JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 08 Феврали 2018 05:29

Шеър дар ҳалқам бимирам

Муаллиф:

ШЕЪР ДАР ҲАЛҚАМ БИМИРАМ

 (Мусоҳибаи ихтисосӣ  бо шоири шаҳир устод Бозор Собир)

Дар арафаи зодрӯзи Устод Бозор Собир, шоири шаҳири тоҷик, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ин мусоҳибаро дар бораи масоили шеъру шоирӣ анҷом дода, умедворем, ки андешаҳои устод  хонандаи нуктасанҷи  тоҷикро ба уфуқҳои хаёлангези  нави  сухан раҳнамун месозад.

– Аз нигоҳи Шумо муносибати мардум ба адабиёт дар давраи Шӯравӣ ва имрӯз чӣ гуна аст?

– Адабиёти давраи Шӯравӣ адабиёти сохтори сотсиалистӣ буд, мушаххасан, адабиёти синфи коргару деҳқон. Адабиёти мавҷуда, мутобиқ ба сохтори мавҷуда, адабиёти сармоядорӣ ё капиталистӣ-буржуазӣ мешавад (агарчи ҳанӯз бештар динӣ менамояд). Камбағал дигар нависандаю шоир, санъаткору бастакор, муаллиму олим, хулоса, интеллигент нахоҳад дод. Ҷойи ҳама идеалҳои ахлоқию иҷтимоии муқаддасро пул хоҳад гирифт. Капитализм коммунизм намесозад, капиталист месозад. Идеали ӯ пул асту пул. Ва пули ӯ бо истисмору истеъмору судхорӣ ба даст меояд. 

– Чунин ба назар мерасад, ки шеъри имрӯз ва умуман, адабиёт дар ҳалқаи як гурӯҳ маҳдуд гардида, тадриҷан аз мардум дур шуда истодааст. Иллат ё сабаби ин ҳолатро дар чӣ мебинед?

–Ин ҳам давоми ҳамон болоист, дигар ба таври оммавӣ ҳама босаводу китобхон намешавад. Маориф низ монополияи капиталист хоҳад шуд. Бидуни ин дониш сирф соҳавӣ ва ихтисосӣ хоҳад шуд. Дар Америка касе, ки географ набошад, аз харита Америкаро намеёбад.

– Адабиёт, хосатан шеър, имрӯз огоҳӣ ё робита аз шеъри ҷаҳонӣ дорад. Оё имрӯз шеъри тоҷик аз ин раванд бархӯрдор аст?

– Шеъри тоҷик қаблан дар ҳудуди СССР густурда мешуд ва ба самти Аврупо ҳаракат мекард. Инак, дар ҳудуди адабиёти ҳамзабонон маҳдуд аст. Яъне дар ҳудуди адабиёте, ки худаш маҳдуд аст.

– Назари Шумо дар масъалаи тасвир ва тасвиргароӣ дар шеъри имрӯз чӣ гуна аст?

– Албатта, шеърро тасвиру ташбеҳу истиорот ва лутфи сухан шеър мекунад. Вале ҳарчи бисёр шавад, хор шавад. Образи бисёр хонандаро гиҷ менамояд. Чаро Хоқонии забардаст, ки аз ҳама бисёр қасида гуфтааст, машҳур нашуд? Мо фақат «Айвони Мадоин»-ро медонему бас. Чунки талмеҳу истиораю ташбеҳоти мураккаб ба кор мебурд. Узр мехоҳам, ки мушаххасан аз шеъри мавҷуда мисол оварда наметавонам.

– Тасвир, офаридани ифодаҳои шоирона аввалқадам аз эҷодиёти Шумо  ва ҳамсолонатон ҳусни оғоз мегирад. Тасвирҳои Шумо ончунон табииянд, ки ба қавле «ба сурат ҷон ато кардаанд». Ва хонанда баробари хондан манзараро «тамошо» мекунад.

– Ба қавли Нодирпур:

Пайкартароши пираму бо тешаи хаёл

Як шаб туро зи мармари шеър офаридаам.

