JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 17 Январи 2022 03:28

Ояндаи фалсафа ва фарҳанги миллӣ

Муаллиф: Суҳбати ихтисосии Зоҳири Сайфулло ва Меҳрофарин Наҷибӣ

(Суҳбати ихтисосии Зоҳири Сайфулло ва Меҳрофарин Наҷибӣ бо файласуф ва рӯшангари миллӣ устод Комил Бекзода)

 -Чун умри азизи хешро сарфи пажӯҳиши фалсафа ва ба истилоҳ, фалсафидан сипарӣ кардед, лутфан бигӯед, ки фалсафа чист ва файласуф кист? Ба дунболи ин, оё ҷаҳони имрӯза ба фалсафа ва файласуф ниёз дорад?

 -Фалсафа илм аст. Абзор ва василаи он ақли солиму мантиқ аст. Ин ду васила (инструмент) инсонро аз хато ва иштибоҳот муҳофизат мекунанд.

 Файласуф касест, ки масъалаҳои муҳими ҷаҳон ва инсонро бо мафҳумҳо ва истилоҳоти мантиқӣ баррасӣ ва таҳлил менамояд. Инсоният дар ҳама давру замон ба баҳси фалсафӣ эҳтиёҷ дорад. Чаро ки падидаҳои ҳақ ва ботил сахт бо ҳам печидаанд. Ҳакаме барои онҳо зарурат дорад. Номи ин ҳакам (арбитр) фалсафа аст.

 -Дин ва фалсафа: таносуби ин ду тарзи биниш аз назари Шумо?

 -Муҳаққиқони муосири таърихи дин ва фалсафа Мишел Малерб дар китоби “Религии человечества” (-Москва-Петербург, 1997. С.472), Ҷон Ҳек “Фалсафаи дин” (-Теҳрон, 2011. С.77-82), Малкум Ҳомилтон  “Ҷомеашиносии дин” (-Теҳрон, 2008. С.43) ва чанде дигар доир ба таносуби дину фалсафа бар ин назаранд, ки: Дин ва фалсафа ду шакли ҷаҳонбинӣ ҳастанд. Аксарияти мардум аз ҷаҳонбинии динӣ пайравӣ мекунанд. Ин ҷаҳонбинӣ ба шахсият ва андешаи бузургони гузашта такя мекунад. Ақида ва афкори онҳоро муҳтарам ва муқаддас медонанд. Он ақидаҳоро таҳлил кардан ва тағйир додан мумкин нест. Зеро сабаби хароб шудани имон мегардад. Ислоҳи он ақидаҳо мушкилзо мебошад.

 Ҷаҳонбинии фалсафиро таҳлил ва таҳқиқ кардан мумкин аст. Агар иштибоҳ ва хатое дошта бошанд, онро ислоҳ мекунанд. Василаи ислоҳ ақли солим ва илму мантиқ ном дорад. Агар масъала аз рӯйи қонунҳои мантиқӣ дуруст бошад, пас масъаларо дуруст фаҳмидаем ва бояд аз рӯйи он дар зиндагӣ кор кунем. Бо як ҷумла: фалсафа эътимод ба қудрат ва тавоноии худии худи инсон аст, дар сурате, ки дин эътимод ба қувваҳои фавқуттабиӣ дорад. Фалсафа худро ёфтан ва шинохтан аст. Ин ду мафҳум таърифҳои дигар ҳам доранд. Вале меъёри асосӣ дар ин масъала худшиносии фард‐фарди инсонҳо мебошад. Худи фард аст, ки ақидаеро қабул мекунад ва ё инкор менамояд. Ин аст, ки динро кори шахсӣ ва хусусии ҳар як шахс меноманд.

 -Дар мавриди вуҷуду ҳузури дину бовардоштҳои миллӣ чӣ назар доред? Зарурати дубора эҳё кардани боварҳои миллӣ вуҷуд дорад?

