешавад, он аст, ки одамон кумакҳои ғайриҳирфавиро ҳамеша ройгон мегиранд ва барои супурдани маблағ барои хизмати равоншинос омода нестанд. Касби равоншиносӣ дар кишварҳои пешрафта аз сердаромадтарин касб аст, вале чанд равоншиносе, ки мо дорем аз пушти ин касб на ҳамеша метавонанд нони серӣ бихӯранд. Аз ин рӯ ҳолатҳои тарки касб кардани мутахассисони соҳаи равоншиносӣ,  аз кишвар берун рафтани онҳо ҳам кам нестанд.

Бо дигар равоншиносони кишвар низ оё ҳамкорӣ доред?

Ҳатман. Ҳоло як гурӯҳ равоншиносон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва маркази “Алифбои шахсият” бо ҳам робитаи доимӣ дорем, аз пешравиҳои ҳамдигар огаҳ мешавем, табодули таҷриба менамоем. Вале ман аз ин ҳам бештар бо равоншиносони берун аз кишвар робита дорам, аз онҳо меомӯзам, ба онҳо чизе аз таҷрибаҳои худ мегӯям. Интернет имкониятҳои фаровон дорад ва ман аз он истифода мебарам.

Шумо дар суҳбатҳоятон аз ашъори шоирон зиёд истифода мебаред, шояд барои оромиши равони худ мардум кам-кам шеърхонӣ кунанд...

Мутаассифона дар асри мо қиммати шеър поён рафт. Ҳол он ки шеър фаротар аз як жанри адабист. Барои  миллати мо шеър яке аз шаклҳои вижаи шуури мост. Дар равоншиносӣ ҳам фаровон истифода мешавад, хосса дар самти гешталттерапия (ҳикматдармонӣ). Шеърдармонӣ усули хеле муассир аст, он андешае, ки тавассути шеър гуфта мешавад, ҳамеша тезтар дар шуур ҷо мегирад. Ман барои осоиши рӯҳи худам аз он фаровон истифода мебарам, ҳам аз ашъори дигарон ва ҳам худам шеър мегӯям. То имрӯз ду маҷмуаи шеър чоп кардаам ва барои ду маҷмуи дигар ҳамин ҳоло дар компютерам шеър дорам. Имрӯз андешаҳое, ки шеър моро дигар пеш намебарад, аз баҳри он бароем, дар маҳфилҳо садо медиҳанд. Вале рисолати шеър пеш бурдани касе нест. Шоирӣ касб нест, ҳолат аст. Аз пушти он нон хӯрдан, ё обрӯ гирифтан дигар шояд имкон надорад. Илмҳои дақиқ ва технология навинро бояд аз худ кард, ҷомеаро пеш бурд, вале бе инкори нерӯи шеърофарини миллат. Шеъру суруд барои холӣ кардани дили ғамнок, ифодаи шодиву фараҳ, бедор кардани андешаҳои воло, тарбияи зебоипарастиву ватанхоҳӣ бояд истифода шаванд. Албатта шеъри барҷаста. Ин ҷо завқи мардумро аз ҳама гуна назми бесифат ҳифз кардан лозим аст.

Мегӯянд одаме, ки дар Тоҷикистон кор меёбад, ҳатман дар хориҷа ҳам кор пайдо карда метавонад. Манзур ин аст, ки иддае дар ин ҷо кор нест гӯён ба Русия мераванд ва аз хонадони худ дур мемонанд. Оё роҳи ҳалле ин ҷо ҳаст?

Масъалаи пайдо кардан ё накардани кор, табиист, ки аз дараҷаи омодагии равониву иҷтимоии ҳар инсон вобаста аст. Нафаре, ки ба камолоти равониву иҷтимоӣ нарасидааст, мушкили иқтисодиро ҳам ҳал карда наметавонад. Онҳое, ки ин ҷо муваффақ нашудаанд, берун аз кишвар ҳам кадом як корҳои каммузди пурзаҳмате метавонанд пайдо кунанд. Муҳоҷират ҷанбаҳои хубу бади зиёд дорад. Вале барои беназорат мондани оила баҳона шуда наметавонад. Фарди масъулиятшинос агар фақат ба хотири дарёфти ризқи оилааш рафта бошад, оила ҳамеша пеши рӯяш аст. Аз онҳо бохабар аст, занг мезанад, ҳамеша маҷозан дар барашон аст ва маблағро ҳам барои ободии рӯзгори оила сарф мекунад. Оне, ки чунин камолот надорад, маъмулан аз мушкилоти оила, назорати падару модар мегурезад. Ин гуна шахс агар кор пайдо накунад, ҷойи ҳайронӣ ҳам нест, чун нияташ дигар буд. Роҳи ҳал мегӯед? Аслан ҳар ҳолати алоҳида кори алоҳида мехоҳад. Ин ҷо усули ҳамабобе барои ҳама нест.

Муаллима суҳбат то ин дам атрофи равони мардум буд, чӣ мешавад, ки камтар инони суҳбатро ба сиёсат барем? Аниқтар чаро иддае аз мардону занон ба гурӯҳҳои ифротӣ рӯ меоранд, онҳо ҳам шояд ба равоншинос эҳтиёҷ доранд?