То дар нигини чашми ту нақши ҳавас ниҳам,

Нози ҳазор чашми сияҳро харидаам.

Ана ҳамин хел, шоир пайкартароши шеър аст ва чизҳое аз худу аз дигарон бар он меафзояд, то даме ки шаклан ва мазмунан ба сухан ҷон ато намояд ва шеър тамошоӣ шавад. Илова бар ин, қаҳрамони шеъри «Чорчашма» худи ман ҳастам. Ман худамро дар сурати саги кӯдакиҳоям тасвир кардаам, ки шаклан ӯст ва мазмунан ман.

– Шеър чист? Ва дар шеър тахайюл муқаддам аст ё мавзунию муқаффоӣ?

– Шеър чист? –

Як оҳи гарми кӯтоҳ,

Як ҳарфи жарф,

Як ҳиҷои баҷо,

дар кадом шакле, ки набошад, шеър аст. Аз арӯзи қолабие, ки мо дорем, дар ҳар сурат вазн муҳим аст, вале дигар унсурҳояш, ки бештар ба каҳгил монанданд, чандон муҳим нестанд. Чунки имконияти гунҷоиши мазмунро маҳдуд мекунанд.

– Кадом тамоюлҳои эҷодӣ дар шеъри имрӯзи тоҷик ба Шумо хуш намеояд?

– Дингароӣ хуш намеояд. «Садои Шарқ» гӯё журнали кадом як масҷид аст. Ғазалсароӣ хуш намеояд. Ғазали классикии мо аз барги як фасли хазон бештар аст ва ба дарде намехӯрад. Ман, одатан шеъреро, ки дар шакли кӯҳна гуфта мешавад, намехонам. 

– Тақлидкориҳои шеъри имрӯз адабиёти тоҷикро то куҷо мебарад?

– Интиқоди тақлидкорӣ вазифаи танқиди адабист. Ман ҳудуди бист сол аз шеъри тоҷик бехабар будам ва ҳанӯз қариб бехабарам.

– Шеър ва сиёсат. Дар кадом маврид шеър ба сиёсат хизмат мекунад?

– Дар ҳар маврид. Шеър ҷузъи сиёсат аст. Шеърҳои сиёсӣ моли бузургтарини адабиётанд. «Шоҳнома» моли сиёсати Сомониён буд. Шеъру достонҳои Маяковский бузургтарин мероси сиёсати инқилоби Октябр мебошанд. Адабиёт аз сиёсат берун буда наметавонад. Нависанда, агар одами пешқадами замон бошад, чи хел вай ба сиёсат наметавонад сарукор дошта бошад? Агар сарукор надошта бошад, одами замонавӣ нест. Ва зимнан, адибу зиёие, ки «ман ба сиёсат кор надорам» мегӯяд, аблаҳи ҷоҳил асту бас. Сиёсат қутбнамои вақту замон ё замону макон аст.

– Оё ин гуна шеърҳоро моли адабиёт ҳисобидан мумкин аст?

– Сад дар сад. Чӣ хел эҷодиёти Маяковскийро моли адабиёт намешуморед? Бо кадом асос эҷодиёти Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода, Мирсаид Миршакарро моли адабиёт намешиносед? Ҳамааш фонди тиллоии адабиётро ташкил медиҳанд.

– Ба фикри Шумо хонанда шеърро нафаҳмад, гуноҳ аз шоир аст ё аз хонанда?

– Гуноҳ аз ҳарду. Яъне хонанда шеърфаҳм нест ё шоир шеъри фаҳмо нагуфтааст.

– Кадом давраи эҷодиёти худро дар сатҳи адабиёти форсизабонон арзёбӣ мекунед?

– Адабиёти форсии ман шеъри Нодирпур, Ибтиҳоҷи Соя, Сиёвуши Касроӣ, Ахавони Солис, Суҳроби Сипеҳрӣ, Симини Беҳбаҳонӣ ва Фурӯғи Фаррухзод аст. Бинобар ин, гумон мекунам «Хуни қалам» ва «Лолаи сиёҳ»-и ман дар сатҳу радифи эҷодиёти ҳаминҳоянд.