 -Динҳои гузашта ва ҳозираи миллӣ ҳам ҷаҳонбинӣ ҳастанд. Пайравони онҳо ҳаммиллатони моанд. Пешрафти боварҳои миллӣ вобаста ба дараҷаи тараққиёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷомеа аст. Дар ҷомеаи пешрафта ва рӯ ба тараққӣ мардум маҳдудиятҳои ҷаҳонбиниро эҳсос намекунанд. Эътиқодот ва тараққиёт дар чунин ҷомеаҳо ҳамкории созанда эҷод мекунанд. Яке барои дигаре сабаби халал ва монеъа намешавад. Робитаҳои иҷтимоӣ ва эътиқодӣ дар фазои озод ва эътидол пеш мераванд. Боварҳои миллиро ба таври сунъӣ дубора эҳё кардан зарурате надорад. Агар зарур мебуданд, зиндагӣ онҳоро нигоҳ медошт ва ҳифз мекард. Ҳоло ки аз байн рафтаанд, пас ҷавобгӯи зиндагии имрӯза ва оянда нестанд. Бо ин тавзеҳ ки ҳар давру замоне эътиқодоти хоси худро тақозо дорад. Дар таърихи башарият 4600 дин фаъолият кардааст. Дар асри мо танҳо 570 дин зинда ва фаъол аст. Мутаассифона, 4 ҳазори дигар ба таври бебозгашт аз байн рафтаанд. Танҳо ном ва таърихашон дар китобҳо ва сангнавиштаҳо боқӣ мондаасту бас.

 -Медонем, ки дар мавриди ҷунбиши маъруфи асримиёнагии миллӣ‐Шуубия пажӯҳише илмӣ интишор додаед. Бо таваҷҷуҳ ба ин, мушаххасоте аз ин ҳаракати овозадори миллӣ (манзур шуубия) дар шароити феълии нуфузи хурофоту таассуби динӣ‐мазҳабӣ ва муҳимтар аз ҳама, ташаннуҷи бегонапарастӣ ба чашм мехӯрад? Ба сухани дигар, шуубияи асримиёнагӣ дархӯри зеҳну тафаккури муосири миллӣ буда метавонад?

 -Шуубия дар асрҳои миёнаи мардуми мо як ҳаракати муқовимати миллӣ, сиёсӣ, динӣ ва фарҳангӣ дар баробари динҳои бегонагон буд. Далелу бурҳоне, ки шуубиёни асримиёнагӣ дар муборизоти худ истифода мекарданд, ҳоло қобили истифода нестанд. Салоҳи кор дар ин аст, ки ҷомеаи имрӯзаи худро аз роҳи илму дониш пеш барем ва барои ҳамаи гуруҳҳои ҷомеа фазои озоди ҳамкорӣ фароҳам намоем. Ҷомеае, ки рӯ ба гузашта дошта бошад, муваффақ ва пешраванда намешавад. Тараққиёти бунёдӣ ва солимро танҳо оянда кафолат дода метавонад. Шуубия дар замони худ нақши худро ба таври шоиста бозӣ кард. Акнун навбати низоми демократӣ ва давлати дунявӣ аст. Демократия ва дунявият шуубияи нави халқи тоҷик барои имрӯз ва оянда мебошад. Бешубҳа, шуубияи классикии мо дар ин раванд дорои саҳми бузург ва арзанда аст.

 -Шумо дар мавриди қаҳрамони андешаи миллӣ‐Ҷамшеди Пешдодӣ ва Паёмбари миллӣ‐зиёд таҳқиқ кардаед ва як навъ консепсияи миллие дар қиболи мавкураи ҷамшедӣ ироа додаед. Аз муҳтавои чунин консепсияи фалсафӣ бароямон бигӯед?

 -Ҷамшеди Пешдодӣ (асри 21 то мелод) дар таърихи гузаштаи мо чун асосгузори давлати миллӣ ва адолати иҷтимоӣ шинохта шудааст. Дар сохтани идеологияи миллӣ мешавад аз мақом ва нақши ӯ истифода кард. Нақши асосгузори идеологияҳо дар таърих ҳамеша рамзӣ ва символикӣ будааст. Шарт нест, ки мо тамоми ҷузъиёти низоми демократӣ ва давлати дунявии худро аз навиштаҳои Ҷамшед пайдо кунем. Чунин коре дар таърихи асосгузорони идеологии ҳеч як миллате рӯй надодааст. Асосгузор танҳо шиор ва рамз асту бас. Кори асосиро худи миллат ва миллатпарастон анҷом медиҳанд. Маънои идеологияи Ҷамшедӣ ин аст, ки мо тоҷикон ворисони ростини таърихии Ҷамшеди Пешдодӣ ҳастем, ки ӯ дар замони худ миллат ва давлати худро дар асоси илму дониши дунявӣ пеш бурд ва адолати ҷамшедиро дар ҷомеаи худ татбиқ намуд. Пас, миллат, давлат ва дунявиятро мо аз Ҷамшед ба мерос гирифтаем ва онро дар ҷомеаи имрӯзаи демократӣ ва дунявиамон пеш мебарем ва татбиқ менамоем.

