ДУШАНБЕ, 13.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. Аз муҳаббат то хиёнат, аз ватандорӣ то беватанӣ, аз бунёдгузорӣ то харобкорӣ, чун аз некӣ то бадӣ як қадам роҳ аст. Дирӯз Ҳаким Қаландаров қумондон буд, ҳоло даст ба ободии ватан задааст. Дар ноҳияи Панҷ ӯро пайдо кардан душвор аст. Гоҳ сари замини пахта, гоҳ сари ҳавзи моҳипаварӣ, гоҳи дигар дар коргоҳи қумшӯиву хонасозӣ чеҳраи ӯ ба чашм мерасад. Мо ӯро дар бинои хуштарҳе сари дастурхони пурнозу неъмат пайдо кардем. Мурғҳoи марҷону хонагӣ, гулмоҳӣ, гӯшти гӯсфанду гову заргӯш ҳамаи ҳосили заҳмат ва дастони ӯ буданд. Фосила аз ин дастурхони пурнозу неъмат…