– Оё шеър сарнавишти Шуморо ифода карда тавонист?

– Чандон не, вале ҷо-ҷо танҳоию бекасию бепаноҳии ману хонаводаам инъикос ёфтааст.

– Оё Шумо тавонистед, ки саргузашти талху ширини хешро бо забони шеър баён созед?

– Боз ҳам не, саргузашти ширинамро намедонам, вале талхаш аз гуфтаҳоям талхтар аст. Саргузашти ман ба мисоли обест, ки аз сарам гузаштааст ва дар он бо талвоса даступо задан манфиате надорад.

– Шеър барои Шумо пеша аст ё ҳунар?

– Шеър барои ман ҳаёт аст. Умрам бо ҳамин шеъри исқотӣ гузашт. Ман ҳанӯз дар навқаламиам гуфта будам, ки:

Розиям бадбахт бошам, лек бошам шоире,

Розиям сарсахт бошам, лек бошам шоире.

Розиям мирам, маро дар хок нагзоранд, лек

Шеър дар ҳалқам бимирам,

Шоири халқам бимирам.

– Илҳом дар як лаҳзаи зебои табиат шоирро меёбад. Барои Шумо ин кадом лаҳза аст?

– Ҳеҷ гоҳ илҳом маро накофт, ман онро кофтам. Ва ҳеҷ вақт ҳамчун ваҳй аз осмон касе ба ман шеър дикта накард. Бар ин бино, ҳар қатраи вожае, ки дар дафтари мост, чун хуни чакида аз димоғи ману қалам аст.

– Оё шеър баробари камолоти шоир камол меёбад?

– Дониш камол меёбад, аммо ҳарорату эҳсос, ки хамирмояи шеъранд, тадриҷан кунд мешаванд, ваҷду ҳаяҷон ҳамчун сӯхтор фурӯ менишинад ва боқӣ сӯхтаву осуғдаҳо мемонанду халос. Чунки рафта-рафта бо ҳама чиз одат мекунию тан медиҳӣ, ором мешавӣ. Селобаи ҷӯшу хурӯш рад мешавад.

– Таҳрири шеър ва даст кашидан аз шеърҳои ба шахсиятҳои алоҳида бахшида аз шумо шурӯъ шуд. Шеърҳоеро, ки таҳрир кардед, хонандаи тоҷик написандид. Оё аз ин таҳрирҳо нияти даст кашидан доред?

– Ман ба хеле касон шеър бахшида, баъдан пушаймон шудаам. Ин камбудӣ дар ман ҳаст. Яъне,

«Як шаб, ки хашми ишқи ту девонаам кунад,

Бинанд сояҳо, ки туро ҳам шикастаам».

Дар мавриди таҳрирҳо ҳақ бар хонанда аст. Баъзе шеърҳоро беҳтар мекунам гуфта, бадтар кардаам. Вале бигзор, бошанд. Дар «Девони кабир» як ғазал чандин вариант дорад.

– Муҳити деҳоти солҳои 50-уми асри ХХ, ки аз ҳама гуна воситаҳои таблиғот ва китобхонаҳо бебаҳра буд, чӣ гуна Шумо барин шоири соҳибэъҷозро ба майдони пуршӯри сухан ворид кард?

– Ман ва бародаронам дар интернат тарбия ёфта будем. Мо натанҳо шароити хурдухоб, балки ҳам дар мактаб ва ҳам дар хобгоҳ китобхона доштем ва мураббиён мунтазам назорат мекарданд. Аввалин устодони мактабҳои олӣ, кормандони матбуот, адибон ва ҳоказо аз ҳамон ятимхонаҳо буданд: Ғаффор Мирзо, профессори Институти педагогии шаҳри Воронеж Темур Собиров, академик Нусрат Раҷабов аз ҳамонҳоянд. Воқеан, дар ҷумҳурии мо, ки мардум серфарзанданд ва ҳамаи онҳоро дар шароити оила тарбият карда намешавад, дубора барқарор кардани он интернату ятимхонаҳо айни муддаост. Бачаҳое, ки имрӯз давлат дастгириашон мекунад, фардо дастгирони ҳақиқии давлат хоҳанд шуд.