Ман тайи чанд сол бо омӯзиши масъалаи ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро рӯй овардани одамон хосса машғулам. Барои садҳо нафар волидону омӯзгорон семинарҳои омӯзишӣ гузаронидаам. Пурсишномаҳои зиёдеро таҳлил кардаам. Метавонам дилпурона бигӯям, ки ин масъала ҳам пеш аз ҳама бо оила ва мактаб вобаста аст. Омӯзишҳо нишон доданд, ки қариб аз тамоми кишварҳои олам ҷавонон дар ин ҷанги бемаънӣ иштирок кардаанд. Маъмулан ҳангоми оғози семинар иштирокчиёни мо сабабҳоро чун аксари дигарон дар набудани ҷойи кор, мушкилоти иқтисодӣ медиданд, вале баъди гузаштани омӯзиш, худашон ба хулосае меомаданд, ки сабаби асосӣ надоштани иттилоот, мушкилоти ҳалталаби дохили оилаҳост. Мо бо волидони ҷавонони ба Сурия рафта ҳам суҳбатҳо доштем. Ҳамаи онҳо мегуфтанд, агар он чӣ шумо ба мо гуфтед, пештар медонистем, фарзандони худро ҳифз карданамон имконпазир буд. Эҳтиёҷ ба равоншинос мегӯед? Равоншиноси оилавӣ имрӯз барои ҳар як хонадони Тоҷикистон зарур аст. Солимии оила, мавҷудияти пайванди қавии равонӣ, шинохтани фарзанди худ, муносибат бунёд кардан дар асоси муҳаббату боварӣ ва эҳтиром беҳтарин масуният барои ҳифзи фарзандони мо аз роҳҳои хатарнок аст. Вале инҳоро охир бояд омӯзем. Бо кӯмаки равоншинос. Роҳи дигар нест.

Барои ҷавононе, ки издивоҷ мекунанд чӣ маслиҳат медиҳед?

Пеш аз ҳама ба саволи оила барои чӣ лозим аст, ҷавоби дуруст пайдо кунанд. Оиладорӣ масъулияти баланд, донишҳои вижаи бунёди муносибат бо одамони дигар ва дар шароити дигарро талаб мекунад. Мутаассифона мо ҳанӯз омодагии худро дар пайдо кардани маблағ барои тӯю сур, интихоби қудои мувофиқ, иззати меҳмонони тӯй, баъзан харидани хона мебинем. На танҳо ҷавонон, балки волидони онҳо на ҳамеша барои қабули узви нави хонадони худ омода ҳастанд. Аз ин ҷо нафаҳмидани ҳамдигар, умеду даъвоҳои бебунёд сар мезананд ва метавонанд ба ҷангу хархаша ва парешонии оилаҳо биоваранд. Волидон ҳам ба ҷойи кӯмак дар аксари ҳолатҳо бо дахолати ноҷо ва маслиҳатҳои зарарнок, баъзан амру фармонҳои  худ ба решаи оилаи ҷавон табар мезананд. Агар камолоти иҷтимоиву иқтисодӣ набошад, баъзан ишқу муҳаббат ҳам кофӣ нест, ки оила устувор бимонад. Ба ҳамаи ҷавонон ва волидони онҳо пеш қабул кардани қарор машварати равоншиноси ҳирфаиро тавсия медиҳам.

Гуфтание буду мо напурсидем...

Воқеан гуфтаниҳо зиёданд. Ман орзу, саҳеҳтараш ният дорам дар шаҳри Душанбе маркази ҷумҳуриявии “Маърифати равоншиносӣ” таъсис бидиҳам. Барои ин имконияти кадриро то ҷое ташкилоти ҷамъиятии мо дорад. Зеро дар мавриди масоили равоншиносӣ маърифатнок кардани мардум беҳтарин усули пешгирии ҳам инсонҳои алоҳида ва оилаҳо, ҳам ҷомеа аз ҳама гуна мушкилоти ҷиддӣ буда барои пешрафту бехатарии миллату давлат хизмат хоҳад кард. Дар ин марказ ҳам тарбияву таҷрибаомӯзии кадрҳои ҷавон, ҳам ташкили чорабиниҳои омӯзишӣ, ҳам машваратҳои фардиро барои хоҳишмандон ташкил кардан мехоҳам.  Вохӯрӣ ва суҳбатҳо бо мутахассисон дар маҳалҳо яке аз усулҳои кӯмак расондан ба мардум аст. Ҳамзамон маҷаллае дорем бо номи “Равзана ба ҷаҳон”, ки асосан масоили фарҳанги бунёди муносибатҳои солим ва тарғиби малакаҳои саодати инсониро дар бар мегирад. Мутаассифона маҷаллаи мо дар бозори ВАО мушкилот дорад. Барои иҷрои ниятҳои дигар ҳам айни замон имкониятҳои молии мо кофӣ нест. Вале ҳаройина илоҷи воқеаро пеш аз вуқӯъ бояд кард. Пешгирӣ арзонтарин ва судмандтарин усули кор аст, дар ҳамаи мавридҳо, хосса дар мавриди ҳалли масоили равонии мо. Инсони огоҳ роҳи хушбахтиро осонтар пайдо мекунад, инсони хушбахт барои расидан ба  қуллаи хушбахтии худу дигарон осонтар муваффақ мешавад. Бовар дорам, ки илми равоншиносии тоҷик агар рушду нумӯ кунад, марказҳои беҳдоштии равонии мардум арзи вуҷуд намоянду фаъолияташон густариш биёбад, мо дигар сари латукӯби ҷавонон дар артиш, пошхӯрии оилаҳои ҷавон, худкушиву ҳамдигаркушии аъзои оилаи тоҷик, бесаробон мондани фарзандон, муҳоҷирати бебарори ҷавонмардони мо ва даҳҳо мушкилоти дигар камтар мешунавему ба изтироб меоем...

Ташаккури зиёд муаллимаи азиз...

Саломат бошед.

Суҳбаторо Умед Пудинаев

http://www.osiyoavrupo.tj/index.php/mavodhoi-ilmi/maqolaho/item/628-maryam-davlatova-insoni-ogo-ro-i-khushbakhtiro-osontar-pajdo-mekunad 

Хондан 2937 маротиба