 -Чаро баҳсу мунозираҳои ҷиддии фалсафӣ ва илмӣ дар ҳавзаҳои фикрию назарии муосири миллӣ ба назар намерасад ва ба истилоҳ, фабрикаи истеҳсоли файласуф дар ҷумҳурӣ ба буҳрони амиқ мувоҷеҳ гардидааст?

 -Дар давраи манғитӣ, шӯравӣ ва имрӯзаи мо шартҳои зарурӣ барои эҷоди фикри фалсафӣ вуҷуд надоштанд ва ҳоло ҳам вуҷуд надоранд. Шартҳо гуфта ман омӯзиши илмҳои гуманитариро дар мактабҳои ибтидоӣ, миёна ва олии кишвар дар назар дорам. Дар сурате, ки дар беҳтарин давлатҳои Шарқу Ғарби ҷаҳони имрӯза ин илмҳоро ба таври ҳатмӣ ва ҷиддӣ меомӯзанд. Барои мисол, дар мактабҳои миёнаи имрӯзаи Миср фанҳои мантиқ, фалсафа, ҷомеашиносӣ, психология, сиёсатшиносӣ, ки қариб ададашон ба 12‐15 мерасад, меомӯзанд. Инҳоро илмҳои ҷаҳонбинӣ меноманд. Миллате, ки ин илмҳоро наомӯхтааст, ҷаҳонбинӣ надорад. Фалсафа яке аз муҳимтарин илмҳои ҷаҳонбинӣ аст. Агар мо дар мактабҳои миёна ва олии худ ин илмҳоро дар давраи манғитӣ, шӯравӣ ва имрӯза меомӯхтем, ба чунин буҳрони кадрҳои фалсафӣ дучор намешудем. Ҳалли ин масъала осон аст: дар даҳ соли оянда аз китобҳои дарсии миллатҳои муваффақ ин илмҳоро меомӯзем ва баъд соҳиби кадрҳои миллии худ мегардем. Ҳарчанд ки мо ҳалли ин масъалаи осонро қариб 100 сол ба таъхир гузоштаем. Чаро ки миллати мо то давраи истиқлол аз назари сиёсӣ дастнигари қавму миллатҳои бегона буд.

 -Устод, Шумо солҳост, ки дар баробари файласуфӣ ба шеъру шоирӣ низ таваҷҷуҳ доред. Ба назари Шумо, шеър чист ва шоири асл кадом аст? Аз тарафи дигар, оё шеър ба ташаккул ва рушди тафаккури мантиқию фалсафӣ халал намерасонад? Дигар, шеъри имрӯзи тоҷикро чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед? Оё шоирони овозадори имрӯз рисолати шоирии худро ба таври бояду шояд иҷро мекунанд?

 -Ҳунари шеъру шоирӣ дар асрҳои миёна ва имрӯз рамз ва символи миллати форс‐тоҷик шудааст. Фридрих Нитше (1844‐1900) мегӯяд: “Зулму ситам бар сари фарзанди одам чунон фишор овард, ки маҷбур шуд, хандаро ихтироъ кунад!”. Мардуми мо ҳам аз рӯзи хуш шеърро ихтироъ накардаанд! Шеър ҳамеша эътирози мазлумон бар зидди золимон будааст. Мо ҳамеша дар гузашта шоирони тавоно, ҳунарманд ва нобиға доштаем. Ҳунари шоириашонро ҳама эътироф доранд. Аммо дар сад соли ахир ба сабаби набудани методологияи дурусти омӯзиши илмҳои гуманитарӣ, аз ҷумла адабиёт ва арӯз, мо бештар шоирони фолклорӣ доштаем, на шоирони арӯздон ва босавод. Бо вуҷуди ин, бисёре аз шоирони мо аз роҳи худомӯзӣ ин камбудро ислоҳ намудаанд. Шоироне чун Бозор, Лоиқ, Гулрухсор, Фарзона, Зиё Абдулло ва чанде дигар ворисони сазовори шеъри суннатии мо ҳастанд. Ман ҳам чун дигарон илми арӯзро наомӯхтаам ва намедонам.

 -Устод, мавзӯи ишқ ҳам бароятон бисёр шавқовар ва ҷавҳарӣ аст ва онро ба унвони масъалаи фалсафӣ арзёбӣ мекунед. Бигӯед, ки ишқро чӣ гуна тафсири фалсафӣ кардан мумкин аст?