– Чунин ба назар мерасад, ки имрӯз шеърнависӣ ҳавою ҳавас гардида, шумораи шеърнависон афзудааст. Онҳо ҷуръат карда ба ном шеър менависанд, ҷилд-ҷилд китоб ҳам чоп мекунанд. Ин ҳарзагӯҳоро ба ҳар восита «бологузар» менамоянд. Бахусус, нозимони маддоҳу тамаллуқгар адабиётро пур аз «хасу хошок» мегардонанд. Табиист, ки ин ҳодиса завқи хонандаро мекоҳонад, ӯро гумроҳ мекунад. Ба насли ҷавони эҷодкор чӣ маслиҳат медиҳед? Чӣ бояд кард, ки ҳаводорони шеъру шоирӣ роҳи асилу воқеии шеърро дарёбанд?

–Чунки нухтаву лаҷоме, ки қаблан ба номи главлит ва сензура мавҷуд буданд, гусехта шудаанд. Иттифоқи нависандагоне, ки бе тавсияи ӯ китобе чоп намешуд, нест. Чопхонаву матбуоти хусусии сарҳуй бисёр ва шеъру китобчопкунӣ осон шудааст. Яъне ба рӯи ҳама гуна халтура дару дарвозаҳо кушодаанд. Ҳошим Гадо 37 ҷилд китоб чоп кардааст.

Дар масъалаи дарёфтани роҳи шеъри асил аз ман напурсед, ман Хизри раҳнамои шеър нестам. Аммо ҷаҳонбинию босаводии шоир шарт аст. Шоири бесавод шеъри бесаводона мегӯяд, дар сатҳи примитив.

– Ин ҳолатро дар соҳаи санъат ҳам мушоҳида мекунем. Ҳофизи ҳарзахон дар минбар асту ҳунарманди асил – паси дар. Хулоса, фарҳанг бамаротиб паст рафтааст. Иллаташро дар чӣ мебинед? Ва роҳи наҷот аз ин газофбофию ҳарзасароӣ кадом аст?

– Дар сохтори сармоядорӣ ба арзиши ҳар ҷинсе бозор баҳо медиҳад, аз ҷумла ба арзиши адабиёту санъат. Агар нависандаю сарояндаи асиле дар паси дару дарвоза монда бошад, дар ин ҷамъияти пурҳангомаи барқу зарқу дурӯғу дағо харидор надорад, бозоргир нест. Ва то оне, ки сармоядорию иқтисоди бозорӣ ҳаст, аз ин чиз наҷот намеёбед. Моли асилу нос баробар моли бозоранду бас. Вале набояд рӯҳафтода шуд, гавҳари суфта дар замин намемонад.

– Аксари шоирон шеъри «мурда» доранд. Шумо чӣ?

– Албатта, ҳама чиз кӯҳна мешавад ва тадриҷан мемирад, адабиёт ҳам. Девонҳои классикии мо, инак, айни мақбараю мазоранд. Ҳеҷ кас «Ҳазору як шаб»-у «Чордарвеш» намехонад. Ва аксари шеърҳои мавридӣ пеш аз муаллифашон хоҳанд мурд. Ман ҳам аз ин қабил шеърҳо доштам ва дорам, ки батадриҷ ихтисор шуданду ихтисор мешаванд. Ва шояд, ахиран, як маҷмӯача боқӣ монад.

– Шумо бо шеъри «Пас аз мо» соли 1970, дар авҷи рукуду султаи Шӯравӣ инқирози онро пешбинӣ карда будед. Ба онҳое, ки дар вақташ барои он Шуморо санг мезаданд, чӣ гуфтанӣ доред?

– Зимнан, мо ду «Пас аз мо» дорем, яке аз Сиёвуши Касроист ва яке аз ман. Ман «Пас аз мо»-и ӯро дар Америка хонда, гумон кардам, ки аз ман илҳом гирифтааст. Вале маълум шуд, ки аввал ӯ навишта будааст. Ба ҳар сурат, ман аз «Пас аз мо»-и худам пушаймон ва ба ҳамон рукуди Шӯравӣ ҳам зорам. Ва маълум мешавад, ки ҳамаи он танқидҳо дар нисбати ман дуруст будааст, комилан дуруст.

– Аз сурудани кадом шеъратон фараҳманд мешавед? Оё ҳофизоне, ки ба шеърҳоятон оҳанг бастаанд, дунёи зебои шоиронаи Шуморо дарк кардаанд?

– Аз ҳама бештар Саидқул Билолов дарк кардааст, чунки худаш завқу табъи шоирона ва рӯҳияи сахти миллӣ дорад. «Найнома»-аш ҳар бор маро мегирёнад. Ва «Дилнома»-аш низ, ки аз дубайтиҳои устод Лоҳутист. «Аз хуни Сиёвушем» беҳину беҳтарини онҳост.

– Аз худ розӣ ҳастед?

– Не, аз худам розӣ нестам, чунки қариб ҳамеша бохтаам? Ғалату иштибоҳу саҳву хатое, ки ман кардаам, шояд касе накарда бошад. Илова бар ин, вақти гаронбаҳоямро дар оворагию саргардонӣ талаф додаам.

– Аз чӣ метарсед?

– Аз ҳеҷ чиз, дигар ҷои тарсу ҳарос намондааст, об, ки аз сар гузарад, чи як ваҷаб, чи сад ваҷаб.

– Чӣ нақшаҳо доред?

– Ҳеҷ. Вале бисёр мехоҳам, ки як дафъаи дигар баргашта наберачаҳоямро бибинам:

Набераам Анӯша,

Ду қошакаш дуқуша,

Монанди гандумхӯша,

Вақте ки сар мекаша.

    * * *

Чун асали моҳи май

Бӯи сад гул дорад вай,

Мелесамаш шабу рӯз,

Шириниаш гулӯсӯз.

– Ба кадом орзуятон нарасидаед?

– Кӯҳ орзу карда, теппа гирифтам. Ҳаминаш басанда.

– Хуштарин лаҳзаи зиндагиатон?

–Дар парку пляжҳои Халиҷи Уқёнуси Ором бо наберачаҳоям гардиш кардан ё дар китобхонае беташвиш нишастан.

– Бист соле, ки дар Амрико ба сар бурдед ва забони англисиро ҳам хуб омӯхтед, оё кӯшиши ба ин забон шеър гуфтанро накардаед?

– Шарикӣ бо набераам Ардашер, аз ҷумла гуфта будам:

Dragonfly, dragonfly,

Fly, fly to ske…

Сӯзанак, сӯзанак,

Парвоз кун, парвоз кун.

То осмон парвоз кун.

Оромӣ ва осудагӣ, боронҳои шар-шари «хонаи боронатон» - Сиэтлро пазмон нашудаед?

–Зимнан, дар Сиэтл бо номи Rainier (хонаи борон) кӯҳест, ки аз чор тараф менамояд ва иқлими хоси худро дорад, парандаю чарандааш сафед аст, ҳамчун дар Қутби шимол. Аслан, вулқон будааст. Вале ман Rainier-ро не, хонаводаамро пазмон шудаам, ки ҳамчун бараҳои бесоҳиб дар талоши гургони сионист мондаанд.

Дар хотима аз номи ҳаводорони каломи бадеъ ҷашни фарруху фархундаи зодрӯзро  ба шоири маҳбуб Бозор Собир муборакбод намуда, ба эшон  завқи баланди шеъриро таманно дорем!

Фароҳамсозон

Нурмуҳаммад Одинаев,

Зебуннисо Холназарова,

номзадҳои илми филология

Бознашр аз ҳафтаномаи «Миллат» №43 аз 20 ноябри соли 2013

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ (Илм ва Ҷомеа)-№1 (9), 2018

Хондан 4741 маротиба