 -Ишқ як ҳодисаи иҷтимоист. Фардӣ нест. Арзиши онро ҷомеа муайян мекунад. Аҳли ҷангал аз ишқ суҳбат намекунанд. Чаро ки арзишҳо муайян нестанд. Ношинохтаанд. Ишқи ҷангалӣ дар асоси ғаризаи (инстинкт)‐и табиӣ амалӣ мегардад. Характери муваққатӣ ва мавсимӣ дорад. Ишқи инсонӣ, иҷтимоӣ ва универсалӣ аст. Омилҳои барангезандаи он: шаҳват, хаёл, фантазия, идеал, исботи садоқат, вафодорӣ, ахлоқи ҳамида ва сабру таҳаммул мебошад. Ҳамаи ин истилоҳот ва мафҳумҳо зодаи робитаҳои иҷтимоӣ ҳастанд. Пас, ишқи инсонӣ сазовори парастиш аст. Файласуфи немис Людвиг Фейербах (1804‐1872) бар ин назар аст, ки “Мо инсонҳо бояд ба хотири ишқ якдигарро Худо хитоб кунем!”. Ин аст, ки ишқи инсонӣ дар ин силсилаи мартабаҳо, сазовори болотарин мартаба мебошад. Ба ин далел, ки реша дар худшиносии амиқи фалсафӣ дорад…

 -Лутфан, аз таърихи маҳфили фалсафии “Ҷаҳони андеша”, ки Шумо муассисаш маҳсуб меёбед, ихтисоран қисса кунед. Дар зимн, дар мавриди андешамандоне назири файласуф ва ҷомеашиносони варзида Ҳафиз Холиқзода ва Нуриддин Шаҳобуддин, ки аз рӯзҳои нахустини таъсиси маҳфил Шуморо ҳамроҳӣ кардаанд, чанд сухан бигӯед?

 -“Ҷаҳони андеша”‐ро дар пайравӣ аз маҳфили фалсафии файласуфони форсизабони асри Х дар Бағдод, бо номи “Ихвон‐ус‐сафо” таъсис додам. Дар муддати зиёда аз 25 сол шахсиятҳои гуногуне дар вақтҳои гуногун меҳмони мо мешуданд. Ҳар ҳафта як бор баргузор мегашт. Дар ҷойҳои гуногун. Шаш соат баҳс мекардем. Мавзӯи баҳс пешакӣ эълон мешуд. Омили асосии бақои маҳфил риояи мутлақи озодӣ дар изҳори назар буд. Касе ҳақ надошт, ки назари худро ба дигаре таҳмил намояд. Баҳс дар мавзӯъҳои сиёсӣ мамнӯъ буд. Чаро ки дар Институти таърихи Академия, ки дар ҳамсоягии мо қарор дошт, “Маҳфили сиёсӣ” амал мекард. Хоҳишмандонро ба онҷо раҳнамоӣ мекардем. Фаъолтарин аъзои маҳфил инҳо буданд: Нозим Нурзода, Ҳафиз Холиқзода, Нуриддин Шаҳобиддинов, Ёрмуҳаммад Ниёзӣ, Озоди Сабур, Меҳриннисо Маҳмадова, Устод Манучеҳри Деҳқон (эронӣ), Устод Гулобшоҳи Ҳошимӣ (афғон) ва дигарон…

 -Устод, Шумо ба сифати як файласуф ва оянданигар (футуролог) ба дурнамои арзишҳои миллӣ, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрдҳои тамаддунӣ ба хатароти ҷиддӣ мувоҷеҳ шудаанд, чӣ назар доред? Оё фарҳанги собиқадори миллӣ дар баробари раванди беҳувиятӣ ва манқуртизм муқовим буда метавонад ва агар тавонад, ба кадом роҳу далелҳо?

 -Ҳолати имрӯзаи ҷаҳони мо ба як ҷанги комилиёри шаҳрвандӣ шабоҳат дорад. Ҷанги шаҳрвандӣ ғолиб надорад. Ҳама маҳкум ба шикастанд. Вале қавмҳое, ки дорои асолати таърихӣ, миллӣ ва фарҳангӣ ҳастанд, роҳи худро давом медиҳанд. Мо ҳам аз ҷумлаи миллатҳои асил ва собиқадори таърихӣ ҳастем. Ба роҳи тараққӣ ворид шудан барои миллати мо, осонтар хоҳад буд.

https://farazh.tj/musohiba/ojandai-falsafa-va-far-angi-mill/ 

Хондан 1276 маротиба